© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Афзоиши нархи интернети мобилӣ: фурӯтании мардумро санҷиданд?

Дидгоҳи коршинос Рустам Гулов дар мавриди афзоиши нархи интернети мобилӣ ва бекор шудани зудҳангоми ин қарор дар Тоҷикистон.


Подпишитесь на наш канал в Telegram


На русском English

Мансабдорон аз набудани президент истифода бурданд, то дар мавриди афзоиши арзиши интернети мобилӣ тасмим бигиранд. Акс аз: knews.kg

Тамоми ин сарусадо ва тасмимҳо, ки ҳатто як ҳафта давом наоварданд, чӣ паёме доштанд, гуфтан душвор аст. Аммо баъзе ишораҳое ҳастанд, ки бояд ба онҳо таваҷҷуҳ кард.

Чунин менамояд, ки талоши аввали боло бурдани нархи SIM-корт ва дахолати фаврии президент ба он як тамрин буд. Фурӯтании мардумро санҷиданд, ки натиҷаҳои яксон набуд – он чӣ буд возеҳу равшан гуфтан мушкил аст – навбатпоӣ ё эътироз? Мушкилро тавассути президент ҳал карданду ҳамзамон ӯро кафили ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон ба намоиш гузоштанд.

Чанд рӯз қабл аз бекор кардани қарори боло бурдани арзиши интернети мобилӣ вакили мардумӣ, раҳбари Ҳизби демократ Саидҷаъфар Усмонзода дар як барномаи радиои “Тоҷикистон” изҳори умедворӣ кард, ки президент Эмомалӣ Раҳмон баъди бозгашт аз Маскав ҳатман ин тасмимро бекор мекунад, зеро чунин иқдомҳо қабл аз ду чорабинии муҳими сиёсӣ дар кишвар (интихоботҳои парлумонӣ ва президентӣ дар соли 2020) иҷозат дода намешаванд.

Ҳамзамон ӯ чанд маротиба таъкид кард, ки Хадамоти алоқа, Хадамоти зиддиинҳисорӣ ва Кумитаи андоз танҳо кори худро анҷом дода, оқибатҳои сиёсии онро фикр намекунанд. Дар ин ҳолат онҳо аз набудани президент дар кишвар истифода карданд, то ин тасмим гирифта шавад. Аммо Усмонзода як изҳороти аҷиби дигар кард: “новобаста аз он ки тасмими боло бурдани нархҳо аз ҷониби кӣ буд, инҷо дасти Хадамоти алоқа дида мешавад”. Вай як нуктаи муҳимро ҳам таъкид кард – мардум фарқ намекунад, ки кадом ниҳод тасмими боло бурдани ин ё он хизматрасониро гирифтааст. Одамони оддӣ тамоми мақомотро як медонанд ва дар чеҳраи онҳо дар маҷмӯъ ҳукуматро мебинанд.

Аз ин бармеояд, ки чанд ниҳод тасмим гирифтанд, қабл аз интихоботҳои қарибулвуқӯъ бозиеро роҳ андозанд, ки алайҳи ба ҳам задани боварии аҳолӣ ба раҳбарияти кишвар равона шудааст.

Ва ё инҷо воқеан ҳам дасти Хадамоти алоқа, дақиқтар раҳбари он Бег Сабур дида мешавад, ки аз як ҷониб танҳо пули бештар кор кардан мехоҳад ва аз ҷониби дигар таваҷҷуҳи ҷомеаро аз тадқиқоти журналистии ахир дар мавриди фурӯши хонаҳо дар утоқи кориаш дур карданист.

Бар илова чанд саволи дигар пайдо мешавад:

  • наход мансабдорони боломақоми чунин ниҳодҳои калидӣ худро ҳамчун кӯдакони хурдсоле ба намоиш мегузоранд, ки дар набудани волидон ба “хароб” кардани хонаи худ шурӯъ мекунанд ва танҳо дахолати “калонсолон” метавонад онҳоро ором бисозад?
  • оё онҳо дарк мекунанд, ки чунин тасмимҳо на танҳо ба имиҷи ҳукумат латма мезанад, балки боз “як дастак”-и дигар ба фоидаи тамоми мухолифонаш мегардад?
  • чӣ гуна имкон дорад, чунин тасмимҳои муҳим бидуни огаҳии раҳбари кишвар гирифта шавад?
  • нисбат ба мубтакирони ин тасмим чӣ гуна “чора”-ҳо андешида мешавад?
  • оё худи Бег Сабур барои сатҳи пасти касбият ва расонидани зарари ҷиддӣ ба тамоми як бахши дар ҳоли рушд, ки зери раҳбарии ӯ ба як бахши зараровар ва қафомонда табдил шудааст, муҷозот мешавад?

Дақиқ аст, ки бо иваз кардани ҷойи мансабдорон масъаларо намешавад ҳал кард. Ин ки раҳбари Хадамоти зиддиинҳисориро комилан аз низом наронданд, балки ба курсии дигар нишонда шуд, умедҳоро дар ин маврид ки аққалан касеро ба ҷавобгарӣ мекашанд, барбод медиҳад.

Ин савол ҳам беҷавоб мемонад, ки ҷомеа дар оянда боз кадом иқдомҳоеро интизор бошад?

То вақте Бег Сабур, муовинони ӯ ва монанди онҳо Хадамоти алоқаро раҳбарӣ мекунанд, чизи хуберо интизор шудан нашояд. Онҳо то ҳадди имкон ба хароб кардани тамоми бахши телекоммуникатсия идома медиҳанд.

Дар сурати хатар ба суботи шахсӣ ба Русия, ки новобаста ба талаботи қонунгузорӣ аз  шаҳрвандии он даст накашиданд ва даст кашиданӣ ҳам нестанд, мераванд. Онҳо дар Тоҷикистон дуру дароз зидндагӣ карданӣ нестанд. Ҷаноби Ҳукумов (раҳбари собиқи Роҳи оҳан, ки ҳоло дар Чехия зиндагӣ мекунад) намунаи хубе барои онҳо аст.

Аммо дар ин ҷо як раванди мусбати муборизаи шаҳрвандон барои ҳуқуқҳои худ боиси тазаккур аст. Бори аввал тайи чанд соли охир тарс аз чашми шаҳрвандон гум шуд. Одамон фаъолона ба гуфтани андешаи худ шурӯъ карданд ва пас аз мавриди амал қарор гирифтани қарор дар бораи боло бурдани арзиши интернети мобилӣ фаъолияти онлайнии онҳо ба ҳаёти вокеӣ баромад.

Ҷамъоварии имзо дар шабакаҳои иҷтимоӣ бозмонд ва як гуруҳи шаҳрвандон дар маркази пойтахт, назди бинои театри опера ва балет ба ҷонибдорӣ аз бекор кардани амри Хадамоти зиддиинҳисорӣ беш аз 200 имзо ҷамъ оварданд.

Ин нишон медиҳад, ки косаи сабри мардум беҳудуд нест.

Таърих шоҳид аст, ки нигарониҳои мардум на аз тасмимҳои бузургу ҷиддӣ, балки аз вокуниш ба кадом як ҳолати ҷузъӣ ва ночиз оғоз мешавад. Ҳолате ки сабри мардум ба сар меояд ва ба қатраи охир табдил меёбад.

Ва бо таваҷҷуҳ ба ин, ки тайи солҳои охир танҳо дар бахши алоқа чӣ қадар “қатра” ҷамъ шуд, қадами оянда бояд хеле ҷиддӣ гирифта шавад. Дар чӣ ҷомеаи бидуни ҳақу ҳуқуқ ки зиндагӣ накунем, миёни насли ҷавон шахсиятҳое ҳастанд, ки мафҳумҳои “озодӣ” ва “ҳуқуқ” барои онҳо гапи холӣ нестанд ва барои он мубориза хоҳанд кард.

Дар тарбия ва шакл гирифтани чунин шахсиятҳо худи давлат саҳм мегузорад – ҳар амр/фармон/тасмим/санади меъёрӣ-ҳуқуқӣ, ки ҳуқуқҳои моро нақз ё маҳдуд мекунад, сабабе барои андеша мешавад, ки чаро ин қадар аламовар аст, вақте дар кишвари худат имкони озод зистанро надорӣ, бештар мехоҳӣ дар бораи ҳуқуқҳо бидонӣ ва дарк намоӣ, ки барои ҳуқуқу озодиҳо танҳо даст рӯи даст гузошта нишастан, мумкин нест.

Бо ҳар тасмими ғайриқонунӣ давлат дар замири мо руҳияи шаҳрвандиро тарбия мекунад ва имкон медиҳад, ҷомеаи шаҳрвандии харобшуда эҳё шавад.

Аз ин сабаб ман ба ҳукумат, ба вижа Бег Сабур изҳори сипос мекунам. Ӯ на танҳо барои коҳиши бахши алоқа тамоми корро анҷом медиҳад, балки худаш нохоста худро қурбон мекунад, то оддитарин шаҳрванди Тоҷикистон ба Шаҳрванде табдил шавад, ки ҳуқуқу озодиҳои худро медонад ва барои ба даст овардани он талош мекунад.

 


Матолиби дар бахши “Дидгоҳ” нашршуда, мавқеи шахсии муаллифон буда, баёнгари дидгоҳи хоси расона нестанд.

Если вы нашли ошибку, пожалуйста, выделите фрагмент текста и нажмите Ctrl+Enter.

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: