Истеъфо додани Нурсултон Назарбоев, раисҷумҳури Қазоқистон, ки ҳудуди 30 сол роҳбарии ин кишварро ба зимма дошт, барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ногаҳонӣ ва ғайриоддӣ буд.
Подпишитесь на наш канал в Telegram!
Коршиносони тоҷик истеъфои Назарбоевро намунаи хубе барои супоридани қудрат барои дигар роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ мешуморанд. Зоири Давлат, коршиноси тоҷик мегӯяд, феълан Назарбоев бо арзи истеъфои хеш аз роҳбарии як кишвари муҳими минтақа иқдоми ниҳоят шоиста ва сутудание намуд. Пас аз ӯ дар сиёсати дохилӣ ва хориҷии Қазоқистон чӣ хоҳад буд, масъалаи дигар ҳаст, аммо ба истеъфо рафтани ӯ ғайриинтизор стереотипи истеъфонопазир будани роҳбарӣ дар кишварҳои осиёсимарказиро шикастан гирифт. Зоири Давлат бар ин назар аст, ки Назарбоев бо роҳбарияти Тоҷикистон муносибати хуб дошт ва умедворем, ки дар оянда низ муносибатҳои ин ду кишвар беҳтар хоҳанд шуд. Ӯ илова намуд, ки “Назарбоев роҳбарии кишварашро дар шароити воқеан сахт бар дӯш дошт ва тавонист, ки ваҳдати ватанашро нигоҳ дорад ва барои кишвараш хидматҳои шоён кунад. Албатта, нуқсону камбудӣ дар ҳар роҳбарие вуҷуд дорад, ба монанди авторитаризму маҳдудиятҳои дигар, аммо хидматҳои Назарбоев барои қазоқҳо дар шароити ҷаҳонишавӣ шоистаи таҳсин ҳаст, зеро дар ин муддат кишвараш ба дастовардҳои бесобиқа ва иқтисоди нисбатан муътадил ноил гардид”. Фариддун Ҳодизода, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, Нурсултон Назарбоев дар замони роҳбарии худ бо ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон тақрибан ягон мушкили ҷиддӣ надошт. Ба ин хотир Ҳодизода мегӯяд, муносибати Душанбе ва Остона низ чолишҳои бузурге надошт. Ҳарчанд чанд маротиба байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар масъалаи муҳоҷират мушкилиҳое пайдо мешуд, аммо ба гуфтаи Ҳодизода он ба муносибати ду кишвар соя наандохт. Бо ин ҳама Фаридун Ҳодизода гуфт, бо рафтани Назарбоев аз роҳбарии Қазоқистон эҳтимоли тағйир дар равобити Душанбе ва Остона дар назар аст. “Гуфтан душвор аст, ки баъди рафтани Назарбоев дар муносибати ду кишвар чӣ тағйиротҳо сурат мегирад. Раисҷумҳури нави ин кишвар ақаллан то соли 2020 хати маше, ки буд давом медиҳад. Баъди ин албатта дигаргуниҳо мешаванд,”-таъкид кард Фаридун Ҳодизода. Парвиз Муллоҷонов, таҳлилгари масоли сиёсӣ бар ин назар аст, ки Назарбоев новобаста ба синну солаш аз сиёсат ба таври пурра нарафтааст ва фишангҳои зиёдеро дар дасти худ нигоҳ медорад. Муллоҷонов ҳамчунин қайд намуд, ки Назарбоев ҳамчун сиеёсатмадори ботаҷриба мехост, ки гузариш ба роҳбари нав ҳарчӣ осонтар амалӣ шавад. Ва ин гузаришро худаш ба таври муфассал ва мушаххас омода кардаст. Ба андешаи ин таҳлилгари тоҷик муносибатҳо на бад мешаванду на беҳтар. Муллоҷонов қайд намуд, ки “дар ду соли оянда сиёсати хориҷӣ ва дохилии Қазоқистон дигар нахоҳад шуд ва президенти нав ҳоло таъсир ва нуфузи кофӣ барои тағйироти ҷиддӣ надорад. Шояд пас аз интихоботи соли 2020 нуфузаш зиёдтар мегардад, аммо ҳатто дар ин маврид вай зери сояи Нарзабаев мемонад” гуфт, Парвиз Муллоҷонов. Неъматулло Мирсаидов, таҳлилгари дигари тоҷик Нурсултон Назарбоевро, як чеҳраи нодир ва таъсиргузор дар фазои собиқ шӯравӣ мешуморад. Ӯ ҳамчунин қайд мекунад, ки истеъфо додан аз симмати президентӣ намунаи хубе барои роҳбарони давлатҳое мебошад, ки тӯли муддати тӯлонӣ дар сари қудрат қарор доранд. Мо бояд фаромӯш накунем, ки раисҷумҳур Назарбоев пурра аз мақом рафт, ӯ дар мақоми раиси Шӯрои амнияти Қазоқистон ва раҳбари ҳизби “Нур Отан” хоҳад монд, илова кард Мирсаидов. Мирсаидов бар ин назар аст, “мардуми Қазоқистону Тоҷикистон бо ҳам эҳтироми хоса доранд ва фикр мекунам чунин муносибат идома хоҳад ёфт. Қазоқистон дар ҳаёти минбаъдаи Тоҷикистон ҳам нақши муҳим мебозад ва шарики тиҷоратии хуб барои Тоҷикистон хоҳад монд”.
Ин мавод дар доираи лоиҳаи «Giving Voice, Driving Change — from the Borderland to the Steppes Project», ки бо дастгирии молиявии Вазорати корҳои хориҷии Норвегия амалӣ карда мешавад, омода шудааст.