© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Ҳамоиши коршиносон, ки Намояндагии Институти инъикоси Ҷанг ва Сулҳ (IWPR) созмон дод, мушкилоти рӯзноманигорӣ дар Тоҷикистонро барасӣ кард

Рӯзи 21-и ноябр Намояндагии Институти инъикоси Ҷанг ва Сулҳ дар Тоҷикистон барои баррасии вазъи расонаҳо дар кишвар ҳамоише бо ширкати коршиносон баргузор кард. English На русском


Дар ин ҳамоиш 18 нафар, аз ҷумла рӯзноманигорони саршинос, кормандон ва раҳбарони расонаҳо, раисони созмонҳои расонаӣ ва донишомӯзони мактаби таҳлилгарони ҷавони cabar.asia ширкат доштанд.

Дмитрий Завялов, ҳамоҳангсози барномаҳои IWPR дар Тоҷикистон зимни ифтитоҳи ҷаласа зикр кард, ки пажӯҳишҳои ин созмон ҳокӣ аз вазъияти мубҳами расонаҳо дар Тоҷикистон аст: рӯзноманигороне, ки дар назарсанҷӣ ширкат доштанд, гуфтаанд, ки расонаҳо дар ин кишвар нақши худро ба унвони ҳокимияти чаҳорум аз даст медиҳанд. Илова бар ин, вазъи озодии расонаҳо дар Тоҷикистон дар гузоришҳои ахири чанде аз созмонҳои байналмилалии мудофеъи ҳуқуқи башар мавриди интиқод қарор гирифтааст. Лола Олимова, мудири барномаҳои IWPR дар Тоҷикистон ҳадафи аслии ҳамоишро шиносоӣ ва ошкор кардани иллатҳои асосӣ, пешбинӣ ва ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли мушкилоти мавҷудаи расонаҳо унвон кард.

Пажӯҳиши «Вазъи расонаҳо ва нақши шабакаҳои иҷтимоӣ дар Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбакистон»-ро (ENG|RUS) аз инҷо боргирӣ кунед.

Акс аз cabar.asia
Акс аз cabar.asia

Нуриддин Каршибоев, раиси Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон, таъкид кард, ки дар шароити феълии Тоҷикистон сухан гуфтан аз расонаҳо ба унвони ҳокимияти чаҳорум муддатҳост, ки дигар маънӣ надорад. Ҳатман бояд тафовут дар шароити кори расонаҳои давлатӣ ва мустақилро дар назар гирифт. Ӯ вазъи феълии расонаҳои мустақил дар кишварро «фоҷеъабор» тавсиф кард ва бештари ширкаткунандагон ҳам бо ӯ мувофиқат карданд. Бино ба гуфтаи Қаршибоев, дар ҳоле ки расонаҳои давлатӣ аз ҳимояти молии ҳукумат бархурдоранд, расонаҳои мустақил “нақши гадову талбандаро иҷро мекунанд”, зеро шумори “сарпарастони мутамоил ба ҳамкорӣ бо расонаҳо” бағоят кам шудааст.

Воқеъияти талх ин аст, ки далелсанҷӣ, ки алифбои рӯзноманигор аст, имрӯз барои рӯзноманигорони маҳаллӣ падидае тоза хонда мешавад, – таъкид дошт Қаршибоев.

Хуршеди Атовулло. Акс: cabar.asia
Хуршеди Атовулло. Акс: cabar.asia

Хуршеди Атовулло, раҳбари Маркази таҳқиқоти рӯзноманигорӣ, зимни шарҳи яке аз натоиҷи пажӯҳиши IWPR дар бораи аз шабакаҳои иҷтимоӣ истифода кардани рӯзноманигорони тоҷик ба унвони манбаъи хабар гуфт, ки иллати аслии ин амр набуди дастрасӣ ба иттилоъ мебошад: дарёфти он барои рӯзноманигорон душвор аст, аммо раванди таъйиди иттилоъ тавассути сохторҳои давлатӣ метавонад ҳафтаҳо тӯл кашад. Бо ин ҳол, бисёре аз рӯзноманигорони тоҷик аз талош дар ин замина даст барнамедоранд ва фаъолияти худро дар чорчӯби қонунҳои ҷорӣ пеш мебаранд.

Нуралии Давлат, рӯзноманигор ва таҳлилгар, таъкид кард, ки вазъи расонаҳои чопӣ ба ҳадде таассуфбор аст, ки дар баъзе аз нашрияҳо ба ҷои 16 нафар танҳо як нафар кор мекунад. Вай мегӯяд: «Як нафар ҳам сардабир аст, хам хабарнигор ва корҳои дигареро ҳам иҷро мекунад.»

Хилватшоҳи Маҳмуд. Акс: cabar.asia
Хилватшоҳи Маҳмуд. Акс: cabar.asia

Ҳампешаи ӯ Хилватшоҳи Маҳмуд пешгӯӣ мекунад, ки то соли 2020 дар Тоҷикистон ҳеч расонаи чопии мустақиле боқӣ нахоҳад монд. «Ҳамин ҳоло тирожи аксари нашрияҳои тоҷикӣ аз 1500 адад бештар нест. Рӯзноманигорӣ нақши худро дар ҷомеъа аз даст додааст,» – афзуд ӯ.

 Ба назари Ёқуб Ҳалимов, ширкаткунандаи мактаби рӯзноманигории таҳлилии cabar.asia, вазъи расонаҳои дигар низ аз ин беҳтар нест. Ӯ таваҷҷуҳи ширкаткунандагони ҳамоишро ба сатҳи пойини омодагии кодрҳо ҷалб намуд ва гуфт, ки ин масъала вазъи расонаҳоро дар маҷмӯъ бадтар мекунад ва сатҳи ҳирфаии рӯзноманигоронро пойин мебарад.

 «Аксари созмонҳои кумакрасон равишҳои навро ба рӯзноманигорон омӯзиш медиҳанд, аммо дар мавриди асосҳои рӯзноманигорӣ фаромӯш кардаанд. Ин амр сатҳи ҳирфаии рӯзноманигоронро пойин бурдааст. Номҳои ҷадиду барҷастаеро дар миёни тӯдаи рӯзноманигорони омӯзишдида тақрибан наметавон пайдо кард,» – мегӯяд ӯ.

 Яке аз роҳҳои ҳалли ин мушкил, ба назари ширкаткунандагони ин ҳамоиш, бознигарӣ дар барномаҳои дарсӣ дар бахшҳои рӯзноманигории донишгоҳҳо аст. Онҳо таъкид карданд, ки қавоиди тозаи вуруд ба донишгоҳҳо аз роҳи додани имтиҳон дар Маркази воҳиди озмунгирӣ ба афроди дорои истеъдоди рӯзноманигорӣ имкони вуруд ба бахши рӯзноманигориро намедиҳад. Дар солҳои гузашта имтиҳонот барои довталабони риштаи рӯзноманигорӣ озмуни кори эҷодиро низ дар бар дошт, аммо ҳоло ин меъёр ҳатмӣ нест.

 Дар посух ба пурсиши Лола Олимова дар ин бора ки то чи андоза ба кори рӯзноманигорони тоҷик дар бозори расона ниёз ҳаст, бисёре аз ширкаткунандагон гуфтанд, ки бештари онҳо дар ин бозор рақобатпазир нестанд. Нуриддин Қаршибоев гуфт, ки яке аз далоили ин амр надонистани забонҳо, бавижа инглисиву русӣ, аз сӯи рӯзноманигорон аст. Ин ба рӯзноманигорони тоҷик имкон намедиҳад, ки фаротар аз ҳавзаи маҳаллӣ фаъолият дошта бошанд.

 Гулдасташо Алибахшов ва Мижгона Ҳалимова. Акс: cabar.asia
 Гулдасташо Алибахшов ва Мижгона Ҳалимова. Акс: cabar.asia

Гулдасташо Алибахшов, яке дигар аз ширкаткунандагони мактаби таҳлилгарони ҷавони cabar.asia, изҳор дошт, ки расонаҳои Тоҷикистон тавони рақобат бо шабакаҳои иҷтимоиро, ки ахбор дар онҷо зудтар ба дасти мардум мерасад, надоранд. Ӯ гуфт муносиботи бозорӣ дар иттилоърасонӣ ҳам таъсиргузор аст, чун “тақозо” ба иттилоъи носанҷида ва шоеъа, тавлиду “арзаи” (пешниҳоди) ахбори козиб дар шабакаҳои иҷтимоиро ҳам ба дунбол дорад.

Набӣ Юсуфов, мушовир дар умури расонаҳо, ба ин нукта ишора кард, ки дар ҳоли ҳозир расонаҳои Тоҷикистон аз қудрат ва тавонмандие, ки гӯё қаблан доштанд, бебаҳраанд. Юсуфов бо ишора ба имконоти васеъе, ки қаблан рӯзноманигорон доштанд, таъкид кард: “Роғунро гӯё танҳо ба ин хотир сохтаанд, ки рӯзноманигорон дар борааш то метавонанд қаламфарсоӣ кунанд.”

Ба гуфтаи ӯ, аксари “расонаҳо бо вуруди Интернет ба кишварамон мавқеъияти худро аз даст доданд” ва то ҳол натавонистаанд ёд бигиранд, ки чигуна аз тариқи торнамоҳои худ барои пешбурди фаъолияташон сармоя ба даст оваранд.

Ҳарчанд рӯзноманигорон муваффақ нашуданд фурмули дақиқе барои рафъи  мушкилоти расонаҳо дар Тоҷикистон пешниҳод кунанд, аммо ин ҳамоиш бенатиҷа набуд. Ширкаткунандагон аз ҷумла ба ин натиҷа расиданд, ки ислоҳи системи омӯзиши рӯзноманигорон, ба роҳ мондани ҳамкории наздик миёни расонаҳо ва ниҳодҳои давлатӣ ва боло бурдани маҳоратҳои хабарнигорон метавонад ба таври чашмгире ба вазъи расонаҳо дар Тоҷикистон беҳбуд бахшад.

Если вы нашли ошибку, пожалуйста, выделите фрагмент текста и нажмите Ctrl+Enter.

Сообщить об опечатке
Текст, который будет отправлен нашим редакторам: