© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Тоҷикистону ҳамсояҳои он: гуногунӣ ва умумиятҳои чаҳор тарафи марз

“Вазъи марз бо Ӯзбекистон ва Чин мусоидтар буда, вале бо Афғонистон ва Қирғизистон хатарҳои ҷиддиеро дар пай дорад”, – сиёсатшинос Муслимбек Буриев мушкилот ва нозукиҳоеро, ки Тоҷикистон дар робита ба марз дорад, махсус барои CABAR.asia таҳлил кардааст.


Ба канали мо дар  Telegram обуна шавед!


Масъалаи хати марз ҳанӯз аз солҳои аввали касби истиқлол бо рушди сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон ҳамқадам аст. Ҳамагир шудани коронавирус ахиран аҳамияти марзро, ки аз он на танҳо молу хидматрасониҳо, балки сокинон низ мегузаранд, бештар нишон дод.

Кишвари соҳибихтиёри ҷавон ба иллати норасоии таҷриба дар шароите қарор надошт, ки тамоми ҷанбаҳои мушкилсозро бо ҳамсояҳо ҳал кунад ва ҳоло ҳам тавре мушоҳида мешавад, ба ин хатарҳо омода нест.

Низои ахир дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон нишон дод, ки ҳатто расман баста шудани сарҳад низ наметавонад аз задухӯрд ва баҳсҳои маишӣ пешгирӣ кунад.

Мушкилиҳои мавҷудаи марзӣ баъди ба поён расидани гушанишинӣ ҳам боқӣ монда, аҳамияти онҳо дучанд хоҳад шуд.

Тоҷикистон бо чаҳор кишвар – Ӯзбекистон, Қирғизистон, Чин ва Афғонистон марзи муштарак дорад. Дар хати марзҳояш масъалаҳои мушкилсоз буданд ё ҳанӯз ҳам ҳастанд. Душанбе дар ҳамаи баҳсҳо ҳамчун иштирокчии ғайрифаъоле боқӣ мондааст, ки наметавонад роҳҳали корсозеро ироа кунад ва мунтазири пешниҳоди ҷониби ҳамсоя ё шарикони байналмилалӣ аст.

Дар ин матлаб пешниҳод мешавад, ҳар як ҳолат дар алоҳида баррасӣ ва муайян карда шавад, ки оё Тоҷикистон билоахира тавони бозидани нақши фаъол, пеш аз ҳама уҳдабароёнаро дар ҳалли масъалаҳои нозук дорад, ё не.

Ӯзбекистон

Таърихи муносибатҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ба андозаи кофӣ шоҳиди душвориҳое шудааст. Аз низоми раводид (виза), то Ҳаракати исломии Ӯзбекистон (ҲИӮ, ё худ Ҳаракати исломии Туркистон), баҳсҳо атрофи бунёди нерӯгоҳи барқии обии Роғун, марзи беэътимоди Тоҷикистону Афғонистон, муносибатҳои ғайримаъмулии Эмомалӣ Раҳмон ва президенти пешини Ӯзбекистон Ислом Каримов. Баъзе аз ин омилҳо ҳанӯз ҳам мушкилсозанд.

Ду кишвар 1332 километр марзи муштарак доранд, ки дар он дар ҳоли ҳозир 18 дидбонгоҳи марзӣ фаъолият мекунад. Бар иловаи ин, дар ҳудуди Ӯзбекистон анклави Сарвак ҷойгир аст, ки ба ноҳияи Ашти вилояти Суғди Тоҷикистон тааллуқ дорад.

Муносибатҳои Тошканд бо Душанбе то тағйири қудрат дар Ӯзбекистон сард буда, ҳатто миёни ин ду кишвар ҳамсоя, ки то соли 1929 дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ як ҷумҳурӣ буданд, низоми раводид ҷорӣ буд. Ин дарбандиҳо аз соли 2001 ба ин сӯ вуҷуд дошт. Минаҳо низ, ки ҳукумати Ӯзбекистон охирҳои солҳои 90-ум дар минтақаҳои куҳии марз бо Тоҷикистон гузошта буд, барои муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳо дарди сари иловагӣ эҷод мекард. Сабаби асосии минагузорӣ нобоварии Тошканд ба эътимоднокии марзи Тоҷикистон бо Афғонистон буд, ки барои Ӯзбекистон хатари вуруди ҷангҷиёни ҲИӮ ба Ӯзбекистонро дар пай дошт.

Баъди сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев дар Ӯзбекистон муносибатҳо бо Тоҷикистон ба таври назаррас муътадил шуданд. Низоми раводид миёни ду кишвар бардошта шуд, ки ба рушди бахши сайёҳӣ, тиҷорат ва минтақаҳои назди марзӣ таъсири мусбат гузошт. Масъалаи тоза кардани марзҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон аз минаҳо низ ҳалли худро пайдо кард. Ҳамчунин ҳар ду кишвар дар робита ба таъйин ва аломатгузории 20 дарсади хати марзҳои худ ба созиш расиданд.

Агар ҳукумати нави Ӯзбекистон тасмими тағйири сиёсати худ дар муносибат бо ҳамсояҳоро намегирифт, маълум нест, ки ҳоло вазъ чи гуна буд. Вале бо боварӣ метавон гуфт, ки ҷониби Тоҷикистон дар ҳалли мушкилиҳои марзӣ бо Ӯзбекистон наметавонист фаъолиеро нишон диҳад.

Қирғизистон

Дар ҳоли ҳозир вазъ дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон дар муоқиса бо ҳамсояҳои дигар мушкилсоз аст. Бо вуҷуди муносибатҳои муътадили раҳбарони ду кишвар ва тағйири қудрат дар Қирғизистон мушкилиҳои марзии ду кишвар ҳанӯз ҳам ҳалли худро наёфтаанду дар анклави Ворух пайваста задухӯрд ва низоъҳо рух медиҳанд.

Дар минтақаҳои наздимарзии Исфараи Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон задухӯрдҳо аз замони Иттиҳоди Шӯравӣ ба ин сӯ рух медиҳанд. Вале бояд гуфт, ки низоъҳо танҳо миёни сокинони ду кишвар рух медоданд ва он аз сахт назорат нашудани марз миёни ҷумҳурияҳои шӯравӣ дарак медод[1]. Дар даврони шӯравӣ ҳалли ин баҳсҳо ба иллати умумиятҳои ҳуқуқии ҷумҳуриҳо имконнопазир буд. Вале бо касби истиқлол масъалаи таъйин ва аломатгузории марзҳо дубора матраҳ шуд.

Ҳар ду ҷониб талош доранд, назорати хати марзро сахттар кунанд, ки ба ҷуз пурзӯршавии баҳсҳои сарҳадӣ чизи дигареро дар пай нахоҳад дошт. Ҳукуматҳои ҳар ду кишвар ҳам дар ҳалли баҳсҳои мавҷуда бо равишҳои созандатаре таҷриба надоранд ва ба чораҳои сахтгирона авлавият медиҳанд. Дар пайи чунин равиш қисмати ками минтақаҳои муштарак зери тадбирҳои танзимкунанда қарор хоҳанд гирифт.

Дар ҳамин ҳол тамоюлҳо нишон медиҳанд, низоъҳо тайи ин муддат ба тадриҷ ба марҳалаи тундтар ворид мешаванд. Агар дар аввал задухӯрдҳо танҳо миёни сокинон рух медоданд, ҳоло, аз соли 2014 ба ин сӯ ба онҳо хадамоти марзбонии ду ҷониб низ ҷалб мешаванд[2]. Дертар ҷониби Тоҷикистон айбдор кардани “баъзе аз гуруҳҳо дар Қирғизистон”-ро ба ангехтани низоъ оғоз кард ва сардори Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд низ изҳороте дод, ки қариб буд моҷароеро барангезад[3].

Ҳам мақомоти Душанбе ва ҳам Бишкек дар ҳоли ҳозир фаъолона гуфтугӯ дошта, ба қарори ғайриинтизор низ расидаанд. Расонаҳо моҳи январи соли равон хабар доданд, ки ҷонибҳо барои табодули замин дар минтақаҳои марзӣ созиш карданд. Ин қарор нишон медиҳад, ки давлатҳо гузинаи дигаре надоранд. Вале барои табодули ҳудудӣ пеш аз ҳама бояд бо сокинони маҳаллӣ мувофиқат кард ва ҳамаи ҷузъиётро дар ихтиёрашон гузошт. Зеро дар ғайри сурат он метавонад ба афзоиши баҳсҳо миёни сокинони ду кишвар сабаб шавад. Ба монанди ҳодисае, ки аввали моҳи равон рух дод.

Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 8 майи соли равон ба хотири қитъаи замине дар деҳаи Чеки вилояти Бодканд низои навбатӣ рух дода, задухурди марзбонони ду кишварро низ дар пай дошт. Низои ахир бо номуайянии худ аз ҳодисаҳои пешин фарқ мекард. Бино ба баъзе маълумотҳо, қитъаи замини мазкур дар минтақаи баҳсӣ ҷойгир буда, тайи ин ҳама вақт онро қирғизҳо истифода мекарданд. Вале манобеи дигар мегӯянд, баҳси навбатӣ дар пайи ғасби чаҳор ҳектар замине аз сӯи қирғизҳо сар зад, ки ба Тоҷикистон тааллуқ дорад. Дар ниҳоят, кӯшиши табодули ҳудудӣ ташаннуҷ дар миёни сокинони ду кишварро коҳиш надод. Вазъро бозтоби хабарҳои гуногун дар расонаҳо ва айбдоркуниҳое печидатар месозанд, ки ҳанӯз ҳам ҳатто дар сатҳи мақомоти баландпояи ду кишвар вуҷуд доранд.

Хулоса, сабаби асосии низоъҳо мудирияти номуассири минтақаҳои наздимарзие мебошад, ки ҳанӯз дар даврони шӯравӣ оғоз шуда буд.

Яке аз роҳҳалҳои ояндадори пешниҳодии ҷомеаи коршиносӣ ин аст, ки бояд пажӯҳишҳои шаффоф анҷом ва барои шарҳи сабаби низоъҳо ва омилҳои барангезадаи онҳо аз равишҳои илмӣ кор гирифта шавад. Фарқияти асосии вазъи мавҷуда дар ин минтақаи марзиро бояд аз ҳодисаҳое ҷудо кард, ки дар минтақаҳои марзӣ бо кишварҳои дигар, бахусус бо Ӯзбекистон рух медиҳанд.

Афғонистон

Аз Афғонистон – ҳамсояи ҷанубии Тоҷикистон ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун омили хатарзо ном гирифта мешавад. Хатари  вуруди гуруҳҳои тундрав ба Тоҷикистон ва мушкилоти қочоқи маводи мухаддир ҳамоно мавзуи доғ боқӣ мемонад. Марзи Тоҷикистон бо Аффғонистон ноамнтарин маҳсуб мешавад, ки ҳам аз нигоҳи техникӣ ва ҳам бо назардошти шароити табиӣ хуб назорат намешавад. Зеро баъзе аз он тавассути минтақаҳои куҳӣ мегузарад. Дар ҳоли ҳозир дар 1344 километр марзи муштарак бо Афғонистон, ки эътимоднокии он назар ба марзҳо бо кишварҳои дигар, бахусус Ӯзбекистон хеле камтар аст, ҳафт дидбонгоҳ фаъолият мекунад.

Муносибатҳо миёни ду кишвар дар аввали солҳои 90-ум дар пасманзари ҷанги шаҳрвандӣ дар Афғонистон ба роҳ монда шуд. Ҳукумати кишвар ба ниятҳои гуруҳи Толибон, ки баъди хатми ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон дар Кобул сари қудрат омад, чандон эътимод надошт[4]. Набудани манбаъҳо барои назорати вазъ дар марз ба нигарониҳои Душанбе бетаъсир набуд. Тоҷикистон бо назар дошти ин омилҳо Афғонистонро ҳамчун манбаи хатар эътироф кард. Муносибатҳои ду кишвар баъди тағйири қудрат дар Кобул муътадил шуданд. Вале масъалаи беэътимодии марзҳо ҳалношуда ва нигарониҳо боқӣ монданд. Вале ин бор Кобули расмӣ аллакай ҷонибе пазируфта шуд, ки алоқаманди субот аст.

Ҳукумати Афғонистон дар ҳоли ҳозир дар як вазъияти душвор қарор дорад. Сарвазир Абдулло Абдулло ин бор низ президент интихоб шудани Ашраф Ғаниро эътироф надорад[5] ва дуҳукуматие, ки ҳоло дар ин кишвар мушоҳида мешавад, барои мубориза бо Толибон монеаи ҷиддӣ хоҳад буд. Ин барои Тоҷикистон, бахсус бо назардошти имзои созишномаи сулҳ аз сӯи Толибон ва ИМА дар Қатар таҳдиди бевоситаи амниятиро дар пай хоҳад дошт. Вашингтон вазифадор шуд, ки нерӯҳояшро аз Афғонистон берун мебарад ва Толибон ваъда дод, ки бо Кобули расмӣ сари мизи гуфтугӯи сулҳ хоҳад нишаст.

Дар пайи имзои созишномаи мазкур фаъолияти Толибон дар ноҳияҳои ҳаммарз бо Тоҷикистон пурзӯр шудааст. 29 марти соли равон хабар дода шуд, ҷангҷӯёни толиб ноҳияи Юмгони Афғонистонро[6] тасарруф кардаанд, ки дар наздикии вилояти Бадахшони Тоҷикистон ҷойгир аст.

Тоҷикистон ба танҳоӣ наметавонад амнияти марзҳояш бо Афғонистонро таъмин кунад. Бозигарони байналмилалӣ низ ин чизро дарк мекунанд ва водоранд, барномаҳоеро рӯи даст бигиранд, ки ба тақвияти тавонмандии хадамоти марзбонии кишвар равона шудаанд. Бахти Тоҷикистон дар ин замина омад кардааст, зероӣ таҳдидҳои ношӣ аз гуруҳҳои фаъол дар ҳудуди Афғонистон ҷомеаи ҷаҳониро низ нигарон месозад.

Ҳамчун намуна метавон лоиҳаи минтақавии Иттиҳоди Аврупо – ВОМСА-ро[7] зикр кард, ки ҳадафи он тақвияти марзҳо ва баланд бардоштани омодагии кормандони хадамоти марзбонии кишварҳои минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон аст. Ҳамчунин Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо дар ҳоли ҳозир лоиҳаи тақвияти марзҳои ҷанубиро тадбиқ менамояд, ки ба омодагӣ ва омӯзиши кормандони ниҳодҳои марзбонӣ рафона шудааст[8]. Ба ҷуз лоиҳаҳои омӯзишӣ, дар минтақаҳои наздик ба Афғонистон размоишҳои низомӣ бо иштироки нерӯҳои Русия гузаронида мешавад. Ахиран бо иштироки низомиёни Чин низ размоише баргузор гашт.

Тоҷикистон дар робита ба Афғонистон дар хатарноктарин вазъият қарор дорад. Марз дароз ва таъмини назорати пурраи он номумкин аст.Шарикони байналмилалӣ Тоҷикистонро дар ин замина пурра дастгирӣ мекунанд, ки Душанберо дар мавриди амнияти марзҳо вобастаи сармояҳои онҳо, аз ҷумла технология ва дониш гардондааст. Ҳукумати кишварро мебояд, ки барои тақвияти назорати марзҳо ҳамкориҳоро бо созмонҳои байналмилалӣ дар ояндаи дарозмуддат беҳтар намояд. Барои раҳоии ба тадриҷ аз вобастагии шарикони хориҷӣ бояд вокуниши устувор ба ҳодисаҳои марзиро таъмин кард.

Чин

Тоҷикистон дар муоқиса бо ҳамсоякишварҳои дигар, бо Чин камтарин марзро дорад. Дар 494 километр марзи муштараки ду кишвар як гузаргоҳи гумрукӣ – Қулма-Карас фаъолият мекунад. Он ноҳияи Мурғоби Тоҷикистонро бо Кошғари минтақаи худмухтори Шинҷони Чин мепайвандад. Ин минтақаи марз дер боз оромтарин ба шумор рафта, вале он натиҷаи ҳалли мушкили таъйин ва аломатгузории хати сарҳаде аст, ки солҳо вуҷуд дошт.

Чин муносибатҳои худро дар марҳалаи аввал бо ҳадафи ҳалли баҳсҳои марзӣ ба роҳ монд[9]. Ҳар ду кишвар бо хотима ёфтани ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон тавассути имзои Созишномаи боварии низомии амиқи дуҷониба дар минтақаҳои наздимарзӣ дар моҳи сентябри соли 1996 [10] вориди гуфтугӯ шуданд. Дертар ин созишнома барои ташкили Созмони ҳамкориҳои Шонгхай мусоидат кард. Се сол баъд нахустин гом барои ҳалли баҳсҳои марзӣ гузошта шуд. Тоҷикистон он замон розӣ шуд, ки 200 километри мураббаъ аз минтақаҳои баҳсиро дар ихтиёри Чин гузорад. Сипас Тоҷикистон дар соли 2002 бори дигар розӣ шуд, ки 1000 километри мураббаъ аз ҳудуди ноҳияи Мурғобро ба Чин бидиҳад. Ҳар дуи ин созишномаҳо соли 2011 ба тасвиб расиданд[11].

Марзи мушатарак бо Тоҷикистон барои Чин аз нигоҳи таъмини амнияти минтақаи Шинҷон аҳамият дорад. Пекин бо назардошти таҳдидҳои ифротгароии сокинони уйғураш минтақаи мазкурро мушкилофар медонад.

Афғонистон барои Чин ва Тоҷикистон омиле ҳаст, ки ҳар дуро дар робита ба тақвияти марзҳои муштарак ба ҳам меорад. Вале Чин ба монанди Ӯзбекистон дар солҳои 90-ум марзи Тоҷикистон бо Афғонистонро боварибахш намеҳисобад ва бинобар ин, вақтҳои ахир ҳамкориҳои низомӣ бо Тоҷикистонро пурзӯр намудааст. Пекин бар хилофи Тошканд, ки хати марзро минагузорӣ кард, баргузор кардани размоишҳои низомӣ бо Душанберо дар ҳудуди Бадахшон, дар наздикии марзи Афғонистон оғоз кард.

Ҳамчунин вақтҳои ахир дар бораи пойгоҳи низомии чиние дар ҳудуди ноҳияи Мурғоби Тоҷикистон, ки бо Чину Афғонистон ҳаммарз аст, зуд -зуд хабарҳое нашр мешавад[12]. Бино ба баъзе аз маълумотҳо, пойгоҳи мазкур яке аз 11 дидбонгоҳи[13] марзие мебошад, ки қарор аст бо сармоягузории Чин дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон бунёд шавад[14].

Ҳаминтариқ Чин дар ҳоли ҳозир дар робита ба масоили амниятӣ ба шарики муҳими Тоҷикистон табдил ёфтааст. Чин бар хилофи шарикони дигар, ки бо баланд бардоштани малакаи марзбонон машғуланд, дар Тоҷикистон зербиноиро фароҳам мекунад. Барои Тоҷикистон ҳам ин гузина беҳтар аст, зеро якум, дар марз бо Афғонистон масоили зербиноии ҳалталаб вуҷуд дорад. Дувум, Чин яке аз абарқудратҳои бузурги пешрафта дар бахши низомӣ аст ва севум наздикии ҷуғрофии ҳар ду кишвар барои тақвияти ҳамкориҳо дар бахши амният созгортар аст.

Инҷо боз масъалаи вобастагии Тоҷикистон аз бозигарони байналмилалӣ пеш меояд. Дар мавриди Чин вобастагиҳо амиқтаранд. Зеро сармояи Чин дар иқтисоди Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир нақши калидӣ дорад. Чин бо ташкили мавқеи зербиноӣ ва сармоягузорӣ ба хотири манфиатҳои тиҷории худ муддатҳо боз машғул буд. Нақши фаъоли Пекин, аз ҷумла дар масоили амниятӣ на танҳо ба хотири амнияти ҳудуди худ, балки барои сармояҳояш дар ҳудуди Тоҷикистон низ аст.

Ин дар оянда вобастагиҳои ҳатто сиёсиеро низ дар пай хоҳад дошт, ки ҳангоми танзими на танҳо қарорҳои сиёсати хориҷӣ, балки дар масоили амниятӣ низ зарурати касби розигии Пекин пеш меорад.

Хулоса

Масъалаи амнияти марзҳо, пеш аз ҳама марз бо Афғонистон дар ҳоли ҳозир афзалиятнок хоҳад буд. Тоҷикистон ба монданди ҳалли масоили марзӣ бо Ӯзбекистон ин бор низ ба ҳайси на ҷониби ташаббускор, балки ҷониби қабулкунанда баромад хоҳад кард.

Фарқияти вазъ дар марзҳо ба он овбастагӣ дорад, ки Тоҷикистон бо кадом кишвар ҳамсарҳад аст. Вале тамоюлҳои умумиеро метавон муайян кард: дар мавриди Ӯзбекистон ва Чин вазъ мусоидтар аст, аммо марз бо Афғонистон ва Қирғизистон хатарҳои ҷиддиеро дар худ дорад. Тоҷикистон дар ҳамаи мавридҳо, ба ҷуз аз Қирғизистон ба амалкарди шарикон, ҳам ҳамсоякишварҳо ва ҳам бозигарони байналмилалӣ маҷбур аст, ки такя кунад.

Вазъ бо Қирғизистон нозукиҳои хосеро дорад. Дар ин маврид Тоҷикистон талош дорад, назар ба Қирғизистон нақши фаъолтаре дошта бошад ва шарикони дигар низ ба ҳалли баҳсҳо ҷалб нашудаанд, вале ташаббусҳо ҳам то ҳол натиҷаи комёбе наовардаанд. Барои ҳалли баҳсҳои марзии Ворух ва Оқ-Сой бо сокинони маҳаллӣ дар самти муайян кардани сабабҳои задухӯрдҳо ва ҷустуҷӯи роҳҳалҳои қонеъкунандаи мардуми ҳар ду ҷониб бояд корҳоро зичтар ба роҳ монд.

Норасоии иттилои ҳам илмӣ ва ҳам таҳлилӣ, ки ба вазъи марзҳои Тоҷикистон дахл доранд, то ба ҳанӯз мушоҳида мешавад. Дар пажӯҳишҳо бояд ба муносибатҳои фаромарзии сокинони ҳамсоякишварҳо тамаркуз кард. Таъйини дақиқи минтақаҳои баҳсӣ ва маконҳое, ки дар онҷо ҳамдигарфаҳмии комил вуҷуд дорад, барои ҳалли баҳсу низоъҳо абзори муассиртар хоҳад буд.


Ин мақола дар чорчӯби тарҳи «Ҳамовозӣ барои дигарсозӣ — аз ҳошия то бодия» таҳия шудаастНазароти баёншуда дар ин матлаб мавзеъи ҳайъати таҳририя ё ҳомии тарҳро бозтоб намедиҳад.


[1] Токтомушев К. 2017, Социальная сплоченность и осмысление конфликтов в приграничных районах Кыргызстана и Таджикистана, Университет Центральной Азии, Доклад №40

[2]Из-за чего конфликтуют Таджикистан и Киргизия, Русская служба BBC, 16.01.204

 https://www.bbc.com/russian/international/2014/01/140116_tajikistan_kyrgyzstan_border_conflict

[3]МИД Таджикистана прокомментировало скандальное заявление таджикского генерала о Баткене, 19.02.2020, Knews,

 https://knews.kg/2020/02/19/mid-tadzhikistana-prokommentirovalo-skandalnoe-zayavlenie-tadzhikskogo-generala-o-batkene/

[4] Ubaidullo, Z., 2014, Afghanistan-Tajikistan Relations: Past and Present, Asia-Pacific Review, Vol. 21, No. 1 https://www.researchgate.net/publication/263287085_Afghanistan-Tajikistan_Relations_Past_and_Present

[5] Афганский премьер не признал поражения на президентских выборах, Интерфакс, 18.02.2020

https://www.interfax.ru/world/695869

[6] Талибы вновь приблизились к границам Таджикистана, 29.03.2020, Radio Ozodi https://rus.ozodi.org/a/30516106.html

[7] BOMCA Background https://www.bomca-eu.org/en/programme/background

[8]ОБСЕ запустил проект по укреплению границы Таджикистана с Афганистаном. Спутник РТ. 03.01.2020 https://tj.sputniknews.ru/politics/20200103/1030490077/OBSE-proekt-ukreplenie-granitsa-Tajikistan-Afganistan.html ml

[9] Kassenova, N. 2009 China as an Emerging Donor in Tajikistan and Kyrgyzstan Russie.Nei.Visions #36

[10] МИД КНР, раздел о ШОС https://www.fmprc.gov.cn/mfa_eng/topics_665678/sco_665908/t57970.shtml

[11] Sodiqov, A. 2011 Tajikistan Cedes Disputed Land to China, Eurasia Daily Monitor #8, Jamestown Foundation

 https://jamestown.org/program/tajikistan-cedes-disputed-land-to-ch

[12] Shih G. In Central Asia’s forbidding highlands, a quiet newcomer: Chinese troops, The Washington Post, February 19, 2019  https://www.washingtonpost.com/world/asia_pacific/in-central-asias-forbidding-highlands-a-quiet-newcomer-chinese-troops/2019/02/18/78d4a8d0-1e62-11e9-a759-2b8541bbbe20_story.html

[13]Умаров, Т. На пути к Pax Sinica: что несет Центральной Азии экспансия Китая, Московский Центр Карнеги

 https://carnegie.ru/commentary/81265#_edn1

[14] Погранзаставы в Таджикистане: экономическая экспансия Китая дала плоды https://tj.sputniknews.ru/analytics/20160928/1020750849.html

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report

The following text will be sent to our editors: