Соли 2018 дар Тоҷикистон “Соли руши сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон шуда, танҳо дар нӯҳ моҳи соли равон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 4980 нафар сайёҳони хориҷӣ ворид шуданд. Ин дар ҳолест, ки , солҳои қаблӣ расман на зиёда аз 2000 нафар сайёҳ барои тамошои ёдгориҳои таърихии вилоят ташриф овардаанд. Тибқи маълумоти шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят дар нӯҳ моҳи солӣ ҷорӣ аз ҳисоби риштаи сайёҳӣ ба буҷаи вилоят 5 миллиону 651 383 сомонӣ маблағ ворид шудааст.
Тадқиқоти журналистӣ муайян кард, ки агар аз як тараф раисони ноҳияҳо ва масъулини як қатор идораву муаассисаҳои ВМКБ бемасъулиятӣ карда, ба маҳвшавии ёдгориҳои беназири таърихии вилоят роҳ медиҳанд, аз ҷониби дигар вандализм ё худ ваҳшонияти сокинон, собиқ сарҳадчиёни рус ва шаҳрвандони хориҷӣ нисбати ин осори пурқиммат сабабгор шудааст. Ғайр аз ин, ҳатто ҳолатҳои тариқи бозори сиёҳ ва ба яғмо бурдани ин ёдгориҳо аз ҳудуди вилоят аз эҳтимол дур нест.
Моҳи марти соли равон аз тарафи олимони Институти илмҳои гуманитарӣ (ИИГ) ба номи Баҳодур Искандарови Академияи Илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Дастгоҳи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гузориши махсуси таҳлилӣ перомуни хатари аз байнравии ёдгориҳои бебаҳои таърихии вилоят ворид шудааст, ки дар он аз ҷумла омадааст:
«Ҷиҳати амалӣ намудани барномаи махсуси корҳои илмӣ – тадқиқотӣ оид ба “Омӯзиш, тарғибу ташвиқ, ҳифз ва эҳёи фарҳанги моддию маънавӣ дар давоми солҳои 2012 – 2020” ва зарурияти фаҳмидани вазъи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ходимони илмии Институти илмҳои гуманитарӣ (ИИГ) ба номи Баҳодур Искандарови Академияи Илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2012 мувофиқи имкон ҳар сол ба таври инфиродӣ ва ё дар ҳайати экспедитсияҳои илмӣ – тадқиқотӣ ба деҳоти дурдасти ВМКБ ба сафарҳои хизматӣ баромаданд. Дар ин муддат маълумотҳои зиёд оид ба вазъи ёдгориҳои таърихӣ – археологӣ ҷамъоварӣ гардиданд. Натиҷаҳои ин сафарҳо ҳам дар сатҳи вилоят ва ҳам дар сатҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун бонги хатари нестшавӣ дар шакли мақолоти илмӣ – публисистӣ низ нашр гардид. Вале мутаассифона, новобаста ба ин, қарору сандаҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги кишвар, раиси вилоят, фикру дархостҳои кормандони ИИГ – ро муассисаҳои дахлдор ва шахсони масъул ҷиддӣ ба инобат нагирифта, то кунун аксарияти ёдгориҳои таърихӣ дар ҳолати ниҳоят ногувор қарор доранд.”
Яъне аз гузориши боло бармеояд, ки ғайр аз бемасъулиятӣ ва ҷиддӣ ба инобат нагирифтани кори олимон аз ҷониби сохторҳои дахлдор, ҳанӯз чанд сол қабл қарору санадҳои муайян ба мисли Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012 – 2020” таҳти рақами 577, ки аз 3 декабри соли 2011 қабул шуда, расо баъди як соли дигар аз тарафи Ҳукумати кишвар “Барномаи ҳифзи мероси фарҳангию ғайримоддии халқи тоҷик барои солҳои 2013 – 2020” ва сипас Қарори собиқ раиси ВМКБ Қодири Қосим таҳти № 10, аз 25. 01. 2012 ба тасвиб расидаро сарфи назар мекунанд.
Дар банди аввал ва сеюми Қарори № 10 – и собиқ раиси вилоят муқаррар гардидааст:
“ Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 577 аз 03. 12. 2011 “Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012 – 2020” ба роҳбарӣ гирифта, бемайлон ба иҷро расонида шавад.
Раисони шаҳри Хоруғ, ноҳияҳо, шуъбаи фарҳанги вилоят ва дигар идораю муассисаҳои дахлдор иҷрои нақшаи чорабиниҳоро таъмин намоянд ва аз рафти корҳои анҷомдода ҳар нимсола ба дастгоҳи раиси вилоят ахборот пешниҳод кунанд.”
Мавриди зикр аст, ки аз пиёда сохтани қарору барномаҳои дар боло зикршуда анқариб ҳафт сол сипарӣ мешавад, вале роҳандозии онҳо то ҳол дар ҳудуди вилоят натиҷае надода, баръакс як қатор ёдгориҳои беназир дар ҳоли нестшавӣ қарор доранд ё тамоман нобуд гаштаанд. Мисоли он, ки агар Қалъаи Ҳулбуки шаҳри Кӯлоб ба асри XI мансуб бошаду солҳои охир онро таҷдиду пурра аз нав сохтанд, Қалъаи Қаҳ – қаҳаи деҳаи Намадгути ноҳияи Ишкошим бошад асрҳои III – IV пеш аз милод пайдо шуда, калонтарин дар кишвар аст ва муҳимияти онро ба пуррагӣ то ҳол касе ҳам қадр намекунад. Илова бар ин, он баъзан аз тарафи сарбозони дидбонгоҳии сарҳадии № 3 – и Намадгути Ишкошим ҳамчун ҳоҷатхона истифода мешавад, – гуфт, собиқ директори Институти илмҳои гуманитарӣ (ИИГ), профессор Шодихон Юсуфбеков.
“Боиси таассуф аст, ки деворҳои манораи баландтарини ин қалъа низ маҳз аз тарафи худи сарбозони мо вайрон гаштанд”- афзуд Ш. Юсуфбеков.
Мувофиқи тавзеҳоти сокинони Намадгут қалъаи мазкур ҳанӯз солҳои қаблӣ ба ин ҳолат мувоҷеҳ шуда буд, аммо собиқ раиси ВМКБ Қ. Қосим аз ин рафтори низомиён дарак ёфта, баъдан онҳоро аз қалъаи Қаҳ – қаҳа бароварданд. Лекин аз чӣ бошад, ки феълан ин ёдгории беназирро аскарони дидбонгоҳи зикршуда такроран ҳамчун ҳоҷатхона истифода мекунанд.
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи табиат ва объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихӣ — фарҳангӣ», дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрӣ — ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аст.
Давлатҳои тарафдори Конвенсияи мазкур истиқлолияти давлатҳоеро, ки дар ҳудудашон мероси фарҳангӣ ва табиии дар моддаҳои 1 ва 2 муайянгардида ҷойгиранд, комилан эҳтиром намуда ва ҳуқуқҳои пешбиникардаи қонунгузории миллиро нисбати мероси нишондодашуда маҳдуд насохта, эътироф менамоянд, ки вай мероси умумии аҳли башар аст ва барои ҳифзи он ҳамаи ҷомеаи байналмилалӣ взифадор аст ҳамкорӣ намояд.
Аз моддаи 6 — и Конвенсия дар бораи ҳифзи мероси умумиҷаҳонии фарҳангӣ ва табиӣ
Профессор Ш. Юсуфбеков ҳамчунин гуфт, ки имрӯз қалъаи маъруфи Ямчуни ноҳияи Ишкошим (асри III – и пеш аз милод) ва гирду атрофи он аз тарафи бархе аз бошандагони деҳаи Ямчун ҳамчун чарогоҳ истифода шуда, дижҳои Қалъаи Хумби ҷамоати деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз (асри 16), қалъаҳои Чиқарқалъа (асри 6 мелодӣ) ва Ҷирӯҷқалъаи (асри 7 мелодӣ) водии Ҷавшангози ноҳияи Роштқалъа, ва Роштқалъаи (асрҳои миёна) ҷамоати деҳоти Роштқалъаи ҳамин ноҳия ва даҳҳо ёдгориҳои дигар бо сабабҳои гуногун комилан хароб гаштанд.
Ҳодисаҳои сӯхтори солҳои охир дар Қалъаи Вамари ноҳияи Рӯшонро қариб аксарияти сокинони ВМКБ дар хотир доранд, ки аз нисфи зиёди Қалъаи Вамарро ба нобудӣ расонд. Аммо баъдан аз тарафи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои қисман барқарор гаштани он 70 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шуд.
Вале мувофиқи тавзеҳоти мудири Бахши иттилотию таҳлилии дастгоҳи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Азорабек Азорабеков барои қисман тармим гаштани Қалъаи Вамар танҳо 8 ҳазор сомонӣ масраф гашта, боқимондаи маблағҳо ҳанӯз ҳам дар тавозуни Вазорати фарҳанги кишвар қарор доранд. Номбурда ҳамчунин тасдиқ кард, ки то ҳол барои нигаҳдории ёдгориҳои ВМКБ Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012 – 2020 пешбинӣ гардидааст, аммо барои амалӣ гаштани он аз ҳисоби буҷаи кишвар ё худи вилоят маблағ дастрас нашудаст.
Дар ин росто худи нашрияи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ, рӯзномаи “Бадахшон” дар шумораи № 28 (10713) санаи 19. 07. 2018 аз ҳоли Қалъаи Вамар матлаберо нашр мекунад, ки дар он аз ҷумла омадааст:
Аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмиру азнавсозии Қалъаи Вамар солҳои охир маблағи муайяне ҷудо гардида, ҶДММ «Акмал» ба таври ҷузъӣ корҳоеро низ анҷом додааст. Аз ҷумла, девору манораи пешорўйи қалъа андаке таъмир шуданд. Барои нигоҳубини қалъа нафареро низ маошхўр кардаанд. Вале ҳолати имрўзаи Қалъаи Вамар хеле нигаронкунанда аст.
Яъне бо вуҷуди ба яғмо бурдани масолеҳи асосии сохтмони Қалъаи Вамар амсоли сангу чӯб аз тарафи марзбонони собиқ Шӯравӣ ва дигар камбудиҳои мавҷуда, дар сархати дуюми маводи боло ҳамзамон оид ба қарору дастурҳои ғайриқонунии масъулини ноҳия эътироз оварда шудааст, ки маҳз тавассути ин аснод ҳудуди Қалъаи Вамар аз ҷониби сокинони маҳаллӣ тасарруф гашт.
Шуҳрат Алиев яке сокинони муқимии деҳаи Вамари ноҳияи Рӯшон мегӯяд, ки феълан дарки ватанпарастию эҳтиром нисбати ёдгориҳои таърихӣ аз тарафи бошандагони мо кам гашта, баъзеҳо дар ҳифзи чунин ёдгориҳои беназир комилан бетарафанд ва барои ҳамин худи Қалъаи Вамар низ дар ҳолати харобшавӣ қарор дорад.
Идомаи гузориши болои олимони Институти илмҳои гуманитарӣ ба номи Баҳодур Искандарови Академияи Илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон низ худ гувоҳи он аст, ки аксарияти ёдгориҳои таърихии вилоят ҳатто шаҳодатномаи истифодаи замин надошта, барои ҳамин сокинони таҳҷоӣ онҳоро зуд аз худ менамоянд:
«Мо, кормандони ИИГ, барои ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангии ВМКБ дар шароити ҷаҳонишавӣ таклиф дорем, ки Кумитаи давлатии замин ва гиодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанги кишвар барои ҷойҳои таърихӣ ва бостонӣ сертификати замин диҳад, то ки ин ҷойҳоро худсарона аз худ накунанд.»
Тамоюли додани сертификати бардуруғ аз ҷониби раисони навоҳӣ ба сокинон ва баъдан тасарруф кардани мавзеи ёдгориҳои таърихӣ дар ҷойҳои дигар ҳам назаррас аст.
Далели ин гуфтаҳо амсоли ёдгории архелогии Чилхонаи мавзеи Зимудги Ишкошим шуда метавонад, ки аз маркази ВМКБ, шаҳри Хоруғ 150 километр дур буда, дар инҷо алакай сокинон ҳамаи мақбараҳои (асрҳои пеш аз милод ва асри миёнагӣ) Чилхонаро ба хок яксон карда, ба ҷои онҳо ҳоло ҳам хонаҳои хусусӣ месозанд. Ҳамчунин дар мавзеи Вархези водии Ғунди ноҳияи Шуғнон ба ҷои ҷойҳои таърихӣ, аз кабили бошишгоҳи қадима ва ёдгориҳои пурарзиши он (асрҳои миёна) хонаҳои истиқоматиро бунёд намуданд.
Ҳамин тавр, петроглифҳои Лангаркишти ҷамоати Зонги деҳаи Лангаркишти ноҳияи Ишкошим, ки ба давраи асри бринҷ, асрҳои II — Vl пеш аз милод то асрҳои миёна XVII – XIX мансубанд, воқеан дар ҳолати нестшавӣ ёфтем.
Арзиш ва муҳимияти петроглифҳои Лангаркишт аз нигоҳи коршиносон, теъдоди умумии онҳо дар деҳаи болозикр шуда 5878 адад буда, баъди петроглифҳои Саймалитажи Ҷумҳурии Қирғизистон дар Осиёи Миёна ҷои дуюм мегиранд. Аммо боиси таассуф аст, ки сокинони деҳа бахусус фаслҳои баҳору тобистон бо подаву рама ба ин мавзеъ рафта, петроглифҳоро ваҳшиёна нобуд месозанд ва ба ҷойи онҳо номҳои худро менависанд. Яъне чунин муносибати сокинон нисбати таърихи ҳазорсолаи хеш танҳо метавон вандализм унвон кард.
Пайдоиши навиштаҷоти катибасанги деҳаи Систи ҷамоати Андароби ноҳияи Ишкошим, ки рӯйи он дар шакли хаттотӣ (каллиграфӣ) навишта шудааст, ба асрҳои миёна рост меояд. Аз рӯи маълумоти олимони ИИГ ҳаммонанди ин сангҳои нодир солҳои охир бо сабабҳои номаълум гум шуда, боқомондаи онҳо дар вазъи ногувор қарор доранд.
Вале танҳо тасодуфи нек буд, ки ду сол қабл номзади илмҳои таърих Аловиддин Шоҳинбеков зимни як сафари корӣ ба деҳаи Сист ними катибасангро аз дасти бошандагони деҳа наҷот дод.
“Бо мақсади экскурсия ва ҷамъоварии маълумот оид ба ҷойҳои таърихӣ дар якҷоягӣ бо шогирдонамон, яъне муҳассилини Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев ду сол пеш ба деҳаи Сист рафтем. Дар як гӯшаи деҳа назарам ба бошандагони деҳа афтод, ки сангҳоро майда карда, аз онҳо иншоотеро месохтанд. Дар байни сангҳо катибасангеро дидам, ки қариб пурра аз дасти сокинон нобуд мегашт. Лекин баъдан наздик омада, ба бошандагон муҳимият ва арзиши сангро фаҳмондам. Сокинон бошад катибсангро монда, мо барои он дар мавзеи дигар ҷой кардем, ки ҳанӯз ҳам қисман мавҷуд аст” – тавзеҳ дод, А. Шоҳинбеков.
Ҳамин тавр, посбонгоҳи маъруфи Николай, ки дар мавзеи Лангари Ишкошим мавҷуд буда, охирҳои асри XIX бо ташриф овардани сипоҳиёни рус пайдо гашт. Ба ҳолати ҳозира посбонгоҳ аз тарафи якчанд хочагиҳои маҳаллӣ вайрон шуда, сангҳои деворҳои он барои бунёд кардани иншооти хусусӣ истифода гардиданд ва ҳоло аз посбонгоҳи Николай танҳо як макони холии он мондаасту халос.
Осорхонаи Қаҳрамони Ҷумҳурии Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур дар ҷамоати Поршиневи Шуғнон низ хароб гашта, ҳатто пайвандони наздики ин абармард баҳри пешгирии вайроншавии осорхона иқдом намекунанд. Яъне феълан агарчи нигаҳдории осорхонаро наздикони Ш. Шоҳтемур бар зимма гирифтанд ва дар як вақт онҳо боғу атрофи онро обшор мекунанд. Мутаассифона об дохили осорхона шуда, ҳоло хонамузей таъҷилан ба таъмир ниёз дорад.
Мақбара ё худ оромгоҳи Башгунбаз назди Яшилкул дар дурдастарин ноҳияи ВМКБ, Мурғоб ҷойгир аст, ки тахминан ба асрҳои миёна мансуб буда, онро бошандагони деҳаи Булункул ҳатто аз давраи собиқ Шӯравӣ то инҷониб ҳамчун каҳдон истифода мекунанд.
Бар замми ин, агарчи оромгоҳ аз нигоҳи коршиносон хеле муҳим арзёбӣ мегардад, аммо мақбараҳои дохил ва атрофи Башгунбаз, ки гӯё дар онҳо зару зевари қадима мавҷуд аст, аз тарафи худи сокинони ҷамоат кофта кушода шудаст.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи берун баровардан ва ворид кардани сарватҳои таърихию фарҳангӣ»
Моддаи 8. Сарватҳои таърихию фарҳангие, ки берун бароварда намешаванд. Берун баровардани сарватҳои таърихию фарҳангии зерин аз Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст:
-сарватҳои нодири қабл аз панҷоҳ сол ё зиёдтар аз он офаридашуда;
-аз ҷониби давлат ба рўйхат ва феҳристи нигоҳбонӣ дохилшуда;
-дар осорхонаҳо, бойгониҳо, китобхонаҳо ва махзанҳои дигари давлативу ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳбонишаванда. (ҚҶТ аз 31.12.2014, № 1171)
Як сокини деҳаи Булункул, ки нахост муаррифӣ шавад бо мо ҳамсӯҳбат шуда гуфт, ки “ҳанӯз соли 1992 бо чанд тан аз ҳамдеҳагон кушодем ва касе ё чизе монеаи кори мо нашуд. Вале мутаассифона чизи қимматбаҳоеро наёфтем.”
Мувофиқи маълумоти олимони Институти илмҳои гуманитарӣ ба номи Баҳодур Искандарови Академияи Илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2012 дар мавзеи Дирижи Ишкошим ҳатто шаҳрвандони хориҷӣ як мақбараи буддоиро худсарона кофта, аз дохили он як ҳайкалчаи биринҷӣ ва навиштаҷоту тантраҳои буддоӣ (навиштаҳо дар шакли дуою ниёиш) гирифта, ба хориҷа бурдаанд. Ин гуфтахоро олимон зимни як мулоқот бо мо тасдиқ карданд. Яъне чунин ёдгориҳои пурарзишро танҳо метавон бо лавозимоту таҷҳизоти махсус пайдо кард ё ин ки тариқи ҳамсоякишвари Ҷумҳурии исломии Афғонистон оид ба онҳо маълумот гирифт ва бештар хориҷиён ба чунин имкониятҳо дастрасӣ доранд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи берун баровардан ва ворид кардани сарватҳои таърихию фарҳангӣ»
Моддаи 16. Фурўши сарватҳои таърихию фарҳангӣ
Фурўши сарватҳои таърихию фарҳангие, ки берун баровардани онҳо мумкин нест, танҳо баъди огоҳии харидор дар бораи номумкин будани берун баровардани ин сарватҳо аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.
Пешниҳоди сарватҳои таърихию фарҳангӣ ба фурўши оммавӣ бо ризоияти мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи фарҳанг амалӣ мегардад. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки дар хариду фурўши сарватҳои таърихию фарҳангӣ иштирок мекунанд, вазифадоранд иҷозати мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи фарҳангро гиранд. «ҚҶТ 31.12.08 №480» (ҚҶТ аз 31.12.2014, № 1171)
Дар мавриди ба яғмо рафтан ва нобудшавии ёдгориҳои таърихии ВМКБ ҳатто соли 2011 нашрияи “Asia – plus”мусоҳибаеро таҳти унвони “Черные археологи свирепствуют в ГБАО” бо собиқ архелоги тоҷик Мира Бубнова анҷом додаст, вале ин доғи рӯз худи ҳамон вақт ҳам тассуротеро ба миён наовард: «Черные археологи» свирепствуют в ГБАО
Лекин баъзе ёдгориҳои нодир, ки ҳаҷман хеле хурд буда, аз ҳудуди вилоят кайҳо бурда шуданд, эҳтимол аст, ки тариқи бозори сиёҳ берун рафтанд. Мувофиқи тавзеҳоти олимони ИИГ дар ВМКБ сафи бекорон кам нест ва шояд ин иқдом барои бархе аз ҷавонон як василаи ба даст овардани маблағи муфт бошад, зеро ки дар солҳои пасошӯравӣ ин тамоюл воқеан мушоҳида мешавад.
Паҳлӯи дигари масъала он аст, ки дар ВМКБ мисли вилоятҳои Суғду Хатлон раёсати фарҳанг вуҷуд надошта, танҳо шуъбаю бахшҳо амал мекунанд ва онҳо дар навбати худ аз набудани нозиру мутахассиси риштаи ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ шадидан танқисӣ мекашанд.
Саволи матраҳ ин аст, ки ин ёдгориҳои таърихиро кӣ, ё кадом сохтор бояд ҳифз намояд ва аз ҳисоби кадом маблағҳо нигаҳдорӣ мешаванд? Чаро ниҳодҳои дахлдор ёдгориҳои таърихии Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшонро сарфи назар мекунанд? Ҳол он ки месазад аз ҳисоби ин ёдгориҳои таърихӣ дар қаламрави Бадахшон як хатсайри сайёҳиро ташкил намуд, ки ба буҷаи кишвар маблағҳои калон ворид шавад ва аз ҳисоби ин маблағҳо ёдгориҳои нодирро хуб нигаҳдорӣ кунанд. Ин саволҳое ҳастанд, ки масъулин бояд сари онҳо андеша карда, ба нестшавии ёдгориҳои таърихӣ дар қаламрави Бадахшон нуқта гузоранд.
Машҳур Имомназаров
Ин мавод дар доираи тарҳи «Giving Voice, Driving Change — from the Borderland to the Steppes Project», ки бо кумаки молии Вазорати хориҷаи Норвегия иҷро мешавад, нивишта шудааст. Назароти дарҷшуда дар ин матлаб баёнгари дидгоҳи хоси расона ва ё сарпарасти ин тарҳ нест.