Журналистские расследования Таджикистан

IWPR Tajikistan: БАДАХШАН: Чьей добычей стали президентские автобусы?

11.07.2016

Расследование доказывает, что из-за безответственности руководителей 29 автобусов, подаренных президентом самой труднодоступной Горно-Бадахшанской Автономной области, были разграблены и приведены в негодность.

В 2008 году президент страны, в ходе одного из официальных визитов в Бадахшан, подарил 29 пассажирских автобусов, из которых сегодня в рабочем состоянии остались лишь 12, а 16 автобусов находятся в неисправном и нерабочем состоянии. В официальных новостях указывается, что президент подарил 32 автобуса, но официальные документы хукумата ГБАО, добытые в ходе журналистского расследования, подтверждают наличие только 29-ти автобусов. Причиной неисправности этих автобусов называют бесконтрольность со стороны бывших руководителей региона и халатность бывшего генерального директора ЗАО ““Производственное Предприятие Авторанспортное Предприятие — № 51” Манучехра Мамадиброхимова и исполнительного диретора Джумы Мискиншоева. Основные запчасти большинства автобусов были украдены неизвестными лицам, и никто не ответил за это. А лица, которые должны были отвечать за их эксплуатацию, превратили сами автобусы в хлам.

***

Машхур Имомназаров (1)Машхур Имомназаров, журналист газеты “Молодежь Таджикистана” в городе Хорог ГБАО, участник тренинга IWPR по журналистским расследованиям. Окончил факультет филологии Хорогского государственного университета имени Моёншо Назаршоева в 2009 году. Профессиональную деятельность начал в 2010 году в качестве репортера областной газеты “Бадахшон”. После окончания службы в армии до 2015 года продолжил работу в газете “Импульс” в качестве репортера. Является автором более 280 новостных и аналитических материалов в областных и респуликанских изданиях. Первое журналистское расследование провел в сотрудничестве с юристом Некрузом Наврузовым на тему “Недостатки инклюзивного образования в ГБАО”, которые было опубликовано в газете “Импульс”.

?

?

Некруз Наврузов, юрист-консультант Общественной организации “Ассоциация юристов Памира”, участник тренинга IWPR по журналистским расследованиям. Профессиональную карьеру начал в качестве юриста-консультанта Общественной организации “Нур” в 2008 году. Позже продолжил свою деятельность в Общественой организации “Бюро по правам человека и соблюдению законности”. Является участником многих тренингов и семинаров внутри страны и зарубежом, а также форумов и конференций международного уровня. Принимал участие также в тренингах IWPR по проведению журналистских расследований.

***

БАДАХШОН: Автобусҳои Президентро кӣ тороҷ кард?!

Бемасъулиятии роҳбарон боиси он шуд, ки 29 адад автобуси ба ВМКБ туҳфакардаи Президент тороҷу корношоям шуданд.

badahshan2

Президенти кишвар соли 2008 зимни як сафари расмӣ ба Бадахшон 29 адад автобуси мусофирбар туҳфа намуд. Аз рӯйи хабарҳои расмӣ, теъдоди автобусҳои тақдимкарда 32 адад нишон дода шудааст, аммо тибқи ҳуҷҷатҳои расмие, ки аз ҳукумати ВМКБ зимни тадқиқоти журналистӣ дастрас намудем, дар ин ҳуҷҷатҳо ҳамагӣ 29 адад автобуси мусофирбар нишон дода шудааст. Мавриди зикр аст, ки автобусҳо ҳамчун кӯмак, барои беҳтар кардани вазъи хизматрасонии нақлиёти мусофирбар дар Бадахшон буданд. Маҳз тадқиқот нишон дод, ки аз бемасъулиятии баъзе раисони ноҳияҳо ва собиқ роҳбарони ҶСШК “Производственное Предприятие Авто Транспортное Предприятие — № 51” ҳоло танҳо 12 адад автобус дар ҳолати корӣ буда, 16 адади дигар дар вазъи вайрону корношоям қарор доранд. Ҳоло қисмҳои асосии ин автобусҳо аз сӯйи ашхоси муайян ба яғмо бурда шуда, дастандаркорон автобусҳоро ба партов (утил ё хлам) табдил додаанд.
http://www.president.tj/node/3080

badahshan1

Автобусҳои туҳфакардаи президент замоне ба тавозуни ҶСШК “Производственное Предприятие Авто Транспортное Предприятие — № 51” гузаронида шуданд, ки роҳбарии онро Манучеҳр Мамадиброҳимов ва директори иҷрокунанда Ҷумъа Мискиншоев ба уҳда доштанд.
Гавҳар Мамадиброҳимов, директори феълии ҶСШК “Производственное Предприятие Авто Транспортное Предприятие — № 51”, ки қаблан дар идораи мазкур ба ҳайси Директори Ассотсиатсияи нақлиёти автомобилии мусофирбари Тоҷикистон дар ВМКБ ва ҳамчунин яке аз кормандони масъули  ин ҷамъият будааст, зимни суҳбат ба мо гуфт, «қабл аз гирифтани 29 автобуси мусофирбар собиқ раҳбарони шаҳру навоҳӣ нахуст бояд ба АТП-51 муроҷиат мекарданд. Яъне идораи мазкур ягона коргоҳе дар вилоят мебошад, ки барои макони ҷойгиршавии доимии чунин автобусҳо мусоид буд. Ва кулли ронандагони касбие, ки махсус бо нақлиёти калони мусофирбар сарукор доштанд, расман дар қайди ҷамъияти мазкур қарор доштанд».

— Аммо он вақт касе интизор набуд, ки масъулин аз 29 автобуси президентӣ фақат се ададро барои шаҳри Хоруғ ба тавозуни АТП-51 мегузаронанд. Ва 26 адади дигарро ба ихтиёри собиқ роҳбарони навоҳӣ месупоранд. Баъзе аз роҳбарони ноҳияҳо бошанд, дар интихоби ронандагон аз усули «хешу таборӣ» истифода карданд,- гуфт ҳамсуҳбати мо.

Вале чунин сурат гирифтани тақсимоти автобусҳои президентӣ ва ба зиммаи раҳбарони навоҳии ВМКБ вогузор кардани онҳо супориши ҳукумати марказӣ буд. Масалан, дар санади воридотии № 122, 13 таърихи 30.09.2008, ки аз ҷониби собиқ Сарвазири кишвар Оқил Оқилов ба дастгоҳи Раиси вилоят тариқи ҳуҷҷати воридотии №21841, “08”.10.2008 шуъбаи умумии мақомоти вилоят дохил шуда буд, аз ҷумла омадааст: «Барои нақлиёти мазкур, яъне автобусҳои президентӣ дар ноҳияҳои вилоят бояд марказҳои фаннӣ таъсис дода шаванду назорати фаъолияти мақсадноки онҳо ба зиммаи раисони ноҳияҳо вогузор гардад».

Вобаста ба ин супориш раиси онвақтаи ВМКБ Қодири Қосим мувофиқи қарори №258 аз 20 октябри соли 2008 «Дар бораи таъсис додани марказҳои техникӣ», сифатнок ва мувофиқи талаботи соҳавӣ фаъолият кардани автобусҳои мазкур раисони шаҳру навоҳиро муваззаф мекунад.

Дар ин бора коршиноси соҳаи нақлиёт Нуриддин Назархудоев зимни як суҳбат ба мо гуфт, ки «агар идораи давлатӣ ё худ ҷамъияти хусусӣ мувофиқи шартномаи меҳнатии тарафайн байни ронандаву корфармо фаъолияташро роҳандозӣ кунаду таваққуфгоҳ, ё худ мавзеи ҷойгиршавии доимии нақлиёти калони мусофирбар дар макони зисти ронанда бошад, пас ин истгоҳи доимӣ бояд ба ҳамаи талаботҳои нақлиётии мусофирбарӣ, аз қабили бехатарии зидди сӯхтор, ҳолати дурусти техникӣ барои таъмиру тармими нақлиёт ва ғайра ҷавобгӯ бошад».

Аммо рафти тадқиқот нишон дод, ки воқеияти ҳол дигар будааст. Мувофиқи санади воридотии №122, 13 таърихи 30.09.2008, ки аз ҷониби собиқ Сарвазири кишвар Оқил Оқилов ба дастгоҳи Раиси вилоят тариқи ҳуҷҷати воридотии №21841, “08”.10.2008 ба шуъбаи умумии мақомоти вилоят дохил шуда буд, дар ноҳияҳои ВМКБ ягон маркази техникӣ амал накардаасту автобусҳои мазкур дар мавзеи истиқоматии ронандагони навоҳӣ ҷой мегирифтаанд. Ва барои онҳо нафаре аз масъулини навоҳӣ шароити мусоидро фароҳам наовардааст.

Ба гуфти ҳамсуҳбати мо Гавҳар Мамадиброҳимов, «муттасаддиёни навоҳӣ бар он буданд, ки аз уҳдаи нигаҳдошти чунин нақлиёт баромада метавонанд. Лекин иқрор бояд шуд, ки ба зимма гирифтани фаъолияти мунтазами автобусҳои мусофирбар кори оддӣ нест. Маҳз иллати номусоиди шароити фаннӣ барои автобусҳо боис гардид, ки соли 2008 беш аз шаш моҳ дар ҳолати беназоратӣ қарор доштанд».

Чунин сабабҳо боис гардиданд, ки собиқ раиси вилоят Қодири Қосим қарори дигарро таҳти №5 аз 20 январи соли 2009 роҳандозӣ намуд. Яъне  қарори мазкур оид ба вобаста намудани автобусҳои президентӣ ба ҶСШК ПП АТП-51 буда, аз ҷумла дар банди як ва сеи ин қарор чунин дарҷ шудааст:

«1. Бо мақсади беҳтар ба роҳ мондани хизматрасонии мусофиркашонӣ дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят нақлиёти мусофиркашонӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кӯмаки башардӯстона ҷудо гардидаанд, ба ҶСШК ПП АТП-51 дар доираи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста карда шаванд.
2. ҶСШК ПП АТП-51 вазифадор карда шавад, ки ҷиҳати мақсаднок истифода бурдан ва дар ҳолати баланди техникӣ нигоҳ доштани нақлиёти мусофиркаш, ба сифати ронанда мутахассисони ботаҷриба ва бо собиқаи кории на камтар аз 15 сол доштаро қабул намояд».

Аз ин бандҳои қарор бармеояд, ки собиқ роҳбарияти вилоят ғайр аз вогузор кардан ва дар ҳолати вижагӣ нигоҳ доштани нақлиёт ба ҷамъияти зикршуда дастур додааст, то ронандагони тахассусиро ба кор ҷалб кунад. Яъне аз ин ишора маълум мешавад, ки ронандагони қаблӣ, ки соли 2008 бо ибтикори масъулини навоҳӣ таъйин шуда буданд, барои рондани нақлиёти номбаршуда комилан уҳдабаро набуданд. Чунки барои пайваста дар вазъи дурусти техникӣ нигоҳ доштани автобусҳо ва нигаҳдории ҳамаи қисмҳои онҳо ронандагон низ ҷавобгар ҳастанд.

Бинобар тавзеҳоти Ҷумъа Мискиншоев, собиқ директори иҷрокунандаи АТП-51, “ҳар як ронандаи нақлиёти мусофирбар дар худ гувоҳномаи қатъии вобастакунӣ дорад, ки мувофиқи он ронанда вазифадор аст автомашинаи ба ӯ вобасташударо махсус назорат кунад”.

Аммо воқеият он аст, ки раҳбарияти вилоят ба пазироии ҳайати автобусронони тахассусӣ дар қарори №5, банди дуввум бо ишораи возеҳ зикр кардааст.

Идомаи қарори мазкур чунин аст: «Рӯйхати автобусҳои мусофиркаш, ки аз тарафи Президенти мамлакат кӯмак карда шуданду ба ноҳияҳо ва шаҳр вобаста гардиданд, чунин аст.  Ҳамагӣ 29 адад автобус:

№      суроға                     адад

1    ноҳияи Дарвоз                 4
2    ноҳияи Ванҷ                     4
3    ноҳияи Рӯшон                  4
4    ноҳияи Шуғнон               4
5    ноҳияи Роштқалъа        3
6    ноҳияи Ишкошим          4
7    ноҳияи Мурғоб                3
8    шаҳри Хоруғ                    3

Мамадиброҳимов қайд кард, ки “соли 2009 вақте 29 адад автобуси президентиро аз тавозуни ноҳияҳо ба ихтиёри АТП-51 супориданд, аллакай баъзе қисмҳои техникии онҳо, аз қабили калидҳои эҳтиётӣ, чархҳои резинӣ, радиоприёмник ва динамикҳои савтӣ дуздӣ шуда буданд. Аммо баъдан барои нақлиёти зикршуда мувофиқи талабот ронандагони касбиро аз ҳисоби идораи  АТП – 51 таъйин кардем ва кору фаъолиятамон самаранок сурат гирифт. Автобусҳоро бо маром аз қисмҳои эҳтиётӣ таъмин намудему ронандагон ҳам саривақт маблағи коркардаро ба АТП – 51 пардохт карда, ҳаққи маоши худро мегирифтанд”.

Худи ронандагон гуфтаҳои болоро рад карда, маҳз бо сабабҳои таъмин нагардидани талаботҳои моддиву техникӣ онҳо аз кор рафтаанд. Ва аз ҳама аҷибаш он аст, ки масъулини АТП-51 бо ягон тан аз ронандагонаш шартномаи меҳнатии тарафайн набастааст.

Сабаби бидуни шартнома фаъолият намудани ронандагонро аз масъулини коргоҳи мазкур пурсон шудем, ки чаро чунин заминаи ҳуқуқӣ дар идораи шумо ҷой дорад?! Дар ҷавоб аҷаб посухе гирифтем. «Бо ронанда шартномаи меҳнатӣ бастан ҳеҷ суде надорад, чаро ки ӯ ба моҳияти он сарфаҳм ҳам намеравад. Вале ин корро бояд пешакӣ собиқ директори иҷрокунандаи АТП-51 Ҷумъабек Мискиншоев анҷом медод»,- қайд кард ҷаноби Мамадиброҳимов.

Паҳлуи дигари масъала он аст, ки дар замони ба тавозуни АТП-51 баргардондани автобусҳо низ қарори раиси вилоят дуруст амалӣ нашудааст. Инро мо ҳангоми суҳбат бо худи ронандагон мушаххас намудем.

Ронанда Рамонбек Элчибеков ҳанӯз аз замони шӯравӣ, то давраи фаъолияти автобусҳои президентӣ дар АТП – 51 кор мекунад. Номбурда мегӯяд, ки «банда расман то ҳол ҳам дар қайди АТП – 51 ба ҳайси ронанда ҳастам, вале маоши худро фақат то замони пасошӯравӣ мегирифтаму халос». Номбурда зимни суҳбат гуфт, ки “вақте ба мо автобусҳои мазкурро доданд, бар замми нагирифтани маблағи моҳона қисмҳои эҳтиётиро низ бо машаққати зиёд ва пули коркарди худ дастрас мекардем. Барои ҳамин баъдан автобуси тамғаи «Циунхан»-ро бо рақамҳои давлатии 17- 38 А РТ 04 худам ба масъулини онвақтаи АТП – 51 бурда супоридам. Яъне он замон нақлиёти мазкур ба пуррагӣ дар ҳолати коршоямӣ қарор дошт».

«Лекин пас аз чанд вақт аз ҳамкасбонам хабар ёфтам, ки автобуси мусофиркаши 17 — 38 А РТ 04, ки банда онро ба коргоҳи АТП — 51 супорида будам, ҳамаи қисмҳои асосӣ ва эҳтиётиашро ба яғмо бурданд»,- тавзеҳ дод Р. Элчибеков.

Воқеан аҷиб аст, вале сипас фақат корпуси автобуси «Циуанхан»-ро бо рақамҳои давлатии 17 — 38 А РТ 04 на дар коргоҳи мазкур, балки дар хонаи шахсии собиқ ронандаи дигари автобазаи 51 Имроншо Масумов, дар ноҳияи Шуғнон пайдо кардем. Он ҳақиқатан дар ҳолати вайронаву валангор қарор дорад.

Худи Имроншо Масумов гуфт, ки «феълан автобуси 17 — 38 А РТ 04 дар қайди тавозуни ноҳияи Роштқалъа мебошад. Аммо собиқ роҳбарияти АТП-51 моро муваззаф кард, ки онро аз ноҳияи зикршуда ба Шуғнон орем. То муттасаддиёни АТП-51 нақлиёти мазкурро бо майли худ бифурӯшанд. Лекин вақте ки харидорон аз ноҳияи Рӯшон омада, ҳолати техникии онро бо чашми худ диданд, дарҳол аз нияти худ даст кашиданд».

Имроншо Масумов, ки беш аз се моҳ ба ҳайси ронанда аз ноҳияи Шуғнон дар идораи АТП-51 кор мекардааст, аз он изҳори нигаронӣ кард, ки “касе моро бо маош таъмин намекард. Ба хотири таъмири автобусҳо ҳам аз тарафи коргоҳ ягон қисми эҳтиётӣ дастрас накарданд. Илова бар ин, автобусҳои мусофикашониро бо сӯзишворӣ худамон таъмин мекардем. Маҳз чунин вазъ боис гашт, ки дар назди бензинфурӯшон қарздор шудем ва баъдан маҷбур шудам кори хешро тарк кунам».

Меҳтар Меҳтаров айни замон ҳам яке аз ронандагони автобусҳои президентӣ аст ва нақлиёти ӯ феълан дар ҳолати коршоямӣ қарор дорад. Ба гуфти ӯ, «бори нахуст маро собиқ директори иҷрокунандаи АТП-51 Ҷумъа Мискиншоев ба кор даъват намуданд ва ваъда доданд, ки автобуси навро аз ҳисоби нақлиёти мазкур бароям медиҳанд. Аммо бар ивази нақлиёти нав аз ҷамъоати Дарморахти ноҳияи Шуғнон автобуси дигаре оварда доданд, ки он низ аз ҷумлаи автобусҳои президентӣ буд. Он аллакай дар ҳолати корношояӣ қарор дошт. Маҷбур шудам бо кӯмаки моддии фарзандонам, ки аз Маскав бароям пул фиристоданд, вазъи техникии автобусро мустақилона барқарор кунам. Лекин аз ҷониби коргоҳамон АТП-51 ягон бор маош ва таъминоти техникии нақлиёт ҷудо нашудааст».

Гавҳар Мамадиброҳимов бошад, гуфтаҳои дар боло зикшударо ба таври дигар шарҳ медиҳад: «Ронандаи автобуси мазкур, ки дар ҷамоати деҳоти Дарморахти ноҳияи Шуғнон фаъолият дошт, корманди АТП-51 набуд. Идораи мазкур ба хотири мусофиркашонӣ барояш варақаи сафарӣ надода буд. Аз чунин вазъи ногувор ва фаъолияти номуназзами АТП – 51 собиқ раҳбарияти вилоят огоҳӣ ёфта, санаи 28 майи соли 2010 қарори навбатӣ, таҳти №109 рӯи кор меорад. Дар бандҳои 3, 7, 4-и он аз ҷумла зикр гардидааст:
«3. Ҷиҳати дар сатҳи лозимӣ фаъолият надоштани Ассотсиатсияи мусофиркашонии вилоят, масъалаи аз нав дида баромадани сохтори он тибқи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ба Ассотсиатсияи мусофиркашонии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод ва ирсол карда шавад.
7. Қарори раиси вилоят аз санаи 20.09.2009, №5 «дар бораи вобаста намудани  нақлиёти мусофиркашонӣ ба ҶСШК ПП АТП №51» аз эътибор соқит дониста шавад.
4. Нақлиёти мусофиркашонии мазкур аз тарафи ҳукумати кишвар ҷудо гардида, ба мақомоти маҳаллии шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят вобаста карда шаванд».

Аммо пас аз ду сол, собиқ роҳбари дастгоҳи раиси вилоят Таваккал Рамазонов мувофиқи дастури Қодири Қосим ба раисони шаҳру навоҳии ВМКБ барқиянома таҳти №82 аз санаи 05.04.2013 ирсол мекунад, ки «ҷиҳати ба таври фаврӣ ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои техникӣ ва ба мувозинаи муассисаҳои давлатӣ гузаронидани нақлиёти мусофирбарии соли 2008 ҷудогардида чораҳои зарурӣ андешида шаванд. Маълумот оид ба теъдоди автобусҳо, номгӯи тамға, рақамҳои давлатии муваққатӣ, муҳаррик, бордон ва ба кадом муассиса вобаста шудани онҳо, дигар санадҳои зарурии вобаста ба он то 15.04.2013 ба дастгоҳи раиси вилоят пешниҳод карда шавад».

Дар ҷавоби барқияи таҳти №82 маҳз муовини аввали раиси ноҳияи Рошқалъа Давлатшо Мамадшоев посухи мушаххас медиҳад, ки муҳтавои он дар санади №76 аз 16.04.2013 омадааст: «Мувофиқи қарори раиси ВМКБ  аз 20.01.2009 №5 «оиди вобаста кардани нақлиёти мусофиркашонӣ ба ҶСШК  АТП-51» автобусҳои «Циун-хани» рақамҳои давлатии 17 — 38 А РТ 04, 17 — 40 А РТ 04, 17 — 43 А РТ 04 аз тавозуни ноҳияи Роштқалъа ба ин ҷамъият гузаронида шудаанд. Тибқи қарори раиси вилоят аз 28.05.2010 №109 ин автобусҳо ба тавозуни мақомоти маҳаллии шаҳру ноҳияҳо баргардонида шуданд. Лекин бозгардондани автобусҳо мутобиқи банди 5 қарори №109 сурат нагирифта, то ҳозир нақлиёти мазкур дар ҳолати ғайрикорӣ, вайрону валангор дар ҳавлиҳои ронандагон Сафаров А., Мародмамадов М. ва Пайшанбиев Д. қарор доранд. Давоми солҳо ин автобусҳо ягон хизмати мусофирбариро иҷро накардаанд. Оиди онҳо дар мақомоти маҳаллии ноҳияи Роштқалъа ягон ҳуҷҷат вуҷуд надорад ва нисбати ин ҳолат соли 2012 ба мақомоти прокуратураи ноҳия бо мактуб муроҷиат карда шуд».

Санади мазкур бори дигар собит мекунад, ки ғайр аз камбудиҳои зикршуда, дар мавриди автобуси Циун-хани 17 – 38 А РТ 04 низ зикр шудааст. Яъне вақте ки ронанда Раҳмонбек Элчибеков онро ба АТП-51 супоридааст, нақлиёт дар ҳолати корӣ будааст. Аммо ба ноҳияи Роштқалъа автобуси 17 – 38 А 04 РТ замоне гузаронида шудааст, ки дар ҳолати корношоямӣ қарор доштааст ва ба дар чунин ҳолат қарор доштани он бевосита собиқ раҳбарони АТП-51 ҷавобгаранд.

Феълан дар ноҳияи Ванҷ аз чор адад автобуси президетӣ амсоли тамғаи «Шаолинбус» ва «Чанкабус» фақат як автобуси Чанкабус дар ҳолати миёна кор мекунаду халос. Ба гуфти сардори хоҷагии манзиливу коммуналии ноҳияи Ванҷ Одина Пиров, «соли 2013 аз рӯзи аввали ба тавозуни идораи мазкур гузаштани автобусҳо танҳо як адад ҳамчун нақлиёти мусофиркаш каму беш фаъолият мекард. Се автобуси дигар, ки ҳанӯз пешакӣ ба мақомоти маҳаллии ноҳия вобаста гардида маҳсуб меёфтанд, дар ҳолати валангору корношоямӣ буданд».

Мувофиқи шарҳи мудири шуъбаи иқтисод ва савдои назди мақомоти маҳалии ноҳияи Рӯшон Абдумамад Абдумамадов, «аз ҳисоби 4 адад автобусҳои мазкур, ки ба ноҳияи мо ҷудо шуда буданду айни замон дар тавозуни АТП-51 қарор доранд, як адад дар мавзеи Шипад ба вазъи вайрону аз кор монда буда, дигаре дар водии Дерӯшон ҷиҳати надоштани баъзе қисмҳои асосӣ аз фаъолият бозмондааст. Агарчи ду нақлиёти дигар дар ҳолати корӣ қарор доранд, вале то ба ҳол хизмати мусофиркашониро роҳандозӣ накардаанд. Танҳо дар фасли тобистон дар истироҳатгоҳҳои мактабӣ толибилмонро ба ин автобусҳо мекашонанду халос».

Ҳамин тавр, раиси ноҳияи Мурғоб Мирзабай Ҷошбаев дар санади №40 аз 24.04.2013 ба барқияи №82-и дар боло зикршуда посухи расмӣ додааст, ки «аз се  адад нақлёти ба ноҳия ҷудогардида як адад автобуси калони тамғаи «Шаулинбус» аз вақти дохилшавӣ ба ноҳия дар ҳолати корношоямӣ қарор дорад».

Вазъи автобусҳои президентӣ дар ноҳияи Ишкошим низ чунин аст. Дар ин бора раиси ноҳияи Ишкошим Зикрхудо Самадов гуфт, ки «ҳоло дар ноҳия ҳамаи автобусҳо дар ҳолати корношоямӣ ҳастанду ягонтояш фаъолият намекунанд. Бо ҳарфи дигар агар гӯем, феълан кори онҳо дар Ишкошим ба вазъи «муаллақ истода» ба идораи «Агролизинг»-и ноҳиявӣ вобаста карда шудаанд. Аммо ҳамаи онҳо дар ҳолати корношоямӣ, дар ихтиёри ронандагони ноҳиявӣ мебошанд».

Азиз Гиёҳев, раиси ноҳияи Шуғнон низ дар суҳбат бо мо ин нуктаро равшан сохт, ки «аз чор нақлиёти ба ноҳияи Шуғнон вобаста гардида ҳоло танҳо ду автобусе, ки ба шуъбаи фарҳанги ноҳия вогузор гардидаанд, кор мекунанду халос».

Яъне тавре аз тавзеҳоти роҳбарон ва масъулини навоҳӣ маълум гашт, он автобусҳои президентӣ, ки бо мақсади бартараф кардани мушкили нарасидани нақлиёти мусофиркаш ва ба танзим даровардани ҳаракати нақлиёт дар миқёси вилоят ҷудо шуданд, ба дарди мардум нахӯрд. Илова бар ин, барои вайрону валангор ва дар ҳолати корношоямӣ нигоҳ доштани автобусҳо то ҳозир нафаре барои бемасъулятӣ ба ҷавобгарӣ кашида нашудааст.

Лекин ба гуфти Ҷумъа Мискиншоев, собиқ директори иҷрокунандаи АТП-51: «Нақлиёти мазкур соли 2009 фақат ба ҳамин хотир ба идораи мо вобаста карда шуданд, то мо ҳуҷҷатгузориву қайди гумрукии онҳоро аз ҳисоби маблағи хеш барқарор созем. Яъне замоне, ки мо ин корро ба анҷом расондем, сипас бо қарори №109 соли 2010 автобусҳо аз тавозуни идораамон гирифта шуданд. Албатта, нахуст ронандагонро ҳам шахсан худи собиқ раҳбарони навоҳӣ ба кор ҷалб намуданд. Бинобар ин, аксари ронандагон пеши мо ҳатто наомаданду онҳоро бо чашми худ ягон бор надидем ва шартномаро низ ба ин хотир набастем. Бояд иқрор шавем, ки мо ҳам аз уҳдаи нигаҳдошти автобусҳо набаромадем, вале барои аз истифода баромадани онҳо пеш аз ҳама ронандагон ҷавобгаранд. Чаро ки автобусҳо шахсан ба номи ҳар яке аз онҳо мувофиқи шаҳодатномаи вобастакунӣ вогузор гардиданд».

Ғозибек Иброҳимбеков, мудири шуъбаи саноат, энергетика ва коммуникатсияи дастгоҳи раиси вилоят, ки соли 2008 ба ҳайси муовини аввали раиси ВМКБ кор мекард, ин нуктаро чунин шарҳ дод: «Вақте 29 автобуси мусофирбарро бори аввал ба вилоят оварданд, ҳамаи онҳо дар ҳолати хуб буданд ва ягонтои он нуқси техникӣ надошт. Агар ҳолати таъминоти фаннии онҳо хароб гардида бошад, пас чаро масъулини шаҳру навоҳӣ ва хусусан АТП-51 нақлиёти зикршударо муддати тӯлонӣ ба тавозуни худ дароварда, автобусҳоро ба хотири хизматрасонии мусофирбарӣ қабул карданд???».

http://faraj.tj/index.php/tj/mintaqa/11318-badakhshon-avtobus-oi-prezidentro-k-toro-kard.html

Некрӯз НАВРӮЗОВ,
Машҳур ИМОМНАЗАРОВ

 

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

17 − четырнадцать =

Последнее

Популярное