© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Волидони тоҷик ба мактабҳои русӣ авлавият медиҳанд

Чаро дар Тоҷикистон баъди даҳҳо сол аз касби истиқлоли давлатӣ ҳанӯз ҳам волидон барои фарзандони худ мактабҳои русиро интихоб мекунанд?


Ба канали мо дар Telegram бипайвандед!


“Дар мактабҳои русӣ омӯзиш беҳтар аст. Мо китобҳои бисёр мехондем ва иншоҳои зиёд менавиштем. Муаллимони ҷиддӣ доштем. Синфҳои тоҷикӣ дар муқоиса бо русӣ суст буданд”, – мегӯяд Ануша Ҳодизода.

Ба гуфтаи Ҳодизода, ки худ хатмкардаи Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон аст, дар мактабҳои олӣ низ айнан ҳамин вазъ аст.

Акси Ануша Ҳодизода аз саҳифаи Фейсбук гирифта шудааст
Акси Ануша Ҳодизода аз саҳифаи Фейсбук гирифта шудааст

“Хатмкунандагони мактабҳои тоҷикӣ сустар буданд ва барои онҳое, ки мактабҳои русиро хатм кардаанд, ҳама чиз осон буд”, – тасдиқ мекунад Ануша Ҳодизода.

Волидони дигар низ мегӯянд, хонандагони мактабҳои русӣ таълими хуб мегиранд ва фикри худро на танҳо бо забони русӣ, балки бо забони англисӣ низ озод баён карда метавонанд.

Идигул Ватаншоева, модари ду фарзанд ҳам бар ин аст, ки дар мактабҳои русӣ омӯзгорони шоиста ва босалоҳияттар дарс медиҳанд. Ҳамчунин ба гуфтаи ӯ, онҳо беҳтар таъмин карда мешаванд.

– Барои намуна, барномаҳои ҷолиб, китобҳои рангаву тасвирдори мувофиқ ба сину сол барои синфҳои ибтидоӣ ва дафтарҳои корие ҳастанд, ки раванди омӯзишро хеле осон мегардонанд. Писари ман дар мактаби русӣ мехонд ва мо аз натиҷаи он хеле розӣ ҳастем. Ният дорем, духтарамонро низ ба ҳамон мактаб фиристем,  – мегӯяд Ватаншоева.

Пас аз пошхурии Иттиҳоди Шӯравӣ бештари мактабҳои русӣ дар Тоҷикистон барои ҳамеша дарҳои худро бастанд ва як қисми бузурги омӯзгорон низ кишварро тарк карданд. Раванди «фирори мағзҳо» ё кадрҳои шоиста ба мактабҳои тоҷикӣ низ бетаъсир намонд.

– Қисми хурди омӯзгороне, ки барояшон эҳсоси масъулият ва қарз дар назди волидону муассисаҳо ошно аст, маҳз дар мактабҳои русӣ боқӣ мондаанд, – гуфт мудири яке аз мактабҳои шаҳри Душанбе ба шарти ифшо нашудани номаш дар суҳбат бо CABAR.asia.

Бисёре аз волидон боварӣ доранд, ки хонандагони мактабҳои русӣ маълумоти беҳтар мегиранд. Акс аз ozodi.org
Бисёре аз волидон боварӣ доранд, ки хонандагони мактабҳои русӣ маълумоти беҳтар мегиранд. Акс аз ozodi.org

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, ин омӯзгорон медонанд, ки «аз онҳо бисёр чиз вобастааст ва бояд бо кӯдакон сахт кор кунанд».

– Риққатовар аст, вақте ба мактаб кӯдаконеро меоранд, ки ҳатто як калима ба забони русӣ намедонанд. Дили кас ба онҳо месӯзад. Волидон дарк намекунанд, ки таҳсил дар ин гуна муҳит барои кӯдаке, ки то чанд лаҳза пеш комилан бо забони тоҷикӣ ҳарф мезад, то куҷо роҳат хоҳад буд, – изҳор дошт мудир.

Ба гуфтаи ӯ, дар ин гуна ҳолатҳо волидон бояд хуб фикр кунанд, то кӯдакро азоб надиҳанд ва ё пешакӣ бояд онҳоро омода созанд.

– Вале ҳар кас барои фарзандаш чизи беҳтарро мехоҳад ва бинобар ин, ҳама ба мактабҳои русӣ рӯ меоранд, – афзуд директор.
Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 26 мактаби русӣ фаъолият мекунад, ки 17778 хонанда доранд. Ҳамчунин дар кишвар 141 мактаби дигаре мавҷуд аст, ки дар онҳо барои 177638 хонанда дарсҳо бо ду забон – тоҷикӣ ва русӣ ба роҳ монда шудааст.

Ба гуфтаи мудир, мактабҳои русии Тоҷикистон ба омӯзгор сахт ниёз доранд.

– Мо ба ҷониби Русия муроҷиат менамоем ва омӯзгоронро қабул мекунем. Як қисми маоши онҳоро ҷониби Тоҷикистон ва як қисми дигарро ҷониби Русия мепардозад. Имсол мо омӯзгори фанни биология ва информатика надорем. Мо дархост кардем ва онҳо тасдиқ карданд, вале дар ниҳоят тасмим гирифтанд, ки танҳо омӯзгорони фанни биологияро даъват намоянд. Харҷи роҳро бояд мактаб диҳад, вале сармояи мо ба ин намерасад, – гуфт мудир.

Қарор аст, дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Турсунзода ва Кулоби Тоҷикистон то моҳи сентябри соли 2021 панҷ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии русӣ бунёд карда шавад, ки дар ҳар яке аз онҳо 1 ҳазору 200 хонанда дарс хоҳанд хонд.

Дар ин бора дар санади имзонамудаи комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ аз 20 марти соли 2019 гуфта шудааст.

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Нуриддин Саид дар суҳбат бо РИА Новостӣ гуфт, лоиҳаи мазкур дар муҳлати муайяншуда иҷро хоҳад шуд.

Забони русӣ дар баробари кишварҳои Осиёи Марказӣ, дар Тоҷикистон низ забони асосии гуфтугӯи байнимиллатҳо буд ва хоҳад монд. Дар кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ, ки бештари нухбагони илмияшон русзабонанд, вазъи ҳамсон ҳукмфармост.

Асемгул Касенова рӯзноманигор аз Қазоқистон мегӯяд, барои ӯ забони русӣ наздик ва фаҳмо аст.

– Забони қазоқӣ забони давлатӣ аст ва забони русӣ мақоми расмӣ дорад. Дар баъзе аз боғчаву мактабҳо аллакай омӯзишро бо забони англисӣ ҳам ба роҳ мондаанд. Вале бар асоси оморҳои расмӣ, солҳои ахир шумори онҳое, ки мактабҳои қазоқиро хатм мекунанд, меафзояд. Дар мо минтақаи шимол русзабон ва минтақаи ҷануб қазоқзабонанд, – гуфт Касенова.

Забони таҳсил он қадар муҳим нест?

Обидхон Қурбонхонов. Акс аз CABAR.asia
Обидхон Қурбонхонов. Акс аз CABAR.asia

Обидхон Қурбонхонов, коршиноси соҳаи маориф, ҳамоҳангсоз ва омӯзгори лоиҳаи Инсоншиносӣ дар Тоҷикистон бар ин назар аст, ки забони таҳсил он қадар муҳим нест.

– Фикр намекунам, сирри комёбӣ маҳз дар он бошад, ки мо ин ё он фанро бо забони русӣ хонем. Кӯдак метавонад, бо дилхоҳ забон, русӣ, тоҷикӣ ва ё англисӣ таҳсил кунад. Муҳим он аст, ки ӯ сидқан бихонад. Ҳамчунин мавқеи волидон ва иштироки онҳо дар ин раванд муҳим мебошад, – афзуд Қурбонхонов.

Ба гуфтаи Қурбонхонов, дар бахши маориф бояд рақобатро ба вуҷуд овард.

– Ҳар қадаре, ки имкониятҳо бештару монеаҳо аз сӯи давлат барои таъсиси мактабҳои нави хусусӣ ва муассисаҳои томактабӣ камтар бошад, ҳамон қадар имкониятҳо барои омӯзиши беҳтар ва рушд кардан меафзояд, – изҳор дошт Қурбонхонов.

Фарангис Аминова, аудитор дар Ernst & Young Tajikistan бо андешаи ин ки хатмкунандагони мактабҳои русӣ барои идомаи таҳсил дар мактабҳои олӣ имкониятҳои бештар доранд, розӣ аст. Вале ба гуфтаи ӯ, як камбуди бузурги ин қишр дар он аст, ки бештарашон дар оянда забони модарии худ – тоҷикиро намедонанд.

Акси Фарангис Аминова аз саҳифаи Фейсбук гирифта шудааст
Акси Фарангис Аминова аз саҳифаи Фейсбук гирифта шудааст

– Мактаби тоҷикиро хатм кардаам ва бо забони русӣ дар хона ва бо дустонам суҳбат мекардам. Ҳамчунин адабиёти машҳури бадеӣ ва илмиро мехондам. Ҳангоми омӯзиши баъзе аз фанҳо дар донишгоҳ каме мушкилӣ пеш омад. Вале дарсҳои иловагӣ хондам ва чизҳои заруриро омӯхтам. Дар ҷои кор агар масъалаи коргузорӣ ба забони тоҷикӣ пеш меомад, нахустиншуда онро боифтихор ҳал мекардам. Ҳангоми кор бо хориҷиҳо аз забони русӣ дида забони тоҷикӣ бароям бештар лозим мешуд. Набояд баҳои воқеӣ дод, ки кадом мактабҳо, русӣ ё тоҷикӣ беҳтаранд. Ин масъала ба толеъ ва маконе бастагӣ дорад, ки шахс мехоҳад, дар он рушд ё зиндагӣ кунад, – мегӯяд Аминова.

Лола Абдуллоева, собиқ омӯзгори яке аз гимназияҳои шаҳри Душанбе ба сатҳи таълим дар мактабҳои чи русӣ ва чи тоҷикӣ баҳои манфӣ медиҳад. Ба гуфтаи ӯ, барои волидон беҳтар аст, ба омӯзиши кӯдаконашон худ машғул шаванд.

– Мактабҳои мо мушкилиҳои зиёд доранд. Синфҳо аз ҳад зиёд пур ҳастанд. Ҳатто гимназияҳои хусусӣ кафолат дода наметавонанд. Ман ҳатто аз сатҳи таълиме, ки гимназияҳои хусусӣ медиҳанд, норозӣ ҳастам, чи расад ба мактабҳои одӣ. Аз ҳама кори оқилона ин аст, ки бо кӯдакон худамон машғул шавем, – гуфт Абдуллоева.

Гулдасташо Алибахшов, намояндаи маркази пажуҳишҳои иҷтимоии «Зеркало» мегӯяд, низоми маорифи Тоҷикистон дар умум ба тағйироте, ки дар ҷаҳон ба миён меоянд ё хоҳанд омад, омода нест.

Гулдасташо Алибахшов. Акс аз CABAR.asia
Гулдасташо Алибахшов. Акс аз CABAR.asia

– Ба назари ман, инҷо набояд масъалаи забонро аз муҳити иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангиву сиёсӣ ҷудо баррасӣ кард. Дар шарҳи ба ҳам рабт доштани омилҳое, ки ба шахс ҳангоми интихоби забони таҳсили фарзандаш таъсир мерасонанд, бояд бархурди кул дошт.

Ба ибораи дигар, ҳадаф на дарёфти маълумот, балки касби дониш ва малакаҳое ҳаст, ки роҳро барои расидан ба як зиндагии шоистатар ҳамвор менамоянд.

Бо назардошти мушкилиҳои мавҷудаи иқтисодиву иҷтимоӣ дар кишвар метавон гуфт, ки омӯзиш бо забони тоҷикӣ имкониятҳои иқтисодиву иҷтимоиро дар худи Тоҷикистон маҳдуд месозад, чи расад дар хориҷ аз он, – қайд кард Алибахшов.

Ба гуфтаи ӯ, мардум дарк мекунанд, ки таҳсил бо забони русӣ имкониятҳоро барои пайдо кардани ҷои кор, ҳадди ақал дар маҳдудаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил васеътар менамояд.

– Волидон ҳангоми омода кардани фарзандони худ ба ин тағйиротҳо айнан зери таъсири ҳамон омилҳое қарор доранд, ки имрӯз мардумро ба дарёфти шаҳрвандии Русия ё ҳаққи зист дар он кишвар водор мекунанд, мегӯяд коршинос.


Ин мавод дар доираи тарҳи «Giving Voice, Driving Change — from the Borderland to the Steppes Project», ки бо кумаки молии Вазорати хориҷаи Норвегия иҷро мешавад, навишта шудааст. Назароти дарҷшуда дар ин матлаб баёнгари дидгоҳи хоси расона ва ё сарпарасти ин тарҳ нест.

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report

The following text will be sent to our editors: