Даҳҳо муҳоҷири ихтиёрӣ, ки чанд соли охир бо дастури мақомот аз вилояти Бадахшон, минтақаи Рашту Кӯлоб ба ҷануби Тоҷикистон кӯчонда шудаанд, аз шароити сангинии худ дар маҳали зисти нав шикоят мекунанд.
Ба канали мо дар Telegram бипайвандед!
Зулфинисо Мирзоеваи 35- сола як муҳоҷири бознишастаи сокини деҳаи Ватани ҷамоати Обшорони Ноҳияи Шаҳритус соли 2010 аз ноҳияи Ҷиргатол бо сабаби набуди замин барои хона ба ин навоҳӣ омадааст. Ӯ аз мақомоти ноҳия хурсанд аст, ки ба ӯ беш аз 10 сотиқ замин ва якуним ҳазор сомонӣ кӯмакпулӣ барои сохтани хона додаанд, вале 8 соли зиндагӣ бидуни қуваи барқ дар ин деҳаро таҳамул мекунад. Ба андешаи ӯ қабл аз омадан мақомот ба онҳо ваъда додааст, ки деҳҳа обёрӣ мешаваду барқашон мушкил нахоҳад шуд, вале солҳои зиёд бо мушкили сангин, мисли бебарқӣ зиндагӣ мекунад.
Зулфинисо Мирзоева аз набуди обу барқ шикоят мекунад: Акс аз CABAR.asia Зулфинисо Мирзоева мегӯяд бо сабаби набуди барқ даҳҳо муҳоҷирон хонаҳои нотамоми худро партофта ба маҳали зисти қаблии худ баргаштанд:“ Борҳо барои надоштани барқ ба масъулини дахлдор муроҷиат кардем, ваъда медиҳанду мераванд. Зиндагӣ бе барқ мушкил аст, фарзандон наметавонад дарси мактабашонро тайёр кунанд. Муҳоҷирон омада хонаҳои худро хабар мегиранду мераванд. Мегӯянд ҳамин, ки барқ шуд меоянд”.Марҷона Исоева, муҳоҷири дигаре аст, ки ҳоло дар деҳаи бе барқ бо се фарзанди хурдсолаш зиндагӣ дорад. Шабҳои торикро бо шамъу дастгоҳи сохти чин ё “фонорик” рӯз карда, дар як моҳ ҳудуди 30 сомонӣ шаъм харидорӣ мекунад. Дар дегдончаҳои худсохт барои худ ва фарзандонашон хурок мепазанд. “Ҳоло дар ин деҳаи навбунёд аз муҳоҷирон се хонавода зиндагӣ доранд. Кӯдакон зиқ мешаванд, мехоҳанд телевизиор тамошо кунанд, вале барқ нест. Орзу дорем, ки моро бо барқ таъмин кунанд, то дар тобистон аз кондисенорҳо истифода барем.” Ба иддаои ин сокинон дар деҳаи навбунёд барои 80 оила қитъаи замин ҷудо карда шудааст, ки бештари онҳо сангу шағалҳо барои сохтани хонаҳояшон овардаанд. Ҳоло 15 хонавода то ҷое хонаҳои худро сохтаанд ва бо сабаби гармии ҳаво, мушкили оби ошомиданӣ, набуди барқ инҷоро тарк карданд ва мегӯянд баъди дастрас шудани хати барқ онҳо бар мегарданд. Вале кай соҳиби барқ мешаванд намедонанд. Амирбек Ҷумаев, сардори Кӯмитаи замини ноҳияи Шаҳритус мегӯяд дар деҳаи Ватан ҳудуди 100 оила соҳиби замини наздиҳавлигӣ ҳастанд, ки 53 адади онро муҳоҷирони дохилӣ, ки аз минтақаҳои Ҷиргатолу Рашт ва Кӯлоб ҳастанд, ташкил медиҳад. Ҳоло муҳоҷирони деҳаи Ватан мегӯянд бо сабаби набуди муассиса наметавонанд фарзандони мактабхонашонро аз зодгоҳи қаблии худ ба инҷо биёранд. Муассисаи рақами 9 аз деҳаи муҳоҷирон беш аз се километр дур аст, ки имкони рафтани кӯдакон ба онҷо хеле кам аст, тобистон гармӣ ва зимистон дар ҳавои сард кори осон нест. Саёҳат Муродова, аз муҳоҷироне аст, ки дар муассаи номбурда кор мекунад. Бо онки роҳ хеле дур аст шавҳараш ӯро ҳар рӯз бо дучарха ва гоҳо бо хар ба ҷои кораш мерасонад. Онҳо шукр мекунанд, ки ҳамин харро доранд, ки корашонро осон мекунад. Онҳо аз мақомоти маҳалӣ хурсанд ҳастанд, ки ба ӯ замини бе пул ва якуним ҳазор сомонӣ кӯмакпули барои сохтани хона доданд: ”Дар шаҳри Кӯлоб дар хонаи амаки шавҳарам зиндагӣ мекардем. Онҳо оилаи калон ҳастанд. Ман замин барои хона надоштам, маҷбур шудам, ки ба ин навоҳӣ омадам. Мактаб се километр дур аст, шавҳарам бо хару ароба маро ба мактаб мебарад. Мушкили хеле вазнин аст, аз сабаби набуди барқ дар дегдончаҳо хурок мепазем. Мушкили асосиамон набуди қуваи барқ аст.” Муҳоҷирон мегӯянд моҳи ноябри соли 2018 аз ҷониби мақомоти маҳалӣ як қисми деҳаро бо симчубҳо таъмин карданд, бознишастаҳо бо дидани ин ба худ гуфтанд орзуи чандин солаи бебарқиашон бартараф хоҳад шуд, аммо 5 моҳ сипари мешавад касе ба додашон намерасад.Абдусамад Қурбонов Сардори Идораи барқи ноҳияи Шаҳритус мегӯяд қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2009 барои таъмин кардани муҳоҷирон бо барқ имзо шудааст. Бо ташаббуси ҳукумати Ноҳия ҳоло 27 адад симчубҳоро гузоштаанд. “Барои идомаи гузоштани симчубҳо ва дигар таҷҳизотҳои зарурӣ ба Ширкати Барқи Тоҷик ва шабакаҳои барқи ҷануб муроҷиат кардем. Дар сурати дастрас кардани таҷҳизотҳои зарурӣ мо муҳоҷиронро бо барқ таъмин мекунем. Ҳоло норасоии барқ барои муҳоҷирон ҷой дорад.”
Ба гуфти муҳоҷирони ихтиёрӣ тасмими мақомоти маҳалӣ ҳамин буд, ки барои сохтани хона кӯмакпулӣ медиҳанд ва баъди панҷ соли зиндагӣ 50 фисадӣ маблағро бояд бар гардонанд. Саёҳат Муродова гуфт, ки барои ӯ 1500 сомонӣ кӯмакпулӣ доданд ва баъди панҷ соли зиндагиаш 700 сомони маблағро боспас гардондааст. Саймуддин Лоиқов як масъули ҳукумати ноҳияи Шаҳритус гуфт, ки ҳоло муҳоҷирони ихтиёрӣ дар як ҷамоати ин ноҳия ҷой шудаанд. Аксари онҳо баъди расидан ва гирифтани замину кӯмакпулӣ ба зодгоҳи қаблиашон баргашта буданд, вале ҳоло аксари баргаштаҳо дубора омадаистодаанд. Ба гуфти ӯ барои таъмин кардани шароити бе обию бе барқӣ ба мақомотҳои дахлдори Ҷумҳурӣ муроҷиат карданд, ки бояд шароити зиндагиашонро беҳ созанд. Дар ноҳияи Носири Хусрав мисли ноҳияи Шаҳритус муҳоҷирони ихтиёрӣ низ ҳастанд. Дар ҷараёни омода кардани ин матлаб бо Бозоргул Саидова, ки ҳамонвақт дар вазифаи бахши идеологии ҳукумати Носири Хусрав фаъолият мекард гуфт, ки муҳоҷирони ихтиёрие, ки ба ин ноҳия омадаанд аз минтақаи Рашт, Кӯлоб, ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, Вахш ва ноҳияи Ҷалолиддини Балӯхию Қубодиён ҳастанд, ки барои ҳар яки онҳо 15 сотиқ замини наздиҳавлигӣ дода шудааст. Аксари онҳо баъди дуруст кардани ҳуҷҷатҳо ва ба даст овардани замину маблағ дигар бар нагаштанд. Ба ҳар яки онҳо дар ду марҳила кӯмакпулӣ дар ҳаҷми се ҳазор сомонӣ дода шудааст. Ба гуфти ӯ муҳоҷиронро бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин карданд, вале далели барнагаштанашонро намедонанд. Назриддин Сафолов, як муҳоҷири бознишастаи сокини Шаҳраки Баҳори ноҳияи Носири Хусрав 8 сол қабл аз ноҳияи Вахш ба ин навоҳӣ омадааст. Ӯ мегӯяд чандин хонаводаи муҳоҷирон бо далели гармии ҳаво ба зодгоҳи собиқашон баргаштанд. Ҳоло ягона мушкиле, ки доранд набуди оби тозаи нӯшокӣ аст, ки аз он ранҷ мекашанд. “Аз водопироводҳои худсохт истифода мекунем, он ҳам бошад обаш як сохт бӯи ғализ мекунад. Зиндагӣ дар инҷо каме мушкил аст, вале ба ҳамаи ин нигоҳ накарда аз давлату ҳукумати Тоҷикистон хурсанд ҳастем, ки моро бо замин таъмин кард.” Эмомалӣ Самадзода , сардори Кӯмитаи замини ноҳияи Носири хусрав гуфт, ки интиқоли муҳоҷирони ихтиёрӣ дар асоси нақшаи Ҳукумати Тоҷикистон сурат мегирад. Дар се соли ахир 67 муҳоҷири ихтиёрии дохилӣ ба ноҳия кучонда шудааст. Махмадалӣ Собирзода як масъули Раёсати хадамоти муҳоҷират ва шуғли аҳолии вилояти Хатлон мегӯяд то соли 2015 ба муҳоҷирони дохилӣ аз сӯи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якуним ҳазор ва солҳои баъдӣ бошад се ҳазор сомонӣ кӯмакпулӣ дода шудааст. Барои интиқол додани муҳоҷирони дохили дар се сол як маротиба Ҳукумати Тоҷикистон қарор қабул мекунад. Ӯ мегӯяд тибқи қарори навӣ 501, ки солҳои 2019- 2021 ро дар бар мегирад барои онҳое, ки дар ин солҳо муҳоҷир мешаванд ба ҳар яки онҳо аз сӯи Ҳукумати Тоҷикистон 5 ҳазор сомонӣ кӯмакпулӣ дода мешавад, ки баъди 5 соли зиндагӣ 50 фоизи маблағро бар мегардонанд. Ӯ гуфт тибқи маълумотҳои омориашон дар 6 соли ахир 112 оилаи ниёзманд ба ҷои зист аз минтақаҳои гуногун ба ноҳияҳои Шаҳритусу Носири Хусрав кучонда шудаанд.Омори дақиқи муҳоҷирони дохилиро барои мо дастрас карда натавонистанд, зеро то соли 2016 нақшаи интиқоли муҳоҷирони дохилӣ дар салоҳияти онҳо набуд. Он муҳоҷироне, ки аз соли 2016 кучбастанд касе аз онҳо дубора ба маҳали зисти қаблиашон бар нагаштаанд. Ба ҳар шароите, ки доранд зиндагии хешро идома дода истодаанд. Маҳмадали Собирзода ироа кард, ки оид ба шароити сангини муҳоҷирони дохилӣ мисли бе барқию оби ошомиданӣ ба мақомотҳои дахлдор муроҷиат мекунад, зеро дар қарорҳои Ҳукумати Тоҷикистон гуфта шудааст, ки бояд сохтани мактабу бунгоҳи тиббӣ, кашидани хати барқу таъминоти оби нушокӣ ва полезӣ ба муҳоҷирон дастрас бошад.
Рустами Сафар, коршинос мегӯяд омилҳои бозгашти муҳоҷирони ихтиёрӣ ҳукуматтҳои ноҳияҳо ҳаст, ки шароитро муҳаё намекунанд, барои тақдирашон чӣ мешавад маълум нест. Онҳо дар деҳоти дурдаст ҳастанд, ки касе аз ҳолашон пурсон намешавад. Ҳамчунин кӯмакпулие, ки мақомот ба онҳо додааст барои таҳкурсии хона намерасад: “Барои сохтмони хона пули зиёд лозим аст, вале ба се ҳазор сомонӣ барои таҳкурсии хона намешавад. Боз барои ҳуҷҷатгузории замин пул лозим аст, вале инро ба инобат намегиранд. Онҳоро аз шаҳру навоҳии камзамин ҳастанд, ки мутаасифона паҳлуҳои зиёдаш ба инобат гирифта нашудааст. Бояд шароити хубе барои онҳо муҳаё кард.” Ин мавод дар доираи тарҳи «Giving Voice, Driving Change — from the Borderland to the Steppes Project», ки бо кумаки молии Вазорати хориҷаи Норвегия иҷро мешавад, нивишта шудааст. Назароти дарҷшуда дар ин матлаб баёнгари дидгоҳи хоси расона ва ё сарпарасти ин тарҳ нест.