© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Фасодкорӣ дар Маркази саломатии шаҳрии №1 дар Душанбе

 “Раҳмат духтур чанд сомонӣ шуд? 30 сомонӣ супоред мешавад,”-ин аз намунаи гуфтугӯҳои маъмулӣ миёни корафтодагон ва кормандони марказҳои саломатии шаҳри Душанбе аст. Намунае, ки ба гуфтаи коршиносон, аз вуҷуди фасоди густурда дар бахши тандурустии Тоҷикистон дарак медиҳад. Аз мушкили ҷой доштани фасод дар соҳаи тандурустӣ сар аз Оҷонсии зидди фасод то Додситонии кулл ва ҳатто Нахуствазири кишвар бонги изтироб заданд.


Ба канали мо дар Telegram бипайвандед!


English  На русском

Таҳқиқоти мо низ муайян кард, ки мушкили фасод дар соҳаи тандурустӣ хеле доман паҳн карда, пеш аз ҳама мардуми оддӣ қурбонии фасодкории кормандони ин соҳа мешаванд. Суоли аслии мо ҳам дар ҷараёни таҳқиқ ин буд, ки: чаро бахши тандурустӣ дар Тоҷикистон ба як ниҳоди фасодзада табдил ёфт?

Маркази саломатии шаҳрии №1 дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе. Акс аз cabar.asia
Маркази саломатии шаҳрии №1 дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе. Акс аз cabar.asia

Фасодкорӣ бидуни тарс ва ҳарос

Мушкили фасод дар бахши тандурустии Тоҷикистон мутааллиқ ба ягон минтақаву ноҳияи хос нест. Мушкил тақрибан дар ҳамаи манотиқи кишвар ҷой дорад. Таҳқиқи мо маълум кард, ки ҳатто назорати шадид дар шаҳри Душанбе ҳам натавонистааст пеши роҳи фасодкорӣ дар бахши тандурустиро бигирад.

Барои исбот кардани ин гуфтаҳо мо Маркази саломатии шаҳрии №1-и пойтахтро аз назар гузарондем. Интихоби ин марказ ба ҳайси намуна ба он хотир буд, ки аз пулталабкунии кормандони ин муассиса шикоятҳои зиёде ба мо расид.

Маркази саломатии шаҳрии №1 дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсӣ ҷойгир буда, ба гуфтаи масъулонаш 326 корманд дорад ва дар як рӯз то ба 800 нафар корафтода хизмат мерасонад. Таҳқиқи мо дар ду самт сурат гирифт: нахуст хадамоти ин марказ то куҷо шаффоф аст ва маблағеро, ки корафтодагон пардохт мекунанд ба буҷети муассиса меравад ё ба ҷайби кормандон? Дуюм то куҷо кормандони ин марказ ба фасодкорӣ даст мезананд?

Таҳқиқи мо маълум кард, ки дар ҳар ду бахш вазъ нигаронкунана буда, кормандони ин марказ бидуни ҳарос қонунҳоро нақз намуда, даст ба фасодкорӣ мезананд ва зоҳиран касе ҳам ба онҳо кор надорад.

400 сомонӣ дар давоми ду соат

Нахуст мо рӯзи 8-уми декабри соли 2018 ҳамчун муштарӣ ба қабули духтури чашм ба Маркази саломатии шаҳрии №1 рафтем. Дар утоқи кории табиби чашм ду нафар беморонро қабул мекарданд. Духтурони ин шӯъба баъди муоина гуфтанд, ки бояд каме табобат гирам. Духтур баъди муоина бароям дору навишт ва чизе гуфтанӣ буд, аммо кадом андешае ӯро бозмедошт. Аз ӯ ҳамчун муштарӣ пурсидам, ки барои ташхис ва даво навиштанаш бояд чӣ қадар маблағ супорам? Духтур гуфт, ки «чанд суме, ки диҳед». Барояш гуфтам, ки бори аввал ба қабули ӯ омадам ва намедонам, ки ҳаққи хизматаш чанд пул мешавад. Баъди ин духтур гуфт, “10 сомонӣ” диҳед. Пулро додам ва чизе нагуфта баромадам. Барои маблағи додаам расид ҳам напурсидам, чун ҳадафи ман мушоҳидаи вазъи феълӣ буд.

Номгӯй ва нархи хизматрасониҳо: Акс аз cabar.asia
Номгӯй ва нархи хизматрасониҳо: Акс аз cabar.asia

Баъди ин ба қабули духтури гӯшу гулӯ ва бинӣ (ЛОР) рафтам. Назди ҳуҷраи табиб навбат зиёд буд, қариб ду соат мунтазири қабули духтур истодам. Аз тиреза назорат кардам, ки ду духтур яке зани миёнсол ва дигаре мард беморонро муоина карда, барояшон давоҳои гуногун менавиштанд. Мушоҳидаи қариб ду соатаи ман нишон дод, ки ду духтури гӯшу гулӯ беш аз 15 нафарро муоина карданд ва маблағашонро ҳам бахусус духтури мард аз дасти беморон гирифта ба ҷайби худ мемонд.

Корафтодагон ба духтурон маблағи гуногун аз 15 то 25 сомонӣ медоданд. Пушти дари духтури гӯшу гулӯ ва бинӣ нархномаи табобат бо имзои Амирова Г.Х, Роҳбари Маркази саломати насб шуда буд. Поёнтарин нарх 5 сомонӣ барои «шунавоисанҷии тоналӣ» ва болотарин нарх 40 сомонӣ барои «кушодани думали атрофи бодомаки ком» буд.

Ниҳоят баъди ду соат навбати ман ҳам расид ва духтур маро қабул кард. Ба духтур гуфтам, ки аз гулӯям шикоят дорам ва хоҳиш кардам, ки маро муоина кунад. Ӯ барои муоина нахуст гулӯи маро бо чубе, ки онро табибон шпател ном мебаранд дид ва баъди он бо як моеъ онро тоза кард. Сипас гуфт, ки гулӯям каме шамол кашидаст ва бояд доруҳои навиштаи ӯро истеъмол кунам. Ҳамин тавр бароям панҷ намуд даво навишт ва талаб кард, ки 20 сомонӣ супорам. Барояш маблағро додам ва ҳуҷраро тарк кардам.

Зимнан духтур номи ман ва дигар беморонро ба дафтаре бо зикри рақами телефон сабт кард. Барои ман аҷиб буд, ки дар нархномаи табобат, ки пушти дари духтур насб шуда буд, барои ҳеҷ яке аз табобатҳо 20 сомонӣ муқаррар нашудааст.  

Нуктаи дигар, дар давоми мушоҳидаи ду соатаи ман ягон нафар аз беморонро барои супоридани маблағ ба хазина равон накарданд.

Баъд аз ду ҳафта рӯзи 21-уми декабри соли 2018  дубора ба Маркази саломатии шаҳрии №1 дар ноҳияи Фирдавсӣ муроҷиат кардам. Дар қабули духтури чашм ин бор ҳам 10 сомонӣ пурсиданд. Нахуст маблағи зикршударо барояшон пардохт кардам, аммо пурсидам, ки бароям оё расид намедиҳанд? Тақозо кардам, ки барои ширкати суғурта расид лозим аст. Онҳо ба ин талаби ман розӣ шуданд ва дафтари дигареро аз зери миз бароварда, номи маро дар он қайд карданд ва бароям талон доданд то 10 сомониро дар хазина супорам. Аммо таъкид карданд, ки расидро дубора барояшон баргардонам то рақамашро навишта кунанд.

Барои муроҷиаткунандагоне, ки ба назди духтури чашм меоянд нархнома муқаррар шуда, пушти дари табиб насб шудааст. Дар ин нархнома хизматрасониҳо аз 1 то 11 сомонӣ муқаррар шудааст.

Вақте бори дуюм назди духтури гӯшу гулу ва бинӣ рафтам аз ман маблағ нагирифт ва баъди муоинаи кутоҳ маро барои шаш рӯз табобати барқӣ гирифтан равон кард. Барои табобати шашрӯзаи барқӣ гузоштан дар гулӯ, ки ҳамагӣ як дақиқаро дарбар мегирад аз ман 30 сомонӣ талаб кард. Баъди пардохти маблағ, расид талаб кардам, ки барои ширкати суғурта расид бидиҳад. Духтур нахуст гуфт, ки рӯзи дигар расидро мегирӣ, аммо дар охир талош кард то маро мутақоид созад, ки ширкати суғурта маблағи маро барои табобатҳои дигар медиҳад, аммо барои гулӯдард намедиҳад. «Барои гулудард суғурта намекунанд. Суғурта нозукиҳои зиёд дорад,”-гуфт ӯ.

Хазинаи Маркази саломатии шаҳрии № 1: Акс аз cabar.asia
Хазинаи Маркази саломатии шаҳрии № 1: Акс аз cabar.asia

Ба фарқ аз навбатпойиҳои зиёд дар паси ҳуҷраи духтурон назди ду хазинаи Маркази саломатии шаҳрии № 1 тақрибан беодам буд.

Рӯзи 8-уми декабри соли 2018 дар назди хазинаи якум танҳо зане, ки зоҳиран ҳомиладор буд маблағ супорид ва баъд аз он ман маблағи зикршударо супоридам. Рӯзи 21-уми декабр ҳам айни ҳамин ҳолат дар назди хазина барои мо пеш омад.  Дар ин рӯз аз зани ҳомиладоре, ки назди хазина маблағ месупорид суол кардам, ки барои чӣ маблағ месупорад. Ӯ гуфт, ки барои кадом ташхисе бояд маблағ супорида расид гирад. Аммо беодам будани назди хазинаҳои марказ гувоҳи то чӣ ҳад шаффоф будани кори духтурон ва пулталабӣ аз мизоҷонро нишон медод.

Мушоҳидаҳои мо нишон дод, ки назди хазинаҳои Маркази саломатии шаҳрии №1 асосан беморон барои гузаштан аз ташхис маблағ месупориданд. Ин бахш низ ҳоло баҳсбарангез аст, ки мо дар поён ба он ишора мекунем.

“Бо мара подставит накунӣ?”

Нуқтаи дигари таҳқиқоти мо ин буд, ки чи гуна духтурон ва кормандони ин марказ бидуни ягон ташхис ба шаҳрвандон маълумотномаи мусбати саломатӣ медиҳанд. Сару садоҳо дар ин бора зиёданд ва мо хостем худ таҳқиқ кунем, ки вазъ чигуна аст?

Барои исботи ин як узви гуруҳи таҳқиқотии мо барои гирифтани маълумотнома дар бораи саломатӣ маъруф ба “форма-86” ба Маркази саломатии шаҳрии №1 рафт. Хабарнигори мо аз рӯи тартиби булаҷаб, бе гузаштан аз ягон ташхис тавонист санад дар бораи саломат буданашро дарёфт кунад. Он чизе, ки барои мо маълум шуд ин буд, ки кормандони ин марказ медонанд, ки ин корашон ғайриқонунӣ аст, аммо бо ин вуҷуд онро такрор мекунанд. Ба ин тартиб аъзои гуруҳи таҳқиқотии мо бо чунин шева санади саломатӣ дарёфт кард:

Рӯзи 05 декабри соли 2018 дар саҳни Маркази саломатии №1 аз ҳамширае пурсидам, ки чи гуна метавонам “форма 86” бигирам. Ӯ нахуст ба ман гуфт, ки агар аз ноҳияи дурдаст бошам наметавонам аз ин марказ маълумотнома бигирам. Ба ҳар ҳол ҳамшира гуфт, ки аз пасаш равам ва ҳамин тавр маро ба ҳуҷраи духтур бурд. Духтур аз ҳамшира пурсид, ки “ин одам худӣ аст ё бегона?” Ҳамшира ҳам дарҳол посух дод, ки бегона аст. Баъди ин духтур ба ман гуфт, хубаш худат рафта аз назди табибони зарурӣ аз муоина гузар, аммо ман посухаш додам, ки бароям маълумотнома фавран лозим аст. Аммо духутр бо ишора ба “бегона” будани ман гуфт, ман худатро намешиносам боз маро “подстава” накунӣ? Посухаш додам, ки агар наметавонед ман меравам. Аммо ӯ маро нигоҳ дошт ва гуфт, ки “хайр ман меравам ва хешам аст гуфта, бароят маълумотнома мегирам.” Аз байн 5-6 дақиқа гузашт, ки ӯ бо маълумотнома дар бораи саломатии ман баргашт ва онро дохили варақе печонда ҳушдор дод, ки ба сумкаам гузорам то камераҳо набинанд. Бар ивази 80 сомонӣ  маълумотномаро ба ман дод.”

Дар ҳамин ҳол як корманди Маркази саломатии шаҳрии №1, ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, ки бо шарти фош нашудани номаш ба мо гуфт, дар 5-6 дақиқа гирифтани имзо ва мӯҳри шаш табиб ғайриимкон аст. Ба ин хотир ин духтур гуфт, бархе ҳамкасбони ӯ аз қабл имзо ва мӯҳри духтурони заруриро дар маълумотнома мегиранд ва танҳо ба он номи шахси муроҷиаткунандаро навишта онро барояш медиҳанд.

Мутаассифона чунин қонуншиканиҳо хоси танҳо Маркази саломатии шаҳрии рақами 1 набуда, тибқи иттилои мо чунин вазъ дар дигар манотиқ низ ҷой дорад.

Роҳбари Марказ: духтурон пул намегиранд

Роҳбарияти Маркази саломатии шаҳрии №1 дар ноҳияи Фирдавсӣ, Гулхумор Амирова вуҷуди мушкилиҳои зикршуда аз ҷумла худсарона гирифтани маблағ аз беморон ва “тиҷорати”-и маълумотномаро қотеона рад мекунанд.

Гулхумор Амирова, мудири Маркази саломатии шаҳрии №1 дар суҳбат ба мо гуфт, ҳамаи муроҷиаткунандаҳо барои хадамотҳои пулакии тиббӣ нахуст дар хазина маблағ супорида, сипас ба қабули духтур мераванд. Хонум Амирова махсусан табиби гӯшу гулӯ ва биниро таъкид кард, ки духтурон аз дасти беморон ягон хел маблағ намегиранд.

Ба гуфтаи Гулхумор Амирова, беморон дар асоси роҳхати табиби оилавӣ аввал дар хазина маблағ месупоранд ва баъдан ба қабули духтури чашм ё ЛОР мераванд. Бо ин ҳама роҳбари Маркази саломатии шаҳри №1 мегӯяд, дар ҳар ҷаласа ба духтурони зертобеаш таъкид мекунад, ки даст ба фасодкорӣ назананд.

“Духтурон ҳақ надоранд аз дасти бемор маблағ бигиранд ва онҳо дар ин бора хабардор ҳастанд. Бисёр вақт хазиначиҳои мо агар дар наздашон одам камтар бошад ба назди духтур мераванд маблағро дар ҳамонҷо қабул мекунанд ва ба беморон расид медиҳанд. Солҳои пеш дар ин бора шикоят омада буд, ки онро дар ҷояш ҳал карданд,”-афзуд хонум Амирова.

Роҳбари Маркази саломатии шаҳрии №1 ҳамчунин мушкил ё “тиҷорат”-и маълумотномаи тиббӣ дар маркази зертобеашро қатъиян рад мекунад. Гулхумор Амирова гуфт, маълумотномаи тиббӣ ё бо шакли нав “формаи 38” бо рақамҳои мушаххас аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ ба онҳо дастрас мешавад ва он танҳо дар дасти муовини ӯ қарор дорад. Ба ин хотир хонум Амирова таъкид кард, ки духтурони маркази зертобеи ӯ имкон надоранд, ки бе супурдани маблағ дар хазина ва гузаштан аз муоинаи табибони дахлдор ба касе маълумотнома бидиҳанд. Баръакс Гулхумор Амирова худи муроҷиаткунандаҳоро гунаҳкор кард, ки дар бархе ҳолатҳо маблағ медиҳанд, аммо талаб мекунанд, ки ба он фавран маъумотномаи тиббӣ дода шавад. 

Зимнан маълумотномае, ки хабарнигори мо дарёфт кард бо рақами АА0068116 буд ва дар он ҳафт муҳр гузошта шуда буд. Инҳо муҳри Маркази саломатии шаҳрии рақами 1, ҷарроҳ, табиби бемориҳои асаб, табиби бемориҳои чашм, ЛОР ва ҳам мӯҳри “Барои варақаҳои корношоямӣ ва маълумотномаҳо” буд. Аммо дар охири маълумотнома гӯшаи ному насаб ва имзои роҳбари муассисаи тиббӣ холӣ буд. Пеш аз он имзое Б.К зикр шудааст.   

Ройгон аст, аммо маблағ супоред

Мушкили фасодкорӣ дар беморхонаҳои Тоҷикистон танҳо ба ташхису маълумотномаҳои бардуруғ маҳдуд намешавад. Ҳолатҳое ҳам зиёданд, ки духтурон барои табобатҳои ройгон ҳам аз беморон маблағ талаб мекунанд. Аз ҷумла муоинаи занони ҳомиладор, бояд дар марказҳои саломатии давлатӣ ройгон сурат бигирад, аммо бархе занони ҳомиладор дар суҳбат ба мо гуфтанд, ки дар асл чунин нест ва агар маблағ надиҳанд онҳоро муоина намекунанд.

Зарнигор Хоҷаева, як сокини шаҳри Душанбе, ки келини ҳомилаашро барои муоина ба Маркази саломатии шаҳрии №1 дар ноҳияи Фирдавсӣ овардааст, гуфт, ки маблағи доштааш барои ташхис нарасид.  Духтур аз ӯ  талаб кардаст, ки то онро насупорад натиҷаҳои таҳлили хунашро ба духтури дахлдор намефиристад.

“Чӣ хел маблағ надиҳам? Ҳоло барои 5 сомонӣ кам маблағ супориданам гуфт, ки ташхиси хунатро намефиристам. 25 сомонӣ додам гуфт, ки 30 сомонӣ супор. Ман дигар маблағ надоштам гуфтам, ки хонаамон наздик аст, ҳоло маблағро мефиристам. Ҳамин қадар зора кардам гуфт, ки то 5 сомонии дигар набиёрӣ хунатро равон намекунам,”- қайд кард ин ҳамсуҳбати мо. Ба гуфтаи ӯ, барои 25 сомонӣ маблағи пардохтааш ягон хел расид нагирифтааст. 

Зани дигаре, ки дар Маркази саломатии шаҳрии №1 ба мо суҳбат мекард гуфт, ҳатто барои чен кардани қадду вазни зани ҳомиладор аз онҳо маблағ талаб мекунанд.

Дар ҳамин ҳол як духтури Маркази саломатии шаҳрии №1 бо шарти зикр нашудани номаш ба мо гуфт, кор ба ҷойе расидааст, ки бархе занони ҳомиладор барои гузаштан аз ташхис намеоянд ва сабабаш ҳам гӯё пулталабии духтурон мебошад.

“Духтурони оилавӣ чандин маротиба ба хонаи занони ҳомиладор рафта, онҳоро даъват мекунанд, ки ҳар моҳ омада аз муоинаи ройгон гузаранд. Занони ҳомиладор барои ташхис намеоянд ва мегӯянд, ки шумо ройгон мегӯед, аммо вақте мо меравем духтурон аз мо пул мегиранд. Мо чунин шароит надорем, ки ҳар моҳ рафта ба онҳо пул диҳем. Ҳатто аз қаду вазни зани ҳомиладорро чен кардан пул мегиранд. Барои маблағе, ки аз занони ҳомила мегиранд умуман чек намедиҳанд,”-гуфт манбаъ.

Зимнан занони ҳомила танҳо гуруҳе нестанд, ки барои табобатҳои ройгон баъзан маблағ месупоранд. Ахиран хабарҳо дар бораи пулталабкунии духтурони тоҷик ҳангоми расонидани ёрии аввалияи тиббӣ низ расонаӣ шуд. Ҳатто Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ санаи 26-уми декабри соли 2018 аз ин масъала интиқод карда, талаб намуд, ки ҳама гуна ёрии аввалияи тиббӣ бояд ройгон расонида шавад. Нашрияи “Фараж” менависад, баъд аз интиқоди Президент мақомоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ масъалаи ройгон будани ёрии аввалияи тиббиро зери назорати ҷиддӣ гирифтаанд. 

Дар ҳамин ҳол манбаи мо дар Маркази саломатии шаҳрии рақами 1 мегӯяд, баъд аз мушоҳидаҳои мо ва ҳатто гуфтани вазъ ба Гулхумор Амирова, мудири Марказ, вазъ тағйир наёфтааст.

Ҳуқуқшинос: Табиб ҳаққи гирифтани маблағро надорад

Ҳуқушиносон мегӯянд, қонунгузории Тоҷикистон гирифтани маблағ аз дасти беморро барои духтур манъ кардааст.

Зафар Расулов, ҳуқуқшиноси ташкилоти ҷамъиятии “Дунёи ҳуқуқ” гуфт, бар асоси қонун духтурон дар ҳеҷ сурат ҳақ надоранд аз дасти бемор ва ё наздикони ӯ маблағи нақд талаб гиранд. Ба қавли ин ҳуқуқшинос, мутобиқи қонун маблағи табобат бояд дар хазинаи муассисаи тандурустӣ пардохт шуда, барои ҳар навъ пардохт ба бемор расид (чек) пешниҳод карда шавад.

“Он маблағе, ки корманди соҳаи тиб аз дасти бемор мегирад ғайриқонунӣ аст ва ин кор фасодкорӣ мебошад. Чун корманди соҳаи тибб ҳаққи гирифтани пулро надорад. Супоридани маблағи табобат дар хазина ва гирифтани расид ҳамчунин имкон медиҳад, ки дар ҳолати норозӣ будан аз табобат шахс ба ниҳодҳои дахлдор муроҷиат кунад ва расидро ҳамчун асос пешниҳод намояд,”-гуфт ин ҳуқуқшиноси тоҷик. 

 Оҷонсӣ: Кадрҳои тасодуфӣ роҳро барои фасод боз кардааст

Мушкили фасод дар соҳаи тандурустӣ борҳо аз сӯи мақомоти интизомӣ танқид шудааст. Аз ҷумла Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як нишаст дар моҳи июли соли гузашта гуфт, ки дар соли 2018 кормандони бахши тандурустӣ аз ҳама зиёд даст ба фасодкорӣ задаанд.

Масъулини ин ниҳод дар як ҷаласа аз мақомоти Вазорати тандурустӣ  ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ тақозо карданд, ки барои коҳиши сатҳи фасод дар ин бахш талош кунанд. Радиои Озодӣ аз қавли манобеаш дар ин ҷаласа навишта буд, масъулини Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳ ёфтани ашхоси тасодуфӣ ба соҳаи тандурустиро яке аз омилҳои аслии фасод дар ин бахш гуфтаанд. 

Тартиби қабули табибон ба кор дар Тоҷикистон ҳоло тариқи дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ҶТ сурат мегирад. Аз рӯи ин тартиб табибон дар асоси дархости беморхона ва ё марказҳои саломатӣ, ки ба духтур ниёз доранд ва бо иҷозаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ҶТ ба кор қабул мешаванд.

Ахиран Додситонии кулли Тоҷикистон низ гуфт, ҳолатҳои зиёди вайрон намудани тартиби хизматрасониҳои тиббию санитарӣ ба шаҳрвандон дар муассисаҳои давлатии тандурустӣ ошкор карда шуда, дар бисёр мавридҳо ҳуқуқҳои шаҳрвандон ба табобат поймол карда мешавад.

Рӯзи 19 декабри соли 2018 хабаргузории “Спутник” низ гузориш дод, ки Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои миллии муқовимат аз фасод дар соҳаи тандурустӣ танқид карда, барои бартараф кардани бартарафсозии сабабу шароитҳои мусоидаткунанда ба фасод дастур додааст. 

3 миллиард сомонӣ-гардиши ғайрирасмии соҳаи тандурустӣ

Фасоди густурда дар бахши тандурустӣ борҳо аз сӯи коршиносон ва огоҳони соҳа мавриди интиқод қарор гирифтааст. Коршиносон мегӯянд, то замоне ки решаҳои фасод дар ин бахш хушк карда нашаванд, иқдомҳои “косметики” наметавонанд соҳаи тандурустиро аз фасод раҳо созад.

Абдухалил Холиқзода, коршиноси соҳаи тибб дар Душанбе мегӯяд, танҳо як роҳ метавонад бахши тандурустии Тоҷикистонро аз фасод берун орад. Ин ҳам ҷорӣ кардани суғуртаи дармон ва дар натиҷаи он танзим кардани маблағгузории соҳа, аз ҷумла боло бурдани маоши табибон мебошад. 

Тибқи ҳисоби Абдухалил Холиқзода феълан гардиши ғайрирасмии бахши тандурустии Тоҷикистон беш аз 3 миллиард сомонӣ аст. Ин маблағест, ки ба гуфтаи Холиқзода беморон барои табобат ба дасти духтурон медиҳанд ва ё барои хариди доруву дармон сарф мекунанд. Ба таъкиди коршиноси тоҷик, ин маблағҳоро аз гардиши ғайрирасмӣ бароварда шаффоф мекунад ва сатҳи фасоди молиро дар соҳа коҳиш хоҳад дод.

Ҳатмӣ кардани суғуртаи тиббӣ ба гуфтаи мутахассисон ба ин тартиб аст, ки ҳар корманд аз ҳисоби корфармо дар ширкати суғуртавӣ суғурта мешавад ва маблағи табобати ӯро ширкати суғуртавӣ пардохт мекунад. Маблағи суғуртаи қишри бекор, нафақахӯрон ва кӯдаконро давлат ба ширкати суғуртавӣ пардохт мекунад. Ба таъкиди мутахассисон, духтурон аз дасти беморон маблағ намегиранд ва танҳо ширкати суғуртавӣ ҳаққи табобати беморро пардохт мекунад.

Мушкили фасод дар бахши тандурустии Тоҷикистон танҳо иборат аз пулталабкунии духтурон ва ё “тиҷорат”-и “формаи 86” нест. Ҷомеашиносон мегӯянд, соҳаи тандурусӣ аз бахшҳои муҳим ва серистифода барои мардум аст ва барои коҳиш додани фасод дар он бояд аз нерӯи мардум истифода кард. Ба гуфтаи ҷомеашиносон, нахуст бояд баъзе андешаҳо дар ҷомеа шикаста шаванд, ки мардумро водор мекунад то барои муоинаи табиб ҳатман ба дасти ӯ маблағе дода, ҳамин тавр роҳро барои фасод боз кунад.

Музаффар Олимов, ҷомеашиноси тоҷик: Акс аз cabar.asia
Музаффар Олимов, ҷомеашиноси тоҷик: Акс аз cabar.asia

Музаффар Олимов, ҷомеашиноси тоҷик ва роҳбари маркази таҳлилии “Шарқ” гуфт, пора додан ва талаб накардани ҳаққи худ бештар аз надоштани дониши кофии ҳуқуқӣ аст. Бар иловаи ин Олимов афзуд, бархе шаҳрвандон беҳтар медонанд, ки маблағ дода корашонро анҷом диҳанд.

Бо ин ҳама ин ҷомеашиноси тоҷик афзуд, нақши мардум дар мубориза бо фасод дар он ҳолат метавонад муассир бошад, ки агар онҳо бидонанд, ки дахолаташон ҳадафмандона аст ва шикояташон мушкилеро ҳал мекунад. “Агар даҳ бор муроҷиат карда бошад ва бинад, ки он беҳуда аст пас ба он авлавият медиҳад, ки маблағ дода корашро анҷом диҳад. Иллати ин ҳама муаммои сарбаста дар иқтисоди пӯшида қарор доштан аст, ки хоси аксари кишварҳои дар ҳамин сатҳи иқтисоду зиндагӣ қарордошта мебошад,”-гуфт ин ҷомеашиноси тоҷик.

Дар ҳамин ҳол як назарпурсии мо дар хиёбонҳои шаҳри Душанбе нишон дод, ки аксари сокинон ба дасти духтурон маблағ медиҳанд.

Ба гуфтаи мусоҳибони мо, додани маблағ ба духтурон гоҳе бо талаби онҳо ва гоҳе бо хоҳиши худашон сурат мегирад. Яке аз мусоҳибони мо гуфт, табиб маблағ ҳам талаб накунад ӯ баъди муоина ҳатман ба дасти духтур маблағ “чойпулӣ” медиҳад. Аммо буданд нафароне, ки дар суҳбат ба мо гуфтанд, агар ба духтурон маблағ надиҳанд табибон беморони онҳоро хуб нигоҳбин намекунанд.

“Фарзандам дар болои дастонам мурда истодааст, касе дар беморхона қабулаш накарданд. Ин духтур мегӯяд касали ман нест, дигараш мегӯяд бемори ман нест. То 800 сомонӣ наовардам қабул накаранд,”-гуфт ҳамсуҳбати мо.

Қайд кардан ба маврид аст, ки барои додани пора, гирифтани пора тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст (м.319, 320 ва 321 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон – вобаста аз вазнинии ҷиноят ҷавобгарӣ сар карда аз ҷарима то маҳрум кардан аз озодӣ мебошад).

Дар кулл зимни таҳқиқот мо ба хулосае омадем, ки роҳи ҳал барои коҳиши фасод дар бахши тандурустӣ танҳо боздошту зиндонӣ кардани духтурон нест. Барои ҳалли ин мушкил бояд таъмини шаффофият дар ин бахш пурзӯр шуда, ҳамаи маблағҳо дар буҷети муассисаи табобатӣ ҷамъ шаванд. Аз ҳисоби ин маблағҳо метавон барои табибон маоши муносиберо муқаррар кард, ки ҳам онҳо даст ба фасод назананд ва ҳам беморон мутмаин бошанд, ки табибон аз онҳо маблағи барзиёд нагирифтаанд.

Бо як ҷумла: духтур ва бемор на дар бораи маблағ, балки бояд танҳо дар бораи табобат суҳбат кунанд.

Розиқзода М


Ин мавод дар доираи тарҳи «Giving Voice, Driving Change — from the Borderland to the Steppes Project», ки бо кумаки молии Вазорати хориҷаи Норвегия иҷро мешавад, нивишта шудааст. Назароти дарҷшуда дар ин матлаб баёнгари дидгоҳи хоси расона ва ё сарпарасти ин тарҳ нест.

Если вы нашли ошибку, пожалуйста, выделите фрагмент текста и нажмите Ctrl+Enter.

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: