© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Дар Душанбе коршиносон дурнамои мактаби чиншиносӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ карданд

31 январи соли  2019 дар намояндагии IWPR дар Тоҷикистон мулоқоти коршиносӣ дар мавзӯи  “Чиншиносӣ дар Тоҷикистон: кӣ ва чаро бояд биомӯзад?” доир гардид. Коршиносон, намояндагони марказҳои гуногуни таҳлилӣ, сиёсатшиносони ҷавон ва рӯзноманигорон мақом ва мушкилоти чиншиносӣ дар Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор дода, ҷиҳати рушди ин бахши илми тоҷик рӯйхати пешниҳодотро тартиб доданд.


Русский

Пешниҳодоти асосӣ:

  • Дар замоне, ки Хитой яке аз шарикони асосии Тоҷикистон мегардад, ба чиншиносӣ таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир карда намешавад. Дар кишвар чиншиносӣ ба қадри кофӣ маблағгузорӣ намешавад. Дарёфти сарчашмаҳои нави маблағгузорӣ зарур аст. Ба сифати чунин сарчашмаҳо шарикии давлатӣ-хусусӣ, грантҳои марказҳои илмии Хитой, маблағгузории хусусӣ аз ҷониби тоҷироне, ки бо Чин равобити тиҷорӣ доранд, метавон истифода кард;
  • Амалигардонии лоиҳаҳои муштараки минтақавӣ оид ба омӯзиши Хитой дар заминаи донишгоҳҳо, марказҳои таҳлилии давлатӣ ва мустақил зарур мебошад.
  • Тағйир додани афзалиятҳо дар интихоби мавзӯъҳои омӯзиши Хитой, таҳияи рисолаҳои нави илмӣ дар мавзӯъҳои иқтисодиёти Хитой, сиёсати дохиливу хориҷӣ, равандҳои иҷтимоӣ ва ҷараёни қабули қарор дар Чин зарур аст;
  • Таҳқиқоти амалишаванда бояд барои доираи васеъ дастрас бошад;
  • Чиншиносон бояд бо шахсони тасмимгиранда дар Осиёи Марказӣ ҳамкорӣ намоянд;
  • Таҳқиқотҳо бояд ба зуҳури чинҳаросӣ роҳ надиҳад.

Таъсири Хитой дар Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон сол аз сол меафзояд. То соли 2016 нишондиҳандаи ҳаҷми кредитҳои ба Тоҷикистон додаи Хитой марзи 1 миллиард доллари ИМА-ро убур карда, ба наздики нисфи қарзи умумии хориҷии кишвар баробар гардид.

Айни замон ин нишондиҳанда боз ҳам зиёдтар аст. Аммо тавре сиёсатшиноси тоҷик  Парвиз Муллоҷонов дар мақолаи ба наздикӣ нашршудаи “Кай Тоҷикистон омӯзиши Хитойро оғоз мекунад?” таъкид менамояд, шумораи таҳқиқоти таъсири иқтисодиёти Хитой ба Тоҷикистон ба зарурияти воқеӣ ҷавобгӯ нест. Муаллиф як тазоддро чунин шарҳ медиҳад: “…ҳар қадар, ки вобастагии иқтисодӣ аз Хитой бештар мешавад, ҳамон андоза дар матбуоти академикии маҳаллӣ ва ВАО интишоротро оид ба ҳузури Чин камтар пайдо метавон кард”.

31 январ Намояндагии IWPR дар Тоҷикистон вохӯрии коршиносиро ташкил намуд, ки дар он коршиносон, намояндагони марказҳои гуногуни таҳлилӣ, сиёсатшиносони ҷавон ва рӯзноманигорон тазодди мазкурро баррасӣ карданд.

Ҳамоҳангсози барномавии Намояндагии IWPR дар Тоҷикистон Дмитрий Завялов дар оғози ин мулоқот тазаккур дод, ки дар сомонаи таҳлилии cabar.asia дар ояндаи наздик ба масоили таъсири Хитой дар Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, мизҳои мудаввар дар дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ низ ташкил мешаванд. Коршинсони минтақа масоили ҳамкории мутақобилаи кишварҳояшон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин ва мақоми мактабҳои чиншиносиро баррасӣ мекунанд.

Комрон Ҳидоятзода. Акс аз cabar.asia
Комрон Ҳидоятзода. Акс аз cabar.asia

Баргардонандаи мулоқоти коршиносӣ Комрон Ҳидоятзода, сарвари иҷроияи Маҳфили коршиносии Осиёи Марказӣ – “Рушди АвруОсиё” зикр намуд, ки мавзӯи мулоқоти коршиносӣ ниҳоят муҳим буда, дар робита бо он  ҳадсу гумонҳои зиёд мавҷуд аст, барои Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, омӯзиши комили таъсири Хитой дар минтақа аз нуқтаи назари манфиатҳои миллии кишвар дорои аҳамияти зиёд мебошад.

Хуршед Додихудоев. Акс аз cabar.asia
Хуршед Додихудоев. Акс аз cabar.asia

Баромадкунандаи аввали ин мулоқот сардори Раёсати омӯзиши амнияти минтақавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон Хуршед Додихудоев таъкид намуд, ки айни замон ҷараёнҳои хеле зиёди ҷориро на танҳо дар минтақа, балки дар тамоми ҷаҳон мавриди омӯзиш қарор дода, бе таҳлили комил наметавон мавқеъ ва манфиатҳои иштирокдорони муайянро сарфи назар кард; Чин айни замон нақши муҳиме дар равандҳои зиёди ҷаҳонӣ дорад. Додихудоев дар тақвияти мавқеи модератори мулоқот изҳор дошт, ки “дар тавзеҳи сиёсати берунии Хитой нисбат ба кишварҳои Осиёи Марказӣ канорагирӣ аз кинояҳо душвор аст; рисолаҳои мукаммали илмии ба мавзӯи муносиботи Тоҷикистону Хитой ихтисосёфта ниҳоят кам мебошанд”.

Ван Хуэйчуан. Акс аз cabar.asia
Ван Хуэйчуан. Акс аз cabar.asia

Муовини директори Маркази Конфутсия дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ван Хуэйчуан оид ба фаъолияти Маркази Конфутсия суханронӣ намуда, дар робита ба нақшаҳои тавсеаи он изҳори назар кард. Зимни иштирок дар муҳокимарониҳо вай ҳамчунин таъкид намуд, ки Хитой аз ҷониби худ шумораи квотаҳоро барои донишҷӯён аз Тоҷикистон, ки на танҳо фарҳанг ва забони хитойӣ, балки масоили сиёсӣ ва иқтисодиро меомӯзанд, афзоиш хоҳад дод.

Диловар Мунавваров. Акс аз cabar.asia
Диловар Мунавваров. Акс аз cabar.asia

Директори барномаи Институти “Ҷомеаи кушод”-и Бунёди Мадад дар Тоҷикистон Диловар Мунавваров дар вокуниш ба суханронии Ван Хуэйчуан зимни баромади худ ҷузъиёти “нерӯи нарм”-и Чинро дар кишвар баррасӣ намуд. Вай шакку тардиди худро нисбат ба самаранокии “нерӯи нарм”-и Хитой дар Тоҷикистон иброз дошта, таъкид намуд, ки “нерӯи нарми Хитой маҳдуд аст: бисёриҳо дар номбар кардани номи варзишгарон, оҳангсозон ва арбобони санъати Чин душворӣ мекашанд”.

Тарҳҳои иқтисодии Хитой дар минтақа бошад, ҳамчунин ба душвориҳои муайян рӯбарӯ шуда, танҳо дар асоси манфиатҳои давлатӣ амалӣ мегарданд.

Рашид Ғани Абдуло. Акс аз cabar.asia
Рашид Ғани Абдуло. Акс аз cabar.asia

Сиёсатшиноси тоҷик Рашид Ғанӣ Абдулло ба дурнамои рушди минбаъдаи мактаби чиншиносӣ дар Тоҷикистон шубҳа дорад. Ӯ мегӯяд, чунин мактабҳо дар як қатор кишварҳои дигар давоми даҳсола ва садсолаҳо ташаккул ёфтаанд. Ба қавли ин сиёсатшинос рушди мактаби чиншиносӣ марҳила ба марҳила амалӣ гардида, донишҷӯёни имрӯза, ки дар Чин таълим мегиранд, наметавонанд дар рушди омӯзиши Хитой кумак намоянд, зеро аксаран онҳо илмҳои техникӣ ва амалиро меомӯзанд. Дар ҳамин ҳол, фарзандони табақаҳои элитаи Тоҷикистон таълим дар кишварҳои Ғарбро афзал мешуморанд.

Комрон Ҳидоятзода сарвари иҷроияи Маҳфили коршиносии Осиёи Марказӣ “Рушди АвруОсиё” ба иштирокдорони мизи мудаввар пешниҳод намуд, ки барои тавзеҳи таъсири Хитой дар Тоҷикистон ва минтақа дараҷаи дигарро истифода намоянд. Бо назардошти норасоиҳои “нерӯи нарм”-и Хитой дар Осиёи Марказӣ ва нақши афзояндаи сармояи Хитой, истифодаи мафҳуми “нерӯи часпанда” бамаврид аст, дар ҳамин ҳол Хитой бо шартҳои муфид кишварҳои Осиёи Марказиро ба минтақаи зери таъсири худ ҷалб мекунад, ки минбаъд аз он берун шуданашон душвор мебошад.

Абдумалик Қодиров. Акс аз cabar.asia
Абдумалик Қодиров. Акс аз cabar.asia

Коршиноси мустақил Абдумалик Қодиров тазакккур дод, ки беҳтаршавии муносиботи иқтисодии Тоҷикистон на танҳо бо Хитой, балки бо дигар кишварҳо мустақиман аз шаффофияти пешбурди тиҷорат вобаста мебошад. Иқтисодиёти Тоҷикистонро бо иқтисодиёти Узбекистон муқоиса намуда, Қодиров иброз дошт: “сармоягузориҳое, ки ҳамсояи наздики Тоҷикистон – Узбекистон мегирад, хеле бештар аз он аст, ки мо мегирем ва сабаби ин шаффофият мебошад”.

Райҳона Рамаданова. Акс аз cabar.asia
Райҳона Рамаданова. Акс аз cabar.asia

Райҳона Рамаданова, магистри Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия чунин мешуморад, ки дар минтақаи Осиёи Марказӣ Хитой на танҳо ба дунболи манфиатҳои иқтисодӣ мебошад, вай ҳамчунин ба таҳким ва ҳифзи амният дар минтақа бо назардошти ҳаммарзии  ноҳияи автономии барои Пекин хатарзои Шинҷон Уйғур бо кишварҳои Осиёи Марказӣ манфиатдор аст.  “Хитой муносибатҳои худро бо ҳар кишвар дар минтақа дар алоҳидагӣ ба роҳ мемонад. Дар ҳамин ҳол Хитой медонад, ки нооромӣ дар Осиёи Марказӣ метавонад ба афзоиши нооромӣ дар ноҳияи мазкур оварда расонад”.

Омӯзиши таъсири Хитой ва иқтисодиёти он ба Тоҷикистон минбаъд набояд танҳо аз худи Хитой вобаста бошад,-изҳор дошт Диловар Мунавваров. Коршиносони кишварҳои Осиёи Марказӣ набояд ба он умедвор бошанд, ки ширкатҳои чинӣ ба онҳо барои таҳлил омор пешниҳод менамоянд, балки онҳо бояд худашон бо мақсади муқаррарсозии мақоми фаъолияти ширкатҳои хитойӣ дар Тоҷикистон таҳқиқот гузаронанд.

Иштирокчиёни вохурии “Чиншиносӣ дар Тоҷикистон: кӣ ва чаро бояд биомӯзад?” Акс аз cabar.asia
Иштирокчиёни вохурии “Чиншиносӣ дар Тоҷикистон: кӣ ва чаро бояд биомӯзад?” Акс аз cabar.asia

Вазъи чиншиносӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ намуда, коршиносон барои таҳкими мактаби чиншиносӣ дар кишвар як қатор пешниҳод ироа карданд, ки муҳимтаринашон аз ин қабиланд:

  • Дар ҳоли ҳозир чиншиносӣ ба таври нокифоя маблағгузорӣ мешавад ва барои рушди минбаъдаи мактаби чиншиносӣ дарёфти сарчашмаҳои нави маблағгузорӣ зарур аст. Ба сифати чунин сарчашмаҳо метавонанд шарикии давлатӣ-хусусӣ, грантҳои марказҳои илмии Хитой, маблағгузории хусусӣ аз ҷониби тоҷироне, ки бо Хитой робитаҳои тиҷоратӣ доранд, истифода шаванд.
  • Маблағгузории чиншиносӣ дар алоҳидагӣ ва илм дар маҷмӯъ мушкилоти бузурге барои баъзе кишварҳои Осиёи Марказӣ боқӣ мемонад. Коршиносон таъкид намуданд, ки суръатафзоии рушди чиншиносӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ танҳо ба шарти муттаҳид намудани имкониятҳои ҳамаи кишварҳо имконпазир мегардад. Амалисозии тарҳҳои муштараки минтақавӣ оид ба омӯзиши Хитой дар заминаи донишгоҳҳо, марказҳои таҳлилии давлатӣ ва мустақил зарур аст. Чунин рушди ҳамкории минтақавиро метавон аз таъсиси “маркази зеҳнӣ”-и ягона оид ба омӯзиши Хитой шурӯъ намуд.
  • Дар чиншиносии тоҷик адами таъодул дар мавзӯъбандӣ ба назар мерасад: коршиносон таваҷҷуҳи ниҳоят зиёдро ба омӯзиши забон, адабиёт, таърих ва фарҳанги Хитой таъкид менамоянд. Дар интихоби мавзӯъҳои омӯзиши Хитой афзалиятҳоро тағйир додан зарур буда, рисолаҳои нави илмӣ дар мавзӯи иқтисодиёти Хитой, сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, равандҳои иҷтимоӣ ва ҷараёни қабули қарор дар Хитой таҳия кардан зарур аст.
  • Таҳқиқоти зиёди ба Хитой бахшидашуда ва дар марказҳои таҳлилии давлатӣ гузаронидашуда дар дастрасӣ қарор надоранд, ки барои фаъолияти таҳлилгарони мустақил монеаи ҷиддӣ ба вуҷуд меорад. Коршиносон таъкид намуданд, ки таҳқиқоти доиргардида бояд барои доираи васеъ дастрас бошанд.
  • Чиншиносон бояд бо шахсони тасмимгиранда дар Осиёи Марказӣ ҳамкорӣ намоянд. Ин имкон медиҳад, ки ғояҳои илмӣ дар амал татбиқ карда шаванд, ки бешубҳа бояд баробарҳуқуқии муносибатҳоро беҳтар гардонад.
  • Таҳқиқот набояд ба зуҳури чинҳаросӣ роҳ диҳад. Сифатнокии тадқиқот бояд бо қатъи комили ягон зуҳуроти чинҳаросӣ кафолат дода шавад.    

Коршиносон барои ташкили мизи мудаввар ба IWPR изҳори сипос намуда, идеяи идомаи силсилаи вохӯриҳои коршиносӣ дар мавзӯи мактабҳои чиншиносӣ дар кишварҳои Осиёи Марказиро ҷонибдорӣ намуда, таъкид доштанд, ки чунин мулоқотҳо як навъи амалисозии яке аз пешниҳодҳои ироашуда – таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ дар бахши чиншиносӣ ба шумор меравад.

Вохӯриҳои коршиносони кишварҳои Осиёи Марказӣ минбаъд низ бо мақсади мусоидат ба сулҳу субот дар минтақа идома хоҳанд ёфт.

Если вы нашли ошибку, пожалуйста, выделите фрагмент текста и нажмите Ctrl+Enter.

Сообщить об опечатке
Текст, который будет отправлен нашим редакторам: