© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Умаров: Муҳити носозгор соҳибкорони тоҷикро ба фирор водор кардааст

Бахши калони иқтисодиёти Тоҷикистон  инҳисор (монополия) карда шудааст. Дақиқан ҳамин омили инҳосгароӣ боис шудааст, ки дар кишвар як муҳити созгор барои рақобат ташаккул наёбад, мегӯяд Ҳоҷимуҳаммад Умаров, профессори ДМТ, доктори илмҳои иқтисодӣ.


Ба саҳифаи мо дар Фейсбук обуна шавед!


Ҳоҷимуҳаммад Умаров. Акс аз ozodi.org
Ҳоҷимуҳаммад Умаров. Акс аз ozodi.org

CABAR.asia: Тиҷорати хурду миёна дар Тоҷикистон дар чи вазъияте қарор дорад? Тиҷорати хурду миёна дар кишвар чи тавр муайян карда мешавад?

Ҳоҷимуҳаммад Умаров: Кадом таърифе расмӣ аз тиҷорати хурду миёна дар Тоҷикистон вуҷуд надорад. Маъмулан дар хоҷагии қишлоқ воҳидҳои истеҳсолии то дар нафара, ки аз заҳмати кироя истифода намебаранд. Дар бахши саноат ва сохтмон бошад, муассисаҳое бо шумори панҷ нафар коргар дар назар дошта мешавад. Аммо барои тиҷорати миёна меъёре муайян нашудааст.

Тиҷорати хурду миёна аз чи имтиёзҳое бархурдор аст. Ва ин имтиёзҳо кофианд?  

Тиҷорати  хурду миёна аз рӯзи ба қайд гирифтани фаъолият ба муддати панҷ сол аз имтиёзҳо   истифода мекунанд. Ин имтиёзҳои андозианд.Бо мурури замон фондҳои давлатӣ ташкил мешаванд ва дар амри ҳамкорӣ ва мусоидат ба рушди тиҷорати хурду миёна кӯмак мекунанд. Аммо ин гуна иқдомҳо нокофианд, чун барои онҳо таҳкурсии мустаҳкаме  вуҷуд надорад.

Тиҷорати хурду миёна дар иқтисоди Тоҷикистон кадом нақш ва саҳме дорад? 

Амалан дар бахши истеҳсолии Тоҷикистон 50% шумораи коргарон ба тиҷорати хурду миёна рост меояд ва дар саноат ва сохтмон, дар воҳидҳои кишварзӣ бошад то 85-90 дарсадро ташкил медиҳад.

Барои рафъи мушкилоти бекорӣ дар Тоҷикистон тиҷорати хурд ва миёна  то куҷо саҳм дорад?

Саҳми тиҷорати хурд барои бартараф сохтани бекорӣ чандон мушоҳида намешавад. Танҳо дар фасли ғун кардани маҳсулот як қисми бекорон дар корҳои хоҷагидорӣ ҷалб карда мешаванд. Агар боҷи давлатиро бигирем, саҳми савдои хурд барои пур кардани он ҳеҷ гоҳ аз 10% бештарро ташкил накардааст.

Сардори Комитети давлатӣ оид ба сармоягузорӣ ва идораи анбори давлатӣ Фаррух Ҳамрализода, дар бораи қатъ шудани фаъолияти 30 ҳазор субъектҳои тиҷоратӣ, ки сабабашро дар андозбандӣ ва фишор аз ҷониби давлат мегуфтанд, рад намуд. Ба гуфтаи ӯ сабабҳо зиёданд, аммо сабаби асосӣ ин баланд будани сатҳи рақобатпазирӣ дар ин соҳа будааст.  Шумо бо ин назар розӣ ҳастед?

Не, бо эълони Фаррух Ҳамрализода розӣ нестам. Сабаби асосӣ маҳз фишор аз сӯи мақомоти давлатӣ ва андозбандии бе ҳадду канор аст. Рақобатнокӣ бошад таъсираш тамоман кам аст. Тоҷирон аз дасти набудани шароити қанатбахши корӣ дар гурезанд.

Тоҷирон аз дасти набудани шароити қанатбахши корӣ дар гурезанд.

Оё савдои хурд ва миёна дар солҳои охир ҳеҷ муваффақияте ба даст овардаанд?

Тиҷорати тоҷик муваффақиятҳоеро дар соҳаи сохтмони хонаҳои истиқоматӣ ва тайёркунии семент ба даст овардааст. Ҳам ин ва ҳам он дар доираи инҳисорот рушд карда истодаанд. Аз он, ки сисмтемаи бонкӣ дар кишвар дар сатҳи бади бӯҳрони қарор дорад, мардум бар ивази пулҳои худ хона ва ҳавлӣ мехаранд. Бо як ҷумла гӯем, яъне инҳо нақши дафтарчаи амонатиро бозӣ карда истодаанд. Баъзе муваффақиятҳо дар соҳаи меҳмонхонадорӣ ва ошхонадорӣ ба назар мерасанд. Аммо ин намуди тиҷорат ҳанӯз дар Тоҷикистон дар сатҳи зарурӣ рушд накардааст.

Оё метавон нишондодҳои тиҷорати хурду миёнаи кишвари моро бо кишварҳои ҳамсоя, барои мисол бо Қирғизистону Ӯзбекистон муқоиса кард?

Тоҷикистон ба  рӯйхати  топ-20  кишварҳои реформатори Бонки умумиҷаҳонӣ дохил шуд Doing Business-2020. Акс: doingbusiness.org
Тоҷикистон ба  рӯйхати  топ-20  кишварҳои реформатори Бонки умумиҷаҳонӣ дохил шуд Doing Business-2020. Акс: doingbusiness.org

Тиҷорати хурд ва миёна дар Тоҷикистон аз кишварҳои ҳамсоя – Чин, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон форсахҳо қафо мондааст. Дар кишварҳои зикршуда синфи миёна аз 20 то 40 дарсадро ташкил мекунанд, ки онҳо низ дар ҷараёни пешравианд. Ин аз он вобаста аст, ки дар кишварҳои ҳамсоя шароити хуби корӣ ба роҳ монда шудааст ва давлат нисбат ба тиҷорати хурду миёна ғамхорӣ мекунад.

Мешавад тоҷирони тоҷикро бар он айбдор кард, ки сатҳи кордониашон баланд нест, чун тоҷирони афғону хитоӣ дар инҷо роҳат кор карда истодаанд?

Не, тоҷирони тоҷикро ба ин айбдор кардан мумкин нест. Дар берун аз Тоҷикистон тоҷирони мо ба муваффақиятҳои баланду назаррас расидаанд. Тиҷорати худро онҳо дар ҳама гӯшаву канори дунё пеш мебаранд. Онҳоро метавон на танҳо дар Қазоқистону Русия дид, ҳамчунин дар Австралия, Зеландияи Нав, Бразилия, Аргентина, Эквадор, Олмон ва дигар кишварҳо пайдо кард. Афғонҳо ва хитоиҳо бошанд роҳҳои қаллобиро пеш гирифтаанд, чун онҳо ба роҳи ришва  ҳамкорӣ мекунанд.

“Тоҷикистон дастрасӣ ба кредитро васеъ ва феҳристи гарави дороиро камтар кардааст”, омадааст дар ҳисоботи Бонки ҷаҳонӣ.

Не, инҷо факту арқомҳо нодуруст истифода шудаанд.

На феҳристи гарави дороӣ, балки фоизи ками сармоягузорӣ нақши асосиро мебозад.

Дар он ҳисобот ҳамчунин омадааст, ки мақомоти гумруки Тоҷикистон барои молҳои зудвайроншаванда чораҳои заруриро ба амал овардаанд, ки ҳарчӣ зудтар ба қайд гирифта шаванд. Шумо бо ин нукта розиед?

Бале, ба ин нуқта розӣ ҳастам, ки вақтҳои охир мақомоти гумруки Тоҷикистон ҳамин корро мекунанд. Ва ин албатта ба нафъи кор ҳаст, махсусан дар соҳаи аграрию саноат.

Барои чӣ тоҷирони тоҷик ба истеҳсолот даст намезананд, балки бештар ба соҳаи савдо рӯй моеваранд?

Якум ин, ки истеҳсолот талаботҳои худро дорад ва барои як коргар хароҷоти зиёдро талаб мекунад. Рӯй овардан ба соҳаи савдо бошад аз он аст, ки хароҷот дар ин самт камтар аст. Дуюм ин, ки шароити озоди савдо, яъне кам будани андозҳои гумрукӣ шароити хубу рақобатпазирро дар соҳаи истеҳсолоти худӣ муҳайё месозанд.

Барои чӣ ба Тоҷикистон сармоягузорони хориҷӣ намеоянд?

Сармоягузорони хориҷӣ пулу моли худро аз он хотир ба иқтисоди Тоҷикистон намеоранд, ки дар ин ҷо шароити хубу замонавӣ барои сармоягузорӣ ҳанӯз муҳайё карда нашудааст. Ҳамин аст, ки давлати мо бештар ба қарзгирӣ рӯй овардааст, махсусан аз Чин, ки бехатарии миллиро зери суол мебарад.

Панҷ омили асосӣ, ки монеъи рушди тиҷорати хурду миёна дар Тоҷикистон шудаанд, кадомҳоянд?

Омилҳои асосӣ барои рушд накардани тиҷорати хурду миёна дар Тоҷикистон инҳоянд, а) баланд будани фоизи қарз ва гирифтани кредит; б) баланд будани андоз; в) зиёд будани фасоду ришваситонӣ; г) тафтишоти аз ҳад зиёд ва фишорҳо; д) набудани барномаҳои ҷалбнамоӣ аз сӯи давлат.

Барои чӣ дар мо чунин кредитҳои вазнини бонкӣ барои тоҷирон пешбинӣ шудааст?

Тоҷирони тоҷик дар вохӯрӣ бо президент Эмомалӣ Раҳмон. Скриншот аз youtube
Тоҷирони тоҷик дар вохӯрӣ бо президент Эмомалӣ Раҳмон. Скриншот аз youtube

Аз он хотир аст, ки дар соҳаи бонкдории мо хатоиҳо зиёданд, хусусан дар  истифодабарии маблағ. То имрӯз бо фишори МВФ (Хазинаи байналмиллалии асъор) дар кишвари мо сиёсати фишурдасозии пулӣ ҳукмрон аст. Ва ҳамчунин эҳсоси нарасидани маблағ аст. Барои  ҳамин дар ин сатҳи бад қарор дорад.

Ҳукумати кишвар ваъда дода буд, ки андозро кам ва соҳаи андозбандиро сабук мекунад. Барои чӣ то ҳол ин кор амалӣ намешавад?

Ҳукумати кишвар ҳамеша чунин ваъдаҳоро медиҳад. Аммо амалӣ нашуд барои он, ки ба даромади давлатӣ фишорҳо ҳастанд. Ва барои ҳамин дар ташаккул сохтани боҷи давлатӣ ҳамеша фишор ҳис карда мешавад. Бисёре аз манбаъҳои даромади боҷи давлатӣ ба дасти шахсони алоҳида мерасад. Ва бисёре аз корхонаҳо ба андозаи зарурӣ фаъолияти худро дар пардохти андоз ва ғун кардани даромад ба роҳи дуруст равон насохтаанд.

Ҳамин гуна шароит бо тафишот низ аст. Шахсан худи Шумо бо ҳодисаҳое, ки корманди давлатиро барои тафтишоти ғайриқонунӣ ҷазо дода бошанд?

Тафтишҳои пайдарҳам барои тоҷирони мо як тозиёна имрӯз мубаддал гаштааст. Аз дасти чунин тафтишот корхонаву ташкилотҳои ватанӣ дар як ҳолати ҳассос фаъолият мекунанд. Ва ин гуна тафтишҳо имрӯз ба як намуди ситонидани “доля” арзи ҳастӣ доранд. Раисҷумҳур дар бораи коҳиши чунин тафтишот зиёд мегӯяд, аммо кормандони давлатӣ худро ба нодонӣ мезананд, ки гӯё аслан чунин ҳарферо нашунидаанд.

Шумо розиед, ки иқтисоди мо инҳисорӣ шудааст? Барои чӣ ин бад аст? Чӣ корҳоро метавон кард барои муҳайё сохтани шароити рақобатпазир?

Қисми зиёди иқтисоди мо инҳисорӣ карда шудааст. Бо ин ҳисорот мубориза бурдан намешавад. Маҳз онҳо гунаҳкор ҳастанд, ки ҳанӯз дар кишвари мо шароити рақобатпазир муҳайё карда нашудааст.

То кадом андоза зуд-зуд тоҷирони мо бо “рейдерҳо” дучор мешаванд? Чӣ бояд кард, то сиёсати “рейдерӣ” барои ишғол намудани корхонаҳои муваффақ пешгирӣ карда шавад?

Бисёре аз шахсони мансабдор ҳангоми санҷиш тақсимоти тақаллубро талаб мекунанд. Акс аз ozodi.org
Бисёре аз шахсони мансабдор ҳангоми санҷиш тақсимоти тақаллубро талаб мекунанд. Акс аз ozodi.org

Ба ин масъала мақомоти қудратии кишвар таваҷҷӯҳи зарурӣ намекунанд. Ба назари мо, сиёсати “рейдерӣ” бояд на танҳо аз ҷониби мақомоти қурдатӣ, балки аз ҷониби ҳукумат, парламент ва раисҷумҳур низ назорат карда шаванд.

Дар Тоҷикистон тиҷорати муваффақро танҳо одамони наздик ба кормандони давлатӣ ба даст меоранд. Шумо бо ин фикр розӣ ҳастед?

Ман қисман ба ин ҳамфикр ҳастам, ки дар Тоҷикистон тиҷорати муввафақ дар дасти одамони наздик ба кормандони давлат аст. Мутаасифона, набудани ахбори кушоду возеҳ иҷозат намедиҳанд ба олимон, ки дар ин бора озод ҳарфашонро бигӯянд. Аммо ҳастанд чунин тоҷирони муваффақе низ, ки бо рафтору кирдори худ соҳиби муваффақиятҳо шудаанд. То кадом андоза онҳо дар ҷойи худ мустаҳкаманд, ин масъали дигар аст, ки байни ҷомеа баҳсу мунозираҳоро ба бор овардаанд.

Оё нафъе барои тиҷорати хурд ва миёна аз идораҳои зиддахли давлатӣ ҳаст? Масалан, аз шӯрои маслиҳатӣ барои беҳбуди иқлими сармоягузорӣ?

Нақши онҳо ба чашм намерасад.

То кадом андоза тиҷорати хурд ва миёна дастрастӣ ба кредитҳои бонкӣ доранд?

Тиҷорати хурд дастрасии васеъ надорад. Ва болои ин фоизи ба даст овардани кредит хеле баланд аст, ки барои пеш бурдани тиҷорати хурд мусоидат намекунад. Тиҷорати хурд ҳамчунин аз тарафи ташкилотҳои моливу бонкҳои байналмиллалӣ низ дастгирӣ намешаванд. Онро ташкилотҳои микрофинансивӣ дастгирӣ мекунанд дар омӯхтан ва дуруст истифода бурдани кредитҳо, ки ҳаққи худашон низ барои тиҷорати хурд баланд аст.  Бо вуҷуди ин, фоизи фоизи ин созмонҳо баланд боқӣ мемонад (1,5-2% дар як моҳ).

Қисми зиёди иқтисоди мо инҳисорӣ карда шудааст. Бо ин ҳисорот мубориза бурдан намешавад. Маҳз онҳо гунаҳкор ҳастанд, ки ҳанӯз дар кишвари мо шароити рақобатпазир муҳайё карда нашудааст.

Оё тиҷорати хурду миёна метавонанд барои пешрафти иқтисоди кишвар саҳми ҷиддие гузоранд?

Агар шароити хуби фаъолият барои онҳо омода карда шавад, монеъаҳо пешгирӣ шаванд, онҳо метавонанд маҳаки пешрафти иқтисоди кишвар шаванд. Ва ин метавонад синфи миёнаро бештар созад, ки онҳо дар баробари худ гарави оромӣ ва суботи кишвар мешаванд.

Панҷ қадаме, ки метавонанд дар ояндаи наздик ба тиҷорати хурду миёна кӯмак расонанд?

Панҷ қадами зарурӣ:

а) ташкил намудани бонки давлатӣ барои осон гирифтани кредит аз тарафи тиҷорати хурду миёна;

б) кам кардани андоз;

в) тамоман қатъ кардани тафтишот аз тарафи кормандони давлатӣ;

г) қатъ кардани ҳама гуна амру фармоишот аз боло, ки тоҷирон барои сохтани ин ё он чиз пул диҳанд;

д) дастгирии давлат (кӯмак, субсидия) гурӯҳҳои алоҳидаи КХМ, ки ба инноватсия ва истифодаи бошиддати ашёи хоми маҳаллӣ вобастаанд;


Ин мавод дар доираи лоиҳаи “Giving Voice, Driving Change – from the Borderland to the Steppes Project” омода шудааст.

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report

The following text will be sent to our editors: