Расследования о том, как в Таджикистане нарушаются нормы Семейного кодекса. Автор, проведя эксперимент, доказал, что объявление медицинского осмотра перед вступлением в брак в Таджикистане обязательным, превратило эту процедуру в новый источник дохода для докторов. Они, пользуясь незнанием граждан, зарабатывают деньги или назначают ненужные анализы.
Автор расследования: Муллораджаб Юсуфзода, магистр Национального университета Таджикистана по специальности «Международная журналистика», начиная с 2006 года сотрудничает с различными изданиями страны. Профессиональную карьеру начал в 2012 году в Центре журналистских расследований Таджикистана, далее продолжил работу в Информационном агентстве «TojNews» и еженедельнике «Нигох». Принимал участие в различных обучающих мероприятиях по конвергентной журналистике. Является активным участником тренингов и семинаров IWPR по международным стандартам журналистики.
Текст расследования на таджикском языке ниже.
Ташхиси пеш аз издивоҷ ё даромади нав барои духтурон?
Ё чигуна муқаррароти Кодекси оила дар Тоҷикистон нақз мешавад ва духтурон ташхиси пеш аз издивоҷро ба манбаи даромад табдил додаанд…
Агар тартиби гузаронидани ташхиси ҳатмии пеш аз никоҳӣ ҳамин тавр идома кунад, пас иҷроиши ҳадафҳои Ҳукумат дар ин самт шадидан зери суол хоҳанд рафт. Тадқиқоти журналистии мо нишон дод, ки то ҳол дар ин самт ягон системаи муайяне ҷорӣ нашудааст ва духтурон онро ба як манбаи нави даромад табдил додаанд. Инчунин, тадқиқот исбот кард, ки ташхиси пеш аз никоҳӣ дар Тоҷикистон ройгон нест ва ҳатто нархи муайян ҳам надорад.
Чаро ташхисро ҳатмӣ карданд?
Таваллуди тифлон бо иллатҳои модарзодӣ ва зиёд шудани ҷудошавии оилаҳои ҷавон дар чанд соли ахир Ҳукумати Тоҷикистонро ба шиддат нигарон карда буд. Ба хотири коҳиш додани ин раванд мақомот, табибон ва коршиносон роҳҳои гуногунро пешниҳод карда буданд, аз ҷумла манъи никоҳи хешутаборӣ ва ҳатмӣ кардани ташхиси пеш аз издивоҷ. Нахустин маротиба манъи никоҳи хешутаборӣ аз забони Саодат Амиршоева, собиқ вакили Маҷлиси намояндагон садо дода буд. Моҳи марти соли 2013 хонум Амиршоева дар парлумон аз таваллуд шудани кӯдакон бо иллатҳои модарзодӣ нигаронӣ карда, пешниҳод намуда буд, ки никоҳи хешутаборӣ манъ карда шавад. Соли 2015 Эмомалӣ Раҳмон аз саҳнаҳои дидааш дар мактаб-интернати кӯдакони маъюби “Чорбоғ” қисса кард ва гуфт, ки аксарияти ин атфол бо иллатҳои модарзодӣ ба дунё омадаанд. Ниҳоят, 23-юми январи соли 2015 Президент Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонааш ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон масъалаҳои никоҳи хешовандон ва ташхиси ҳатмии пеш аз никоҳиро ба миён гузошт. Он вақт Президент дастур дод, ки масъалаи ҳатмӣ кардани ташхиси пеш аз издивоҷ баррасӣ карда шавад (http://president.tj/node/8136). Баъд аз як соли таъкиди Эмомалӣ Раҳмон Маҷлиси олии Тоҷикистон тағйирот ба Кодекси оиларо қабул намуд, ки дар асоси он никоҳи хешутаборӣ манъ шуда, ташхиси пеш аз никоҳӣ ҳатмӣ гардид. Қаблан низ дар қонунгузории Тоҷикистон ташхиси пеш аз никоҳӣ муқаррар шуда буд, аммо он танҳо дар асоси ризоияти навхонадорон сурат мегирифт. Моддаи 15-и Кодекси оилаи Тоҷикистон муқаррар карда буд, ки “муоинаи тиббии шахсони никоҳшаванда, инчунин додани машварат доир ба масъалаҳои тиббию генетикӣ ва масъалаҳои солимгардонии оила аз ҷониби муассисаҳои давлатии нигоҳдории тандурустии маҳали истиқоматии онҳо ба таври ройгон (бепул) ва танҳо бо ризоияти шахсони никоҳкунанда анҷом дода мешавад”. Нусратулло Салимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҳангоми муаррифии лоиҳа дар парлумон гуфта буд, муоина ройгон буда, онҳо талош мекунанд, ки ҳангоми анҷоми он аз ҷониби мутахассисон саҳлангорӣ сурат нагирад. Мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ муваззаф шуданд, ки танҳо дар сурати пешниҳоди хулосаи тиббӣ аз арӯсу домодшаванда аризаро барои сабти никоҳ қабул кунанд. Масъулин ҳадафи ташхисро таъмини ҳаёти солим ва ҷилавгирӣ аз таваллуди фарзандони маъюбу бемор арзёбӣ карда буданд. Инчунин, Махфират Хидирзода, собиқ раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон гуфта буд, ки ташхиси қабл аз никоҳ метавонад ба коҳиши ҳолатҳои ҷудошавии оилаҳои ҷавон мусоидат кунад (http://www.ozodagon.com/24798-muoinai-tibbii-domodu-ars-abl-az-izdivo-roygon-hoad-bud.html). Ташхиси пеш аз никоҳӣ моҳи январи соли 2016 қабул шуда, аз 1-уми июл ба иҷроиш даромад. Баъдан, Ҳукумати Тоҷикистон тартиби ташхиси пеш аз издивоҷро тасдиқ кард, ки тибқи он муассисаҳои тиббии давлатӣ муваззаф мебошанд давоми 14 рӯз баъди муроҷиати шаҳрвандон ташхисро анҷом диҳанд. Дар ин санади тасвибкардаи Ҳукумат низ таъкид шудааст, ки ташхиси ҳатмии пеш аз издивоҷ ройгон буда, дар муассисаҳои тиббии давлатӣ анҷом дода мешавад (http://www.ozodagon.tj/27788-tartibi-tashhisi-navhonadoron-az-arsshavandaoi-omila-to-muoiron.html).Оё ҳатмӣ кардани ташхис қонунӣ аст?
Дар бораи ташхиси ҳатмии пеш аз никоҳӣ дар ҷомеа назарҳо яксон нест. Ҳатто ҳуқуқшиносон дар ин бора то ҳол баҳс доранд, ки оё ҳатмӣ шудани ташхиси пеш аз никоҳ ба қонунгузорӣ мухолифат дорад ё не. Аз ҷумла, Файзинисо Воҳидова, ҳуқуқшиноси тоҷик аз ташхис гузаштани шаҳрвандон пеш аз издивоҷ ва он ҳам ба тариқи иҷбориро хилофи қонун медонад: “Тибқи талаботи моддаи 12-и Кодекси оилаи Тоҷикистон барои ақди никоҳ розигии ҳамдигарии марду зани издивоҷкунанда ва синни никоҳӣ доштани онҳо зарур аст”. — Ҳамчунин, тибқи Конститутсия ҳаёти шахсии инсон дахлнопазир мебошад. Таъин намудани ташхис ва барои анҷом додани муоинаи тиббӣ маҷбур кардани шахсони издивоҷкунанда ин дахолат намудан ба ҳаёти шахсии инсон маҳсуб меёбад. Аз ин рӯ, ин амал хилофи қонун мебошад,- мегӯяд ӯ. Аммо Матлуба Бобоҷонова, ҳуқуқшиноси Лигаи занони ҳуқушинос дар суҳбат ба мо гуфт, ки “ташхиси ҳатмии пеш аз издивоҷ ба қонунгузорӣ ягон мухолифат надорад. Зеро қонун онҳоро уҳдадор кардааст. Ин кор ба манфиати ҳарду тараф шуд”.Оё ҳатмӣ шудани ташхис зарур буд?
Бо гузашти қариб як сол аз ҳатмӣ шудани ташхиси қабл аз никоҳӣ то ҳол дар ҷомеа назарҳо яксон нестанд. Чун таҷрибаи қаблӣ нишон медиҳад, ки шаҳрвандон ба гузаштан аз ташхис пеш аз никоҳ он қадар аҳамият намедиҳанд. Ҳатто Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мегӯяд, то ҳатмӣ шудани ташхис пеш аз оиладоршавӣ тақрибан ягон нафар дар ин бора муроҷиат намекард. Коршиносон мегӯянд, ки зиёд шудани теъдоди кӯдакон бо иллатҳои модарзодӣ Ҳукуматро водор кард, то ташхиси пеш аз никоҳиро ҳатмӣ кунад. Шамсиддин Қурбонов, профессор ва директори маркази тиббии “Насл” мегӯяд, ки муоина ва гирифтани машварати тиббию генетикӣ пеш аз издивоҷ барои Тоҷикистон чун боду ҳаво зарур аст, чун давлат мехоҳад миллаташ солим бошад. — Яке аз компонентҳои саломатӣ ин насл офаридан аст. Ҳукумат мехоҳад оилаҳое, ки барпо мешаванд, насли солим ба дунё оранд. Вақте мо байни ҳам издивоҷ мекунем, ҳамавақт ду ген 50 фоиз хромосомаҳо аз падар ва ҳамин қадар аз модар ба ҳамдигар омехта мешаванд ва як ҷисми навро таваллуд мекунанд. Кадомаш бемор аст, поён мефарояд, кадомаш солим аст, боло мебарояд. Гене, ки хотираи солим дорад, боло мебарояд ва гени беморро мепӯшонад. Вақте аз падару модар 2 ген меояд ва ақаллан якеаш солим бошад, кӯдак солим таваллуд мешавад. Аммо вақте ҳарду ген хотираи беморӣ доранд чӣ? Дар он вақт ҳатман дар насли оянда ин беморӣ ё осебпазирӣ бармало мешавад,- афзуд ӯ. Ин ҳамсуҳбати мо мегӯяд, ки “бахусус имрӯза мардуми моро ба ҳоли худаш бигзорӣ, дар сад сол назди духтур намеравад. Ба он хотир, ки мардум масъулиятро ҳис намекунад”. Тибқи ҳисоби мутахассисон, ҳамасола дар Тоҷикистон 250-260 ҳазор кӯдак таваллуд мешавад ва аз миёни онҳо тақрибан 3-4 фоизаш гирифтори иллатҳои ирсӣ мебошанд. — Агар 3 фоиз ҳам бошад, сухан дар бораи 7-8 ҳазор кӯдаке меравад, ки иллат доранд. Барои кишваре мисли Тоҷикистон, ки 8,5 млн аҳолӣ дорад, ҳамасола таваллуд шудани 7-8 ҳазор кӯдакон бо иллатҳои ирсӣ бисёр зиёд аст. Ҳатто ҳолатҳое ҳам шуд, ки духтаронро ба шавҳар медиҳанд ва баъди никоҳ омада ташхис мекунанд, ки ин духтар умуман бачадон надорад. Падару модари тоҷик имрӯз он қадар бемасъулият аст, ки духтарашро ба шавҳар медиҳад, дар ҳоле, ки ӯ бачадон надорад. Чӣ хел ӯро ба шавҳар медиҳанд?,- суол мегузорад Шамсиддин Қурбонов. Дар ҳамин ҳол, масъулини Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мегӯянд, чандин омил, аз ҷумла хавфи ворид шудани бемориҳо аз ҳисоби муҳоҷирон онҳоро водор кард, то ташхиси пеш аз никоҳиро ҳатмӣ кунанд. Шералӣ Раҳматуллоев, сардори Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ мегӯяд, солҳои ахир шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия зиёд шудааст ва бемориҳои бо роҳи алоқаи ҷинсӣ гузаранда низ дар байни аҳолӣ махсусан дар қишлоқҷойҳо хеле зиёд ба қайд гирифта мешавад, ки оқибати он ба тавлиди кӯдакони маъюб оварда мерасонад. Ба гуфтаи ин ҳамсуҳбати мо, “15-20 фисади кӯдаконе, ки бо бемориҳои сироятӣ таваллуд мешаванд, аз ҳисоби муҳоҷирон пайдо мешаванд ва оқибат инҳо ба маъюбӣ оварда мерасонанд”.Чаро ташхис дар Тоҷикистон ройгон нест?
Дар ҷараёни таҳқиқи мавзуъ ҳадафи аслии мо — ин муайян кардани он буд, ки оё воқеан никоҳшавандагон пеш аз издивоҷ ройгон аз ташхис мегузаранд ё пулакӣ? Нусратулло Салимзода, вазири тандурустии Тоҷикистон замони қабули ин тасмим дар парлумон ваъда дода буд, ки ташхис ройгон гузаронида мешавад. Болотар аз гуфтаи вазир, моддаи 15-и Кодекси оилаи Тоҷикистон муқаррар кардааст, ки ташхиси пеш аз издивоҷ ройгон буда, дар муассисаҳои давлатии тандурустӣ гузаронида мешавад. Аммо таҳқиқи мо нишон дод, ки ташхис на ройгон, балки пулакӣ гузаронида мешавад. Дар баъзе ҳолатҳо барои маблағи пардохтшуда расид дода мешавад, дар ҳолатҳои дигар бидуни расид маблағ ба кисаи духтурон меравад. Навхонадороне, ки баъд аз 1-уми июл оиладор шудаанд, дар суҳбат ба мо тасдиқ мекарданд, ки барои ташхиси пеш аз издивоҷ маблағ пардохт кардаанд. Аз ҷумла Бунафша Раҳмонова, хабарнигори тоҷик барои ташхис дар “Маркази миллии ташхис” танҳо барои худаш 80 сомонӣ сарф кардааст. Хонум Раҳмонова дар суҳбат ба мо гуфт, “вақте мо ба идораи САҲШ барои бақайдгирии никоҳ ариза пешниҳод кардем, онҳо гуфтанд, ки барои мо маълумотномаи тиббӣ (формаи 86), ҳуҷҷати ташхиси хун ва маълумотнома аз ташхиси ВИЧ оред. Ман ин ташхисҳоро дар “Маркази милли ташхис” супоридам ва барои ҳамааш 80 сомонӣ пардохт кардам. Онҷо аз хун 3-4 намуд инфексия муайян мекунанд. Ман танҳо худам ташхис супоридам. Чунки шавҳарам корманди низомӣ ҳастанд ва як ҳафта пеш аз тӯйамон ташхис супорида буданд ва натиҷаҳояш баромадагӣ буд. Мо варақаҳои ташхисро оварда нишон додем ва аз қайди никоҳ гузаштем”. Ҳамсуҳбати дигари мо пеш аз издивоҷ барои ташхис маблағи зиёдтар пардохт кардааст. Н. У., ки бо сабаби оилавӣ нахост аз ӯ инҷо ном бурда шавад, мегӯяд, барои гузаштан аз ташхисҳои пеш аз никоҳӣ ҳамроҳ бо шавҳараш 197 сомонӣ маблағ сарф кардааст. Ин ҳамсуҳбати мо мегӯяд, ҳамаи ташхисҳоро на аз рӯи фиреб, балкӣ воқеан гузаштааст, вале барои ҳамаи ташхисҳо дар Маҷмааи тиббии “Истиқлол” 197 сомонӣ пардохт кардааст. Хонум Н. У. мегӯяд, ки “ман аз ВИЧ, гуруҳи хун, гепатит, пешоб ташхис супоридам. Инчунин, маро рентген карда, аз ташхиси духтури дандон гузаронданд. Дар Маҷмааи тиббии “Истиқлол” барои ташхиси ВИЧ ва гуруҳи хун 46 сомонӣ супоридам. Дар блоки дигараш барои рентген, духтури дандон, гепатит, яъне дар умум барои дигар ташхисҳо 151 сомонӣ супоридем”. Рустам Гулов, сокини шаҳри Хуҷанд тавонистааст бо фарқ аз дигар қаҳрамонҳои мо бо як маълумотнома (формаи 86) ва пардохти 17 сомонӣ аз ташхиси ҳатмии пеш аз никоҳӣ халос шавад. — Ман ба дармонгоҳи №5-и шаҳри Хуҷанд рафтам ва дар касса 17 сомониву 20 дирам буд ё 30 дирам, супоридам. Онҷо ба ман як намунаи формаи 86 доданд ва ба назди духтурони таъиншуда фиристонданд,-мегӯянд Рустам Гулов. Дар ин миён танҳо як қаҳрамони мо тавонистааст маълумотнома дар бораи ташхисро ройгон ба даст орад, вале он ҳам ба воситаи дӯстонаш. М. А., сокини ноҳияи Мастчоҳ мегӯяд, барои ташхис духтур аз ӯ маблағ талаб накард ва худаш ихтиёран ба духтур 20 сомонӣ додааст. — Вақте духтур маълумотномаҳоро ба ман дод, пурсидам, ки чанд пул мешавад? Духтур гуфт, ки ягон пул намешавад, метавонӣ равӣ. Аммо ман исрор кардам ва наздаш 20 сомонӣ гузошта рафтам. Аммо бояд иқрор шавам, ки ин духтур дӯсти як ҳамкурси ман буд ва шояд ба ин хотир аз ман маблағ талаб накард,- мегӯяд М. А. Илова ба ҳамсуҳбатони мо, қаблан хабарҳо дар бораи ройгон набудани ташхиси пеш аз никоҳӣ расонаӣ шуда буд. Аз ҷумла сомонаи Радиои “Озодӣ” навишта буд, ки Фотима, як ҷавондухтар аз ноҳияи Шаҳринав барои гузаштан аз ташхиси қабл аз издивоҷ дар умум 200 сомонӣ маблағ сарф кардааст: “Асосан 120 сомонӣ пули кассаро месупориданд. Аммо боз пеши 10 духтури дигар даромадан лозим буд. Мо ба як духтур 80 сомонии дигар додем, вай ба мо “справка” дод. Ҳамагӣ 200 сомонӣ сарф кардем” (http://www.ozodi.org/a/tajik-officials-demand-amount-for-pre-marriage-experts/28130824.html).Ташхис дар маркази Душанбе пулакӣ аст!
Санҷиш ё усули таҷриба ҳангоми гузаронидани таҳқиқоти журналистӣ нишон дод, ки ташхиси пеш аз издивоҷ ройгон нест. Мо гуруҳи тадқиқотӣ худро ҳамчун шахсони издивоҷкунанда нишон дода, барои ташхис нахуст ба беморхонаи Қарияи боло муроҷиат кардем. Дар онҷо моро ба корпуси 7-ум роҳнамоӣ карданд ва вақте гуфтем, ки мехоҳем издивоҷ кунем ва бояд аз ташхис гузарем, моро ба назди табибе бо номи Завқибек Мирзоев роҳнамоӣ карданд. Ин табиб баъди фаҳмидани мақсади мо пурсид, ки оё ташхисҳоро воқеан ҳам гузаштан мехоҳем ё имзо гирифта диҳад? Мо ҳам вонамуд кардем, ки аз ташхис гузаштанӣ нестем ва мехоҳем имзо гирем. Чун мехостем бо ин роҳ муайян кунем, ки оё дар беморхонаҳои Тоҷикистон бе ташхис ҳам маълумотнома медодаанд? Духтур гуфт, ки бояд аз 8 духтур имзо гирам ва барои ҳар духтур 10 сомонӣ лозим аст. Дар ҷамъ барои арӯсу домод 160 сомонӣ мешавад, вале духтур ишора кард, ки бо маблағи камтар метавонад кори моро анҷом диҳад. Духтур чанд бор пурсид, ки чанд пул дорӣ? Гуфтам, ки метавонам 60 сомонӣ пардохт кунам. Духтур аввал норозигӣ кард, вале баъдан гуфт, ки пулро бидеҳ. 100-сомониро ба дасташ додам ва нусхаи шиносномаи ман ва “номзадам”-ро гирифта, гуфт, ки дар берун мунтазир шав. Баъд аз 10 дақиқаи интизор шудан духтур худаш ба берун баромада, варақаи ташхис ва 40 сомонӣ бақияро ба дастам дод. Духтур ҳатто номзади маро надида, ба ӯ низ маълумотнома дод. Яъне тибқи ин маълумотномаи духтур ман ва номзадам сиҳату саломат ҳастем ва барои издивоҷ ягон хатаре вуҷуд надорад. Духтур ҳамчунин таъкид кард, ки баъд худатон рафта, гуруҳи хунатонро муайян кунед. Баъд аз ин мо маълумотномаҳои тиббиро бурда, ба идораи САҲШ-и ноҳияи Сино супоридем. Масъули онҷо ҳуҷҷатҳоро дида гуфт, ки ин ҳуҷҷатҳо кофӣ нестанд ва бояд аз ташхиси хун ва ВИЧ ҳам гузарем. Ба мо роҳхат низ доданд. Барои гузаштан аз ташхиси хун ва ВИЧ мо 12-уми ноябри соли 2016 ба Муассисаи давлатии маркази саломатии шаҳрӣ воқеъ дар кӯчаи Бухоро-55 муроҷиат кардем. Ба ин дармонгоҳ танҳо “домод” рафт ва аз духтурон хоҳиш кард, ки ӯро аз ташхиси ВИЧ ва хун гузаронанд. — Духтур ба шогирдаш амр дод, ки аз дасти ман хун гиранд ва он духтури ҷавон, ки ба эҳтимоли зиёд таҷрибаомӯз буд, хун гирифта, дар варақе ном ва соли таваллудамро навишт. Баъди навиштан дар ҳисобкунак чизеро ҳисоб карда, гуфт, ки 82 сомонӣ супор. Бовар накарда, дубора пурсидам: Чанд пул? Гуфт: 82 сомонӣ. Баҳсро дигар бефоида дида, ҷайбамро дидам, ки онҷо 76 сомонӣ маблағ аст. Духтур ин вазъро дида гуфт, ки нисфи пулро супор, нисфи дигарашро баъдан оварда месупорӣ ва натиҷаро мегирӣ. Розӣ шудам ва 50 сомониро супорида рафтам ва баъди 40 дақиқа дубора маблағи боқимондаро оварда, натиҷаро гирифтам. Қаблан духтур ваъда дод, ки барои маблағ расид медиҳад, аммо дар ду варақаи ташхис, ки якҷоя часпонида шуда буданд, варақаи расид набуд. Эътироз карда, расид талаб кардам, духтур ҳам “фаромӯш кардаам” гуфта, расидро дубора ба варақаҳои ташхис часпонд. Расид нишон медод, ки ман дар МД Маркази саломатии шаҳрӣ, кӯчаи Бухоро-55 аз ташхис гузашта, 82 сомонӣ маблағ пардохт кардаам. 82 сомонӣ аз ман барои муайян кардани гуруҳи хун, гузаштан аз ташхисҳои ВИЧ, гепатит ва сифлис гирифта шудааст. Ин таҷрибаи кӯтоҳи мо нишон дод, ки ташхиси пеш аз издивоҷ дар Тоҷикистон ройгон нест ва духтурон бе ягон тарс аз касе барои ин кор аз навхонадорон пул меситонанд. Мо танҳо ягона нафаре нестем, ки барои ташхис дар ин маркази саломатӣ маблағ додаем. Қаблан санаи 5.07.2016 С. Г. низ барои гузаштан аз ташхис дар ин марказ 28 сомонӣ пардохт кардааст. Ин маблағ танҳо барои гузаштан аз ташхиси ВИЧ мебошад.Системаи ягонаи ташхис амал мекунад?
Ройгон набудани ташхис ягона мушкил дар ин самт нест. Таҳқиқи мо нишон дод, ки то ҳол систмемаи муайяне дар ин самт ҷорӣ нашудааст. Дар ҷараёни таҳқиқи мавзуъ ва пеш аз суҳбат бо масъули Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои мо норӯшан буд, ки пеш аз никоҳ бояд кадом бемориҳо аз ташхис гузаранд ва ба пакети муоинаи пеш аз никоҳ кадом муоинаҳо дохил мешаванд. Зеро шахсони нав издивоҷкарда на як роҳ, балки роҳҳои гуногуни ташхисро барои мо нақл мекарданд. Яке агар аз ВИЧ ташхис супорида бошад, дуввумӣ на аз ин беморӣ, балки аз дигар беморӣ ташхис супоридааст. Шералӣ Раҳматуллоев, сардори Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ мегӯяд, таҳлилҳои ҳатмие, ки бояд ҳар як никоҳшаванда гузарад, инҳо ташхис аз бемориҳои ВИЧ, оташак (сифилис), сил (туберкулёз), гепотит ва муйян кардани гуруҳи хун мебошад. Аммо ҳамсуҳбатони мо ва ҳам санҷиши худи мо нишон дод, ки аслан чунин нест. Духтурон аксаран бо маълумотнома (формаи 86) беморро ба назди САҲШ мефиристанд. Дар ҷараёни тадқиқот мо миёни чанд навхонадороне, ки баъд аз 1-уми июл оиладор шуда буданд, дар бораи чӣ гуна аз ташхис гузаштан пурсиш гузарондем. Дар ҷараёни суҳбат бо навхондорон барои мо паҳлуҳои нави масъала кашф шуд. Аз ҷумла маълум шуд, ки то ҳол Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ як схемаи муайяни ташхисро ба роҳ намондааст. Рустам Гулов, нафаре, ки моҳи август оиладор шудааст, мегӯяд, ду маротиба миёни САҲШ ва дармонгоҳ ӯро “футбол” кардаанд, чун дар ин ду ҷо касе дақиқ намедонист, ки барои ташхис кадом ҳуҷҷатҳо лозим аст: “Вақте бори аввал ба дармонгоҳ рафтам, гуфтанд, ки рафта аз идораи САҲШ намунаи ҳуҷҷати муайяншударо биёр. Ба САҲШ рафтам, онҷо гуфтанд, ки не, мо ҳуҷҷати муайян надорем, духтур меравӣ, кадом ҳуҷҷатеро, ки бидиҳанд. Ту пурс, ки барои никоҳ, худашон медонанд. Аммо вақте дубора ба дармонгоҳ омадам, онҷо гуфтанд, ки ба хазина рафта пули формаи 86-ро супоред. Пулро супоридам ва формаи 86-ро аз ин одам гирифта, аз духтурони зарурӣ имзо гирифтам”. Ин мусоҳиби мо илова мекунад, ки “ҳамаи духтуроне, ки дар онҷо навишта шуда буд, қариб ҳамаашонро гузаштам. Як рӯякӣ нигоҳ карда мепурсиданд, ки касал нестӣ, гуфтам не, тамом, имзо карда доданд. Ман на аз ташхиси ВИЧ ва на аз ташхиси хун нагузаштаам. Ҳеҷ кас аз ман напурсид, ки аз ташхиси ВИЧ гузар. Дар идораи САҲШ низ бо як формаи 86 ҳуҷҷатҳои маро барои никоҳ қабул карданд ва ташхиси иловагӣ напурсиданд”. М. А. сокини ноҳияи Мастчоҳ мебошад, ки моҳи август оиладор шудааст. Ӯ нахост номашро пурра нависем, вале розӣ шуд чигуна аз ташхиси пеш аз никоҳӣ гузаштанашро барои мо нақл кунад. Ӯ мегӯяд, ки “ман дар шаҳр будам ва ба воситаи як шиносам аз духтуре хоҳиш кардам, ки ба мо маълумотнома бидиҳад. Вақте ба назди духтур ба дармонгоҳи маркази саломатӣ воқеъ дар шаҳраки Бӯстон рафтам, ӯ нахуст аз ман пурсид, ки оё аз ҷамоат бароям ягон намуд ҳуҷҷат надоданд. Ман гуфтам, ки не, ман дар дигар ноҳия аз қайди никоҳ мегузарам. Духтур ҳам чизе нагуфта, барои ман 3 намуд маълумотнома навишта дод. Ин маълумотномаҳо яке ташхиси хун, дуюми пешоб ва сеюмӣ ташхиси бемории СПИД буд”. Бунафша Раҳмонова, хабарнигори тоҷик дар Маркази миллии ташхис хун супоридааст ва духтурон аз ин хун 4 намуд инфексияро муайян кардаанд. Инчунин, ӯ дар инҷо аз ВИЧ ташхис супоридааст. Аммо Н. У. дар Маҷмааи тиббии “Истиқлол” ба ғайр аз ВИЧ, гуруҳи хун ва гепатит боз аз ташхиси нурҳои ултрабунафш (рентген) ва ташхиси духтури дандон низ гузаштааст.Дар асл чигуна аст?
Барои муайян кардани асли масъала мо нахуст хостем ба беморхона рафта, аз ташхис гузарем ва баъдан ба идораи САҲШ равем. Ба ин хотир, мо санаи 8.11.2016 ба беморхонаи Қарияи боло муроҷиат кардем. Онҷо пурсидем, ки барои никоҳ кадом ташхисро бояд супорем. Гуфтанд, ки барои ин кор маълумотномаи тиббӣ (формаи 86) лозим аст. Чигуна ин маълумотномаро бо пул дастрас карданро дар боло мо гуфта будем. Дар ҳоле, ки ягон ташхиси дар ин маълумотнома зикршуда ба пакети ташхисҳои ҳатмии пеш аз издивоҷ дохил намешавад. Аз ҷумла, ташхисҳои касалиҳои дарунӣ, ҷарроҳ, духтури бемориҳои асаб, чашм, касалиҳои гӯшу гулӯю бинӣ, маълумотномаи рентген, тафтишоти лабораторӣ, эмкунӣ ва хулосаи тиббии оид ба коршоямии касбӣ. Ягон адад аз ин ташхисҳо ба пакети ташхисҳои ҳатмии пеш аз издивоҷ дохил намешавад. Дар ин ҳол суоле пайдо мешавад: Ё духтурон то ҳол намедоданд, ки барои издивоҷ кадом ташхисҳо лозим аст ва ё онҳо дидаву дониста мехоҳанд маблағ ба даст оранд? Дар ҳоле, ки барои пардохти ин маълумотнома касе расид намедиҳад.Чанд нукта ба ҷои хулоса
Таҳқиқи мо нишон дод, ки ҳатмӣ шудани ташхиси пеш аз никоҳӣ дар Тоҷикистон ба як манбаи нави даромади духтурон табдил ёфтааст. Духтурон аз нодонии корафтодагон истифода бурда, маблағ ба даст меоранд ва ё ташхисҳои нодаркорро низ таъин мекунанд. Аз ҷумла, вақте мо нахустин маротиба ба Қарияи боло муроҷиат кардем, бояд духтур ба мо мефаҳмонд, ки барои шумо танҳо 4 ташхис зарур аст ва гузаштан аз дигар ташхисҳо зарур нест. Ё ин ки, яке аз ҳамсуҳбатони мо ҳатто аз дандон низ ташхис супорида, рентген низ кардааст. Рустам Гулов бошад, аз ташхиси духтури чашму гӯш ва гулӯву бинӣ гузаштааст, ки дар пакети ташхисҳои ҳатмии пеш аз издивоҷ умуман нишон дода нашудааст. Таҳқиқи мо ба хулосае омад, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар ин самт корҳои фаҳмондадиҳиро ба дараҷаи зарурӣ набурдааст. На аҳолӣ ва на масъулон то ҳол дар ин бора маълумоти зарурӣ надоранд. Агар дар ин самт кор ба ин дараҷа идома кунад, пас натиҷаи дилхоҳро интизор шудан бефоида аст. Бахусус вақте, ки бо пул метавон маълумотнома дар бораи саломатиро ба даст овард. Ташхис бидуни ягон баҳона бояд ройгон бошад. Чун ин муқаррароти Кодекси оилаи Тоҷикистон мебошад. Ҳамасола дар кишвар беш аз 200 ҳазор нафар навҷавон издивоҷ мекунанд, ки барои муоинаи қабл аз издивоҷи онҳо 16 миллион сомонӣ маблағ сарф мешавад. (http://www.ozodi.org/a/tajik-officials-demand-amount-for-pre-marriage-experts/28130824.html). Агар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо ҷудо шудани ин маблағ ҳам қудрати гузаронидани ташхиси ройгонро надорад, пас бояд ба қонунгузорӣ тағйирот ворид карда, нархи ташхиси пеш аз издивоҷро муайян кунад, то ташхиси пеш аз никоҳ ба тиҷорати духтурон табдил наёбад.Муллораҷаб ЮСУФӢ