16 майи соли равон Намояндагии “Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ” (IWPR) дар Тоҷикистон барои беш аз 90 нафар донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи “Пешгирии ҷавонон аз гаравиш ба гурӯҳҳои ифротӣ” лексияи озод ташкил намуд. Ба ҳайси маърӯзачӣ, коршиноси масоили динӣ, Маҳрами Анварзод, баромад кард.
Зимни баромади худ Маҳрами Анварзод аз ҷумла қайд намуд, ки яке аз хатарҳои ҷиддии ҷаҳони муосир вусъатёбии раванди тундгароӣ, бахусус тундгароии динӣ, ифротгароӣ ва терроризм буда, он тамоми гӯшаҳои сайёраро дар бар мегирад. Ин амал аксаран зери шиорҳои динии бардурӯғ ва бо истифода аз арзишҳои динӣ сурат мегирад.
Ба қавли ҷаноби Анварзод, ворид гаштани ҳама гуна ҳаракатҳои динӣ ва бегонаи ифротгаро ба як ҷомеаи таърихан мазҳабӣ ба мисли Тоҷикистон метавонад дар фазои динӣ-сиёсии он барои ба вуҷуд омадани низоъҳо дар заминаи ихтилофи мазҳабҳо имконият фароҳам оварад. Инкори баъзе аҳкому меъёрҳои мазҳаби ҳанафӣ ва бидъат ҳисобидани он амалҳои диние, ки тибқи мазҳаби ҳанафӣ анҷом ёфта, тўли 1300 сол дар тафаккур ва зиндагии мусулмонон устувор гаштаанд, то чӣ андоза хусусияти ифротгароӣ доштани салафия ва таҳаммулнопазир будани он нисбат ба мазҳабҳои дигарро нишон медиҳад. Ташаккули шуури динӣ дар шароити кунунӣ бештар аз ҳар замоне ба тафаккур ниёз дорад. Бинобар ин муҳимтарин вазифаи ниҳодҳои идеологӣ ташаккули тафаккури солими динӣ дар ҷомеа аст.
Декани факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Исматов Саъдӣ, аз нигоҳи қонунгузории кишвар мавзӯъро шарҳ дода, ба донишҷӯён дар мавриди гурӯҳҳои экстримистиву террористӣ, ки фаъолияташон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст, маълумот дод. Ҷаноби Исматов инчунин қайд кард, ки имрӯз қисми умдаи олам ба қатлу куштор, талаву тороҷ, ваҳшату даҳшат гирифтор шуда, минтақаҳои мухталифи оламро мавҷи бесобиқаи терроризм, ифротгароӣ ва низоъҳо фаро гирифта, рақобати геосисёсии абарқудратҳо рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Дар натиҷаи вусъат пайдо кардани экстремизм, терроризм ва ифротгароии динӣ даҳҳо ҳазор одамон ба ҳалокат расида, оромиву осудагӣ дар аксари мамлакатҳо халалдор гардидааст.
Баромадкунандагон ҳамчунин паҳлӯҳҳои дигари ин мавзӯи муҳимро шарҳ доданд ва дар охир ба саволҳои зиёди донишҷӯён посух гардонданд.
Мавриди зикр аст, ки чорабинии мазкур дар доираи лоиҳаи «Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ Тоҷикистон» гузаронида шуд.