Журналистские расследования Таджикистан

IWPR Tajikistan: Суғд: Навзодҳо бо пора таваллуд мешаванд?

04.05.2015

В соответствии с указом правительства РТ № 600 от  2.12.2008 «О порядке оказания медико-санитарных услуг гражданам Республики Таджикистан в государсвенных учреждениях системы здравоохранения» беременные женщины, которые вовремя обратились и встали на учет в медицинские центры, регулярно посещали врача и наблюдались в этих центрах до родов, пришли в родильные дома с обменной картой, все лабораторные анализы в родильных отделениях больниц и роддомов проходят бесплатно.

Специалисты Министерства здравоохранения и социальной защиты населения говорят, что для родовспоможения в медицинских учреждениях не существует никаких прейскурантов  и рожать все женщины должны бесплатно. Расследование Рустама Гулова и Джамшеда Марупова, проведенное в течение нескольких месяцев в Согдийской области, доказало, что все медицинские услуги для рожениц оказываются на платной основе и для того, чтобы родить одного ребенка необходимо заплатить от 800 до 2000 сомони (от 150 до 400 долларов США).

Авторы расследования Джамшед Марупов и Рустам Гулов.

Чамшед МаруповДжамшед Марупов начал журналистскую деятельность в 2007 году в качестве корреспондента частной газеты «Сугд». Через год он стал ответственным секретарем газеты, затем заместителем главного редактора. С августа 2009 года до конца 2010 он являлся специальным корреспондентом журнала «Бонувони Точикистон» («Женщины Таджикистана») в Согдийской области. Джамшед также работал региональным корреспондентом ИАА «TojNews» по Согдийской области.С мая месяца 2012 года до сегодняшнего дня является главным редактором и заведующим информационного отдела радио «Пайванд» города Худжанда. Одновременно является представителем ИА «Озодагон»в Согдийской области на севере Таджикистане. За вклад в развитие интернет-журналистики и радиожурналистикиДжамшед Марупов был награжден дипломами председателя Согдийской области.

Рустам ГуловРустам Гулов начал работу в сфере поддержки гражданского общества в 2008 г. в составе Ассоциации молодых юристов «Ампаро». Был ответственным за проведение исследований и мониторинга прав человека, активно занимался освещением деятельности организации в социальных сетях и блогах. С 2012 г. является основателем и администратором блогпортала «Блогистон» (www.blogiston.tj). Материалы его блога, посвященные правам человека, периодически публикуются в различных средствах массовой информации.  Активно участвует в совместном проведении журналистских расследований с представителями СМИ. За высокую блоггерскую активность награжден дипломом «Лучщий блоггер 2013\ 2014 г.г., учрежденный Медиа-Альянс Таджикистана и ООО «А-Медиа».

Представляем вниманию читателей текст расследования на таджикском языке:

Ришваситонӣ дар таваллудхонаҳо борҳо дар расонаҳои хабарии кишвар мавриди танқид қарор гирифта буд, вале бо вуҷуди ин, ҳанӯз ҳам аксари мардум аз зиёд шудани «доляи таваллудхонаҳо» шикоят мебаранд. Аз рӯйи гуфтаи ҳамсӯҳбатони мо, дар таваллудхонаҳои шаҳри Хуҷанд агар чанд сол қабл барои тавлиди кӯдак ва баровардани он ҳудуди 100 доллар харҷ мешуд, ҳоло ин нарх ду маротиб афзоиш ёфтааст.

Тибқи маълумоти Раёсати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Суғд, дар соли 2014 дар муассисаҳои тиббии вилоят 70 ҳазору 243 таваллуд ба қайд расидааст, ки ин нишондод назар ба соли 2013 1862 таваллуд зиёд мебошад.
Имрӯз дар миқёси вилояти Суғд 3 таваллудхона — таваллудхонаи вилоятии Суғд (воқеъ дар маҳаллаи Пахтакори шаҳри Хуҷанд), таваллудхонаи шаҳрии шаҳри Хуҷанд ва таваллудхонаи шаҳрии шаҳри Панҷакент фаъолият мебаранд. Ғайр аз ин, дар дигар шаҳру навоҳии вилояти Суғд таваллудхонаҳои минтақавӣ низ амал мекунанд.
Дар ин асно, рӯзи 26-уми марти соли равон бо Мавзуна ном ҷавонзани 30-сола, ки фарзанди дуюмашро рӯзи 19-уми марти соли равон дар таваллудхонаи шаҳрии шаҳри Хуҷанд ба дунё овард, ҳамсӯҳбат шудем. Вай гуфт, ки фарзанди нахустинашро дар таваллудхонаи вилоятӣ (воқеъ дар маҳаллаи Пахтакор,-Ҷ.М.) таваллуд кардааст, вале азбаски хароҷоти тифлаш дар ин ҷо зиёд будааст, ӯ хост, хароҷоти таваллуди дуюмашро ин дафъа камтар кунаду ба таваллудхонаи шаҳрии шаҳри Хуҷанд равад: «Шаби 18-ум ба 19-уми март маро дард гирифт ва ба таваллудхонаи шаҳрӣ омадем. 19-уми март соҳиби духтарча шудем, аммо рӯзе нагузашта, худро бад ҳис кардам. Ҳарорати баданам паст намешуд ва пас аз муоинаи духтурони шӯъбаи баъди таваллудкунӣ маълум шуд, ки дар вақти таваллуд, бинобар беэътибории духтурони таваллудхона, бачадонам ба пуррагӣ тоза нашуда будааст. Маҷбур шудем, ки боз як бори дигар бо тариқи вакум бачадонамро тоза намоянд».
Мавзуна, ки аслан мехост, хароҷоти таваллудаш камтар шавад, вале ӯ мегӯяд, хароҷоташ баробари хароҷоти таваллудхонаи вилоятӣ шудааст, ки кам не: «Барои таваллуди фарзанди дуюмам хушдоманам ба дасти момодоя 350 сомонӣ, барои доруҳои беҳушкунӣ ё наркоз ва хизматрасонии духтурон 150 сомонӣ додаанд ва боз 50 сомонии дигар намедонам барои чӣ гирифтаанд. Чун ман ҳамаи он рӯйхате, ки аз маркази саломатӣ навишта доданд, бо ҳамроҳии худ оварда будам: Ҳароратсанҷ – 1 дона, дастпӯшак – 3 дона, мази тетратсиклин 1% – 1 дона, дастрӯймоли коғазӣ – 1 дона, дастрӯймоли тар – 1 дона, груша – 1 дона, собуни моеъ – 1 дона, бинт, пахта, спирт – якдонаӣ ва уребча (памперс) – 6 дона. Барои ҳамаи ин ҳудуди 50 сомонӣ сарф шуд. Ба ғайр аз ин, боз кулоҳча, куртача, эзорча ва пайпоқча – дутоӣ, парпеч – 4 дона ва болопӯши гарм – 1 дона, бо худ овардам».
Мавзуна дар идомаи сӯҳбаташ афзуд, ки «аз рӯйи донистам, оилаам 550 сомонӣ аллакай сарф кардааст, ки ин ҳоло як қисми хароҷот аст. Чун аз нафароне, ки ҷавоб шуда истодаанд, вақте пурсам, мегӯянд, боз барои рафтан ҳамин қадари дигар маблағ супоридан лозим будааст. Ба гуфтаи онҳо, гӯиё «давлатиаш» қиматтар аст, нисбат ба «ғайридавлатиаш». Чаро, ки онҳо мегӯянд, ту бояд ҳам ба хазина маблағ месупорию ва ҳам ба дасти духтур дар алоҳидагӣ диҳӣ».
Аммо Мавзуна зимни сӯҳбат бо мо гуфт, ки барои ҳамаи ин хароҷотҳояш ягон варақаи тасдиққунанда (расид) нагирифтааст, ба ҷуз хариди доруворие, ки бо ҳамроҳии худ гирифта омада буд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки масъулони Раёсати тандурустии шаҳру вилояти Суғд аксари хизматрасониро ба занони ҳомила ройгон мегӯянд. Сартабиби таваллудхонаи шаҳрии шаҳри Хуҷанд, номзади илмҳои тиб Шоира Бузурукова рӯзи 19-уми марти соли равон мегӯяд, заноне, ки дар вақти ҳомиладориашон аз 4 маротиба зиёдтар ба муассисаҳои табобатӣ муроҷиат кардаанд, бояд таҳлилашон ройгон шавад: «Агар, ки зан дар ҳолати фаврӣ ба таваллудхона муроҷиат мекунад, вай ташхисҳои ултрасадоӣ ва дигар ташхисҳои зарурие, ки барои муайян кардани ҳолати зан ба роҳ монда шудааст, ҳамааш ройгон мебошад».
Ҳамсӯҳбати мо дар идома гуфт, он доруворие, ки барои занони фаврӣ, ки бистарӣ мешаванд, 100% дар даст доранд: «Лекин рӯйхате, ки аз марказҳои саломатӣ барои занони ҳомила то вақти таваллуд навишта медиҳанд, бояд онро ҳамроҳи худ гирифта оянд (Ниг. ба акси 1 – Маводе, ки бо худ бояд гирифт).
Вале хонум Бузурукова мегӯяд, он дорувориҳое, ки дар таваллудхона нестанд, мувофиқи талабот, мо барои мардум дорухат навишта медиҳем ва онҳо аз дорухонаи дилхоҳашон онро харидорӣ менамоянд
Сардори Раёсати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Суғд Салом Ваҳҳобов, ки ба унвониаш санаи 2-уми феврали соли ҷорӣ барои пайдо намудани маълумоти бештар доир ба хизматрасониҳои таваллудхонаҳо мактуби дархостӣ ирсол дошта будему аммо онро санаи 9-уми феврал бо як мушкилӣ http://nansmit.tj/otvet-na-zapros-zastavil-sebya-zhdat/ дастрас намудем, дар ҷавоб ба суоли мо расман чунин гуфтааст:
— Барои занҳои ҳомиладор Қоидаҳои ҳампардохти хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ, ки бо фармоиши якҷояи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 5-уми ноябри соли 2014, таҳти №938-135 тасдиқ шудааст (Ниг. ба акси 4 – тавалудхонаи шаҳрии Хуҷанд), дар сатҳи Кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва кӯмаки махсусгардонидашуда дар сатҳи дармонгоҳӣ ба ҳомиладороне, ки ба қайд гирифта шудаанд ва зери назорати доимии муассисаи дахлдори тиббӣ мебошад, дар ҳаҷм ва намудҳои зерин бо таври ройгон анҷом дода мешаванд:
      таҳлили умумии хун 2 маротиба;
      таҳлили хун барои гемоглобин 3 маротиба;
      ташхиси хун барои RW 2 маротиба;
      ташхиси хун барои ВНМО 2 маротиба;
      ташхиси умумии пешоб 2 маротиба;
      ташхиси пешоб барои протеинурия 4 маротиба;
      ташхиси бактериявии пешоб (ҳангоми зарурат);
      микроскопияи андудаи вагиналӣ;
      ташхиси фаросавтӣ 2 маротиба.
Дар сатҳи статсионарҳо (сатҳи бистарӣ) ҳангоми таваллуд дар статсионар пардохти пурраи арзиши хизматрасонӣ аз рӯйи Ҷадвали нархи миёнаи бемории муолиҷашуда барои муайян намудани андозаи ҳампардохти аҳолӣ барои хизматрасониҳои тиббӣ, аз заноне ситонида мешавад, ки дар мавриди ҳамин ҳомиладорӣ дар қайд ва назорати мунтазами диспансерӣ дар муассисаи мансуб набудаанд (ҳангоми ҳомиладорӣ камтар аз 4 маротиба ҳозир шудаанд). Ҳангоми таваллуд дар статсионар ҳампардохти хизматрасониҳои тиббӣ аз заноне, ки дар мавриди ҳамин ҳомиладорӣ дар қайд ва назорати мунтазами диспансерӣ дар муассисаи мансуб будаанд (ҳангоми ҳомиладорӣ на камтар аз 4 маротиба ҳозир шудаанд), ситонида намешавад.
Вале мо дар давоми таҳқиқоти журналистии худ наздик бо 20 нафар занони ҳомила ва наздикони онҳо ҳамсӯҳбат шудем, лек ягон нафар аз онҳо тасдиқ накарданд, ки чунин намуди хизматрасонӣ дар таваллудхонаҳои шаҳри Хуҷанд ройгон ҳастанд.
Зебо Маҳкамоваи 29-сола, бошандаи шаҳри Хуҷанд, ки соҳиби ду фарзанд асту фарзанди сеюмашро интизор, дар сӯҳбат бо мо гуфт, аз моҳи октябри соли 2014 то моҳи марти соли равон дар қайди маркази саломатии №4-и шаҳри Хуҷанд қарор дорад ва дар ин муддат вай аллакай 10 маротиба аз назорати табибон гузаштааст.
Бино ба қавли ӯ, ҳанӯз тифли батнаш таваллуд нашуда, дар зарфи шаш моҳи ҳомиладориаш танҳо барои маслиҳати ҳармоҳаи духтури занона ва баъзе таҳлилҳои «фармоишӣ» бештар аз 300 сомонӣ масраф кардааст.
— Барои таҳлили умумии хун 2 маротиба – 22 сомонӣ, таҳлили хун барои гемоглобин 3 маротиба – 21 сомонӣ, ташхиси хун барои RW 2 маротиба – 30 сомонӣ, ташхиси хун барои ВНМО – 3 сомонӣ, ташхиси умумии пешоб 2 маротиба – 14 сомонӣ, ташхиси бактериявии пешоб – 11 сомонӣ, УЗИ 3 маротиба – 65 сомонӣ, ЭКГ – 15 сомонӣ, таҳлили хун барои муайян кардани гурӯҳи хун ва резус омил – 15 сомонӣ, таҳлили хун барои муайян намудани бемориҳои сироятӣ – 33 сомонӣ, маслиҳатҳои духтурони чашм – 5 сомонӣ, асабшинос – 10 сомонӣ, дилшинос – 10 сомонӣ, эндокринолог – 5 сомонӣ, варақа барои зани ҳомила – 15 сомонӣ, варақаи мубодилавӣ – 10 сомонӣ ва инчунин, барои ҳар ташриф ба назди духтури занонаи маркази саломатӣ, ба ҳисоби миёна – 80 сомонӣ, маблағ сарф кардаам,- илова намуд ҳамсӯҳбати мо.
Тибқи маълумоти ғайрирасмӣ, барои тавлиди як фарзанд дар таваллудхонаҳо (бо шодиёнааш) аз 800 то 2000 сомонӣ маблағ сарф мегардад ва хароҷоти зиёду камии маблағ аз чанд омил вобастагӣ дорад:
Ҷинси кӯдак – писар ё духтар:
      Нахустписар – ҳудуди 2000 сомонӣ;
      Нахустдухтар – 1000 сомонӣ;
      Тавлиди дуюм ва сеюми фарзанд – аз 800 то 1000 сомонӣ;
      Таваллуд бо роҳи чоки қайсар – то 2000 сомонӣ.
Сардори шӯъбаи ташкили хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдаки Раёсати тандурустии вилояти Суғд Индира Акмалхоҷаева рӯзи 14-уми январи соли равон дар як сӯҳбати рӯбарӯ аз ҷой доштани ришваситонӣ дар таваллудхонаҳо изҳори нигаронӣ намуда, гуфт: «Мутаассифона, имрӯз чунин ҳолатҳо дар таваллудхонаҳо ба назар мерасанд, аммо ин масъалаи ҳалшаванда аст, ба шарте, ки шаҳрвандон бо мо ҳамкорӣ намоянд».
Ҳамчунин, хонум Акмалхоҷаева афзуд, ки тавлиди фарзанд ин хурсандии ҳар як хонадон аст ва дар замонҳои пеш мардум ба дасти момодоя собун ё сачоқ дода мерафтанд: «Имрӯз бошад, мардум барои розӣ кардани духтур ва момодоя «чизе»-ро аз дилаш бароварда, «тӯҳфа» мекунад».
Вале сартабиби таваллудхонаи шаҳрии шаҳри Хуҷанд, номзади илмҳои тиб Шоира Бузурукова мегӯяд, вақте шаҳрвандон ба хазина маблағҳои муайяншударо месупоранд, барояшон ҳатман расид пешниҳод карда мешавад.
— Шахсоне, ки ба таваллудхонаи шаҳрии шаҳри Хуҷанд муроҷиат мекунанд, дар назди хазинаи мо нархнома мувофиқи Қарори ҶТ №600, аз 2 декабри соли 2008 «Дар бораи Тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони ҶТ дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ» мавҷуд аст, ки дар он номгӯи ҳамагуна хизматрасониҳо – таҳлилу ташхис ва табобати беморон, зикр ёфтаанд (Ниг. акси 5 – Нархнома).
КӢ ДУРӮҒ МЕГӮЯД:
Раёсати тандурустӣ ё Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бар зидди коррупсия дар вилояти Суғд?
Индира Акмалхоҷаева – сардори Шӯъбаи ташкили хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдаки Раёсати тандурустии вилояти Суғд, роҷеъ ба ришваситонӣ дар таваллудхонаҳо гуфт, «соли 2014 ягон парвандаи ҷиноӣ оид ба ситонидани ришва ба қайд гирифта нашудааст».
Аммо сарнозири Маркази таҳлилӣ-иттилоотии Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бар зидди коррупсия дар вилояти Суғд Васлибек Назров 11-уми феврали соли равон дар як сӯҳбати телефонӣ ба мо афзуд, ки аз сӯйи ин ниҳод дар давраи солҳои 2013-2014 дар соҳаи тандурустӣ 48 ҷиноят ошкор карда шудааст, ки алайҳи 40 нафар кормандони соҳаи тиб рост меояд: «Аз ин кирдорҳои ҷиноятии содиршуда 5 ҳолат алайҳи кормандони таваллудхона ва духтуроне, ки ба табобати бемориҳои амрози занона машғуланд, сабт гардидааст».
Ҷаноби Назаров дар идома гуфт, ошкоршавии ин гуна ҳолатҳо дар шаҳру навоҳии Хуҷанд, Чкалов ва Бобоҷон Ғафуров ҳангоми таваллуд ва табобати касалиҳои занона ба қайд расидааст.
Талаби «доля»-и худ
Анора фарзанди дуюмашро моҳи апрели соли гузашта дар таваллудхонаи шаҳрии шаҳри Хуҷанд таваллуд карда буд. Бинобар камбуди маблағ онҳо натавонистанд, пас аз таваллуди кӯдак фавран маблағи заруриро ба духтурон расонанд: «То овардани 350 сомоние, ки духтурон барои ҳаққи хизматашон аз мо талаб карданд, ҳамшираи шафқат 7 маротиба ба хобгоҳам омада, дар бораи иваз шудани навбати духтурон ҳарф зад, то шавҳарам зудтар маблағи заруриро барояшон дастрас намояд».
Анора мегӯяд, ин ҳоло як қисми асосии хароҷот (350с.,- Ҷ.М.) барои тавлиди кӯдак аст ва он метавонад, ҳангоми баровардани кӯдак аз таваллудхона тахмин ҳамин қадар маблағро ташкил диҳад.
Таваллудхонаҳо маблағи ҳукуматро барои чӣ сарф мекунанд?
Маблағгузории соҳаи тандурустӣ сол аз сол аз ҳисоби буҷаи давлат тамоюли зиёдшавӣ дорад ва дар ин самт таваҷҷӯҳи Ҳукумати кишвар бо мақсади боз ҳам беҳтар гаштани сифати хизматрасониҳо дар таваллудхонаҳо бештар шудааст.
Бино ба иттилои расмии Салом Ваҳҳобов – сардори Раёсати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Суғд, дар соли 2014 аз ҳисоби буҷаи вилоят барои таваллудхонаи вилоятӣ 3 миллиону 113 ҳазору 899 сомонӣ маблағ пешбинӣ шуда буд, ки нисбат ба соли 2013 ба маблағи 684 ҳазору 749 сомонӣ зиёд мебошад. «Аз ҳисоби буҷаи шаҳри Хуҷанд дар соли 2014 барои таваллудхонаи шаҳрӣ 2 миллиону 730 ҳазору 892 сомонӣ маблағ ҷудо шудааст, ки ин рақам назар ба соли 2013 628 ҳазору 750 сомонӣ зиёд аст».
Шоира Бузурукова – сартабиби таваллудхонаи шаҳрии шаҳри Хуҷанд, мегӯяд, он маблағҳое, ки аз буҷаи шаҳр ҷудо мешавад, рамзи худро доранд: «Рамзе ҳаст, барои хизматрасониҳои коммуналӣ, доруворӣ, кумитаи иттифоқи касаба ва ба монанди ин бисёр рамзҳое мавҷуданд. Инчунин, маблағҳои буҷет асосан ба дорувории наркотикӣ ҷудо карда мешавад, ки мо онро якуминдараҷа барои заноне, ки дар ҳолати вазнин, аз ҷумла, фишорбаландӣ, хунравии зиёд ва ягон оризае, ки ба зан хавфи калон дорад, муроҷиат мекунанд, таъмин карда метавонем.
Ин дар ҳолест, ки маблағгузории таваллудхонаҳо на танҳо аз ҷониби буҷаи давлатӣ, балки аз сӯйи созмонҳои хориҷӣ низ ба назар мерасад. Бар асоси мактуби дархостии мо ба унвонии Раёсати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Суғд, сардори ин ниҳод Салом Ваҳҳобов расман посух дод, ки соли 2013 дар ҳардуи ин муассиса бо дастгирии Бонки Рушди Арабистони Саудӣ таҷҳизоти нав харидорӣ намудаанд (Ниг. ба ҷадвали бурсҳо ва ёрии байналхалқӣ).
Бурс (грант)-ҳо ва ёрии байналхалқӣ:

Таваллудхона

Маблағ

Шакл

Донор

Соли 2013

Вилоятӣ

25983903,96 сомонӣ

Таҷҳизоти нав

Бонки Рушди Арабистони Саудӣ

Хуҷанд

*3172868 доллари ИМА (15147589,12 сомонӣ)

63 намуд таҷҳизоти муосир

Бонки Рушди Арабистони Саудӣ

*Ба санаи 31-уми декабри соли 2013 қурби 1 доллари ИМА мувофиқи муқаррароти БМТ, 4,7741 сомониро ташкил медод.

Таваллуди хонагӣ хатарнок, аммо бидуни пора
Шӯъбаи ташкили хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак дар вилояти Суғд аз таваллуди кӯдак дар хонаҳо изҳори нигаронӣ дорад.
Индира Акмалхоҷаева – сардори Шӯъбаи ташкили хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдаки Раёсати тандурустии вилояти Суғд, мегӯяд, яке аз чунин ҳолатҳо охири моҳи январи соли ҷорӣ ба қайд расид, ки дар натиҷа сокини 32-солаи деҳаи Гулшани ҷамоати Шодобаи ноҳияи Ашт пас аз як рӯзи таваллуд ба ҳалокат расид. Сабаби марги ин ҷавонзанро масъулин ба хунравии аз ҳад зиёд рабт медиҳанд: «Ташхисҳои қаблӣ нишон додаанд, ки ин ҷавонзани 32-сола дараҷаи камхунии миёна дошта, ташрифи охирини ӯ ба маркази саломатӣ санаи 13 -уми январи соли 2015 будааст. Шаби 28-уми январ, тахмин соатҳои 02:00 дард мегирад, вале бидуни муроҷиат шабро рӯз карда, ниҳоят, соатҳои тахминан 07:00-и субҳ дар рӯйи ҳавлӣ дар болои барф ин зан таваллуд мекунад. Сипас, аҳли хонадон ӯро дар ҳолати вазнин ба беморхона меоранд. Вале соати 23:55 дақиқаи шаб ин ҷавонзан бар асари хунравии аз ҳад зиёд дар бемористони марказии ноҳияи Ашт мефавтад».
Зимнан, Индира Акмалхоҷаева аз занҳои ҳомила даъват кард, дар марказҳои саломатӣ худро ба қайд гирифта, аз муоинаи тиббии пизишкон гузаранд. Даъвати Индира Акмалхоҷаева дар ҳолест, ки соли 2014 дар қаламрави вилояти Суғд 910 «таваллуди хонагӣ» ба қайд расидааст ва ин рақам дар соли 2013 ба 1143 мерасид. Таваллуд дар хона, бино ба гуфтаи хонум Акмалхоҷаева, бештар дар шаҳру навоҳии Панҷакент, Кӯҳистони Мастчоҳ, Айнӣ ва Ғончӣ сабт гардида, «сабаби афзоиши таваллуди хонагӣ дар ин манотиқ дур будани масофаи байни таваллудхонаву манзили зисти сокинон мебошад».
Дар ҳамин ҳол, коршиноси соҳа Маҳбуба Султонова мегӯяд, таваллуд дар хона аз як мушкилӣ иборат нест ва он чанд сабаб дорад: «Шояд набудани нақлиёт, барои ёрии таъҷилӣ маблағ надорад, камбуди шароиту набудани телефон ва эҳтимол зиёд будани хароҷоти таваллуд бошад, ки ҳамаи ин сабабҳои объективианд».
Хонум Султонова дар идомаи сӯҳбаташ афзуд, ки имрӯз аксар занони мо барои дар хона таваллуд кардан метарсанд. Баъзе аз занҳо тез таваллуд мекунанд, ки барои омадан дар таваллудхона имкон намеёбанд. Бархеҳо дар мошини ёрии таъҷилӣ ё аз они худашон тавалид карда мемонанд, ки онро мо «таваллуди сарироҳӣ» мегӯем. Дар Конститутсия навишта шудааст, ки соҳаи тиб ройгон, аммо ин дар ягон ҷо нест. Пештар мегуфтанд, ки «Хорошего врача народ прокормить». Шояд ҳамин хел бошад, вале духтурон ҳам бояд боинсоф бошанд. Нафаре, ки аз дил бароварда медиҳад, ба ӯ ташаккур гуфта гирад, вале нафаре, ки намедиҳад, ҳеч гоҳ талаб накунад».
Таҳқиқоти чандмоҳаи мо дар таваллудхонаҳои шаҳрии шаҳри Хуҷанд нишон дод, ки ҳамагуна намуди хизматрасонӣ барои занони ҳомила пулакӣ буда, барои тавлиди як кӯдак дар зоишгоҳҳои шаҳру вилоят ҳудуди 800 то 2000 сомонӣ маблағ сарф мешавад. Ҳоло ин ҷо суоле ба миён меояд, ки ин маблағҳо ба куҷо масраф мешаванд? Баъдан, аз рӯйи ҳисоби миёна, агар сари ҳар кӯдак 1000 сомонӣ маблағ сарф шавад, пас дар 1 сол танҳо аз ҳисоби таваллуди кӯдак, мувофиқи маълумоти Раёсати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Суғд, дар соли 2014 дар муассисаҳои тиббии вилоят 70 ҳазору 243 таваллуд ба қайд расидааст, ки агар мантиқан бигирем, 70 миллиону 243 ҳазор сомонӣ маблағ аз киссаи мардум ҷамъ шуда, ба куҷо меравад?!
Пас, дар шароити кунунӣ «ройгон» гуфтани таваллуд аз сӯйи масъулини соҳа ба кадом маъност? «Ройгон аст, аммо «шодиёна»-атро деҳ»!?
Ҷамшед МАЪРУФ, Рустам ГУЛОВ
 

Последнее

Популярное