Без рубрики

IWPR силсилаи тренингҳоро барои журналистони тоҷик дар мавзӯи ҳуқуқи инсон ва озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон ба анҷом расонд

27.12.2016

 

Аз 21 то 24-уми ноябри соли равон дар Душанбе тренинги хотимавӣ аз силсилаи тренингҳо дар мавзӯи “Стандартҳои байналхалқии инъикоси масоили ифротгароӣ, ҳуқуқи инсон ва озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон” доир намуд, ки дар он 14 нафар журналистон аз расонаҳои кишвар ва Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон ширкат намуданд.

Ҳадафи асосии силсилаи тренингҳо ин боло бурдани сифат ва зиёд кардани мақолаҳои таҳлилии касбӣ дар мавзӯи мубориза бурдан бо ифротгароӣ ва тундгароӣ байни ҷавонон мебошад. Инчунин инъикос ва омода намудани маводҳои мултимедӣ дар мавзӯи озодиҳои динӣ ва ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо истифода аз технологияи нав аст.

20161221_161203Ба ҳайси тренер Лола Олимова, муҳаррир ва тренери IWPR дар Тоҷикистон, ва Аҳлиддин Салимов хабарнигори оҷонсии иттилооотии “Азия плюс” баромад карданд.

Дар қисмати аввали тренинг, ба иштирокчиён донишҳои назариявӣ дар мавриди мафҳумҳои дахлдор ва меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мубориза бо ифротгароӣ ва  терроризм, журналистикаи медиативӣ, истифодаи усулҳои пропаганда ва контрпропаганда дода шуд. Иштирокчиёни тренинг омилҳо ва сабабҳои ҷалб шудани ҷавонон ба сафи гурӯҳҳои тундгаро ва нақши ВАО дар мубориза бурдан бо ифротгароию тундгароиро омӯхтанд.

Ба ҳайси коршинос, исломшинос Саидаҳмад Қаландаров баромад намуда ба журналистон дар мавриди таҳаммулпазирӣ ва инсондӯстдорӣ дар Ислом нақл кард. Ӯ шарҳ дод, ки чи тавр ҷалбкунандаҳо, яъне “интернет-имомҳо” оятҳо ва ҳадисҳои Исломро ба хости худашон шарҳ дода, ба ин роҳ ҷавононе, ки донишҳои динии суст доранд, ба сафи худ ҷалб мекунанд.

20161221_100933

Коршинос  аз Қуръони Карим оятҳои зиёдеро овард, ки куштори одамони бегуноҳ манъ кардаст, таҳаммулпазирӣ дар Ислом ва инчунин тафсири ҳақиқии истилоҳи «ҷиҳод» ро шарҳ доданд. «Идеяи асосии тамоми Қуръон ба ташаккули инсони комил равона шудааст», — гуфт коршинос.

20161223_112525Дар қисмати дуюми тренинг ба иштирокчиён журналистикаи чандрасонаӣ омӯзонида шуд. Хабарнигорон технологияи мобилиро омӯхта  мустақиман аз барномаҳое ба монанди canva.com, easel.ly, batchegeo.com, timeline, Sound cloud bambuser, androvid, rec, tap machine, VivaVideo, yasni.com кор гирифтанд, ки дар  кори минбаъдаи онҳо хеле муҳим буда, то аз усулҳои навини журналистикаи чандрасонаӣ қафо намонанд.

20161221_101903Барои таҳким додони донишҳои худ ба иштирокчиёни тренинг, телефонҳои ҳозиразамон ва дорои хусусиятҳои баланди технологӣ дода шуд, ки дар фаъолияти минбаъда барои онҳо ёрдамчии хуб хоҳад шуд.

Мавриди зикр аст, ки пештар ду тренинги чоррӯза барои хабарнигорони минтақаҳои Суғд Хатлон гузаронида шуд. Барои иштирок дар силсилаи тренингҳо аз байни 62 нафар номзад, ҳамагӣ 36 нафар интихоб шуданд, ки дархостҳои худро ба озмуни IWPR дар Тоҷикистон дар моҳи октябри соли ҷорӣ, пешниҳод карданд.

Бо мақсади риояи меъёрҳои байналмилалии журналистика ва қонунҳои кишвар ҳангоми инъикоси мавзӯъҳои ҳассос, дафтари IWPR ба хабарнигороне, ки дар ин силсилаи тренингҳо иштирок намуданд,  маслиҳату машваратҳои ҳуқуқӣ таъмин мекунад.

Назари иштирокчиёнро аз инҷо тамошо кунед: video

 

Добавить комментарий


Последнее

Популярное