Без рубрики

IWPR дар Тоҷикистон силсилаи лексияҳои озодро дар мавзӯи “Пешгирии ҷавонон аз гаравиш ба гурӯҳои ифротӣ” ба анҷом расонд

27.12.2016

Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, силсилаи лексияҳои озодро барои ҷавонони кишвар дар доираи лоиҳаи «Тавонмандсозии ВАО ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ барои мусоидат ба ислоҳоти демократӣ дар Тоҷикистон» ба анҷом расонд, ки он аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо дар доираи барномаҳои “Дастгоҳи Аврупо барои рушди демократия ва ҳуқуқи инсон» (EIDHR) дар якҷоягӣ бо Ҳукумати Норвегия маблағгузорӣ мешавад.


Дар мавзӯи “Пешгирии ҷавонон аз гаравиш ба гурӯҳои ифротӣ” барои беш аз 250 нафар донишҷӯёни Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон ба анҷом расонд.

Қисмати ҷамъбастии силсилаи лексияҳои озод аз аввали моҳи ноябр то декабри соли 2016 барои зиёдтар аз 250 донишҷӯйи Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон гузаронида шуданд. Чунин лексияҳои озод дар мавзӯъҳои гуногун дар дигар минтақаҳои Тоҷикистон низ гузаронида шуданд.

20161104_143343

Силсилаи лексия озодро барои донишҷӯёни чор факултети Донишгоҳи славянӣ, олими шарқшинос, Саидаҳмад Қаландаров ва ҷонишини Ректори Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон оид ба муносибатҳои байналхалқӣ, Умед Мансуров гузаронданд. Мавзӯъҳои лексияҳои озод гуногун буданд, аз ҷумла “Ислом ва терроризм”, “Таҳаммулпазирӣ дар Ислом”, “Ҷиҳод дар ҷаҳони муосир”, “Ифротгароӣ дар шароити кунунии Тоҷикистон”, “Салафиҳо киҳо ҳастанд ва чӣ хатар доранд”.

Баромадкунандаҳо диққати махсус ба заминаи ҳуқуқии таҳаммулпазирӣ ва мубориза бар зидди терроризм ва экстримизм доданд, ки ҷавононро метавонанд бо тафсири оятҳои Қуръон ва ҳадисҳоро мувофиқи табъи дили худашон, истифода бурда, мубалиғон бо ин роҳ ҷавононро ба доми худ ҷалб мекунанд. Онҳо ба донишҷӯён, таҳаммулпазирӣ дар Ислом ва инчунин тафсири ҳақиқии истилоҳи «ҷиҳод» ро шарҳ доданд, ки идеяи асосии тамоми Қуръон ба ташаккули инсони комил равона шудааст.

20161208_113412Саидаҳмад Қаландаров, зимни баромади худ қайд намуд, ки яке аз хатарҳои ҷиддии ҷаҳони муосир вусъатёбии раванди тундгароӣ, бахусус тундгароии динӣ, ифротгароӣ ва терроризм буда, он тамоми гӯшаҳои сайёраро дар бар мегирад.

“Ин амал аксаран зери шиорҳои динии бардурӯғ ва бо истифода аз арзишҳои динӣ сурат мегирад. Ӯ ҳамчунин ба он ишора кард, ки мубаллиғон, аз нокифоягии дониши динии ҷавонон истифода бурда, оятҳои Қуръон ва ҳадисҳои Пайғамбарро (с) ба тарзи худ шарҳ медиҳанд ва бо ҳамин роҳ онҳоро ба сафи ҳаракатҳои ифротӣ ҷалб менамоянд. Аз ин рӯ, ҷавонон набояд фирефтаи ваъдаҳои бардурӯғи ҳар гуна шахсони шубҳаовар гарданд ва дар сурати эҳсос намудани чунин як ташвиқот ҳатман бояд худро аз чунин нафарон канор гиранд” қайд кард ӯ.

20161208_112831Муовини ректор оид ба муносибатҳои байналхалқии ДСРТ, Умед Мансуров, аз нигоҳи ҳуқуқӣ ва қонунгузории кишвар мавзӯъро шарҳ дода, ба донишҷӯён дар мавриди гурӯҳҳои экстримистиву террористӣ, ки фаъолияташон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст, маълумот дод. Ҷаноби Мансуров инчунин қайд кард, ки мубаллиғони ҳаракатҳои ифоротӣ барои ба доми худ даровардани ҷавонон, бештар аз технологияҳои иттилоотии муосир, аз ҷумла шабакаҳои иҷтимоӣ истифода мекунанд.

Дар ҷамъбасти ҳар як лексия озод дар донишгоҳ баҳсу мунозира ва саволҳои гуногун аз ҷониби донишҷӯён пешниҳод мегардиданд, ки коршиносон бо мисолҳо ва далелҳои асоснокшуда ба саволҳои  донишҷӯён посух мегардонданд.

Мавриди зикр аст, ки чунин лексияҳо дар тамоми минтақаҳои кишвар аз ҷумла дар донишгоҳҳои Хуҷанд, Хоруғ, Қӯрғонтеппа, Кӯлоб ва водии Рашт баргузор шуд, ҳудуди 1700 нафарро дар бар гирифтанд. Илова бар ин IWPR дар якҷоягӣ бо Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ чунин лексияҳои кушодро дар баъзе аз қисмҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои афсарону сарбозон низ доир кард.

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

1 × два =

Последнее

Популярное