14-уми апрел, бо ташаббуси дафтари Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ дар Афғонистон ва Тоҷикистон муколамаи онлайнӣ дар байни намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва равшанфикрони ду кишвар баргузор шуд. Мавзӯи Skype- конфронс, таҷрибаи сулҳиТоҷикистон баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ дар солҳои 1992-1997 ва имконияти истифодаи он дар Афғонистон буд.
Аз ҷониби Афғонистон, дар ин конфронс роҳбарон ва фаъолони созмонҳои ҳуқуқи башари маҳаллӣ ва байналмилалӣ, роҳбарону профессорони донишгоҳ ва донишҷӯёни онҳо, инчунин намояндагони ВАО-и шимоли Афғонистон ширкат варзиданд. Аз Тоҷикистон дар ин муколамаи онлайнӣ муаррихон, рӯзноманигорон ва намояндагони созмонҳои давлатию ғайридавлатӣ ширкат варзиданд, ки дар музокироти сулҳ бевосита иштирок намуданд, ё ин ки шоҳиди он рӯзҳо буданд. Инчунин намояндагони воситаҳои ахбори кишвар низ ширкат варзиданд.
Фаъолони Афғонистон аз ҳамкасбони тоҷикистонии худ пурсиданд, ки чӣ тавр дар дар хоки Тоҷикистон сулҳ пойдор шуд. Барои кишвари ҳамсоя, ки бо Тоҷикистон ҳудуди 1030 км сарҳад дораду як забон ва решаҳои фарҳанги умумӣ ин таҷриба метавонад муфид бошад. Чун дар Афғонистон беш аз 30 сол ҷанг хотима намеёбаду мардум аз он хаста шуданд ва сулҳу суботро мехоҳанд.
Қозӣ Сайёд Моҳаммад Самӣ, раиси Комиссияи мустақили ҳуқуқи инсон дар манотиқи шимоли Афғонистон гуфт, бо таваҷҷӯҳ ба раванди кунди музокироти сулҳ дар ин кишвар ниҳодҳои давлатию созмонҳои иҷтимоии Афғонистон роҳҳои тасреъи ин равандро ҷустуҷӯ мекунанд. Ба гуфтаи ҷаноби Самӣ, дар ин росто таҷрубаи сулҳи Тоҷикистон ҷаззоб ва умедворкунанда аст.
Профессор Иброҳим Усмонов, узви Комиссияи оштии миллӣ, ки якчанд сол дар Афғонистон кор кардааст, дар ҷаласаи онлайнӣ ба иштирокчиён бо чӣ гуна мушкилиҳо рӯ ба рӯ, шудани Афғонистонро гуфт. Таҷрибаи Тоҷикистон дар он суръат фоиданок бошад, ки агар ҳамаи ҷонибҳои ҷанг дар Афғонистон якдигарро бахшанд ва дар мизи музокирот нишинанд, қайд кард профессор.
“Ҳанӯз муколамаи тарафҳои даргири Афғонистон ба амал наомадааст. Ҳарчанд дар Олмон мулоқоти ҷиддӣ сурат гирифт. Вале, дар дохили кишвар қудуратҳо зиёданд. Ҳанӯз мардуме, ки аз натиҷаи сулҳ розӣ нестанд, зиёданд ва ин дар воқеаҳое, ки тақрибан ҳар моҳ як бору ду бор дар Афғонистон ба амал меояд, зуҳур мешавад”.
Иброҳим Усмонов таъкид бар он кард, ки барои дастёбӣ ба сулҳ бояд Қонуни асосии Афғонистон ислоҳ ва заминаи ҳуқуқӣ барои интихоботи шаффоф ва озод дар ин кишвар фароҳам шавад. Ӯ гуфт: “Вақте натиҷаҳои интихобот на дар 1 ё 2 рӯз, балки ҳафтаҳо эълон намешавад, ин интихобот нест. Ин ҳолат шакку шубҳаҳоро дар бораи шаффоф ва боадолатона будани интихобот ба миён меорад”.
Дар ин маврид намояндаи Маркази таҳқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ, Саидхоҷа Акбаров, низ изҳори назар намуд. Вай ба интихоботи ахири раёсати ҷумҳурӣ дар Афғонистон ишора кард, ки номзадҳо Абдулло Абдулло ва Ашраф Ғанӣ худро пирӯз эълон карда ва ин амр боиси болоравии ташаннуҷ дар ҷомеа шуда буд. Ба қавли ӯ, дар роҳи расидан ба сулҳ ба Афғонистон як пешвои оқил лозим аст.
Нурали Давлатов, журналист-таҳлилгар, ки солҳои зиёд ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистонро таҳқиқ карда истодааст, фикр мекунад, ки шароити сулҳи Тоҷикистону Афғонистон мутафовит буда ва нусхабардории таҷрубаи сулҳи Тоҷикистон дар Афғонистон муфиду муассир нахоҳад буд. Зеро ба гуфтаи ӯ, дар нобасомониҳои Тоҷикистон дар муқоиса ба Афғонистон бозингарони геополитик камтар буданд, дар қазияи феълии Афғонистон қудратҳои ҷаҳонӣманофеъи худро дунбол мекунанд.
«Дар он вақт, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Чин манфиатҳои худро дар ин минтақа пайгирӣ намекарданд. Ду бозингарони асосӣ Эрон ва Русия, ки мехост дар Тоҷикистон ҷанг қатъ шавад. Акнун вазъият тамоман дигар аст. Бисёре аз кишварҳо дар Афғонистон манофеъи геополитикӣ худро доранд, ки ин барои ба даст овардани сулҳро душвор мекунад», — гуфт ӯ.
Таҳлилгари дигари тоҷик Қосими Бекмуҳаммад қайд кард, ки бархе аз ҷанбаҳои сулҳи Тоҷикистонро мешавад дар Афғонистон истифода кард, ки бештар ҷанбаи башарӣ ва инсонии он матраҳ аст. Ба гуфтаи ӯ баҳси буҳрони Тоҷикистон баҳси дарунқавмӣ буд ва нухбагони сиёсии Тоҷикистон дар баробари ҳамдигар гузашт ва ин мушкилро ҳал карданд. “Бартарии як қавм ба қавми дигар қобили қабул нест. Ба эътибор гирифтани саҳми ҳар қавму миллати Афғонистон дар тақсими қудрат аз роҳҳои аслии дастёбӣ ба сулҳ дар ин кишвар ҳисоб меёбад”, қайд кард ӯ.
Иштирокчиёни конфронси онлайнӣ саволҳо ва андешаҳои муштараки худро оид ба рушди равандҳои сиёсӣ дар ҳар ду кишвар изҳор намуданд. Қайд карда шуд, ки истиқрор ва нигаҳдории сулҳ аз афзалиятҳои ҳарду кишвар мебошад.
Онлайн-конфронс дар доираи лоиҳаи сесолаи «Тавонмандсозии ВАО ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ барои мусоидат ба ислоҳоти демократӣ дар Тоҷикистон» гузаронида шуд, ки он аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо дар доираи барномаҳои “Дастгоҳи Аврупо барои рушди демократия ва ҳуқуқи инсон» (EIDHR) дар якҷоягӣ бо Ҳукумати Норвегия маблағгузорӣ мешавад.
Лоиҳаи мазкур барои ҳавасмандгардонии ҳамкорӣ байни фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ВАО-и мустақил равона гардидааст. Максади он баланд бардоштани имконоти ВАО-и мустақил барои гузарондани таҳқиқоти журналистӣ ва таҳияи мақолаҳои таҳлилӣ, ҳамчунин ҳавасмандгардонии муколаммаи муассир байни ҳомиёни ҳуқуқи башар, ВАО ва намояндагони мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ба хотири ҳалли мушкилоти аввалиндараҷаи иҷтимоӣ-иқтисодии ҷомеа мебошад.