© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Замин барои омӯзгорони ҷавони тоҷик: Карори ҳукумат иҷро намешавад      

Ҳамасола садҳо омӯзгори ҷавон дар ҷануби Тоҷикистон барои гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба мақомот муроҷиат мекунанд, вале на ҳамаи онҳо ба мақсад мерасанд.  


Ба канали мо дар Telegram бипайвандед!


Муаллими мактаби ноҳияи Бохтар Саидшоҳ Асроров дар мулоқот бо президенти Эмомалӣ Раҳмон. Акс аз ozodi.org

Муаллимон дар асоси қарори ҳукумати Тоҷикистон дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо ба омӯзгорони ҷавон муроҷиат мекунанд, вале масъулини Раёсати маорифи вилояти Хатлон ва коршиносон тасдиқ карданд, ки қарори мазкур аз суи кормандони мақомоти дахлдор чандон хуб иҷро намешавад.

Сину соли муаллимон дар қарори ҳукумати Тоҷикистон зикр нашудааст, вале кормандони Раёсати маориф иддао мекунанд, ки омӯзгорон дар давоми се соли аввали фаъолияти кор дар муассисаҳо бояд бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ таъмин гарданд.

Бо ваъдаи мақомот бовар карданд…

Бархе омӯзгорон бо ваъдаи мақомот бовар карданд, зодгоҳи худро тарк карда ва ба дигар навоҳӣ рафтаанд, ки соҳиби замин ва хона шаванду зиндагӣ кунанд. Онҳо солҳо зиндагӣ мекунад, ваъда иҷро намешавад. Хона надоранд ва аксаран маоши худро барои иҷора медиҳанд.

Сафаралӣ Алишов, сокини 23- солаи шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон омӯзгори ҷавоне аст, ки бо роҳхати Вазорати Маориф ва Илми Тоҷикистон ба ноҳияи Қубодиён омадааст. Давоми ду сол аст, ки дар муассисаи рақами 59- и ноҳияи мазкур аз фанни математика ба толибилмон дарс мегӯяд. Соли аввале, ки ба ин навоҳӣ омаданд 6 моҳ дар масоҷиди деҳа иқомат карданд. Ҳоло дар як муассисае, ки аз фаъолият боз мондаасту ҳолаташ бад аст, шабашонро рӯз мекунанд.

Сафаралӣ Алишов. Акс аз CABAR.asia

Сафаралӣ Алишов, алъон муҷаррад буда, 1200 сомонӣ маош (таҳминан 130 доллари ИМА) мегирад. Ин пул барои харидани порчаи замин ва ё оиладор шудан басанда нест, вале маҷбур ҳаст, ки давоми се сол дар ноҳияи дурдасти ҷануби Тоҷикистон фаъолият кунад. Аризаҳои пайдарпай аз кори омӯзгорӣ ӯро дилсард гардонидаст ва мегӯяд баъди се соли корӣ маҷбур аст омӯзгориро тарк кунад ва ё ба ягон минтақаи дигар биравад, ки ба ӯ замин барои сохтани хона бидиҳанд.

– Тибқи қонуну талаботҳои донишгоҳ бояд се сол дар муассиса кор кунам ва баъд ба ман диплом медиҳанд. Қарори Ҳукумати кишварро дар бораи имтиёзҳо ба омӯзгорони ҷавонро  шунида хурсанд шудам, – мегуяд Алишов.

Алишов се маротиба ба мақомоти дахлдори ноҳияи Қубодиён муроҷиат кард.

«Ҳамеша дар ҷавоби мактуб як сухан аст: Ҳоло дар фонди ноҳия замини холӣ барои додани қитъаи замин нест», – мегуяд Алишов.

Шарифҷони Раҷабзод, омӯзгори 25 – сола аз ноҳияи Муъминобод, 200 километри ҷануби Душанбе вилояти Хатлон буда, давоми 4 сол мешавад, ки дар яке аз муассисаҳои ноҳияи Қубодиён фаъолият мекунад. Қарори Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи таъмини омӯзгорон ба заминро шунида, нерӯ гирифт ва корашро бо ҳавасмандӣ пеш мебурд.

Бори аввал барои гирифтани қитъаи замин ба Ҳукумати маҳалӣ муроҷиат кард ва ба ӯ ваъда шуд, ки дар давоми се моҳ бояд соҳиби замин шавад, вале ин ваъда як сол сипарӣ мешавад касе онҳоро барои гирифтани замин даъват накард. Ду маротибаи дигар низ ба идораи Ҷамоат муроҷиат кардааст:

«Ҳоло ҳам барои гирифтани замин талош дорам, аризаи навишта шудаам дар идораи Ҷамоат аст. Назди раиси ноҳия даромадам гуфт, ки дастгириатон мекунем. Бо вуҷуди хона надоштан мехоҳам, ки корамро идома диҳам. Агар мақомот замин надиҳад, худам талош мекунам, ки аз пули шахсӣ замин бихараму хона созам».  

Холмирзо Сафаров, раиси ҷамоати деҳоти «Заркамар»-и ноҳияи Қубодиён гуфт, ки чандин омӯзгорони ҷавон барои гирифтани замини наздиҳавлигӣ ба онҳо ва ба худи ҳукумати маҳал муроҷиат кардаанд. Аз ҷамоати мазкур танҳо ба як омӯзгор замин дода шудаст, вале чанд нафари дигар низ дар навбат қарор дорад.

«Дар фонди ноҳия замини холӣ нест, ки ба омӯзгорон дода шавад. Агар мақомоти маҳалӣ замин ҷудо кунад мо муаллимонро бо замин таъмин хоҳем кард»,- мегӯяд Сафаров.

Аз ҷамоати  «Заркамар» -и ноҳияи Қубодиён аз аввали соли хониши 2018 ҳамагӣ 34 нафар омӯзгорон аз дигар навоҳӣ омаданд, вале давоми соли хониш беш аз 5 нафари онҳо бо сабабҳои мухталиф кори худро тарк карданд, ба муҳоҷирати меҳнатӣ ва ба дигар муассисаҳои ноҳия ва берун аз онҷо рафтаанд.

Дар се соли ахир аз ин ҷамоат танҳо ба як омӯзгор замини наздиҳавлигӣ дода шудаст, вале ду нафари дигар низ бо аризаҳои пешниҳод кардаашон дар навбат қарор доранд.

Тоҷинисо Шарипова, муовини раиси ноҳияи Қубодиён гуфт, ки кадом омӯзгори ҷавоне, ки ба қитъаи замини наздиҳавлигӣ муҳтоҷ аст аз ҷониби мақомот бо замин таъмин гардидааст. Дар ҷамоати деҳоти “Носири Хусрав” ба 8 нафар, дар ҷамоати «Навобод» бошад ба 2 нафар омӯзгор қитъаи замини наздиҳавлигӣ дода шудааст. Аз дигар ҷамоатҳо низ ариза пешниҳод кардаанд ва қисме аз онҳо гирифтааст, вале боқимондаҳо низ марҳила ба марҳила соҳиби замин мегарданд.

Аз Шӯъбаи Маорифи ноҳияи Қубодиён, 120 киламетрии ҷануби Душанбе хабар доданд, ки дар ноҳия  ду ҳазору 99 нафар омӯзгор фаъолият мекунад. Ҳоло дар ноҳия ҳамагӣ 12 нафар муаллим намерасад, 44 нафар омӯзгорон аз минтақаҳои шаҳри Кӯлоб ва вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ин навоҳӣ дар чор соли ахир оварда шудаанд.

Чанд тан аз онҳо соҳиби замини наздиҳавлигӣ шуданд расман зикр нашудааст, зеро онҳо на ба шӯъбаи маориф, балки ба Ҳукумати маҳалӣ дархост мекунанд. Омори онҳо дар ҳукумати ноҳия дақиқ нест, чун муаллимонро дар алоҳидагӣ сабт намекунад, ҳамаи аризаҳои сокинон дар бораи замин якҷоя мебошад.

Омӯзгор: Моро ба як ҷое бурданд, ки онҷо на об асту на барқ ва на роҳи нақлёт

Мушкили дастрасӣ ба қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва ё дигар имтиёзҳо барои омӯзгорон танҳо дар як ноҳия нест, балки аз дигар навоҳӣ низ омӯзгорон барои соҳиб шудани замин талош мекунанд. Шералӣ Маъдиеви 34- сола сокини ноҳияи Шурободи вилояти Хатлон бо далели кам будани соати дарсӣ ва маош дар муассиса зодгоҳашро тарк карда, ба ноҳияи Ҷайҳун омадааст.

Давоми се соли ахираст, ки бо ҳамсараш аз фанни забони англисӣ ба хонандагон дарс мегӯяд. Шералӣ Маъдиев соҳиби се фарзанд буда, мегӯяд иҷоранишин аст, ки иҷорапулиаш 100 сомониро ташкил медиҳад. Имтиёзҳое, ки дар қарори ҳукумати кишвар гуфта шудааст ӯро водор кард, ки барои ба даст овардани порчаи замин ва раҳо шудан аз иҷорапулӣ ба номи раиси ҷамоат ариза пешниҳод кард, ки соҳиби қитъаи замин гардад.

Шералӣ Маъдиев гуфт, ки алъон ҳақмузди корашон барои пешбурди зиндагӣ басанда аст, вале баъди бузург шудани фарзандон намерасад.

«Як маротиба аз ҷамоат барои додани қитъаи замин даъват шудем, хушҳол шудем, ки соҳиби хонаи худ мегардем. Вале моро ба як ҷое бурданд, ки онҷо на об асту на барқ ва на роҳи нақлиёт. Шояд баъди даҳсолаҳо онҷо обод шавад. Феълан зиндагиамон хуб аст, агар соҳиби замин нашавем маҷбур ҳастем, ки омӯзгориро тарк намоему ба муҳоҷират биравем. ҳамсинфони ман аз пули муҳоҷират соҳиби хона шуданд», – изҳор кард Маъдиев.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо ба омӯзгорони ҷавон аз 3 майи соли 2006 таҳти рақами 197 ба тавсиб расидааст.  Мутобиқи моддаи 41 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” бо мақсади тақвияти ҳифзи иҷтимоии мутахассисони ҷавони соҳаи маориф ва ҷалби онҳо ба фаъолияти омӯзгорӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул шудааст.

Барои се соли аввали фаъолияти омӯзгорони ҷавоне, ки дорои таҳсилоти олии касбии омӯзгорӣ ҳастанд ва дар намудҳои гуногуни мактабҳои таҳсилоти умумӣ кор мекунанд, аз якуми январи соли 2007 имтиёзҳои зерин муайян карда шаванд:

 – бенавбат ҷудо кардани қитъаи замин барои сохтмони хонаи истиқоматӣ:

 – дар ноҳияҳои кӯҳистон вобаста ба имконияти ноҳияҳо ҷудо кардани қитъаи замин барои боҷдорӣ ва полезикорӣ:

 – додани қарзҳои имтиёзнок барои хариди чорвои калони шохдори ширдеҳ ё бунёди 20 оилаи занбӯри асал.

  1. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар якҷоягӣ бо Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи ҷудо намудани қитъаи заминро мувоффиқи имтиёзҳои муқарарнамудаи банди яки ин қарор ҳал намоянд.

Ҳуқуқи соҳиб шудан ба замин дар Тоҷикистон вуҷуд надорад, мутобиқи Сарқонуни кишвар замин молиуияти давлат маҳсуб мегардад. Тамоми муносибат бо заминро кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳануз соли 1996 ба тавсиб расидааст ба танзим медарорад. Соли 2012 ба қонуни мазкур тағйирот ворид карда шуд, аз ҷумла банди марбут ба дастрасии баробарии  зану мард ба қитъаи замин ворид шуда буд.

Шояд садҳо омӯзгор барои гирифтани замин дар навбатанд

Коршиносон мегӯянд бо вуҷуди камӣ маош ва душвор будани кори омӯзгорӣ муаллимон корашонро идома медиҳанд. Амонҷон Маҳкамов, коршинос дар Хатлон мегӯяд шояд садҳо омӯзгор барои гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ дар навбат қарор доранд. Имкони дастраст кардани омӯзгорон бо қитъаи замин бояд бошад, нафаре бидуни хона зиндагӣ карда наметавонад.

Амонҷон Маҳкамов. Акс аз CABAR.asia

Қарори Ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди имтиёзҳо ба омӯзгорон на танҳо додани қитъаи замин, балки гирифтани қарз аз бонкҳо бо фоизҳои хеле паст низ муқаррар гардидааст. Аксар омӯзгорон аз имтиёзҳои худ бархурдор нестанд ва наметавонанд аз он ба осонӣ истифода кард.

Бонкҳо барои пул додан ба шаҳрвандон ҳатман чизеро ба гарав мемонад, вале омӯзгороне ҳастанд, ки на хона дораду на чизи арзишманде, ки онро дар бонк бар ивази пул гузорад.

«Дар қарори Ҳукумати Тоҷикистон гуфта шудааст, ки дар навбати аввал бояд омӯзгорон соҳиби қитъаи замини наздиҳавлигӣ гарданд, вале мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки дар бисёри шаҳру ноҳияҳо ин қарор хеле суст иҷро мегардад. Ҳоло онки омӯзгорон барои дуруст кардани ҳуҷҷатҳо маблағ сарф мекунанд, вале корашон омад намекунад. Агар қарори мазкур рӯи кор намеомад шояд имрӯз он омӯзгороне, ки кор мекунанд, фаъолият намекарданд», – мегуяд Махкамов.

Моҳкалон Султонзода, мутахасиси пешбари Раёсати маорифи вилояти Хатлон ба CABAR. аsia гуфт, дар доираи сафари кории худ ба шаҳру ноҳияҳои вилоят аён мегардад, ки иҷроиши қарори Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи имтиёзҳо ба омӯзгорони ҷавон дар бархе аз ноҳияҳо хеле суст иҷро мешавад.

Моҳкалон Султонзода. Акс аз CABAR.asia

Омӯзгороне ҳастанд, ки ба Раёсати маорифи вилоят муроҷиат мекунанд, ки ба онҳо на қарзҳои имтиёзнок дода мешаваду на замини кишоварзию наздиҳавлигӣ. Иҷро нагардидани қарори мазкур боиси дилшикаста шудани муаллимон ва ё тарки корашон мегардад.

«Аз нигоҳи қонунӣ гуфта наметавонам, ки онҳо ҳуқуқи ба суд муроҷиат карданро доранд ё не, намедонам. Вале онҳо набояд тарки кор кунанд. Чун ҷойи кор пайдо кардан хеле мушкил аст,вале бояд талош кунанд барои гирифтани замин», – гуфт Султонзода. 

Муҳиддин Ширинов, раиси Кумитаи иттифоқи кормандони соҳаи маорифи вилояти Хатлон дар суҳбат ба CABAR. asia гуфт, ки тибқи қарори ҳукумати кишвар дар бораи имтиёзҳо омӯзгорон танҳо дар давоми се соли аввали фаъолияти кориашон метавонанд соҳиби қитъаи замини наздиҳавлигӣ гарданд. Баъди се сол дигар имтиёз надоранд. Дар ҳоле, ки дар давоми се сол бо қитъаи замин таъмин намегарданд ҳуқуқ доранд, ки дар асоси қонунҳои амалкунандаи давлат ба додгоҳ муроҷиат кунанд.

Ду соли пеш низ як омӯзгор тариқи суд соҳиби порчаи замини наздиҳавлигӣ гардид.

Муҳиддин Ширинов. Акс аз CABAR.asia

«Мушкили асосии иҷро нагардидани қарори мазкур ин аст, ки ба омӯзгорон дар ҷойҳое замин барои хона медиҳанд, ки онҷо хати кашидаи барқ нест, дашту биёбон аст, ки имкони зиндагӣ кардан хеле мушкил аст», – мегӯяд Ширинов.

Дар вилояти Хатлон 43 ҳазору 888 омӯзгор фаъолият мекунад, аз ин шумора 22 ҳазору 119 нафарашро занон ташкил медиҳад. Аз соли 2007 то соли 2018 ба 2532 нафар муаллим замини наздиҳавлигӣ дода шудааст. Дар 6 моҳи соли 2019 бошад танҳо дар ноҳияи Муъминобод ду нафар омӯзгори ҷавон соҳиби қитъаи замини наздиҳавлигӣ шудааст, аммо дар дигар навоҳӣ ба ягон омӯзгор замин дода нашудааст.

Инчунин 369 нафар омӯзгор соҳиби қарзҳои имтиёзнок гардиданд, 300 нафари дигарро низ ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурӣ барои гирифтани қарзҳои имтиёзнок пешниҳод карданд, вале ҳоло посухе надодаанд. Дар ҳудуди вилояти Хатлон то имрӯз ба 176 нафар муаллим заминҳои кишти кишоварзӣ дода шудааст. Заминҳои имтиёзнок заминҳои  кишоварзӣ мебошад, ки омӯзгорон бо андози камтар бояд кишоварзӣ кунад, бонкҳо низ ба онҳо пул бо фоизи кам медиҳанд, ки тавонанд кори кишоварзӣ ба роҳ монанд.


Ин мавод дар доираи тарҳи «Giving Voice, Driving Change — from the Borderland to the Steppes Project», ки бо кумаки молии Вазорати хориҷаи Норвегия иҷро мешавад, нивишта шудааст. Назароти дарҷшуда дар ин матлаб баёнгари дидгоҳи хоси расона ва ё сарпарасти ин тарҳ нест.

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report

The following text will be sent to our editors: