© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Ёдгор Файзов: Сармояи асосии ВМКБ зарфиятҳои фикриву инсонии он мебошанд

Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо CABAR.asia аз як соли фаъолияти раисии худ натиҷагирӣ мекунад.


Ёдгор Файзов аз моҳи октябри соли 2018 ба ин сӯ дар мақоми раиси ВМКБ кор мекунад. Акс: CABAR.asia
Ёдгор Файзов аз моҳи октябри соли 2018 ба ин сӯ дар мақоми раиси ВМКБ кор мекунад. Акс: CABAR.asia

Ёдгор Файзов, расман, тибқи як фармони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 1 октябри соли 2018 раиси ВМКБ аст. Дар ин мақом ба ҷойи Шодихон Ҷамшед омад, ки ӯро президент ҳангоми сафари корӣ ба Хоруғ 15 сентябри ҳамон сол интиқоди шадид кард. Ба назари Раҳмон, дар ВМКБ, пеш аз ҳама дар маркази маъмурии вилоят – Хоруғ – гуруҳҳои ҷиноӣ хеле фаъол шудаанд. Президент ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ва вилоят як моҳ вақт дод, то вазъро ба низом дароваранд. Баъди ин дар сатҳи раҳбарии мақомоти интизомӣ ва ҳифзи ҳуқуқи вилоят тағйироти кадрӣ сурат гирифт. Барои танзими вазъ ва ҷамъоварии силоҳ ситоди муштараки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ВМКБ созмон дода шуд.

То  замони таъин ба мақоми раиси ВМКБ Ёдгор Файзов солҳои тӯлонӣ  дар барномаҳои Бунёди Оқохон дар Тоҷикистон кор мекард ва аз соли 2004 ба ин сӯ мудири иҷроияи он дар Душанбе буд. Раҳмон ӯро тасодуфан таъин накард, ӯ зодаи ин минтақа аст ва фаъолияти худро аз мақомти маҳалии комсомол (иттиҳодияи ҷавонон дар Шӯравӣ) дар ин ҷо оғоз кардааст.

ВМКБ бо вижагиҳои иҷтимоӣ, ҷуғрофиёӣ, фарҳангӣ ва сиёсии худ як минтақаи мутафовит (фарқкунанда) ба шумор меравад. Инҷо мардуми помирӣ зиндагӣ мекунанд, ки аз нигоҳи забону бархе анъанаҳои фарҳангӣ аз тоҷикони дигар фарқ мекунанд.

Дар солҳои ахир дар ин минтақа, пеш аз ҳама дар маркази маъмурияш Хоруғ мухолифатҳои ҳукумати марказӣ бо пешвоҳои ғайрирасмии маҳаллӣ бисёр ба назар мерасад. Вазъ дар соли 2012 хеле шадид шуд, ки он замон дар Хоруғ миёни ҷонибдорони раҳбарони гуруҳҳои ғайрирасмӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ даргирӣ ба амал омад. Он замон даргириҳо баъди гуфтушунидҳо ба поён расид, вале  мухолифатҳо миёни ин неруҳо то кунун боқӣ монданд. 

Дар чунин як вазъи душвор Ёдгор Файзов як сол пеш ба мақоми раҳбарии зодгоҳи худ омад. Идораи пойгоҳи таҳлилии CABAR.asia бо Файзов дар мавриди ҷанбаҳои асосии кор ва ин ки чӣ гуна эшон метавонанд вазъро дар ВМКБ ба сӯйи беҳтар тағйир бидиҳанд, суҳбат кард .

 CABAR.asia: Ҷаноби Ёдгор Файзов, Шумо ба истилоҳ баъди як вазъи буҳронӣ раиси ВМКБ таъин шудед, ки ин дар анъанаи мансабдории Тоҷикистон собиқа надошт. Шуморо аз беруни система оварданду раис таъин намуданд, ки хелеҳо, аз ҷумла нозирини хориҷӣ ҳам дар ҳайрат уфтоданд. Чаро президент маҳз шуморо таъин кард?

Ёдгор Файзов: Ин саволро аз ман не, бояд аз президенти кишвар пурсид, ки чаро дар он  шабу рӯзҳо эшон тасмим гирифтанд, ки кашидани бори ин масъулиятро ба дӯши ман вогузор кунанд. Ман ҳатто ҳамин суолро аз Ҷаноби олӣ кардам. Номи ду се нафарро пешниҳод кардам, ки инҳо таҷрибадортаранд, зеро ман 26 сол аз идораи давлатӣ дур ҳастам. Вале президент гуфтанд, ки “ман таҳлил кардам ва дар ин шабу рӯз худат меравӣ, ҳарчанд медонам маошат зиёдтар аст, корат ҳам хуб асту дунёро мегардӣ, вале ба хотири ватану ҳамун сарзамину ҳамон мардум бояд равӣ”. Ин дигар дар тамоми расонаҳо ва ҳатто расонаҳои байналмилалӣ ба баҳс кашида шуд, ки чаро Файзов. Ин барои хонаводаи ману ёру дӯстонам ҳам ғайриинтизор буд.

Ҳоло бо гузашти як сол, фикр мекунед чӣ дастоварде доред?

Ҳангоми пазируфтани сокинон. Акси дафтари матбуоти ҳукумати ВМКБ
Ҳангоми пазируфтани сокинон. Акси дафтари матбуоти ҳукумати ВМКБ

Ёдгор Файзов: Мутаассифона он қадар дастовардҳои назаррасе нест, ки бигӯйем мо дар ин як сол ноил шудем. Ягона дастоварди ман, ки асоси он пуштибони мардум, президент ва ниҳодҳои дигар буд, таҳкими суботу оромӣ ва муҳимтар аз ҳама бадбинии хеле зиёде, ки нисбат ба кормандони давлатӣ ва ҳукумат буд, Худоро шукр, ин хеле коҳиш ёфт. Як муносибати дигар ва бовари дигар ба вуҷуд омад. Дар яке аз мусоҳибаҳо ҳам гуфтам, ки мардум аз ман хеле чизҳоро интизор аст, ки метарсам натавонам умедвориҳояшонро бароварда кунам. Ба нуктаи муҳиме ишора кардед, ки мардум аз ман чизи бисёре интизор асту ман шояд натавонам.

Бархе аз коршиносон мегӯяд, ки салоҳияте, ки Конститутсия ва қонун “Дар бораи ВМКБ” ба раиси вилоят додаанд, фақат дар ҳадди як намояндаи президент аст.  Бештари ниҳодҳо тобеъи он нестанд ва дар доираи ин салоҳиятҳо раиси вилоят кори бештаре карда наметавонад. Оё ба ин фикр розӣ ҳастед, раҳбарии вилоят дар ин гуна шароит мушкил нест?

Салоҳияти раиси вилояти МКБ ва умуман ҳар раисе он қадар васеъ нест. Ҳарчанд номи калоне аст, “раиси вилоят, раиси вилоят”, вале барои ҳалли одитарин чиз маҷбур мешавем ба вазирону ниҳодҳои дигар муроҷиат кунем. Ман ҳатто ин салоҳиятро надорам, ки як коргари одии соҳаи кишоварзӣ, маориф ё тандурустиро аз вазифа барканор кунам, агар ризояти вазир набошад. Ман ҳатто наметавонам ба як нафаре иҷозатнома диҳам, ки ҳамон тиллоеро, ки дарё шуставу то баҳри Арал бурдааст, рафта заршӯйӣ кунад.

Хушбахтона, ягона чизе ки ба кори ман кӯмак карду аз салоҳиятҳои раис ҳам мебошад ин аст, ки бо президент робитаи мустақим дорам. Мустақиман ба наздашон меравам ё телефон мекунам, ки бо ёрии эшон баъд дар сатҳи вазорату ниҳодҳои дигар масъала ҳал мешавад. Худи раиси вилоят он қадар салоҳияти бузурге надорад. Нафарони зиёд, сармоягузорон меоянд ва мехоҳем, ки ҳамкорӣ кунем, вале бе иҷозати ҳукумати марказӣ ва сохторҳи дигар коре кардан ғайриимкон аст.

Шумо худ талош накардед, ки ҳамин монеаҳо шикаста шаванд ё ба ҳукумат пешниҳод надодед?

Хеле. Дар чанд ҷаласае, ки буд, дар мактубҳои расмӣ ин чизро пешниҳод кардем. Президент ҳам ин масоилро гуфтанд, баъзе масълаҳо ҳалли худро ёфт, вале қисми зиёд ҳанӯз боқӣ мондаанд. Мо ин талошҳоро идома медиҳем. Ман намегӯям, ки 100% салоҳият дар дасти раис бошад, балки дар ҳамкорӣ бо ҳукумати марказӣ ва ниҳодҳои дигар шавад.

Аммо ташаббус, садоро дар боло бояд аз поин шунаванд, ки ба чӣ ниёз асту чӣ мушкил вуҷуд дорад.

Дар бораи таъмини амният

Масъалаи вазъи амниятӣ, ки дар сафари як сол пеши раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз он сахт нигаронӣ шуд, ҳоло чӣ гуна аст? Гуруҳҳо ва чеҳраҳои нуфуздоре, ки аз онҳо дар изҳороти мақомот “гуруҳҳои мутташакили ҷиноӣ” ном бурда мешуд, бо ҳукумат ҳамкорӣ мекунанд?

Раҳбарони ниҳодҳои қудратӣ дар дидор бо президент Раҳмон, сентябри соли 2018. Акс: president.tj
Раҳбарони ниҳодҳои қудратӣ дар дидор бо президент Раҳмон, сентябри соли 2018. Акс: president.tj

Вазъият хеле беҳтар шуд. Касе, ки меояду мебинад худ шоҳид мешавад. Муносибати мардум аз пеш ҳам хеле хуб буд. Фақат як қисм ҷавононе буданд, ки ба бисёр бетартибиҳо роҳ доданд, яъне мошинҳои сиёҳшишаву беқайду берақам доштанду ҷанҷол мекарданд. Ҳоло вазъ хеле беҳбуд ёфт. Зиёда аз 8 ҳазор сайёҳи хориҷӣ омад ва аз худи кишвар ҳам нафарони зиёде омаданд ва Худоро шукр, ки иттифоқе рух надод. Баъзе мушкилоти хурду реза буд, ки таъсири чандоне надоштанд. Албатта ин кор ҳам ақлу хиради азалии худи мардуми Бадахшон аст ва ҳам сиёсати сулҳҷӯёнаи Пешвои миллат. Гуруҳҳои номбаршуда он таъсиру нуфузе, ки солҳои пеш доштанд, ҳоло он қадар нест.

Бо Шумо, бо ҳукумати вилоят пешвоҳои ин гуруҳҳо ҳамкорӣ мекунанд?

Дар баъзе масъалаҳо ҳамкор ҳастем ва дар бисёр чизҳо нороз ҳам ҳастем. Имкон надорад, ки дар м як сол ҳама мушкилот аз байн бурда шавад. Ин номумкин надорад. Нафаре, ки 20 сол дар қудрат буд, гуруҳ дошт, нуфуз дошт, даромад дошт ва шумо ин ҳамаро дар як сол аз миён бибаред, номумкин аст. Бинобар ин агар бигӯйем, ки мушкили ҷиддӣ вуҷуд надорад, шояд хато кунем. Зеро қувваҳое ҳастанд, ки метавонанд авзоъро ҳар рӯзу ҳар соат мураккаб созанд.

Вале аз ҳама кори муҳим мардум ва ҷавононро баровардан аз зери таъсири онҳо буд. Агар пештар бо як ишора метавонистанд даҳҳо ҳазорро ба майдон бикашанд, ҳоло мумкин 1000 нафар ё 300 нафарро бароварда тавонанд. Агар пештар, рӯйирост муқовимат нишон медоданд ё сохторҳои давлатиро кор кардан намемонданд, ҳоло ин гуна ҳодисаҳо хеле кам шудааст.

Фикр мекунед чӣ чизе вазъро ба ин кашонда буд?

Ин ҷо айби худи мо, айби мақомот аст. Мардуми тоҷик, хусусан мардуми куҳистон бисёр мардуми адолатпарваранд. Агар донанд, ки касе хоҳ корманди давлат, хоҳ пулису прокурору амният бошад, дар коре даст дорад, зуд аз он рӯй мегардонанд. Яке аз сабабҳое, ки ман дар муддати як сол ҳис кардам ҳамин аст, ки ҳангоми беадолати мардум рӯйи худро тарафи дигар мегардонанд. Вақте мо ба мардум боадолатона ва мудаббирона ҷавоб дода наметавонем, онҳо мераванд пеши каси дигар.

Онҳо бо ин кор эътирози худро баён мекарданд, ки мо аз кори шумо розӣ нестем, тарафдори гуруҳи дигар ҳастему аз шумо не.  Ин ба гуфти англисҳо “express thier frustration”- “баён кардани ноумедии худ” аст.

Ситоди муштараки ниҳодҳои қудратӣ барои таъмини амният дар вилоят корашро тамом кард ё ҳанӯз ҳам фаъолияташ давом дорад?

Идома меёбад, вале ҳоло шаклан кораш дигар шудааст. Пештар бисёртар диққат медоданд ба масъалаи амният, ки дар куҷо силоҳ асту дар куҷо хатаре таҳдид мекунад. Ҳоло бештар ба ҳокимияти қонун таваҷҷуҳ мекунанд ва ҳатто корҳое, ки хеле ба ситод дахл ҳам надошта бошанд. Масалан, пардохти ҷаримаву, баргардонидани қарзҳои бонкиву масоиле, ки солҳои зиёд ҳал нашуда буданд.

Баъзан ин ҳатто параллел ҳам ҳаст. Ҳатто мешавад коре, ки ба раиси вилоят дахл дораду онҳо иқдом мекунанд.

Ин дар ҳамоҳангӣ бо шумо мешавад, ё худсарона?

Албатта хеле масъалаҳое аст, ки мо метавонем байни худ розӣ набошем. Ман мегӯям, ки ҳеч вахт имкон нест, ки дар як ҷой ду ҳокимият бошад: аз як сӯ раиси вилоят бошаду аз сӯйи дигар ситод. Албатта мо хеле сиёсатмадор ҳастем, ки талош мекунем бо ҳамдигар кор кунем. Аммо баъзан мешавад, ки мо аз кори якдигар розӣ нестем ва ман телефон мекунаму мегӯям, ки ин кор бояд таври дигар мешуд.

Барои худи Шумо ҳамчун раиси вилоят, фикр мекунед будани ҳамин ситод ба фоидаи кор аст?

Ҳамон шабу рӯзе, ки ман ба худ бовар мекунам, ки дигар тамоми корро идора карда метавонам, ман аз Ҷаноби олӣ хоҳиш мекунам, ки ба дигар ин ситод зарур нест. Ҳоло мутмаин нестам. Ҳоло ситод барои ман як ниҳоди ёридиҳанда, як такягоҳ аст.

Масъалаи  “болкпост”-ҳо дар вилоят хеле танқид мешавад. Онҳоро ба фасод ҳам муттаҳам мекунанд. Оё ин ба имиҷи вилоят, ки яке аз ҷолибтарин минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон аст, зарар намерасонад?

Постгоҳ дар Хоруғ: Акс: vkd.tj
Постгоҳ дар Хоруғ: Акс: vkd.tj

Аз ҳама муҳим фикру назари худи мардуми маҳаллӣ аст. Ҷавонони зиёд меоянд пеши ман, ки раис ҳамин блокпостҳоро бояд бардорем. Аммо қисмати дигари мардум, хусусан модарону бонуҳо меоянд, ки инҳоро ҳанӯз фурсати бардоштанашон нашудааст. Зеро аз ҳамон бетартибиҳое, ки солҳои пеш буд мардум ба ҷон расидаанд. Бинобар ин ҳоло бароям аз ҳама муҳим фикри мардум аст.

Барои сайёҳон албатта бархе мушкилиҳоро ба бор меорад. Чун ман забонашонро медонам ва дар кӯчаҳо аз онҳо мепурсам, ки чӣ мушкил вуҷуд дорад. Онҳо аксаран мегӯянд, ки ҳамин чизҳо бояд набошанд ва агар ҳам ҳастанд бояд ба таври мулкӣ, мисле дар Аврпуову Амрико ҳасту низомиёнро кам мебинанд, бошанд.

Ҳоло мо ба дунболи ҳалли масъала ҳастем, ки комилан бардошта шаванд, кам карда шаванд ё бо либоси ғайринизомӣ бошанд. Худи мардум ҳам ба хулосае нарасидаст. Аммо як чиз мусаллам аст, ки муомила ва муносибат бо мардум хеле тағйир ёфт. Агар аз ягон блокпост шикояте шавад, ки ба нафаре муносибати дағалона шудааст, худи ҳамон рӯз ҳамон нафар аҳ қаламрави ВМКБ берун карда мешавад.

Дар мавриди сармоягузору нофаҳмиҳо

Ҷаноби раис, мавзуъи пурбаҳси ин шабу рӯзи ахир дар ихтиёри Чин гузоштани кони нуқраи “Якҷилва” ҳаст. Ҳукумати вилоят ҳам як баёния нашр кард.  Мешавад дар ин бора муфассалтар суҳбат кунед?

Ростӣ, ин маро дар як ҳолати мушкил гузошт. Моҳияти вокунишро нафаҳмидам, ки чаро ҳамин гуна эътироз карданд. Ман фикр мекунам, ки бисёр кори хубе кардем, ки ҳадди ақал як сармоягузорро ба ВМКБ овардем. Вале ба назарам нафароне, ки дар бораи сармоя ва ин гуна масоил иттилои кам доранд, мавзуъро ба тарзи дигар фаҳмиданд.

Нахуст, ин ки ин кор соли 2016 сар шуд. Ҳамон кон ба ин ширкат дар соли 2016 дода шуда буд. Моҳи августи соли 2018 бо иштироки худи президент ин корхонаро боз карданд.

Ин то омадани ман ба раёсати вилоят буд. Ман ҳамчун як шаҳрванд инро хуш истиқбол карда будам, ки як ширкати хориҷӣ омада дар Бадахшон корро сар кард. Имсол фақат ҳамин қадар кор шуд, ки корҳои то ин муддат шударо парлумон тасвиб кард. Ман дастур додам, ки ҳамон шартномаро дар шабкаҳои иҷтимоӣ бикоред, мардум онро хондад, ростӣ ман ҷойи хатое дар он надидам.

Мо имрӯз мегӯйем, ки ояндаи рушди ВМКБ ба василаи саноати кӯҳӣ аст ва саноати куҳиро мо метавонем ба василаи сармоягузориҳои хориҷӣ ривоҷ диҳем, роҳи дигаре нест. Ҳукумат имкониати дар баланди 4,5 ҳазор метр ва масраф кардани 50 милюн доллраро надорад.

Ин вобаста  ба қудрати давлат аст. Ин гуна корхонаҳои муштарак зиёд дорем: неругоҳҳои Сангтӯда 1-у 2, корхонаҳои зиёд дар водии Зарафшон. Худи ман ният дорам, ки ҳамин гуна корхонаҳо дар вилоят якто неву 10-15-то шаванд.

Шояд норизоятиҳо аз ин буд, ки ҳукумат шартҳои додани сарватҳои вилоятро бо мардум шарик намесозад…

Мо шартномаро нашр кардем. Ман худам вақте дар Бунёди Оқохон кор мекардам ва бештар аз 20-30 созишнома бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо кардем. Ягон чизи зиёдатие дар он набуд. Аз ҷумла дар Бадахшон меҳмонхонаи Серенаро сохтем, ки ҳукумат моро дар вақти сохтмон, аз баъзе андозҳо, аз ҷумла аз ААИ (НДС) озод кард.

Ноҳияи Мурғоб, ки “Якҷилва” дар ин ҷо ҷойгир аст, яке аз баландкӯҳтарин ноҳияҳои Тоҷикистон аст. Акс: ozodi.org
Ноҳияи Мурғоб, ки “Якҷилва” дар ин ҷо ҷойгир аст, яке аз баландкӯҳтарин ноҳияҳои Тоҷикистон аст. Акс: ozodi.org

Ин ҷо ҳам ҳама чиз рӯшан аст. Яъне ҳукумат медонад, ки захираи он 450 тонна нуқра аст ва ин ширкат ҳамин қадар коргар қабул мекунад, соли авал чӣ миқдор ва соли дувуму сеюм чӣ қадар. Соли сеюм бояд 80 дар сади коргарон маҳаллӣ бошанд. Дар солҳои аввал истихроҷи ашёи хом ва дар соли чоруму панҷум корхона-завод сохта мешавад. Шаш намуди андозҳоро пардохт мекунад, аз ду намуд озод аст – андоз аз фоида ва андоз аз арзиши илова ба муддати 5-сол.

Яъне Шумо комилан мутмаин ҳастед, ки ҳамин тарҳ ба фоидаи Тоҷикистон аст?

Куҷояш муқобили манфиатҳои мост? Агар норизоятӣ ин аст, ки бояд 50 ба 50 бошад ин фарқ мекунад. Вақте маблағгузорӣ 100% ба дӯши сармоягузор шуд, он гоҳ давлат танҳо ба истилоҳ боҷу хироҷ мегираду ҷойи кор. Албатта дар Бадахшон конҳое, ки 450 тонна нуқра доранд, Худоро шукр 130-то ҳастанд, ки имрӯз ба ҷуз чиниҳо каси дигаре биояд мо бо шартҳои хос медиҳем. Ба ҷуз ин боз ҳастанд конҳои стратегие, ки онҳоро бо ин гуна шартҳо намедиҳем. Танҳо бо 50 ба 50, 60/40 ё 70/30 медиҳем.

Зеро онҳо захираи калон доранд, ҷояшон осон аст ва бозорашон ҳам вуҷуд дорад. Вале конҳое, ки дар баландии 4,5 ҳазор ҳастанд чораи дигар надорем. Соли 2018 ҳамон корхона ба маблағи 26 миллион сомонӣ мол истеҳсол кард, 202 нафар он ҷо кор кард, ки 127 нафар маҳаллӣ буданд.

 Сармояи хориҷӣ аз дилхушӣ намешавад. Маҷбур мешавӣ баъзе шартҳоро розӣ шавӣ. 

Рушди иқтисод

ВМКБ як вилояти ёронагир (дотатсионӣ) аст. Ба сармоя ва истеҳсолот сахт ниёз дорад. Имкон дорад, ки пардохтҳои гумрукӣ, даромадҳо аз иҷозатномаи шикори Марко Поло, морхӯр, гӯсфанду бузҳои кӯҳӣ, иҷозатномаи сарватҳои табии вилоят ба буҷаи худи вилоят ворид шаванду вилоят тавонмандии бештар пайдо кунад?

Инро ман дар маҷлиси ҳукумат ҳам гуфтам, дар як е аз мусоҳибаҳо ва ҳоло ҳам мегӯям, ки ин вилоят агар ҳамин хел вазъият бошад, 100 соли дигар ёронагир мемонад. Ман 26 сол дар Бунёди оқохон кор кардам, ки бсиёр корҳои зиёдеро ба сомон расонидем, вале вақте гап дар бораи рушди иқтисодӣ меравад (ба унвони раиси пешини Бунёд) сарам хам мешавад.

Дар ин муддат ба ҷуз аз роҳи байналмилалии Кӯлоб-Дарвоз ва ширкати “Помирэнерҷӣ” дигар ягон сармояи бузурге барои рушди иқтисодии вилоят  сарф карда нашудааст.  Барои рушди иҷтимоӣ бисёр сарф шудааст, ки мактабу бунгоҳҳои тиббиву иншоатти дигар бисёранд.

Аммо барои траққӣ додани истеҳсолот ва саноат қариб ягон коре нашудааст. Бинобар ин ин вилоят 100 соли дигар ҳамин хел мемонад, то ҳамин сармоягузорие, ки дар борааш суҳбат кардем нашаванд. Вале чизи дигар ин аст, ки гирифтани иҷозатнома ҳамин қадар кори сахту печидае аст, ки сармоягузор чандин солу моҳро масраф мекунад ва қисме аз онҳо дилсард мешаванду мегӯянд: бас ва мераванд. Бинобарин мо баъзе иддаоҳо дорем, ки бархе аз ваколатҳоро ба мо диҳанд.

Аз ҷумла дар маҷлиси ҲХДТ президент вазири молия ва Кумитаи ҳифзи табиатро гуфтанд, ки  наход ҳамин 6 миллион сомонӣ (тақрибан 620 ҳазор доллар)он қадар маблағе бошад, ки онро аз Мурғоб кашида ба Душанбе биёред. Пештар ин хел буд, 20% дар Мурғоб, 20% дар вилоят мемонд. Гуфтанд, ки 60% бояд дар Мурғоб бошаду 40% агар зарур аст биёред ба буҷаи ҷумҳурӣ.

Ин ҷо як муаммои печида аст, аз як тараф мо 280 миллион ёрона мегирем ва агар ҳамин боҷи гумрукиву инҳоро ҳисоб кунем 40-50 миллион сомонӣ кам мешавад. Сабаби ин ки чаро боҷҳои гумрикиро аз Бадахшон бурданд, маълум аст. Зеро ин маблағ ба дасти одамони дигару корҳои дигар рафт, вале ин боз ба Бадахшон бармегардад. Аммо аз ҳама муҳим ташкили  корхонаҳои истеҳсолӣ аст. 

Чин як кишвари бузурги сармоягузор дар иқтисоди Тоҷикистон аст, оё ҳукумати вилоят барои таъсиси консулгарии Чин дар Хоруғ талоше дорад?

Ман ҳарчанд дипломат нестам, вале дар ташкилоти байналмилалӣ кор кардаам. Вақте мегӯйем, ки консулгарии Чин дар Бадахшон боз шавад, як савол аст:  “Имрӯз аз ВМКБ ба Чин дар як  моҳ чанд нафар сафар мекунад? ”.

 Агар ин теъдод то 15-20 нафар бошад, зарурат надорад. Агар ҳадди ақал 50 нафар бошад, он вақт гапи дигар аст. Масъалаи дувум агар барои сокинони вилоят гирифтани визо дар Душанбе мушкил бошад он гоҳ ҳам зарурат аст, ки дар ин бора баҳс кунем.

Мо ҳоло таҳлил накардаем. Бояд зарфиятҳои вилоятро барои ин кор ҳисобу китоби дуруст кунем.

Ва ё агар манзур ин бошад, ки дар Хоруғ консулии Чин кушода шаваду шаҳрвандони Афғонистон омада визои Чинро бигиранду бираванд, бояд аввал мушкили визаи Афғонистону Тоҷикистонро ҳал кунем. Имрӯзҳо ҳазорон шаҳрванди Афғонистон дар орзуи омадани ин тараф ҳастанд, вале визоро гирифтан наметавонанд.

Бо назардошти эҳтимоли бунёди роҳи замонавии Афғонистону Чин аз тариқи Тоҷикистон магар зарурат нест? Инро коршиносон ба нафъи мо медонад, ки бозори хубе муҳайё мешавад.

Ҳукумати Тоҷикистону Покистон ниҳоят хушбинанд, ки тавассути Вахон роҳе бунёд шавад. Ҳатто Бунёди Оқохон ҳам барои ин талош дорад ва аз ҳама даъват кардааст, ки барои ин кор ёрӣ расонанд.

Аммо ҳукумати Афғонистон қатъан розӣ нашуд. Зеро мардуми афғон хеле тоҷири варзида ва сиёсатмадор ҳастанд ва барои онҳо пайдо шудани робитаи мустақим бо Покистон маънои инро дорад, ки ҳазорон ҳазор одаму зарфиятҳо дар Шерхонбандару ҷойҳои дигар бекор мемонанд. Ва таъсири дигар абарқудратҳо дар Афғонистон ба ин кор мамониат низ карданд.

Аммо дар заминаи ташкили бозор пулҳо сохта шудаанд, минтақаи озоди иқтисодии Ишкошим вуҷуд дорад ва умедворем самар бидиҳанд. Ҳоло Бонки рушди Осиё роҳи Файзободу Ишкошим то сарҳади моро пура таъмин мекунад ва мо умедвори беҳ шудани вазъи амниятӣ дар он сӯйи Панҷ ҳастем.

Дар мавриди рушди туризм ва бартараф кардани монеаҳо

Туризм яке аз бахшҳои ояндадор барои ВМКБ гуфта мешавад. Аз замоне раис шудед шумораи сайёҳон зиёд шуд ва чӣ бояд кард, ки мардуми вилоят аз сайёҳӣ даромади бештар бигиранд?

Бале. Ин албатта ба ману раисии ман рабт надорад. Омилҳои зиёде ҳастанд ва яке аз омилҳо боз шудани сарҳади Тоҷикистону Узбакистон аст. Шумо дидед, ки танҳо тавассути Самарқанд Панҷакент 48 ҳазор сайёҳ омад.

Сайёҳони хориҷӣ дар ВМКБ. Акс: akdn.org
Сайёҳони хориҷӣ дар ВМКБ. Акс: akdn.org

Сайёҳ танҳо барои як  кишвар намеояд. Дар баробари ин ду омили дигар: визои элктронӣ ва таҳкими амният дар Бадахшон.

Мавзуъи сайёҳиро идома медиҳем. Бештари коршиносон бар ин назаранд, ки яке аз омилҳои монеагузор ба рушди сайёҳӣ дарёфти иҷозатномаи вижа барои ворид шудан ба қаламрави ВМКБ аст. Ин иҷозатнома чӣ манфиат меоварад? Барои бекор кардани он ва дигар муқаррароти бюрократӣ, ки  ворид шудану ҳузури хориҷиёнро озодан таъмин кунад, чӣ тарҳҳо рӯйи даст аст?

Мо инро дар чандин сатҳҳо, аз ҷумла ба худи Пешвои миллат ҳам матраҳ кардем. Асосан ин ҷо мақомоти қудратӣ, Кумитаи амният, сарҳадбонӣ масъалагузорӣ мекунанд, ки ин ҷо сарҳад асту мо бояд бифаҳмем, ки ин ҷо кӣ ва чӣ меояд.

Дар воқеъ ин мушкил вуҷуд дорад. Танҳо чизе, ки пешравӣ аст ин аст, ки вақте шумо барои визаи электронӣ дархост медиҳед ҳамон иҷозатнома ҳамроҳ бо визаи электронӣ дода мешавад. Дигар ин ки сайёҳон ҳамеша роҳи ҳаллро меёбанд ва ширкатҳои сайёҳӣ имрӯз роҳи инро ҳам ёфтаанд. Раванд хеле сода шуд, вале ба гуфтаи русҳо ҳанӯз ҳам “нежелательно”.

Ман бо ин замоне ки дар Бунёд ҳам кор мекардам розӣ нестам ва ҳоло ҳам розӣ нестам. Дар масъалаи вуруд ба бадахшон аз ҳама бештар муқобил ҳастам ба иҷозатномаи махсус барои Сарез. Ман ба ҳеч навъи ин иҷозатномаҳо мувофиқ нестам.

Дар гузашта миёни Душанбе ва Хоруғ  мунтазам парвози ҳавопаймо буд. Ҳал шудани ин масъала метавонад иртибот миёни минтақаҳоро таҳким бахшад, шумораи мусофиронро афзоиш диҳад. Барқарор шудани он имкон дорад?

Ин ягона масъалаест, ки ман ноком мондам. Дар ин бора ба президент нома навиштам ва вақте душанбе рафтам пешашон даромадам. Ҳар дафъа бо 15-60 масъала ҳузурашон меравам.  Он вақт эшон супориш медиҳанду мебинанд, ки кадомаш мешаваду кадомаш не. Прзидент гуфтанд, ки ин мавзуъ ҳалли худро намеёбад. Вазъи “Тоҷикэйр” бисёр бад аст.

Дар худи Тоҷикистон тайёраву чархболи хурде вуҷуд надорад, ки ин корро анҷом диҳад. Як тайёраи хурд барои бурдану овардани маҷруҳони низоъҳои ҳарбӣ буд, ки чанд бор парвоз анҷом дод. Ман барои ин хеле илтимос кардам.  Супориши сарвазир шуд ва ба ҳама ниҳодҳову созмонҳои байналмилалӣ мактуб навишта шуд. Вале ҷавоб омад, аз ҷумла аз созмони байналмилалии ҳавонавардӣ, ки ин тайра барои ҳамлу нақли шаҳрвандон тавсия дода намешавад.

Ҳоло дар ин маврид мо нокомем. Дар ҷаласаи ҷамъбастии охирони ҳукумат ҳам бори дигар ин мавзуъро матраҳ кардам, ки мо ба ин ниёзи сахт дорем. Хусусан шаҳрвандони синну соли боло.

Ҳоло маҷбур ҳастам, ки ҳар ҳафта аз ташкилоти Оқохон илтимсо кунам, ки маризону одамон ниёзмандро интиқол диҳанд.  

Зербиноҳои нақлиётӣ барои рушди бахши сайёҳӣ ва робитаи танготанг бо минтақаҳои гуногуни кишвар нақши калидӣ дорад. Шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ кай пурра таъмир мешавад. Шумо хабар доред, ки вазъи роҳҳои вилоят бисёр бад аст. Роҳҳои асосие, ки маҳаллаҳои бузурги аҳолинишини дохили ВМКБ-ро бо ҳам мепайванданд, оё таъмир мешаванд?

Масъалаи таъмири қитъаи Дарвозу Ванҷ то сарҳади ноҳияи Рғшон  ҳал шудааст ва моҳи июни соли оянда оғоз мешавад. Қисмати Ёгед-Қалъаи Хумб оғоз шуд. Имсол хеле техникаи роҳсозӣ гирифтем ва агар Шумо ҳагоми омадан диққат дода бошед роҳҳои маркази ноҳияи Рӯшонро таъмир кардем. Дар Ишкошиму Рошқалъа ҳам хеле роҳҳоро таъмир кардем. Ҳамчунин дар маркази Ванҷ ҳам. Дар Бартанг ҳам талош кардем. Имсол як ё ду рӯз роҳи он баста буду халос. Танҳо дар Икошим 21 рӯз роҳ баста буд. Барои Бадахшон роҳҳо мисли рагҳои хунгарданд. Таъмири куллӣ фақат Хоруғ-Роштқалъа, дигар ҷойҳо таъмири ҷорӣ мешаванд.

Идомаи роҳи байналмилалӣ чӣ. Аз Рӯшон то Мурғоб?

Ёдгор Файзов: Дар назар аст, вале бояд рӯйирост бигӯям, ки гапаш дур аст. То ҳамон қитъаи Дарвоз-Ванҷ ба итмом нарасад ин тарафтар ҳоҷати гап нест. Аз ҳама мушкил то дарвозаи Рӯшон аст.

Ҳамсола дар Хоруғ форуми сармоягузории “Помиринвест” баргузор мешавад, вале то кунун дар ВМКБ сармоягузориҳои қобили мулоҳизае ба назар намерасад. Чӣ сабабу монеаҳоеи дигаре вуҷуд дорд, ба ҷуз он мушкилиҳое ки гуфтед?

Баргузории форум маънои онро надорад, ки пагоҳ маблағ ворез мешавад. Ин як раванди бисёр дуру дароз аст. Зарур аст, ки солҳо дар бораи Помиру имконоташ ёдовар шавем то як ду се сармоягузор ва шояд зиёдтар ҷалб шаванд.

Таваҷҷуҳ чӣ гуна аст, таваҷҷуҳи сармоягузорон?

Пештар вақте ҳамин форум баргузор шуд, он ҷо пулталабҳо аз инвесторҳо зиёдтар буданд. Имсол мо талош кардем, ки нафаронеи пулдиҳанда каме зиёдтар бошанд. 30-40 нафар сармоягузооро овардем. Аз 26 тарҳе, ки пешниҳод намудем ба 8 тарҳ таваҷҷуҳ шуд. Якеяш ҳоло рӯйи мизи ман аст вобаста ба павариши хашгов (қутос) ва зиёд кардани гӯшт дар Мурғоб. Дигаре коркарди меваву сабзавот дар Ванҷ ва ғайра. Умед дорем аз 8 тарҳ ду се тояш амалӣ шавад. Ин ҳадди аксари умеди мо аст.

Мавзуъи дигар ин аст, ки сармоягузор дар куҷо сармяогузорӣ мекунад, чӣ бозоре вуҷуд дорад, бозори дохиливу байналмилалӣ. Маъданҳои кӯҳи баҳси дигар аст, гапаш дарозу пулаш калон аст, гап дар бораи 50-100 милюн долар меравад. Ин гуна сармоягузор хеле кам аст.

Иштирокчиёни Форуми Помир Инвест дар Хоруғ, 6 агусти соли 2019. osce.org
Иштирокчиёни Форуми Помир Инвест дар Хоруғ, 6 агусти соли 2019. osce.org

Ба манотиқе, ки роҳ надорад ва ё роҳҳое, ки мо дорем ҳеч гуна сармоягузор намеояд. Барқ бошад, роҳ бошад, об бошад ва аз ҳама муҳим сармояи ӯ таҳти ҳимояи давлат қарор бигирад. Амнияти сармоя. Мисле, ки дар Ванҷ як сармоягузор корро сар карду ширкати дигаре омаду гуфт ба ту ҷавоб, дар ин ҳолатҳо обрӯйи давлат як тин мешавад. Факторҳои дигар – ҳолатҳои  фасод. Талаби ин ки 10 ё 20 % ҳақ медиҳӣ ва ғайра, ки хеле халал мерасонанд.

Дар Бадахшон тарҳҳои миёнаву хурдтар муассир воқеъ мешаванд барои сармоягузорон. Меваву гӯшту сангу туризм соҳибкорӣ, ки бо инҳо мо иқтисодро рушд додан наметавонем.

Дар вилоят маводи хӯрданӣ ва ниёзи аввалия қиммати хеле баланд доранд. Яке аз сабабҳои онро мунтақидон дар монополия медонанд. Ҳукумати вилоят барои воридоти арзонтари он чӣ коре метавонад анҷом бидиҳад. Барои дар вилоят истеҳсол кардани қисме аз ин маҳсулот корҳое карда мешавад?

Ҳоло равед дар майдони Исмоили Сомонӣ ду “Камаз” маҳсулот мефурӯшад. Ман раиси вилоят, ба Душанбе ба ҷӯраҳоям занг мезанам ва аз бозори Гипрозем бо 1 сомониву 15 дирам пиёз харида оварда тамоми кормандони дастгоҳи раиси вилоят дар ин майдон пиёз мефурӯшанд. Аз ноҳияи Ванҷ 42 тонна картошка овардему фурухта истодаем. Худи дастгоҳи раиси вилоят.

Чанд мушкил дорем:  Якум ВМКБ аз нигоҳи ғалаву нон худро таъмин карда наметавонад. Ҳамагӣ2-3 моҳ метавонем. Ин чизе, ки айби мо не, айби табиати мост. Биринҷу равғану маҳсулоти дигар  баҳсаш ҷудост. Имкони таъмини пурраи худро танҳо аз картошка, сабзавот ва ширро дорем.

Вале ду мушкили ҷиддӣ ин ҷо вуҷуд дорад: якум, муносибат ба замин дар мо дар сатҳи пастарин қарор дорад. Вақте аз як гектар замини обӣ 16 сентенер гандум ва 80 сентенер картошка мегирем, чӣ истифодаи замин аст?  Як рӯз дар ҷаласаи раиси вилоят мавзуъи “Истифодаи оқилонаи замин буд”. Гуфтам кадом оқилона, ин ғайриоқилона аст!

Мо аз замин хеле бад баҳрабардорӣ мекунем аз меваву сабзавот ҳам. Бозор ҳам хеле шаклгирифта нест. На системаи давлатии бақувват дорем ва на соҳибкори неруманде, ки ин корро ҷиддан ба роҳ монад.  Ин кори дастгоҳи раиси вилоят нест. Аз як сӯ мардум мегӯяд, ки назар ба ин ки дар кабинетҳо бекор нишаста коғазбозӣ кунед ҳамин корро кунед фоидаатон бештар мерасад.

Бояд муносибатро тағйир диҳем. Ман дар деҳа зиндагӣ мекунам. Ҳамсояи ман пуле, ки фарзандаш аз русия мефиристад ҳамонро гирифта рафта аз Хоруғ картошка мехараду вале заминаш бекор аст. Мо имкон дорем, ки то андозае маҳсулоти ниёзи аввалро аз ҳисоби зарфиятҳои вилоят бештар ва арзонтар кунем.

Мо ягона вилояте ҳастем, ки Бунёди Оқохон баҳорон тухмиву  нуриву маводи сӯхтро меоварад, ҳукумат Тоҷикагролизингро ташкил кардааст, ки бархе техникаҳоро дорад. Ҳато харидор ҳам ҳаст. Ҳамин Агентии таъмини маводи озуқа мегӯяд, канӣ 5-6 ҳазор тона гандуме, ки мо бихарем. Нест.

Ман намегӯям, ки мо худро 100% таъмин мекунем, вале бояд талош кунем.

Дар ҳар мавриди дигар

Мегӯянд, ки шумо бо изофанависӣ бисёр мубориза доред. Ин мавзуъ дар ВМКБ бисёр ҷиддӣ аст?

Агар ҷиддӣ набошад, дар соли 2018 мувофиқи изофанависӣ дар вилоят 55 ҳазор тона картошка “ба даст” оварда шудааст. Агар ин қадар мебуд мо то 80 фоиз аз берун ворид мекардем?  Воқеият на бештар аз 20-25 ҳазор тонна буд.

Баъд касе ҷазо гирифт?

Не. Касе ҷазо нагирифт ва ле рақамҳоро кам кардем. Дар маҷлиси ҳукумат маро пурсиданд, ки чаро шумо баҳра аз заминро кам кардед? 1300 га. Ман гуфтам он замин вуҷуд надошт. Шаҳраки Ваҳдати Поршневро 6 сол мешавад, Мактабинтернати ҷумҳурявӣ дар Рӯшон 10 сол мешавад, ҷангали Темро 4 сол мешавад, заминҳои Барсемро сел бурд, минтақаи Сурхсангови Ванҷро 10 сол мешавад ва заминҳоеро, ки дар Данғара ҳаст 20 сол аст, ки касе нарафтааст. Ҳамаи ин дар замини кишти вилоят буд, ки ҳаамашро хориҷ кардем.

Ноҳияи Роштқалаъ ҳисобот додааст, ки 35 ҳазор мурғ. Ин қадар мо дар Ванҷ, ки аз ҳама мардуми мурғпарваранд, надорем. Рафтам Роштқалаъ, ки нишон диҳед, ки дар ҳар деҳа ҳар кас чанд мурғ дорад. Хеле кам, пас 35 ҳазор аз куҷо. Ҳамаро гирифтему хориҷ кардем.

Гуфтам ба раисон, ватқе ин гуна ҳисобот медиҳед, фардо Худо накарда агар роҳ баста шавад, баъди як ҳафта вазъро мебинед. Он гоҳ биёред картошкаву пиёзу дигар маҳсулотатонро, ки мардум аз гушнагӣ намирад. Кафолат медиҳед, не. Агар намедиҳед, биёйед ҳамон ҳақиқатро бигӯйем.

Як наворе буд дар шабакаҳо, ба фикрам дар назди бозори Хоруғ, ки як нафар бозраси давлатии автомобилӣ истода буду ронандаҳо аз мошин поин нашуда дар дасташ пул мечаспонданду мерафтанд. Шумо ҳамин наворро дидед?

Бале. Мо иқдом кардем. Онҳо албатта айби худро ба гардан ҳеч вақт намегиранд. Кормандон ду чиз гуфтанд: ин сохтакорӣ буд ва бачаҳо ин корро махсус сохтанд.

Яъне ба истилоҳ “подстава”?

Бале, “подстава”. Ва гуфтанд, ки биёйед мулоқоти рӯ ба рӯ ташкил кунем ва бигӯянд, ки кӣ ришва гирифт. Хулоса он нафарро аз кор озод карданд, вале ӯ ин гуноҳро ба гардан нагирифт.

Аммо ин ҷойи пинҳон надорад, ки ришвахориву фасод дар ҳама ҷо аст. Дар мо, дар ВМКБ кам аст. Дар дигар ҷойҳо хеле бисёр аст. Ба мо шикоят наомадаст, ки ришва мегиранд, бештар дар мавриди муносибати дағал шикоят аст, ки мегӯянд: “вақти шумо гузашту давраи мо омад”.

Бо ин мардум ба зурӣ намешавад. Ин мардум сар медиҳаду гардан намедиҳад.

Сокинони шаҳри Хоруғ аз мушкили оби нӯшокӣ ҳамеша шикоят доранд. Ин мушкил ба куҷо кашид?

Ин мавзуъ то ҳанӯз ҳам ҳал нашудааст. Якум системи обтаъминкунӣ бисёр фарсуда шудааст. Соли 2014 Бонки таҷдиди Аврупо маблағ ҷудо кард, вале вазорати молия онро напазируфт, зеро  50 % қарзу 50-и дигар бурсия буд. Ман пеши президент рафтам, маблағ ҷудо шуд, вазорат имзо кард – 8 милюн евро.

Басанда аст?

Бале басанда аст, вале агар 800 милюн еврои дигар ҷудо шаваду мо масъалаи истифода аз обро танзим накунем, ҳамин гуна беоб мемонем. Зеро 80 % оби нғшиданӣ барои боғу майдонҳои наздиҳавлигӣ истифода мешавад. Ҳоло мо дар корхонаҳои давлатӣ ҳисобкунанк насб кардем ва маҷбурем дар ҳама ҷо ҳисобкунак насб кунем. Чораи дигар надорем.

Барои таъмини оби полезӣ мо каналҳои мавҷудро таъмир кардем. Таъмини оби Хоруғ дар ду соли дигар ҳал мешавад.

Акс аз дафтари матбуоти ҳукумати ВМКБ
Акс аз дафтари матбуоти ҳукумати ВМКБ

Шумо таҷрибаи калони кор дар созмонҳои байналмилалиро доред ва медонед, ки яке аз ҳамкорҳои муҳими ҳукумат ҷомеаи шаҳрвандӣ аст.  Зарфият, нақш ва вуҷуди ҷомеаи шаҳрвандии ВМКБ-ро дар рушди вилоят чӣ гуна арзёбӣ мекунед? Ҳукумати ВМКБ то чӣ андоза дар ҳалли мушкилоти мубрам бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамкорӣ мекунад?

Ҳангоми кор дар Бунёди Оқохон мо дар вилоят 328 ташкилоти деҳот ва бештар аз 200 кумитаи маҳал ташкил кардем. Дар як вохӯрӣ ман гуфтам, ки айб аз ду тараф аст. Ҳам аз мақомоти давлатӣ, ки дар симои ҷомеаи шаҳрванди рақибони худро мебинанд ва дувум ин ки ҷомеаи шаҳрвандӣ худ ҳам хеле заъифанд.

Вақте дар деҳот раиси маҳаллаву инҳоро таъмин мекунем одамони босаводу таҳсилдида розӣ намешаванд. Баъд ягон ронанда ё касеро, ки ҳеч куҷо кор намекунад муносибатро дуруст ёд дораду на бо ташкилотҳои байналмилалӣ ва на бо сохторҳо бархурд карда метавонад, ҳамонро пешниҳод мекунанд.

Ташаббусҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳам хеле каманд. Ҳамин буд, ки дар Хоруғ ба ҷойи ҷомеаи шаҳрванди ҳамин гурруҳҳои муташаккили ҷиноӣ ва ё гуруҳи “братва” мегӯянду унсурҳои криминалӣ доранд, омад.  Ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки олим асту омӯзгор асту рӯзноманигор аст, рафтанд ба ҳошия.

Баъд ҳукумат ҳам дар симои ҷомеаи шаҳрвандӣ ба худ як оппозитсиюнро дид. Ҳоло ин хеле тағйир ёфт, вале то ҳанӯз ҳамон ҷомеаи шаҳрвандие, ки зарур аст вуҷуд надорад, хусусан дар ноҳияҳо борои ҳамкорӣ бо ҷомеаи омода нестанд. Худуи кормандони ҳокимиятҳои маҳал, дар бораи ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳамкориву муносибат бо онҳо, баномарезӣ ҳам малакаи ночиз доранд ва ҳам фикр мекунанд инҳо омада вазифаи моро мегиранд.

Як мавзуъе пештар дар бораи он бисёр баҳс мешуд, ки замини бе ин ҳам ками  Хоруғро бисёр гирифтааст, мавзуи горнизони низомӣ аст. Мавзуъи аз маркази шаҳри Хоруғ кӯчонидани он матраҳ аст? Чун гуфта мешавад шаҳри Хоруғ рӯз то рӯз тангтар мешавад ва дар таҷрибаи маъмул горнизонҳои низомӣ аз маҳаллҳои зисти мардум дуртар сохта мешаванд…

Ростӣ гап ман дар ин бора фикр накардаам ва нақшае ҳам нест. Инҷо сохту созе зиёде шуд. Аммо агар инро ҳам бикучонем ба куҷо мекучонем ва боз маблағҳои зиёде даркор аст, ки бисозем. Фикр намекунам, ки барои ин кор имрӯз имкониат дошта бошем.

Масъалаи дигар васеъ кардани шаҳр аст, хусусан дар шаҳраки Тем. Маблағи мавҷудро бояд он ҷо сарф кунем.

Ҷанбаи сиёсияшро ман медонам, вале ҷанбаи иқтисодияшро бояд таҳлил кунем.   Ҳатто касе ҳисоб накардааст, ки он ҷо чӣ қадар замин аст.

Шарҳи ҳоли Ёдгор Файзов
Соли 1961 дар деҳаи Поршиневи ноҳияи Шуғнони ВМКБ ҶШС Тоҷикистон таваллуд шудааст.  Баъди хатми мактаби миёна шомили Донишкадаи кишоврзии Тоҷикистон (1979-1984) гардид. Солҳои 1984 – 1986 мутахассиси Раёсати кишоварзии ВМКБ. Соҳои 1986 – 1993  котиби аввали комсомоли шаҳри Хоруғи ВМКБ, баъдан котиби аввали комсомоли ВМКБ Солҳои 1993 – 2001 мудири барномаҳои Бунёди Оқохон дар Тоҷикистон («Барномаи ёрӣ ва рушди Помир» (PRDP), «Барномаи инкишофи деҳот», «Барномаи пуштибонии иҷтимоии манотиқи кӯҳистон» (MSDSP). Солҳои 2001 – 2004 мудири кулли «Барномаи пуштибонии иҷтимоии манотиқи кӯҳистон»-и Бунёди Оқохона дар Тоҷикистон. 2004 – сентябрь 2018 мудири иҷроияи Бунёди Оқохон дар Тоҷикистон. Аз октябри 2018  то кунун раиси ВМКБ ҶТ.

Дар мавриди шеваи раҳбарӣ

Дар мавриди ба кор пиёда рафтани Шумо дар шабакаҳои иҷтимоӣ суҳбатҳо мешавад. Бисёриҳо онро истиқбол мекунад. Баъзеҳо популизм мегӯянд? Худи Шумо чӣ назар доред?

Вақте директори Бунёди Оқохон будам хонаам наздики Театри опреа ва балет буд. Аз онҷо пиёда мерафтам ҷойи кор – Тоҷикматлубот ва аз он ҷо пиёда мерафтам ба маркази Исмоилия барои намоз ва боз пиёда меомадам хона. Ин кооро ҳамеша мекардам, ки мошини шахсӣ ҳам доштаму хидматӣ низ.

Дар Душанбе ҳатто дар автобусу тролейбус ҳам мегаштам. Дар Хоруғ ҳам ин корро бо ду ҳадаф мекунам: якум барои фоидаи худам, барои саломатӣ ва дувум вақте пиёда меоям тақрибан бо 40-50 нафар ҳамсуҳбат мешавам ва бархӯрдҳои гуногун сурат мегирад. Хусусан аз мушкилоти мардум огоҳтар мешавам. Ин корро ҳатман мекунам, зеро як рӯзе пиёда мешавам.

Гуфта мешавад, имсол ба далели молиявӣ ҷашни пурдабдабаи истиқлолро дар вилоят лағв кардаед. Оё чунин аст?

Таҷлили ҷашниРӯзи истиқлол дар Хоруғ. 27 августи соли 2016. Акс: prezident.tj
Таҷлили ҷашниРӯзи истиқлол дар Хоруғ. 27 августи соли 2016. Акс: prezident.tj

Мо бисёр ҷашнҳоро танзим кардем. Хароҷотро бисёр кам кардем. Пештар ин қадар банкету нишастҳое мешуд, ки ҳисобаш гум. Ҳоло ҳатто меҳмонҳо аз Душанбе меоянд дар ҳамин ошхонаи мо хӯрок мехуранд. Дигар се хӯроку чор хӯрок нест. Дигар дабдабаҳову зиёфатҳо нест. Нисфи онро аз байн бурдем. Ҳоло ҳамон шарбату меваҷоти маҳаллӣ асту халос. Агар дар салоҳияти ман мебуд, нисфи ин ҷашнҳоро аз байн мебурдам.

Яке аз мавзуъҳои доғ рушди забонҳои маҳаллӣ дар Бадахшон аст, ҳарчанд қонунгузории Тоҷикистон ҳам бар ин таъкид кардааст. Оё барои рушди забонҳо барномаи вижае коркард шудааст: масъалан роҳандозии барномаҳо дар расонаҳо ва ё ҳатто таъсиси расонаҳои хос бо ин забонҳо?

Дар ин масъала ман хеле зиёд танқид мешавам, ки гӯё баъди раиси вилоят шудани ман истифодаи забони давлатӣ кам шуд. Пештар вақте вориди ин бино мешудед, дигар бо забонҳои маҳаллӣ гап намезаданд. Вақте ман омадам худам ба ин забон суҳбатро оғоз кардам. Фикр мекардам ин кори мусбате аст, вале ҳоло фикр мекунам шояд хато ҳам буда бошад. Ман ки худам русиро омухтаму инглисоро медонаму ҳоло боз забони давлатиямро такмил мекунам, бар ин назарам, ки то бо ҳамон забон сару кор нагиред суфта намешавад.

Мо мутахассисони хубе дорем, вале аксари онҳо вақте суханронӣ мекунанд ё ҳарф мезанад ба забони давлатӣ бечораҳо дуруст суҳбат карда наметавонанд. Зеро кам суҳбат кардаанд, забон суфта нест. Дар телевизиони давлатӣ, дар чорабиниҳо, консерту сурдҳо бо забонҳои маҳаллӣ ҳам нашр мешаванд. Масъалан ҷашни истиқлоли давлатӣ, Ғебалӣ тамоми сурудҳояшро бо забони шуғнӣ хонд ва ин нашр шуд. Ҳатто худам дар фестивали Боми ҷаҳон вақте суханронӣ намудам аз Лидуш бо шуғнӣ шеър хондам ва мардум ҳам истиқболи хуше карданд.

Дар рӯзҳои қабули ман биойед муошират комилан бо забонҳои маҳаллӣ ҳам ҳаст. Мо лимитро бардоштем. Вале шояд ин дуруст ҳам набошад. Масалан дар рӯзи забон вақте дар ситод рафтам ва баъзе хидматчиён мукофот додем, онҳое, ки аз дигар манотиқи кишвар буданд ва забони модарияшон забони давлатӣ буд бо як забони бурро ва мутантан мегуфтанд: “муҳтарам раиси вилоят фалонӣ фалонӣ барои гирифтани мукофот ба пеши шумо ҳозир шуд”. Ва вақте мукофот мегирифтанд: “ба Ватан, ба Пешвои миллат содиқем”.

Аммо вақте навбати маҳаллизабонҳо мешуд меомаданду “муҳтарам раиси вилоят…” ва баъд худро гум мекарданд, ки маро раҳм меомад. Мо дар як дуроҳа қарор дорем.

Аз як сӯ вазъ ин гуна аст, аз сӯйи дигар қонун аст, ки корбарии забонҳои маҳаллиро касе манъ накардааст. Инҳо шева ҳам нестанд. Инҳо сарватҳои нодири фарҳангии Тоҷикистонанд. Ҳоло ҳамсари ман дар мактаб муаллима аст. Бо хонандаҳо фақат бо тоҷикӣ суҳбат мекунад. Ҳамсарам мегӯяд, ки ман бо онҳо огоҳона бо тоҷикӣ суҳбат мекунам, ки забонашон кушода шавад.

Агар бо ин забонҳо китобу илму навишта зиёд шавад инҳо ҳифз мешаванд, агар не, не. Ҳатто вазъи забони давлатӣ дар ин замина хуб нест. Бо забони тоҷикӣ ҳам иттилову китобу осор зиёд нест. Хусусан барои донишҷӯёну муҳаққиқон ин мушкил ҳамеша вуҷуд дорад.

Дар баъзе дидорҳои шумо бо мардуму сафарҳоятон ба манотиқ ҳам шеърхониву овардани хонандаҳову ин гуна корҳо сурат мегирад. Ҳамин чизро худи шумо қабул доред? Оё дар як ҷомеаи демкоратӣ ин кори дурусте аст?

Вақте ман ба як мулоқот рафтаму дар бораи Тоҷикистону Бадахшон шеърхонӣ шуд, гуфтам ин чӣ зарурат дорад? Гуфтам ин корҳо дигар нашавад. Аммо гуфтанд, ки муҳтарам раис мо ин корро мекунем, ки ин кор дар мо пеш ҳам буд ва ин як ҷузъи фарҳанг аст, ки мо бояд меҳмонро хушомад кунем. Дувум ин ки шумо имрӯз раис ҳастеду пагоҳ меравед, пас агар вазирону раисони дигар биоянд, чӣ кор мекунем, кӯдакон як ҷумла гуфтан натавонанд? Ман ҳам ҳайрон шудам.

Ҳамин чанд рӯз пеш вақте ба Рӯшон рафтем кӯдакон бисёр шеърхонии хуб карданд, ман ҳатто бовар накардам, ки ҳамин кӯдакҳо аз ин ҷо бошанд. Барои ҳамин ба забони рӯшонӣ савол додам, ки воқеан аз Рӯшон ҳастанд.

Мардуми мо бисёр хушзеҳну боистеъдод ҳастанд. Вақте мо дар бораи сарватҳои табииву тилову нуқра гуфтем онҳо дар зери кадому кӯҳу санге ҳастанд, милёрдҳо даркор барои баҳрабардорӣ аз онҳо. Аммо ғановати аслии ВМКБ неруи инсониву зеҳнии он аст.

Барои ҳамин дар ин масъала ман дар ҳайрат ҳастам. Хайрият, ки дар бораи ман намехонанд. Як бор дар Сағирдашти Дарвоз дар бораи ман хонданд, гуфтам бигузоред, ки ором бошем ва қатъан рад кардам. Аз як тараф шояд хуб бошад, аммо ин чизҳо ба ҳеч гуна меъёрӣ байналмилалӣ дуруст намегиранд.


Ин мавод дар доираи лоиҳаи “Giving Voice, Driving Change – from the Borderland to the Steppes Project” омода шудааст.

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report
The following text will be sent to our editors: