© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Муҳоҷирони гумшудаи тоҷик дар артиши Руссия ошкор мешаванд

Даҳҳо муҳоҷири тоҷик гум шудаанд. Наздиконашон эҳтимол доранд, ки онҳоро иҷборан ба артиши Русия ҷалб кардаанд.


Акси тасвирӣ: epaimages.com
Акси тасвирӣ: epaimages.com

Бори аввал мушкили ҷалби иҷбории муҳоҷирони тоҷик ба артиш дар чаҳорчӯби сафарбаркунии қисман дар Русия эълоншуда баъд аз ҳодиса  дар як тамрингоҳи низомии вилояти Белгород матраҳ шуд. Ба иттилои расонаҳо, ду шаҳрванди Тоҷикистон, ки шаҳрвандии Русия надоштанд, тирандозӣ кардаанд: 13 нафар, аз ҷумла, омилони ин ҳодиса кушта ва 15 нафари дигар захмӣ шудаанд.

Расонаҳо ва Кумитаи тафтишотии Руссия номҳои шаҳрвандони кушташудаи Тоҷикистон – Эҳсон Аминзодаи 24-сола (Эҳсони Тоҷиддин. Дар ҳуҷҷатҳои гуногун ному насаби ҳархела омадааст – идора) ва  Меҳроб Раҳмонови 23-соларо ошкор карданд.

Дар ҳамин ҳол, наздикони Эҳсони Аминзода ба «Радиои Озодӣ» хабар доданд, ки писарашон 10-уми октябр дар наздикии истгоҳи метрои «Люблино» дар Маскав гум шудааст.  Вай ҳафт моҳ пеш ба Русия сафар карда буд ва дар як тарабхона бо патент кор мекард. Вай шаҳрвандии Русияро надошт ва дар ҷанги Укрина нияти иштикро надошт.

Хабари марги ӯро мақомоти Руссия 16-уми октябр нашр карданд.

Ба гуфтаи бародари Эҳсон, Фирӯз Аминзода, «марҳум террорист набуд ва чунин андешаҳо низ надошт».

«Муҳоҷири оддӣ буд, ки мехост кор карда, оила бунёд кунад, –  шарҳ додаст Фирӯз Аминзода ба «Радиои Озодӣ»

Ба гуфтаи вай, рӯзи бедарак шуданаш Эҳсон гуфта буд, ки пас аз кор назди дӯстонаш меравад ва аз ҳамон лаҳза телефонаш хомӯш шуда буд.

Дар хусуси дигар шаҳрванди кушташудаи тоҷик Меҳроб Раҳмонови 23-сола маълумоти дақиқ нест. Вакили дифои Руссия Валентина Чупик изҳор дошт, ки тариқи мессенҷери IМО як шаҳрванди Тоҷикистон хабар додааст, ки бародари ӯро маҷбуран ба артиш ҷалб кардаанд. Ба гуфтаи вай, бародараш дар яке аз колонияҳои вилояти Брянск адои ҷазо мекард, пас аз шиканҷа ва таҳдиди таҷовуз маҷбур шудааст, ки шартномаи хидмати ҳарбиро имзо кунад.  Маротибаи охир вай бо бародараш 30-юми сентябр суҳбат карда буд, 15-уми октябр ба ӯ хабар додаанд, ки бародараш «террорист буд ва кушта шуд».

Чупик тахмин мекунад, ки сухан дар бораи Меҳроб Раҳмонов меравад. Вай ба ҳамсуҳбаташ маслиҳат додааст, то Руссияро тарк кунад.

Бо гузашти як моҳ ҳукумати Тоҷикистон ин ҳодисаро ҳеҷ шарҳе намедиҳад ва изҳор доштанд, ки то ҳол иштироки шаҳрвандони худро ба ҳамлаи Белгород тафтиш доранд.

Аз оғози эълони сафарбаркунии қисман дар Руссия то имрӯз расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ аз гум шудани дастикам 10 шаҳрванди Тоҷикистон, ки аксарияташон ҷавонон мебошанд, хабар додаанд. Наздикони муҳоҷирони ғайбзадаи тоҷик аз он ҳаррос доранд, ки эҳтимол онҳоро ба ҷанги Укрина ҷалб кардаанд.

Мақомоти Руссия дар хусуси бедарак шудани шаҳрвандони тоҷик шарҳе намедиҳанд.

Дар сафорати Тоҷикистон дар Руссия ба саволи CABAR.asia хабар доданд, ки ба онҳо дар мавриди бедарак шудани шаҳрвандон дархост шудааст, аммо дар хусуси ба ҷанги Ураина маҷбуран ҷалб шудани шаҳрвандон муроҷиат ворид нагардидааст.

«Бо вуҷуди он, ки аксарияти наздикони шаҳрвандони бедаракшуда гумон доранд, ки онҳо ба Украина рафтаанд, вале ба мо дар мавриди интиқоли иҷбории шаҳрвандон ба Украина муроҷиат нашудааст. Ариза дар бораи шахсони гумшударо мақомоти пулис қабул мекунад», – изҳор доштанд дар сафорати Тоҷикистон дар Руссия.

Вакили дифоъ  Каримҷон Ёров, ки ба ҳимояи муҳоҷирони Руссия машғул аст, ба CABAR.asia гуфт, ки бархе аз муҳоҷирони ғайбзада бо роҳи фиреб ва маҷбурӣ ба артиш ҷалб шудаан.

Шиноснома ба ҷои шартномаи хизмат

Як муҳоҷири тоҷик бо шарти ифшо нашудани номаш  дар суҳбат бо  CABAR.asia гуфт, ки ҳангоми муроҷиат ба хадамоти шиноснома дар ҷои истиқомат дар Русия ба ӯ гуфтаанд, ки шиносномаашро вақте мегирад, ки шартномаи хизмат ба артиши Руссияро имзо кунад.

Ҳамуҳбати мо гуфт, ки вай дарҳол ҳам аз имзо кардани ин ҳуҷҷат даст кашид ва ҳам аз гирифтани шиносномаи Руссия.

«Баъди ин ман бо онҳо хеле баҳс кардам. Дар охир ман аз онҷо баромадам ва худи ҳамон рӯз Руссияро тарк кардам. Агар ман каме онҷо мемондам, маро ба ҷанг мефиристоданд», – мегӯяд вай.

Ба гуфтаи вай, дар онҷо бисёр ҷавонони тоҷик буданд, ки мехостанд шаҳрвандии Руссияро гиранд, вале ба онҳо низ ҳамин шартро мегузоштанд.

«Бархеҳо имзо мегузоштанд, бархе мисли ман розӣ намешуданд» — гуфт ҳамсуҳбати мо.

Ҳуқуқшинос Шуҳрат Қудратов, аз ҳуқуқи муҳоҷирон дар Руссия ҳимоят мекунад, ба CABAR.asia гуфт, ки дар Маркази иҷозатномадиҳии кор барои муҳоҷирон дар Сахаров ба наздикӣ тирезаи махсус кушода шуда буд, ки аз қайди он ҳар муҳоҷир ҳатман бояд мегузашт. Ба гуфтаи вай, бархеҳоро дар онҷо водор мекарданд, то кадом як ҳуҷҷатеро ба муҳтавояш шинос нашуда, аз ҷумла ҳуҷҷати ихтиёрӣ ба артиш рафтанро имзо кунанд.  

«Мо аз шумо хоҳиш мекунем, ки дилхоҳ ҳуҷҷатеро, ки имзо мекунед, бодиққат хонед. Дар Сахаров ошкорро пешниҳод мекунанд, ки:  “Мехоҳӣ шаҳрвандии Руссияро гирӣ? Марҳамат, рафта як сол хизмат кун”.  Онҳое, ки орзуи шаҳрвандиро доранд, ба ин пешниҳод розӣ мешаванд», – изҳор дошт вай.

Қудратов ба муҳоҷирон тавсия медиҳад, ки агар онҳо тасодуфан  дар чунин ҳуҷҷат имзо гузошта бошанд, эҳтиёткор бошанд ва бо аввалин имконият Руссияро тарк кунанд.

Ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон Каримҷон Ёров меафзояд, ҷалби иҷбории муҳоҷироне, ки шаҳрвандии Русияро надоранд, воқеан дар ҷои кор сурат мегирад. Ба гуфтаи ӯ, муҳоҷирон маҷбуранд дар манотиқи Украина, ки Руссия ишғол кардааст, кор кунанд.

 «Дар бештари ҳолатҳо ба онҳо ошкорро мегӯянд: ту ба ҷанг  хоҳӣ рафт. Онҳо рейд доир карда, муҳоҷиронро маҷбур месозанд, то шартномаро имзо кунанд», — гуфт Ёров.

Ба гуфтаи вай, метавон дар бораи садҳо ҳодисаи даъвати иҷбории муҳоҷирон, аз ҷумла, онҳое, ки душаҳрвандӣ – Тоҷикистон ва Руссия доранд, сухан кард.

«Шахсан ба ман тақрибан 70 занги телефонӣ аз муҳоҷирон, дар мавриди он ки онҳоро дар корхонаҳо, дар шуъбаи пулис, махсусан, дар нуқтаҳои муҷавиздиҳӣ барои кор дар Сахаров барои ба хизмати артиш ҷалб кардаанд, ворид шуд,  –  гуфт Ёров.

Ин ҳомии ҳуқуқ гуфт, ки ҳамчунин шикояти муҳоҷирони маҳбус, ки дар Руссия адои ҷазо менамоянд, низ зиёд шудааст. Онҳо аз он шикоят доранд, ки «онҳоро маҷбур мекунанд, латукӯб менамоянд, то шартномаи хизмати ҳарбиро имзо гузоранд, вагарна шароити нигаҳдориашон дар маҳбас сахт хоҳад шуд».

«Як нафар ба мо муроҷиат намуд, ки ӯро шартан маҳкум карданд ва Руссияро тарк карда наметавонад. Ба ӯ пешниҳод карданд, ки ба артиш равад.  Тавассути нозири минтақавӣ ҳангоми бақайдгирии ҳуҷҷатҳояш ба ӯ мегӯянд, ки дар сурати имзо накардани шартнома ҷазо сахттар мешавад»,  — гуфт Ёров.

Ба қавли вай, афроде, ки 15-20 сол маҳкум шудаанд, розианд, ки дар ҷанг шаш моҳ ва ё як сол ширкат кунанд.

«Ҳамин тавр, онҳо аз идомаи адои ҷазо озод мешаванд. Онҳо шаҳрвандии Руссияро мегиранд ва маблағи калон ба даст меоранд», — гуфт вай.

Ҳамзамон, Ёров таваҷҷуҳ ба он медиҳад, ки қавонини Руссия низ ба мисли қонунҳои Тоҷикистон муҷозот барои зархаридро пешбинӣ намудааст. Дар ин бора, аз ҷумла дар моддаҳои 401 Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикитон «Зархарид» ва 401 (1) «Ҷалб ва иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони бешаҳрванд дар қисмҳои мусаллаҳ, даргириҳои мусаллаҳона ё амалиёти ҳарбӣ оид ба ҷиноятҳои марбут ба ҷиноятҳои дорои хусусияти ғайриқонунии шаҳрвандони ҶТ дар ҳудуди давлатҳои дигар зикр шудааст».

Аз рӯи ин моддаҳо ҷазо аз 12 то 20 солро пешбинӣ намудааст.

Дар Кодекси ҷиноятии Федератсияи Руссия низ моддаи  зархаридӣ мавҷуд аст, вале ба гуфтаи Ёров мақомот ҳоло онро татбиқ намекунанд, зеро ин ба манфиати онҳо нест.

«Ҳоло Руссия ин моддаро татбиқ намекунад, аммо агар ҳукумат иваз шавад ва ё муносибат бо Тоҷикистон тағйир ёбад, он вақт метавонанд онҳоеро, ки иҷборан ё бо роҳи фиреб ба ҷанги Украина ҷалб шуданд, ҷазо таъин кунанд», – изҳор дошт ҳуқуқшинос.

Ҳуқуқшиноси байналмилалӣ аз Тоҷикистон  Фаридун Саидзода, ки айни замон  дар Гаага (Нидерланди)  кор мекунад, дар суҳбат бо CABAR.asia изҳор дошт, ки моддаи 47(1) Протоколи иловагӣ қисми I-и Конвенсияҳои Женеваи соли 1977 зархаридонро аз «ҳуқуқи ҷангӣ ё ҷанговар будан, бо назардошти хусусияти нангини амалиёти зархаридӣ» маҳрум мекунад.

Конвенсияи Женева доир ба мақоми зархарид Мутобиқи моддаи 47 (2)

Протоколи иловагии I ба Конвенсияи  Женева аз соли 1977 зархарид  – ин шахсе мебошад:

а) барои мубориза бурдан дар задухӯрди мусаллаҳона дар дохил ва хориҷи кишвар махсус ҷалб карда шудааст;

б) амалан дар амалиёти ҷангӣ бевосита иштирок мекунад;

в) дар амалиёти ҷангӣ ширкат мекунад, ки умдатан ба воситаи манфиатҳои шахсӣ , дар асл аз ҷониби тараф ё аз номи яке аз тарафҳои даргир ваъда шуда бошад, ки ба таври назаррас мукофоти моддӣ ваъда додаст ё пардохт кардааст, нисбат ба низомиёне, ки вазифа ва рутба доранд, зиёдтар аст;

г) на шаҳрванди тарафҳои низоъ ва на сокини доимӣ дар ҳудуди зери назорати тарафи иштирокчии низоъ набошад;

д) узви қувваҳои мусаллаҳи тарафҳои даргир набошад;

е) фиристодаи давлате, ки иштирокчии муноқиша нест, намебошад, дар иҷрои вазифаи расмӣ ҳамчун узви қувваҳои мусаллаҳи он фиристода нашудааст;  

«Онҳо ягона субъектҳои ҳуқуқи байналмилалии башардӯстона мебошанд, ки бидуни ҳеҷ гуна ҳимояи ҳуқуқӣ ҳастанд»,  –  гуфт ҳуқуқшинос. Пас аз он ки зархаридон аз мақоми ҷангӣ ва асири ҳарбӣ маҳрум мешаванд, онҳо ҳатто барои фаъолиятҳое, ки барои ҷанговарон қонунӣ аст, ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешаванд. Масалан, иштирок дар амалиёти ҷангӣ барои ҷанговарон комилан қонунист, вале барои зархаридон не.

Акси асосӣ: ТАСС

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report
The following text will be sent to our editors: