© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Бахши мухобиротии Тоҷикистон: Ташаббусҳои мақомдорон, ки онро хароб мекунад

Иқдоми боло бурдани арзиши Интернети мобилӣ аввалин талоши мақомоти тоҷик барои пур кардани буҷа аз ҳисоби бахшҳои нисбатан дар ҳоли рушд нест. Дар гузашта низ мақомот чунин ташаббусҳои дигаре низ роҳандозӣ карданд, ки бештари онҳо муваффақ буд.

English На русском


Ба канали мо дар Telegram бипайвандед!


Оғози соли 2010 таваҷҷуҳи мақомот ба бахши мухобирот бештар шуд. Дар акс Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ. Акс аз: Today.tj
Оғози соли 2010 таваҷҷуҳи мақомот ба бахши мухобирот бештар шуд. Дар акс Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ. Акс аз: Today.tj

Миёнаҳои солҳои дуҳазорум Тоҷикистон аз нигоҳи рушди IT-технология яке аз пешқадамҳо маҳсуб мешуд. Барои мисол, мо аввалин кишвари ИДМ будем, ки моҳи июни соли 2005 шабакаи насли сеюм — 3G, стандарти UMTS-ро ҷорӣ кардем.

Худи бахши мухобирот дар кишвар босуръат рушд мекард. Ширкатҳои мобилӣ чандин бор ҷоизаи “Беҳтарин андозсупоранда”-и Кумитаи андозро ба даст оварданд. Ширкатҳои нави мобилӣ ва фароҳамкунандаи интернет фаъол шуданд, даромадҳо низ афзуд ва таносубан ба буҷа ҳам маблағи бештар ворид гардид. Бо гузашти чанд фурсат ин бахш ба яке аз соҳаҳои барои сармоягузорӣ нисбатан муфид табдил ёфт.  

Молиёт барои “зарар”

Оғози солҳои 2010-ум дар пайи коҳиши мизони даромад дар бахшҳои дигари иқтисодӣ таваҷҷуҳи мақомот ба соҳаи нисбатан дар ҳоли тавсеаи мухобирот бештар шуд. 

Соли 2011 мақомот аз “зарар”-и “нӯрҳо”-и телефони мобилӣ ба саломатии одамон суҳбат карданд. Ин ҳам дар ҳоле ки маълумоти илмии тасдиқкунандаи воқеии ин хатар мавҷуд нест.  

Дар шабакаҳои телевизиони давлатӣ гузориш ва барномаҳои махсус, ки аз зарари алоқаи мобилӣ қисса мекард, пахш шуданд. Дар ин мавзӯъ ҳатто президент ҳам суҳбат кард. Дар натиҷа “барои зарар ба саломатӣ” ба алоқаи мобилӣ андози аксизии 3 дарсадӣ ҷорӣ гардид. Соли 2014 ҳаҷми ин андоз то 5% боло бурда шуд.

Мавриди тазаккур аст, ки ҳамон сол ба курсии раҳбари Хадамоти алоқа Бег Зуҳуров (баъдан насаби худро ба Бег Сабур тағйир дод) нишаст.

Бег Зуҳуров самти рушди бахши мухобироти Тоҷикистонро муайян кард. Акс аз ozodi.org
Бег Зуҳуров самти рушди бахши мухобироти Тоҷикистонро муайян кард. Акс аз ozodi.org

 Он замон ин ниҳод тобеи Вазорати нақлиёт ва мухобирот буд. Ҳамагӣ баъди чанд моҳи таъин шудани Бег Зуҳуров Хадамоти алоқа аз Вазорати нақлиёт ва коммуникатсия ҷудо ва ба як ниҳоди мустақил дар назди ҳукумати кишвар табдил ёфт. Ва Бег Зуҳуров мустақилона самти рушди тамоми бахши мухобироти Тоҷикистонро муайян кард.   

“Муҷозот”-и кормандони зиддиинҳисорӣ бо “нархи пасти монополияшуда”

Оғози соли 2010 арзиши хизматрасониҳо ҳатто поин рафт. Дар бозори алоқа ҳамчунон рақобати баланд ҳифз шуд. Барои ҷалби муштариён ширкатҳое, ки дар Русия шарик доштанд ё намояндагӣ/шӯъбаи ширкатҳои русӣ ё операторҳои фаромиллии мобилӣ буданд, арзиши гуфтугуҳоро бо муштариёни Русия тақрибан ба сифр расонданд.    

Дар натиҷа ба “мубориза бо нархҳои поини монополӣ” Хадамоти зиддиинҳисорӣ пайваст шуд. Ин ниҳод эълон кард, арзиши суҳбатҳо бо муштариёне, ки дар қаламрави Русия қарор доранд, то 12 сент барои як дақиқа боло бурда шавад.

Нархномаҳои нав мебоист аз моҳи майи соли 2011 мавриди амал қарор мегирифт, аммо ширкатҳои “Таком” (Beeline), Tcell, “Вавилон-мобайл” ва “ТТ-мобайл” (“Мегафон-Тоҷикистон”) ин корро анҷом надоданд. Дар натиҷа, соли 2012 ҳар яке аз ин ширкатҳо ба 300 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (12 ҳазор сомонӣ) ҷарима шуданд. Моҳи ноябри ҳамон сол бошад, муштариён паём гирифтанд, ки гуфтугуҳои онҳо бо муштариёни русиягӣ на камтар аз 12 сент арзиш хоҳад дошт.

3 миллион доллар дар як сол

Соли 2015 Хадамоти алоқа тасмим гирифт, арзиши пардохти абонентиро барои SIM-кортҳо то 80 дирам/моҳ баланд кунад. Пардохти абонентӣ то он вақт чизи наве набуд, аммо бо далели хеле поин будани арзиши он ширкатҳои мобилӣ аз ҳисоби даромадҳои худ баробар мекарданд.   

Аммо баъди то 1,8 сомонӣ боло бурдани он бар души муштариён пардохти иловагие дар ҳаҷми 80 дирам пардохти абонентии моҳона барои истифода аз рақам бор карда шуд. Беш аз 3 миллион муштарӣ ҳармоҳа зиёда аз 2,5 миллион сомонӣ пардохт мекунанд. Солона ин маблағ тақрибан ба 30 миллион сомонӣ (беш аз $3 млн.) баробар мешавад.

Бозгашти сарбаландонаи МЯК

Соли 2015 дар майнаи мақомот идеяи 10 сол қабл радшудаи таъсиси Маркази ягонаи коммутатсионӣ (МЯК) аз нав зинда шуд. Акнун ҳадафи таъсиси он “мубориза бо терроризм” ва ҳисоб кардани трофики операторҳои мобилӣ эълон гардид.    

Ин навбат Хадамоти зиддиинҳисорӣ зидди мавқеи Хадамоти алоқа иқдом накард. Дар натиҷа дар остонаи соли нави мелодӣ ҳукумати ҷумҳурӣ зери фармони таъсиси МЯК дар назди Хадамоти алоқа имзо гузошт. Акнун тамоми трофики содиротӣ – интернет ва савтӣ тавассути танҳо як нуқтаи ягона мегузаранд.   

Маълумоти расмӣ дар мавриди ин ки барои таъсиси марказ чӣ қадар маблағ харҷ шудааст, мавҷуд нест. Аммо бархе расонаҳо хабар доданд, барои МЯК ба маблағи ҳудуди 50 миллион доллари амрикоӣ дастгоҳ харидорӣ шудааст. Дар ҳар сурат тамоми ин хароҷот бар ҳар навъе бар души ширкатҳои мухобиротӣ ва истифодабарандаҳои хизматрасониҳои онҳо афтидааст.   

Чӣ гуна миллион “кор” мекунанд?

Бастани ҷаримаҳои чандмиллионӣ аз ҷониби кормандони андоз ба ширкатҳои фаъоли мобилӣ зарбаи ҷиддӣ дар самти рушди бахши мухобирот гардид. Давоми солҳои 2016 ва 2017 ширкати Тселл ва Мегафон мутаносибан 155,6 ва 183,5 млн. сомонӣ (ҳудуди 20 ва 23 млн. доллар) ҷарима шуда, ширкати “Билайн” бошад, ба пардохти 151,4 млн. сомонӣ (19 млн. доллар) муваззаф шуд. Ва ин бори аввал набуд, ки ширкатҳои мобилӣ чунин ҷаримабандии калон мешуданд. Соли 2014 ширкати “Babilon-M” ба маблағи 341 млн. сомонӣ (наздики 70 млн. доллар бо қурби миёнаи соли 2014) ҷаримабандӣ шуд. Далели ин ҷаримаҳоро Кумитаи андоз “пинҳон кардани молиёт” гуфт. 

Раиси Кумитаи андоз Нусратулло Давлатзода дар парлумон. Акс аз ozodi.org 
Раиси Кумитаи андоз Нусратулло Давлатзода дар парлумон. Акс аз ozodi.org 

Мавриди ёдоварӣ аст, ки бар пояи қонун дар бораи буҷаи давлатии Тоҷикистон солҳои 2016 ва 2017 Кумитаи андоз аз тамоми маблағҳои дар натиҷаи пинҳон кардани андоз ҷамъоваришуда ҳамагӣ 30 дарсадашро дарёфт кард. Қаблан, ин нишондиҳанда 50%-ро ташкил мекард. Яъне, талаботи кормандони андоз барои афзоиши ҳаҷми ҷаримаҳо ҷиҳати пӯшонидани харҷҳояшон зиёд шуд. Эҳтимол онҳо тасмим гирифтаанд, ки маблағи зарурии ҷаримаҳоро аз ҳисоби пайдо кардани “қоидавайронкунӣ”-и ширкатҳои мобилӣ баробар кунанд.          

Иҷбор ва инҳисор

Авохири соли 2017 Хадамоти алоқа тасмим гирифт, якбора бо се навъи мамнуъият аз худ дарак бидиҳад. Аввалан – манъи тамос аз рақамҳои мобилӣ ба телефонҳои собит, ки ҳамагӣ чанд рӯз идома ёфт. Дуввум – манъи фурӯши SIM-кортҳо аз сӯйи диллерҳо; акнун ширкатҳо танҳо тавассути намояндагии расмӣ метавонистанд муштариёнро ба шабакаи худ пайваст намоянд.   

Саввум – қатъи NGN. Ин технологияро шаҳрвандон ҳамчун алтернативаи хизматрасонии гароншудаи алоқаи байналмилалӣ истифода мекарданд. Он ба одамон имкон фароҳам меовард, тавассути замимаҳои вижа бо наздикону пайвандон аз рӯи таърифаҳои дохиливатанӣ суҳбат кунанд, дар ҳоле ки соҳиби рақами NGN метавонист дар дилхоҳ гӯшаи ҷаҳон ва бо дастрасӣ ба Интернет қарор дошта бошад. Маълум аст, ки бештари муҳоҷирони меҳнатӣ маҳз онро интихоб карданд. 

Ин навбат Хадамоти алоқа истифодаи NGN-ро манъ карда, далели онро “мубориза бо терроризм” унвон кард.

Бархе ширкатҳои мобилӣ ба сифати алтернативаи NGN замимаҳои худро таҳия ва пешниҳод карданд, ки низоми кораш ба NGN шабоҳат дошт. Муштариён ба нозукӣ ва гуногунии ин технологияҳо таваҷҷуҳ накарда, зуд фоидаовар будани онҳоро дарк намуданд. Аммо баъди чанд фурсати дигар ин замимаҳо низ манъ гардиданд.

Бар иловаи шиори “мубориза бо терроризм”, мақомот пинҳон намедоштанд, ки технологияҳои нав ба шаҳрвандон имкон медиҳанд, ки маблағи худро барои суҳбатҳои байналмилалӣ сарфа кунанд ва бояд чораҳое андешида шавад, то ин суҳбатҳо нисбатан гарон бошанд, зеро давлат наметавонад молиёт бигирад.  

Провайдерҳоро аз шабакаҳои интернети худ маҳрум карданд

Соли 2018 қадам ниҳод ва мебоист дастуроти навбатӣ фикр карда шавад. Аз моҳи январи 2018 ба Хадамоти алоқа тавассути МЯК назорат кардани трофики содиротӣ кофӣ нанамуд ва он тасмим гирифт, тамоми ширкатҳои фароҳамкунандаи интернетро водор намояд, аз тамоми шабакаҳои интернетии худ даст кашида, онро танҳо аз ягона провайдери миллӣ – ҶСК “Тоҷиктелеком” бихаранд.    

Инҷо бешак монополия шудани бозор аст, аммо Хадамоти зиддиинҳисорӣ хомӯширо авло донист. Ниҳодҳои амниятӣ ҳам хомӯш буданд, ҳарчанд садамаи эҳтимолӣ дар МЯК сабаби тақрибан набудани интернет дар кишвар гардид ва хатари калидии мавҷудияти ин риштаи алоқаро дар амал собит намуд – дар ҳолати зарурӣ, ҳамла ба ин нуқтаи ягона метавонад тамоми кишварро аз иртибот бо ҷаҳон маҳрум созад.     

Ҳамзамон, Хадамоти алоқа боз як имконияти назорат ва абзори фишор ба ширкатҳои мобилиро ба даст овард. Агар дар гузашта фишанги асосӣ литсензия ё иҷозатнома буд, ки дар панҷ сол як маротиба азнав карда мешуд, ҳоло ба он имкони комилан қатъ кардани ширкатҳо аз шабакаи ҷаҳонии интернет дар сурати саркашӣ аз дастуроти Хадамоти алоқа, илова гардид.    

Ин фишангҳо кофӣ ҳастанд, то дар асоси танҳо як занги кормандони хадамот провайдерҳо ин ё он сомонаи онлайниро масдуд кунанд. Дар мавриди ин омили коррупсионӣ мешавад, як матлаби ҷудогона навишт.

 “Ошно-групп” ва мубориза бо рақибони ширкатҳо

Ҳамзамон, дар бозори алоқа ширкати наве бо номи “Ошно-гуруҳ” пайдо шуд, ки гуфта мешавад, раҳбари он писари раиси Хадамоти алоқа мебошад. Ин ширкат дар ҳудуди бархе муассисаҳои олии таълимии Душанбе нуқтаҳои пайвастшавӣ ба Wi-Fi-ро насб кард. Ин нуқтаҳо бо терминалҳои пардохт муҷаҳҳазанд – бо пардохти маблағи муайян метавонед дастгоҳи худро ба интернет пайваст кунед.   

Расонаҳо навиштанд, ки масофаи фаъолияти ин нуқтаҳо 30 метр буда, 100 МБ интернет 1 сомонӣ арзиш дорад. Маълум аст, ки мубориза бо рақибон дар симои қаҳвахонаву меҳмонхонаҳо, ки ба мизоҷони худ дастрасии ройгон ба интернетро тавассути шабакаҳои Wi-Fi-и худ пешниҳод мекунанд, оғоз шудааст.

Дар ин робита қарори Хадамоти алоқа дар мавриди сертификаткунонии ҳатмии дастгоҳҳои дар ҷойҳои зикршуда истифодамешуда, содир шуд. Ин дар ҳоле ки тамоми ин таҷҳизот аллакай сертификати мутобиқати Тоҷикстандартро доранд. Ҳатто дар сомонаи худи Хадамоти алоқа гуфта мешавад, ки барои дарёфти сертификати онҳо бояд сертификати мутобиқат пешниҳод шавад. Аммо ин ки хадамот чӣ сертификате пешниҳод мекунад, дар сомона иттилоъ дода намешавад.   

Чунин як сарнавиште ҳамагӣ чанд моҳ баъд фурӯшандаҳои телефонҳои мобилиро интизор буд. Мақомдорон изҳор доштанд, “ба хотири манфиатҳои мардум” ва барои “ҳифзи саломатии онҳо” ҳар як фурӯшандаи телефони мобилиро сертификатсия мекунанд. 

Сим-корт бар иваза 250 сомонӣ

8 августи соли 2018 дар ҷаласаи муштараки ВКД, КДАМ, Хадамоти алоқа ва чанде аз операторони мобилӣ тасмим гирифта шуд, арзиши камтарини сим-корт 250 сомонӣ (26,5 доллар) муайян карда шавад. Аз ин маблағ 215 сомонӣ барои пайвастшавӣ ва 35 сомонӣ арзиши минималии таърифа ҳисоб шуд. Баъди ҳукми амал гирифтани ин тасмим қарор буд, азнавбақайдгирии сим-кортҳо баргузор шавад, ки барои ҳар муштарӣ дасти кам 250 сомонӣ харҷ дошт. 

Мақомот нархи сим-кортҳоро то 250 сомонӣ боло бурданд. Акс аз ca-news.org
Мақомот нархи сим-кортҳоро то 250 сомонӣ боло бурданд. Акс аз ca-news.org

Инчунин шумораи сим-кортҳо барои як нафар низ маҳдуд шуд – на бештар аз ду сим-корт аз ҳар ширкати мобилӣ бо имкони бақайдгирии чанд рақам барои аъзои ноболиғи оила. Барои азнавбақайдгирии рақамҳо чанд моҳ муҳлат дода шуд.

Муаллифи ин ибтикор Вазорати корҳои дохилӣ гуфта шуд, ки ин пешниҳодро “мубориза бо терроризм” унвон кардааст. Коршиносон дар ин ҳолат ҳам имкони таъсиргузории Хадамоти алоқа ва раҳбари он Бег Сабурро ба идеяи баланд бардоштани нархи сим-кортро мебинанд.  

Дар фазои маҷозӣ мавҷи нигарониҳо баланд шуд, пушти дари нуқтаҳои хизматрасонии ширкатҳои мобилӣ бошад, анбуҳи бузурги одамон ҷамъ омаданд, ки мехостанд рақамҳои худро бо арзиши ҷорӣ сабти ном кунанд. Эҳтимоли қавӣ аст, ки маҳз ҳамин ҳолат мақомотро маҷбур кард, тасмими худро бознигарӣ кунанд, на шарҳҳои зиёди шаҳрвандони норизо дар шабакаҳои иҷтимоӣ. Авохири моҳи август президент Эмомалӣ Раҳмон талаб кард, муваққатан ин тасмим боздошта ва масъала мавриди баррасӣ қарор дода шавад.

Мессенҷерҳо мавриди таваҷҷуҳи кормандони андоз

Ҳамзамон бо сим-кортҳо, Кумитаи андоз боз як мавзӯи дигар – имкони пулакӣ кардани зангҳо тавассути мессенҷерҳоро ба миён гузошт. Ин баёнгари он аст, ки мақомот аз мавзӯи манъ кардани NGN, ки коҳиши даромад аз ҳисоби молиётситонии трофик тавассути ин шабакаро дар пай дошт, панд нагирифтаанд.

Аммо дар қиёс ба манъи NGN, ҳисоби вақте, ки муштариён барои зангҳои савтӣ тавассути мессенҷерҳо масраф мекунанд, тақрибан имконнопазир аст. Ҳадди ақал бо сатҳи рушди кунунии технологияҳои интернет-провайдерҳои тоҷик. Дар натиҷа роҳандозии ин идея муваққатан қатъ гардид, аммо комилан фаромӯш нашудааст.

Баъдтар мақомот бо ҳамин сабабҳои фаннӣ аз идеяи андозбандии ширкатҳои ҷаҳонӣ, монанди ҷӯстори Google ва шабакаи иҷтимоии  Facebook даст кашиданд.

Қоидаҳои нав

Моҳи феврали соли 2019 ҳукумати кишвар бо як қарор қоидаҳои бақайдгирии SIM-кортро муайян кард. Аз ҷумла, ба шумораи гирифтани SIM-корт маҳдудият ҷорӣ шуд – шаҳрванд ҳақ надорад беш аз ду рақам бигирад – на аз ҳар оператор, тавре ки идеяи дар моҳи августи соли сипаришуда муайян мекард, балки дар маҷмӯъ.     

Ҳамчунин Хадамоти алоқа муваззаф мешавад, азнавбақайдгирии SIM-кортҳоро бо намунаи шиносномаҳои соли 2014 (шиносномаҳои плостикӣ ё ID-корт) барои онҳое ки азнавбақайдгирии гузаштаро бо шиносномаҳои “коғазӣ” гузаштаанд, созмон бидиҳад. Барои ин 6 моҳ муҳлат дода шудааст.

Дар натиҷа, онҳое ҳам ки муҳлати шиносномаҳояшон ба охир нарасидааст, муваззафанд, шиносномаи плостикӣ бигиранд ва аз нав рақамҳои мобилии худро сабт намоянд. Дар ҳолати акс, рақамҳои азнавсабтиномнашуда қатъ мешаванд. Шиносномаи навро ҳам касе ройгон намедиҳад – он 10 доллари амрикоӣ арзиш дорад.

Гап сари ин аст, ки дар моддаи 13-и Қонун “Дар бораи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият” муҳлати амали шиносномаи шаҳрванди Тоҷикистон муайян шудааст. Танҳо бо хатм шудани муҳлати нишондодашуда амали шиноснома қатъ ва шаҳрванд муваззаф мешавад, шиносномаи нав бигирад. Ин дар ҳоле ки бо ҷорӣ кардани шиносномаҳои плостикӣ, ки соли 2014 мавриди амал қарор гирифт, шиносномаҳои намунаи соли 1996 низ мавриди амал қарор хоҳанд дошт.

Касе вазифадор нест, бо доштани шиносномаи “коғазӣ” шиносномаи плостикӣ бигирад. Бо такя ба ин, қароре ки қабл аз анҷоми муҳлати шиноснома ба амали он маҳдудият ҷорӣ мекунад ва барои иваз кардани он маҷбур месозад, ба мантиқи моддаи қонуни мазкур муғойир аст.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи ҳуқуқшинос Раҳматилло Зойиров дар кишвар механизми ба чолиш кашидани қарори ҳукумат вуҷуд надорад ва новобаста аз нақзи рӯирости қонун, шаҳрванд механизми ҳуқуқии шикоят аз болои онро надорад.

Нархҳои нави ин ҳафта

Ба назар мерасад, ҳатто худи мақомот даромади кофиеро барои харҷи ҷашнҳои бодабдабаи навбатӣ интизор нестанд ва ташаббуси ахир тасмими Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар бораи якхел кардани таърифҳо ба интернети мобилӣ мебошад. Бо назардошти он 1 МБ интернет-трофики истифодабаранда наметавонад камтар аз 5 дирам, бо иловаи аксиз ва ААИ на камтар аз 6,2 дирам бошад.   

Бо ин ҳол, 1 ГБ (1024 МБ) мебоист на камтар аз 63 сомонӣ (6,68 доллар) қиммат медошт. То ҷорӣ кардани таърифаҳои нав 1 ГБ ба ҳисоби миёна 30 сомонӣ (3,18 доллар) арзиш дошт, ҳангоми гирифтани бастаҳо ба 5-15 ГБ арзиши он то 10-20 сомонӣ барои ГБ  (аз 1,06 то 2,12 доллар) коҳиш меёфт. Ҳатто ин рақамҳо низ яке аз гаронтаринҳо дар минтақа маҳсуб меёбанд.

Дар натиҷа дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо талаби аз вазифа озод кардани мансабдорони Хадамотҳои алоқа ва зиддиинҳисорӣ иқдомҳое роҳандозӣ шуд. Ҳарорати норизоияти шаҳрвандон ба ҳадде боло рафт, ки талаби аз вазифа сабукдуш кардани мансабдорони баландмақом зиёдтар ва ҷиддитар садо медиҳанд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз вазифа озод кардани раиси Хадамоти зиддиинҳисорӣ Саъди Қодирзода талаб карда шуд. Акс аз ozodi.org
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз вазифа озод кардани раиси Хадамоти зиддиинҳисорӣ Саъди Қодирзода талаб карда шуд. Акс аз ozodi.org

Дар изҳороти расмии Хадамоти зиддиинҳисорӣ чанд ҳолате дарҷ шуда буд, аммо мехоҳам танҳо ба сетои он таваҷуҳ намоям:

  1. Ҳаҷми трофики “чоргонаи бузург” (Tcell, Megafon, Babilon-M, Beeline) 25 млрд 204 млн. МБ-ро ташкил дод;
  2. гаронтарин интернет дар ҷаҳон дар Швейтсария (18.2$), Канада (17.4$), АМА (13.5$), Кореяи Ҷанубӣ (11.4$), Ҷопон (9.4$), ИМА (7.8$) ва Норвеж (6.6$ барои 1ГБ) мебошад;
  3. Тоҷикистон дар раддабандии оҷонсии хабарии Content Review аз рӯи арзон будани интернет мақоми 19-умро ишғол мекунад.

Ин маълумотҳо баҳсбарангезанд ва ҳангоми каме ҷиддитар санҷидани он далели бузургтарин талоши дасткорӣ давоми солҳои ахир ошкор мешавад.

  1. Трофики ширкатҳо на бо МБ, балки бо ГБ ҳисоб карда мешавад. Бо МБ дар нигоҳи аввал рақами воқеан чашмгире ҳосил мешавад. Ҳарчанд ин танҳо як “фиреби назар” аст. Аммо агар ба назар бигирем, ки дар кишвар беш аз 3 миллион истифодабарандаи интернет ҳаст, пас натиҷаи хеле соддаеро мебинем, ки барои як нафар дар моҳ рост меояд. Маҳз ҳар моҳ аз ҳисоби муштарӣ маблағ ситонида мешавад, аз ин рӯ мантиқӣ мешавад, танҳо барои як моҳ ҳисоб кард: (25 204 млн. МБ / 3 млн. муштарӣ) / 12 моҳ = 700 МБ дар як моҳ. Барои муқоиса – ҳаҷми миёнаи як филм, ки наздики 1,5 соат давом мекунад, тақрибан 1400 МБ мебошад – ин ду баробар бештар аз трофике ҳаст, ки бо ҳисоби Хадамоти зиддиинҳисорӣ бо ҳисоби миёна муштарӣ масраф мекунад. Аз ин бармеояд, ки ё муштариён воқеан ҳам трофики хеле кам истифода мекунанд ё маълумотҳои пешниҳодшуда ғайривоқеиянд.  
  2.  Асоснок кардани боло бурдани арзиши интернет дар кишвари мо бо ишора ба нархи кишварҳои аз нигоҳи иқтисодӣ пешгоми ҷаҳон, на танҳо ғайримантиқӣ, балки риёкорӣ мебошад. Вақте шаҳрвандон талаб карданд, ки ба интернети арзон дар кишвари ҳамсояи мо Қирғизистон таваҷҷуҳ кунед, мансабдорон изҳор доштанд, онҷо инфрасохтори мувофиқ мавҷуд аст ва умуман мо як кишвари алоҳида ҳастем ва бояд сиёсати худро бунёд кунем. Аммо барои мустаҳкам намудани мавқеи худ, бешармона ба нархи дигар кишварҳо ишора мекунанд. Бо ин ҳол, нишондодҳои дигари иқтисодиро ба назар намегиранд. Маслан, дар сатҳи ММД барои аҳолӣ ин кишварҳо дар зинаҳои аввали раддабандии ҷаҳонӣ қарор доранд. 20 доллари шартӣ дар Швейтсария дар қиёс ба 20 доллар дар Тоҷикистон хеле  ночиз аст. Дар кишвари мо ин нисфи ҳақмузди минималӣ аст, ки ба андешаи давлат як нафар бояд як моҳ зиндагӣ кунад.  
  3. Дар раддабандии Content Review исми Тоҷикистон умуман вуҷуд надорад. Дар номаи расмии худ ниҳоди давлатии зиддиинҳисорӣ талош мекунад, тасмими худро бо иттилои дурӯғ асоснок кунад. Дуруст, баъдан онҳо талош карданд, то худро сафед созанд, гуфтанд, ки бале Тоҷикистон дар рейтинги Content Review зикр нашудааст, аммо агар мебуд, мақоми 19-ро мегирифт. 

Вақте иқдоми мансабдорон хавфнок ва зарароваранд

Тақрибан тамоми иқдомҳои ахир дар бахши мухобирот монеи рушд ва ҳатто хароб шудани он шуданд. Барои мисол, дар пайи ҷаримаҳои ширкатҳои мобилӣ онҳо имкони ворид кардани технологияҳои нав ва навсозии дастгоҳҳоро аз даст доданд.  

Маҳз бо “шарофат”-и чунин иқдомҳо соҳаи дар ҳоли рушд бо техника ва технологияи куҳнашуда боқӣ монад.    

Таҷрибаи фишори доимӣ ба бахши мухобиротӣ онро аз ҳама гуна таваҷҷуҳи сармоягузорӣ маҳрум сохт. Барои эҳёи он сиёсати нав, ки бар усулҳои рақобат, шарикии мақомот ва тиҷорат асос ёфтааст, зарур аст.    


Ин мавод дар доираи тарҳи «Giving Voice, Driving Change — from the Borderland to the Steppes Project», ки бо кумаки молии Вазорати хориҷаи Норвегия иҷро мешавад, нивишта шудааст. Назароти дарҷшуда дар ин матлаб баёнгари дидгоҳи хоси расона ва ё сарпарасти ин тарҳ нест.

Если вы нашли ошибку, пожалуйста, выделите фрагмент текста и нажмите Ctrl+Enter.

Сообщить об опечатке
Текст, который будет отправлен нашим редакторам: