© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Корхонаҳои хиштбарории Тоҷикистон: кормандон дар ҳуҷатҳо қайд шудаанду дар асл нестанд

Аксар вақт кордиҳандагон дар соҳаи истеҳсолот пархдотҳое, ки барои кормандонашон бояд диҳанд намепардозанд.


Ба саҳифаи мо дар Фейсбук обуна шавед!


Ҳаҷми маоши миёнаи кормандони корхонаи хиштбарорӣ 1,5 ҳазор сомонӣ (ҳудуди 140 доллар)-ро ташкил медиҳад ва корхона ҳамзамон вазифадор аст, ки 20 дарсади дигар андози иҷтимоӣ бисупорад. Вале дар сурати пардохт нашудани ин навъи андоз аз маоши 20 корманд фонди нафақа, ки онро Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон чунин номгузорӣ кардааст, 7500 сомониро аз даст хоҳад дод. Бар иловаи ин, ҳар як корманд бояд аз ҳисоби худ дар ҳаҷми 13 ва 1 дарсад андоз пардохта, саҳми худро дар буҷаи ҷумҳуриявӣ ва фонди нафақа гузорад. Ҳаминтариқ нафақаи ояндаи корманд низ муайян мешавад.

Акс аз CABAR.asia
Акс аз CABAR.asia

Тадқиқоти мо дар як қатор корхонаҳои хиштбарории баъзе аз ноҳияҳои тобеи марказ нишон медиҳад, ки сатҳи истихдоми ғайрирасмии коргарон баланд буда, корфармоён талош мекунанд, онҳоеро ба кор гиранд, ки қайди расмии муносибатҳои кориро талаб намекунанд.

Ин амали корфармоян боиси сари вақт пардохт нашудани нафақа, кумакпулӣ барои маъюбон, барқарорсозии саломатӣ, ҳомиладорӣ, таваллуди кудак, кумакпулии хонаводагӣ ё дар робита ба марг ва бисёре аз ёрдампулиҳои дигар хоҳад шуд.

Ба иттилои Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, то соли 2019 дар ҷумҳурӣ 130 корхонаи истеҳсоли хишти пӯхта ба қайд гирифта шудааст, ки бештари онҳо дар шаҳру ноҳияҳои Ҳисор, Ваҳдат ва Рудакӣ ҷойгир ҳастанд. Танҳо дар ноҳияи Рудакӣ 21 корхона, дар Ҳисор 17 корхона ва дар Ваҳдат 9 корхонаи хиштбарорӣ фаъолият мекунад.

Акс аз CABAR.asia
Акс аз CABAR.asia

Мушоҳидаҳо дар рафти тадқиқоти рӯзноманигорӣ нишон доданд, ки бештари кормандон дар як қатор корхонаҳои хиштбарории ноҳияи Рудакӣ ва шаҳри Ҳисор бидуни қайди санадҳои лозимӣ ва дафтарчаи меҳнатӣ ба кор ҷалб шуда, корфаромён низ барои онҳо андози иҷтимоӣ намесупоранд.

Барои исботи ин гуфтаҳо санҷишеро низ анҷом додем. Ҳамкори мо Шоҳин Саидов барои пайдо кардани шуғл ба чанд корхонаи хиштбарорӣ муроҷиат кард. Ӯ дар ду корхона ҳатто тавонист бидуни ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият чанд рӯз кор кунад.

Тибқи нақша, Шоҳин Саидов рӯзҳои 24-25 июли соли 2019 дар корхонаи “Санги Дарё”, воқеъ дар ҷамоати Шарораи шаҳри Ҳисор фаъолиятро ба ҳайси коргар оғоз кард. Саидов 23 июл  ба корхона муроҷиат кард. Корхона ба шаҳрванди Чин Ло Бану тааллуқ дорад ва тарҷумони ӯ (шаҳрванди Тоҷикистон) гуфт, ҷойи кори холӣ доранд.

Ҳамкори мо субҳи 24 июл, соати 6:00 бо дархости корфармо ба ҷои кор ҳозир шуд. Ҳангоми ба коргирӣ аз ӯ на ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият ва на дафтарчаи меҳнатӣ талаб накарданд. Дар корхона ҳудуди 30 кас кор мекард, ки 50 дарсадашон хонандагони мактаб буданд. Хонандагон дар рафти суҳбат гуфтанд, дар таътили тобистона дар ингуна корхонаҳо кор карда, барои хариди сару либоси мактабӣ пул кор мекунанд.

Ягон нафари онҳо расман ба кор ҷалб нашуда буданд. Рӯзи кории ҳар як тани онҳо аз 50 то 60 сомонӣ буд. Дар баробари ноболиғон чанд нафари дигар низ, ки таҷрибаи беш аз як соли кор дар корхонаро доранд, тасдиқ карданд, ки бидуни талаби ҳуҷҷате ё ба истилоҳ, ғайрирасмӣ ба кор ҷалб шудаанд.

Саидов мегӯяд, кори ӯ дар корхона ду рӯз давом кард ва барои ҳар рӯзи корӣ 50 сомонӣ музд гирифтааст. “Рӯзи дувуми корӣ соати 7 субҳ рафтам ва барои ин ҳушдор низ гирифтам. Гуфтанд, ки ман бояд корро соати 6 субҳ оғоз кунам ва то соати 18:00 бегоҳ дар ҷои кор бошам”, – гуфт ӯ.

Дар ин корхона ба ҷои ғизои нисфирӯзӣ ба ҳар як корманд якуним нон медиҳанд. Кормандоне, ки дар ҳамсоягии корхона ба сар мебаранд, аз соати 12 то соати 14 барои ғизохӯрӣ ба хонаҳояшон мераванд. Ғизои нисфирӯзии боқимондаҳо дар ҷои кор ва иборат аз обу нон аст. Тарҷумони корхона ҷавоне бо номи Наим дар поёни рӯз музди меҳнати кормандонро пардохт мекард.

Акс аз CABAR.asia
Акс аз CABAR.asia

Дар корхонаи “Чилу”-и шаҳри Ҳисор низ кормандон бидуни талаби ҳуҷҷате ба кор ҷалб мешаванд. Дар “Чилу” тарҷумоне бо номи Исматулло ба мо гуфт, ки ҳангоми қабул ба кор ҳеч гуна санаде лозим нест. Дар ин корхона музди якрӯзаи ҳар як нафар 55 сомонӣ буда, он дар охири моҳ пардохт мешавад. Вале ҳар рӯз аз маоши кормандон 5 сомонӣ пули нон ситонида хоҳад шуд.

Кор дар “Чилу” соати 6 субҳ оғоз шуда, то соати 18:00 давом мекунад. Аз соати 12 то 14 вақти ғизои нисфирӯзӣ муайян шудааст.

Дар корхонаи “Абубакр 88”, ки ҳамзамон “корхонаи Валиҷон” номида мешавад, кормандон дар асоси нусхаи шиноснома ба кор ҷалб шуда, рӯзона ба онҳо 55 сомонӣ маош дода мешавад.

Дилмурод Давлатзода. Акс аз ozodi.org
Дилмурод Давлатзода. Акс аз ozodi.org

Дилмурод Давлатзода, сардори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон 21 июли соли 2019 дар нишасти хабарӣ роҷеъ ба истихдоми ғайрирасмии коргарон дар корхонаҳои хиштбарорӣ суҳбат карда, гуфт, мушкили пардохт накардани андози иҷтимоӣ дар корхонаҳои хусусӣ вуҷуд дорад: “Солҳои гузашта таъйини нафақаи сокинон мушкил буд ва ҳаҷми маоши ду соли ахири корманд ба инобат гирифта мешуд. Вале ҳоло қоида тағйир ёфт. Бар асоси қоидаи нав, нафақаи корманд бар асоси таҷрибаи корӣ ва саҳме муайян карда мешавад, ки дар фонди нафақа гузоштааст. Албатта, мо корхонаҳои гуфтаи шуморо (хиштбарорӣ) пайгирӣ хоҳем кард. На танҳо санҷиш мегузаронем, балки бо онҳо суҳбат низ мекунем”.

Нурулло Маҳмадуллозода. Акс аз shoirayusupova.blogspot.com
Нурулло Маҳмадуллозода. Акс аз shoirayusupova.blogspot.com

Нурулло Маҳмадуллозода, муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон гуфт, “дар хонаҳои хиштбарорӣ ҳаққи кормандон риоя намешавад. Вале Хадамоти назораткунанда ба далели эъломи моратория наметавонад ба ин корхонаҳо биравад. Албатта, роҳҳали мушкилот ин нест. Телефони боварии “235-03-84” фаъол аст. Агар шикояте  шавад ё воқеан ҳам чунин вазъро мушоҳида кардаед, далелу иттилои дақиқро пешниҳод кунед. Мо зидди корфармоёне, ки ҳуқуқи коргаронро поймол кардаанд, чораи маъмурӣ хоҳем андешид. Мо медонем, ки чунин корхонаҳо дар Рудакӣ ва Ҳисор бисёр аст. Ин ҳамаро ба ҷадвали кории худ шомил месозем ва ҳалли мушкили мавҷударо пайгирӣ хоҳем кард”.

Фаррух Ҳамрализода. Акс аз Asia-Plus
Фаррух Ҳамрализода. Акс аз Asia-Plus

Фаррух Ҳамрализода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон мушкили мазкурро ба тариқи зайл шарҳ дод: “Дар мораторияи эълом шуда, баъзе аз ҳолатҳои истисноие ҳастанд, ки ба гузаронидани санҷиш иҷозат медиҳанд. Агар дар бораи зарар ба саломатии инсон ё таҳдид ба амнияти миллӣ шикояте шавад, ниҳодҳои дахлдори давлатӣ ҳақ доранд, ҳамон масъалаҳоеро тафтиш кунанд, ки дар шикоят дарҷ шудааст. Истихдоми ғайирасмӣ омилҳои зиёд дорад. Баъзе аз соҳибкорони маҳаллӣ ғайриқонунӣ фаъолият мекунанд ё як қисми фаъолияташон қонунӣ ва қисми дигар ғайриқонунӣ аст”.

Пайрав Ҷумазода, муовини раиси Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки дар давоми шаш моҳи аввали соли 2019 хадамот роҷеъ ба истихдоми ғайрирасмии кормандон 19 рейд ва санҷиш гузаронидааст. Санҷишҳо дар шаҳру ноҳияҳои Фирдавсӣ, Сино, Турсунзода, Ҳисор, Кушониён, Исфара, Конибодом ва Ашт анҷом шуда,  фаъолияти 194 корманде ошкор карда шуд, ки ғайрирасмӣ кор мекарданд. Шахсони масъул ҷарима карда шуданд.

Холмурод Ҳасанов, сармуҳосиби корхонаи “Мавҷи баҳр” дар Ҳисор мегӯяд, корхонаи онҳо соли 2009 аз сӯи як шаҳрванди Чин таъсис ёфта, иқтидори солонаи он 5 миллион дона хишт аст. Вале корхона ба таври мавсимӣ дар як сол шаш моҳ кор карда, 2-2,5 миллион хишт истеҳсол мекунад. Дар моҳҳои июл, август ва сентябр иқтидори рӯзонаи корхона то ба 80 ҳазор хишт мерасад: “40 корманд дорем, ки 4 нафари онҳо мутахассисони чинӣ ва боқӣ шаҳрвандони Тоҷикистонанд. Шаҳрвандони Тоҷикистон ба тариқи шартномавӣ кор карда, дар як моҳ аз 1000 то 1500 сомонӣ музд мегиранд. Рӯзи якшанбе истироҳат аст. Ҳамаи онҳо дафтарчаи меҳнатӣ доранд ва андози иҷтимоӣ низ пардохт мешавад. Дар ҳолатҳои нохуш ҷубронпулӣ низ дода мешавад.

Акс аз CABAR.asia
Акс аз CABAR.asia

Вале ба иттилои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон, “Мавҷи баҳр” дар давоми 9 моҳ танҳо аз маоши 17 корманд андози иҷтимоӣ супоридааст. Як корхонаи дигари хиштбарорӣ дар шаҳри Ҳисор ба мо гуфт, дар он расман беш аз 20 кас фаъолият мекунанд. Аммо омори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон дигар чизро нишон медиҳад.

Ба гуфтаи Зафар Камолов, сармуҳосиби корхонаи “Импекс Индастрӣ”-и Ҳисор, корхонаҳои ҳашт сол мешавад, ки бо истеҳсоли хишт машғул аст. Дар мавсими нимсола, аз моҳи май то октябр ба ҳисоби миёна 1,5 миллион хишт истеҳсол мекунад. Бояд гуфт, ки корхона ҳар рӯз ҳудуди 200-300 ҳазор дона хишт истеҳсол мекунад. Шумори кормандон 22 нафарро ташкил дода, бо ҳамаи онҳо қарордоди корӣ дорем ва дар ин бора ба хадамоти ҳифзи иҷтимоии шаҳри Ҳисор хабар медиҳем. Кормандон се вақт бо ғизо таъминанд ва моҳонаи онҳо бо дарназардошти хиштҳи истеҳсолшуда аз 1800 то 2000 сомонӣ аст.

Ба иттилои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон, корхонаи “Импекс Индастрӣ” дар 9 моҳи аввали соли 2019 аз маоши танҳо 5 корманд андози иҷтимоӣ пардохт кардааст.

Ба гуфтаи Анвар Гулатов, сардори шуъбаи саноат, сохтмон ва иртиботи мақомоти иҷроияи шаҳри Ҳисор, дар ҳоли ҳозир дар ин шаҳр 15 корхонаи хиштбарорӣ фаъолият доранд, ки дар асоси шартнома 457 касро ба кор ҷалб кардаанд. Дар нимаи аввали соли 2019 дар ин корхонаҳо беш аз 17 миллион хишт истеҳсол шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 17 дарсад зиёд мебошад. “Шароити маишии кормандон хуб аст. Онҳо бо ғизо таъминанд ва дар асоси қарордоди корӣ фаъолият менамоянд”, мегӯяд ӯ.

Фирӯз Давлатзода, сардори шуъбаи саноат, сохтмон ва иртиботи ноҳияи Рӯдакӣ дар як суҳбати телефонӣ гуфт, дар ин ноҳия 22 корхонаи хиштбарорӣ фаъолият мекунад ва дар шаш моҳи аввали соли 2019 онҳо беш аз 3 миллион дона хишт истеҳсол кардаанд. Даромадии умумии ин корхонаҳо беш аз 14 миллион сомониро ташкил медиҳад. Бояд гуфт, ки то 1 июли соли 2019 ба ин корхонаҳо 1600 кас дар асоси қарордоди корӣ ба кор ҷалб шуда, ҳамаи онҳо андоз месупоранд. Баъзе аз ҳолатҳое низ ҳаст, ки корхона барои чанд рӯз одамонро бидуни қарордоди меҳнатӣ ба кор ҷалб мекунад.

Сабаби асосӣ андози баланд аст

Ҳуқуқшинос Гулчеҳра Холматова мегӯяд, тибқи банди 59 Кодекси андози Тоҷикистон, пардохти андози иҷтимоии кормандон ҳатмӣ мебошад. Вақте корманд дар асоси шартнома ё қарордоди рӯзона ба кор ҷалб мешавад, корфармо вазифадор аст, ки андози иҷтимоии ӯро пардозад. Ба гуфтаи ҳуқуқшиноси тоҷик, тибқи талаботи Кодекси меҳнати Тоҷикистон (банди 67), соати миёнаи корӣ дар корхонаҳо набояд дар як ҳафта аз 40 соат бештар бошад.

Шукурҷон Зуҳуров, раиси пешини Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон 22 ноябри соли 2019 ҳангоми баррасии лоиҳаи қонуни “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020 ва дурнамои нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2021-2022” гуфт, дар ҳоли ҳозир бештари корхонаҳои хусусӣ маоши кормандонро дар “лифофа” пардохт мекунанд. Дар ҳисобот ба хотири гурез аз пардохти андози иҷтимоӣ маоши кормандро 1000 сомонӣ нишон медиҳанд. Дар ҳоле ки корманд 2000 сомонӣ маош мегирад. Корманд дар асл хисорот мебинад, вале ба хотири нафақаи имрӯзааш дар санад имзо мегузорад, ки маошаш ҳазор сомонӣ мебошад. Ин чизҳоро ошкор кардан кори мушкиле нест. Нозироти меҳнат бояд ин ҳолатҳоро бисанҷанд. Агар аҳамият диҳем, мардум талаб хоҳанд кард, ки ба ин “лифофаҳои сиёҳ” ниёз надоранд. Ба ман ҳамон қадаре бидеҳ, ки ҳаққам ҳаст. Ширкат ба хотири он ки андози иҷтимоиро аз ҳисоби худ мепардозад, онро пинҳон медорад, – илова кард Зуҳуров.

Илҳомуддин Иброҳимов, омӯзгори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон пинҳон кардан ё напардохтани андозҳои иҷтимоӣ аз сӯи ширкатҳои хиштбарориро ба шакли зерин шарҳ дод:

“Сабаби асосии пинҳон кардан ё напардохтани андозҳои иҷтимоӣ дар он аст, ки дар ҳоли ҳозир меъёри андоз 25 дарсад ва манбаи андозбандӣ маоши кормандон аст, ки ин навъи андозро ба яке аз бузургтарин харҷҳои корхона табдил додааст. Манбаи андозбандӣ барои соҳибкороне, ки дар асоси патент фаъолият мекунанд, 50 дарсади маблағи андоз аз даромад аст, ки сарбории назарраси андозӣ маҳсуб мешавад.

Корхонаҳо бо поин бурдани ҳаҷми маоши кормандон манбаи андозбандиро коҳиш медиҳанд ва ин боиси камтар шудани пардохтҳои андозӣ хоҳад шуд. Сабаби асосӣ андози баланд аст. Ин масъала дар раддабандии Doing Business (Пешбурди тиҷорат) низ, ки ҳамасола аз сӯи Бонки ҷаҳонӣ омода мешавад, зикр шудааст. Дар он омадааст, ки соли 2018 сарбори андозӣ дар Тоҷикистон 67,5 дарсадро ташкил додааст. Бар асоси омор, танҳо дар соли 2014-2017 беш аз 530 соҳибкор худро муфлис эълом кардаанд.


Ин тадқиқоти журналистӣ дар доираи тарҳи «Giving Voice, Driving Change — from the Borderland to the Steppes Project», ки бо кумаки молии Вазорати хориҷаи Норвегия иҷро мешавад, нивишта шудааст. Назароти дарҷшуда дар ин матлаб баёнгари дидгоҳи хоси расона ва ё сарпарасти ин тарҳ нест.

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report
The following text will be sent to our editors: