© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Тоҷикистон ва коронавирус: рушди иқтисодиро чӣ интизор аст?

“Чораҳо ҷиҳати ба ҳадди имкон коҳиш додани оқибатҳои буҳрон бояд ба бахшҳои иҷтимоӣ, асъорӣ-молиявӣ, боз доштани пастравии қурби асъори миллӣ, коҳиши маболиғи харҷҳои иловагӣ, қатъи маблағгузории тарҳҳои ҳангуфт ва қатъи ихтисоси маболиғ барои сохтмонҳои иншоотҳои бошукуҳ равона шавад”. Ин нуктаро профессор Зарина Додобоева дар як матлаби таҳлилии барои CABAR.asia навиштааш, ки ба оқибатҳои буҳрони коронавирусӣ ба иқтисоди Тоҷикистон бахшида шудааст, таъкид мекунад.    


Ба канали мо дар  Telegram обуна шавед!


Соли хушрақами 2020 бо хабарҳои изтиробангез дар бораи зуҳур ва паҳншавиии вируси нав дар ҷаҳон оғоз гардид. Тоҷикистон аз миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба истиснои Туркманистон аз ҳама зиёдтар ба адами ин вирус дар кишвар таъкид намуд ва ин изҳорот бо баёнияҳои раҳбари акнун собиқи намояндагии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Г.Перфилева тасдиқ мешуд. Бо ин ҳол, ин ки иддаоҳо то куҷо ба воқеияти он замон мутобиқат мекард, суоли дигар аст. Ҳамсояҳои Чин дар минтақа – Қазоқистон ва Қирғизистон аллакай аз моҳи марти соли 2020 ором-ором марзҳоро на танҳо бо Хитой, балки бо ҳамсояҳои наздик баста, карантин ва ё низоми омодагии сареъ эълон карданд.        

Дар Узбекистон ба вазъият хеле оҷил бархӯрд карданд ва аллакай аз 16 март на танҳо парвозҳо ва ҳаракати нақлиётро қатъ намуданд, балки барои хонандаҳо ва донишҷӯён таътил эълон карданд.

Танҳо дар арафаи сафари ҳайати СҶТ, 30 апрел аз аввалин ҳолатҳои сироятёбӣ ба коронавируси нав дар Тоҷикистон расман хабар дода шуд. Ва моҳҳои май-июн кишвар ба тартиб марҳилаҳои аз шадид кардани чораҳо ҷиҳати паҳн нашудани вирус то сабуктар кардани онро тай кард. Эҳтимол, ин ба чораҳои эҳтиётӣ бастагӣ дошт, ки аз сӯи ҳукумат ва худи аҳолӣ гирифта шуд, инчунин таҷрибаи пушти сар кардани пандемия дар кишварҳои дигар низ таъсиргузор буд.      

Наметавон саҳвҳои омории ҷойдошта дар мониторинг ва сабти сироятёфтаҳоро сарфи назар кард. Инчунин андешае ҳаст, ки ҳарорати баланд ва гармои тоқатфарсо ба Тоҷикистон имкон доданд, ки нуқтаи авҷи бемориро зуд пушти сар кунад. Аммо таъсири оқибатҳои вирус на танҳо ба саломатӣ, балки ба иқтисоди кишвар то дергоҳ эҳсос хоҳад шуд.   

Мушкили кишвар дар шароити пандемия дар навбати аввал ба сатҳи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ марбут аст. Таъмини дастрасӣ ба дарёфти ёрии босифати тиббӣ ва дастгирии сатҳи зарурии зиндагӣ аз бисёр ҷиҳат ба вазъи иқтисодии кишвар бастагӣ дорад.  

Қабл аз он ки таъсири пандемия ба иқтисоди кишвар таҳлил карда шавад, ки он бешубҳа ва мутаассифона манфӣ хоҳад буд, донистани ин ки кишвар дар солҳои охир чӣ гуна тавсеа меёфт ва дар навбати аввал ба чӣ таваҷҷуҳ карда мешуд, муҳим аст.

Рушди иқтисодии кишвар

Таври маълум, Тоҷикистон новобаста ба талошҳои анҷомшуда алъон наметавонад бо дастовардҳои баланди иқтисодӣ ифтихор кунад. Бар иловаи омилҳои табии объективӣ, ки миёнашон афзоиши солонаи қобили мулоҳизаи аҳолӣ (бо ҳисоби миёна ба 2%), баландкуҳӣ, шумораи нокофии замини барои коркарди кишоварзӣ муносиб (93% куҳсор), адами роҳ ба баҳр, рафтани кадрҳои баландихтисос мебошанд, инчунин омилҳои субъективӣ ҳам ҳастанд: интихоби стратегияи иқтисодӣ, сиёсати репрессивии молиётӣ-хазинаӣ, андозҳои гарон, шароити душвор барои тиҷорат кардан, вобастагӣ аз сармоягузорӣ ва технологияи хориҷӣ, ки таъсири худро ба рушди иқтисодии кишвар гузоштаанд.

Солҳои охир барои баланд бардоштани муассирии истифодаи захоири миллӣ дар Тоҷикистон таваҷҷуҳи вижа ба “саноатикунонӣ” равона мешавад. Аз ҷумла дар “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2030 оид ба таъминоти рушди босуботи кишвар”, ки соли 2016 қабул карда шуд, “саноатикунонӣ” дар се принсипи асосии рушд таъкид мешуд.  

Аммо моҳи апрели соли 2020 Президенти Тоҷикистон таъкид намуд, ки кишвар ҳамчунон дар бештари маврид аграрӣ ва кишоварзӣ мебошад. [1]

Бо ин ҳол, метавон гуфт ки дар кишвар иқтисоди омехтаи аграрӣ-саноатӣ ба вуҷуд омадааст. Нигоҳе ба панҷсолаи ахир имкон медиҳад бигӯем, ки ҷумҳурӣ талош мекунад истеҳсолоти саноатиро тавсеа бахшад, аммо он бо суръати хеле заиф ва якпаҳлӯ пеш меравад, афзоиши ҳаҷми саноатӣ бошад, дар солҳои 2018-2019  ба афзоиши тавлиди неруи барқ, самаранокии истеҳсолоти насоҷӣ, инчунин авҷи сохтмони инфрасохторӣ ва шаҳрвандӣ вобаста мебошад.

Бар пояи иттилои Агентии омори назди Президенти Тоҷикистон, соли 2018 суръати афзоиши маҳсулоти саноатӣ дар қиёс ба соли 2017 аз ҳисоби афзоиши назарраси соҳаи истихроҷ 111 дарсадро ташкил дод[2], соли 2019 ҳиссаи саноат, бо шумули энергетика 17,4%-ро ташкил намуд[3]. Соли 2019 ҳиссаи кишоварзӣ дар ММД-и кишвар ба 19,8 дарсад расид[4] (соли 2017 ин нишондод 21,1% буд[5]

Ҷустуҷӯи мустақилонаи бозори фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ба тағйир ёфтани навъҳои маҳсулоти кишоварзӣ сабаб гардид, майдонҳои кишти пахта аз 239 ҳазор гектари соли 2000 дар пайи афзоиши майдонҳои офтобпараст, ғаладона ва лубиё дар соли 2019 то ба 188,5 ҳазор гектар коҳиш ёфт.  

Ҳиссаи аҳолии ба кишоварзӣ машғул дар соли 2018 – 44,8 дарсад, дар саноат 10,4%-ро ташкил додааст[6]. То моҳи марти соли 2019 дар соҳаи кишоварзӣ 45,5 дарсади аҳолии қобили меҳнат ва дар бахши саноат, бо шумули истеҳсолот, истихроҷи маъдан ва сохтмон 9,7 дарсади аҳолии кобили меҳнат ҷалб шудаанд[7]

Ҳамзамон, намешавад афзоиши ММД-и кишварро давоми солҳои охир таъкид накард, махсусан дар пасманзари ҳамсояҳои аъзои ИДМ-амон, ки дар пайи сабабҳои объективӣ ва таъсири омилҳои беруна ин нишондиҳанда нисбатан поин аст. Соли 2019 дар шохиси ММД-и кишварҳои ИДМ Тоҷикистон бо 7,5 дарсад ҳамроҳ бо Арманистон (7,6%) ва Туркманистон (6,3%) шомили сегонаи пешсаф гардид, Русия, Белорус ва Озарбойҷон бошанд, дар поёни ҷадвал қарор гирифтанд[8].  

Бар пояи иттилои Бонки ҷаҳонӣ, дар соли 2019 дар Тоҷикистон “саноат ва бахши хидматрасонӣ омилҳои аслии рушди иқтисодӣ гардиданд, ки афзоиши талабот дар бозори дохилӣ боиси пешрафти ин бахшҳо шуд”[9].

Маҳз ҳамин бахшҳо дар соли 2020 аз пандемия нисбатан бештар зарар диданд ва табиист, ки дар охири сол нишондиҳандаҳо нисбат ба соли пеш поёнтар хоҳанд шуд.

Пешбиниҳо ва мушкилот

Пешсафони рушд саноати хӯрокворӣ, истеҳсоли маҳсулоти ғайриметаллӣ ва тавлиди нерӯи барқ ​​буданд. Беҳтар шудани муносибати дуҷониба бо Узбекистон бо ҳавасмандсозии талаботи дохилӣ ва савдои яклухту чакана ҳам таъсири мусбати худро гузошт.

Бино ба иттилои Бонки ҷаҳонӣ, ҳаҷми воридот аз Узбекистон давоми ҳашт моҳи соли 2019 дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2018 ба 37 дарсад бештар шудааст[10]. Ҳаҷми воридоти гази табиӣ аз Узбекистон ба Тоҷикистон давоми моҳҳои январ – апрели соли 2019 — 8177,2 ҳазор долларро ташкил додааст[11]. Тавлиди нерӯи барқ дар ҷумҳурӣ ба 10,8 дарсад бештар гардид.   

Ҳамин тариқ, новобаста аз назари бархе коршиносон, ки иқтисоди Тоҷикистон дар ҳоли рукуд қарор дорад, мешавад бо назардошти тамоми омилҳои манфии дохилӣ ва берунӣ тайи солҳои 2017-2019 рушди қобили мулоҳизаи ММД-ро мушоҳида кард.

Аммо тибқи пешгӯиҳои пешакии Бонки рушди АвруОсиё ва Бонки осиёии рушд, суръати афзоиши ММД дар Тоҷикистон мисли тамоми кишварҳои минтақа дар соли 2020 ҳудуди  2 дарсад суст мегардад.

Ба ҳар сурат, дар қиёс ба ҳамсояҳо Тоҷикистон нишондоди беҳтар дорад: ҳарчанд суръати рушд заиф аст, аммо метавонад 5,5%-ро ташкил диҳад, дар ҳоле ки нишондоди кишварҳои ҳамсоя на бештар аз 1-2% гуфта мешавад. Инро мешавад, ба он рабт дод ки чораҳои карантинӣ дар кишвар мисли дигар давлатҳо, масалан Қазоқистон ва Узбекистон тӯлонӣ набуданд. 

Ва зарарҳои тиҷоратӣ бо вуҷуди он ки ҳатман мешаванд, дар сатҳи Қазоқистон, Узбекистон ва Қирғизистон нахоҳанд буд. Дар Тоҷикистон аллакай аз 15 июн корхонаҳо бо риояи чораҳои профилактикӣ кори худро аз сар гирифтанд, дар ҳоле ки ҳамсоякишварҳо ором-ором доранд чораҳои карантиниро сабук мекунанд. 

Албатта, бидуни мушкил намешавад, дар пасманзари рушди солонаи 6-7 дарсадии ММД дар солҳои 2013-2019 динамикаи даромадҳои буҷаи давлатӣ ҳамагӣ 3,6 дарсадро ташкил дода, ба таври қобили мулоҳиза аз ММД тафовут дошт. Агар дар соли 2017 ин мушкилро аз ҳисоби нашри евробондҳо ба маблағи 500 миллион доллар ва қарзҳои Чин ҳал кардан мумкин гардид, пас дар шароити пандемия ба эҳтимоли зиёд ҳукуматро зарур меояд, буҷаи кишварро, ки молиёт дарёфт намекунад, бознигарӣ кунад: тибқи пешбиниҳо он мебоист 75 дарсади ҳаҷми қисми даромади буҷаи давлатиро ташкил медод (2,5 миллиард доллар).     

Аз пандемия барои иқтисодиёт ҳеч манфиате ба даст намеояд, зеро арзиши маҳсулоти кишоварзии воридотӣ ва содиротӣ баланд аст, мураккабии логистика боиси зарурати убур намудани се марз мегардад.

Ҳамлу нақли бор ба ҷумҳурӣ ва аз ҷумҳурӣ бо хатсайрҳои тӯлонӣ ва кутоҳ аксаран тавассути автомобилҳо, инчунин бо роҳи оҳан ва роҳи ҳавоӣ анҷом мешавад.

Хатсайрҳои автомобилии мухталифе мавҷуданд, ки аз ҷумла аз Тоҷикистон тавассути Қирғизистон ва Қазоқистон ба Русия мебаранд. Роҳи тӯлонӣ аз Русия тавассути Қазоқистон, Узбекистон ба Тоҷикистон ҳаст. Аз моҳи апрели соли 2020 дар робита ба пандемия боркашонии байналмилалӣ тавассути 7 нуқтаи назоратӣ амалӣ шуда, шартҳои боркашонӣ шадидтар шуд. Бар илова, Қазоқистон ва Қирғизистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё шомиланд ва чораҳои фитосанитарии худро ҷорӣ кардаанд, ки бидуни озмоишгоҳҳои тасдиқшуда (дар Тоҷикистон нест) намешавад онро гузашт.  

Маҳсулоти бо ҳамсояҳо монанд (пахта, мева, сабзавот, хушкмева, нушокиҳо, пашм) дар чунин ҳолат рақобатпазир нест. Соҳибкорон бо ёрии созмонҳои байналмилалӣ талош доранд навъҳои маҳсулоти кишоварзиро ба кишварҳои дигар содирот кунанд.  

Агар дар кулл дар мавриди фоидаҳои иқтисоди Тоҷикистон бигӯем, ин метавонад энергетика бошад. Потенсиали бузурги гидроэнергетикӣ ҳангоми идораи дуруст имкон медиҳад, қисматҳои дохилиқораӣ ва минтақаи ҷанубии АвруОсиёро бо нерӯи барқи арзон ва босифат таъмин намоем. 

Ҳамзамон, пандемияи коронавирус метавонад тарафҳои заифи иқтисоди кишварро маълум намояд. Дар навбати аввал, он ба бахшҳои аз ҳама осебпазир, монанди савдо, хизматрасонӣ: махсусан аз ҳама бештар ба бахшҳои нақлиёт ва сайёҳӣ таъсир мерасонад.  

Дар шароити вобастагии зиёд аз воридот, махсусан маводи ғизоӣ ва пасту баландшавии қурби пул, он ба баланд шудани нархи маводи хурока ва афзоиши таваррум оварда мерасонад.

Моҳи апрели соли 2020 таваррум дар бахши истеъмолии кишвар 4,9%-ро ташкил дод. Бар пояи иттилои Агентии омори назди президент, аз моҳи январ то моҳи апрел арзиши маҳсулоти истеъмолӣ ба 9,3 баланд шуда, арзиши маводи ғайриистеъмолӣ ва хизматрасони пулакӣ бошад, баръакс ба 0,3 дарсад коҳиш ёфтааст[12].   

Бахши хизматрасонӣ, ки маҷмуан бештар аз 45 дарсадро дар ММД ишғол мекунад низ оқибатҳои камтареро эҳсос нахоҳад кард. Дар сохтори иқтисод дар соли 2017 нишондиҳандаи хизматрасониҳо дар қиёс ба ҳаҷми якҷояи саноат ва кишоварзӣ андаке камтар буд (49%). Баста шудани тарабхонаҳо, қаҳвахонаҳо, меҳмонхонаҳо, сартарошхонаҳо, қатъи фаъолияти хизматрасонии таксиҳои қонунӣ (яке аз бахшҳои босуръатрушдкунандаи бозор) дар пайи авзои паҳншавии коронавирус талафоти назаррас диданд. Барои мисол, дархости таксӣ ба 50-60 дарсад коҳиш ёфт. 

Солҳои охир барои рушди сайёҳии лижаронии куҳӣ, табобатӣ ва этнографӣ дар Тоҷикистон неруи зиёд сарф шуд ва ҳатто аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ дастгирӣ ва грант (Бонки рушди Осиё ба маблағи 10 миллион доллар) ҳам дарёфт гардид. Акнун бинобар пандемия ва баста шудани марзҳо бахши сайёҳӣ даромади пешбинишударо ба даст намеорад.

Коҳиши сармоягузориҳои хориҷӣ ва дохилӣ

Бар иловаи ҳамаи ин, дар робита ба вазъи нохуби иқтисодӣ сармоягузории дохилиро коҳиш интизор аст. Яке аз шарикони сармоягузори бузурги Тоҷикистон Чин мебошад. 75 дарсади сармояи мустақими хориҷӣ ба Чин марбут аст ва ҳама чӣ аз он вобаста аст ки то куҷо ин давлат аз пандемия мераҳад. 

Манбаи аз ҳама муҳими даромадҳои кишвар маблағҳои интиқолшудаи муҳоҷирон мебошад: соли 2019 муҳоҷирони меҳнатӣ ба ҷумҳурӣ беш аз 2,7 миллиард  доллар[13] фиристодаанд, ки наздик ба 30 дарсади ММД-и кишварро ташкил медиҳад. Соли 2020 бино ба иттилои оҷонсии Bloomberg маблағҳои интиқолшуда аз Русия ба Тоҷикистон ба 50 дарсад коҳиш ёфтааст[14]

Сабаби ин ҷорӣ шудани чораҳои профилактикии марбут ба пандемия дар Русияву Қазоқистон, якбора коҳиш ёфтани арзиши нафт мебошад, ки сабаби буҳрон дар Русия гардид ва як қисмати муҳоҷиронро аз даромад маҳрум кард.

Ин муҳим аст, зеро дар моҳҳои январ-апрели соли 2020 буҷаи Тоҷикистон аллакай 58 миллион долларро[15] аз даст дод. Коҳиши интиқоли пул ҳанӯз моҳи декабри соли 2019 оғоз гардид, аммо он замон ин ба таъсиси Маркази миллии протсессингӣ рабт дошт, ки ҳадафаш назорати маболиғи ба кишвар воридшуда мебошад.

Ин марказ барои анҷом додани интиқоли пул тавассути ҳисобҳои муросилотӣ  қоидаҳои махсус ироа мекард. Интиқоли маблағҳо тавассути низомҳои русӣ ва байналмилалӣ: “Unistream”, “Contact” (наздики 12%-и тамоми интиқолҳо), “Blizko”, “MoneyGram”, “Western Union”, “Золотая корона” (беш аз 90%-и интиқолҳо) мебоист танҳо дар доираи пулҳои дар Бонки миллии Тоҷикистон гузошта, яъне пешпартохт интиқол шаванд.

Ин бошад, на танҳо харҷҳои иловагиро талаб дошт, балки масалан дар мисоли Русия қонунгузории молиявии ин кишвар (161-ҚФ ФР “Дар бораи низоми пардохти миллӣ)-ро нақз мекард, ки тибқи он: “маркази ҳисоббаробаркунӣ барои низомҳои интиқоли пулии Русия метавонад … Бонки марказӣ ё бонки Русия ё Внешэкономбанк бошад, на низоми хориҷӣ” [16].

Авохири моҳи декабр, вазъ ба низом даромад ва “Unistream”, “Contact” ва “Western Union” ба маркази протсессингӣ пайвастанд, ки моҳи декабри соли 2019 тавассути онҳо ҳаҷми интиқолҳо дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2018 – 18 миллион доллар (9,6%)-ро ташкил дод. 

Дар соли 2019 муҳоҷирони меҳнатӣ ба Тоҷикистон 2731 миллион доллар фиристодаанд. Моҳҳои январ ва феврал маъмулан дар пайи ҷашнҳои дурудароз дар Русия ҳаҷми интиқоли пул коҳиш меёбад, аммо дар охири семоҳаи аввал одатан ин нишондод ба 30 дарсад афзоиш меёбад. Соли 2020 дар пайи пандемия, баста будани марзҳо, маҳдудият дар фаъолияти тиҷорати хурду миёна муҳоҷирон аз даромадҳои худ маҳрум шуда, ҳудуди 15 дарсад аз ҳаҷми маъмулии интиқолҳо дар моҳи мартро фиристоданд.

Ёрӣ аз хориҷи кишвар

Дар мубориза бо коронавируси нав дар Тоҷикистон Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии сирояти коронавирус COVID-19 фаъолият мекунад, ки таваҷҷуҳи он дар мадди аввал ба коҳиш додани оқибатҳои пандемия ба бахши тандурустӣ ва амнияти иҷтимоии аҳолӣ равона мебошад.

Барои сабук кардани вазъ ва ба ҳадди ниҳойӣ коҳиш додани хавфҳои  эҳтимолӣ ҳанӯз то оғози эълони расмии мавҷудияти коронавирус дар Тоҷикистон раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон барои ёрии молиявӣ, тиббӣ ва техникӣ ба созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои пешрафта муроҷиат кард. 

Ҷомеаи ҷаҳонӣ кумакҳои башардӯстона, қарзҳои боимтиёз ва грантҳо ихтисос дод. Барои дастгирии иқтисод дар шароити пандемия моҳи май Сандуқи Байналмилалии Пул ба Тоҷикистон 189,5 миллион доллар қарзи бефоиз ба муҳлати 10 сол бо давраи имтиёзии 5-сола дод. 

Боқимондаи қарзи Тоҷикистон дар оғози соли 2020 назди СБП ҳудуди 30 миллион долларро ташкил медиҳад. Тоҷикистон инчунин ба рӯйхати 25 кишвари ҷаҳон (ягона кишвар аз ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ) шомил гардид, ки СБП пардохти қарзҳоро аз ҳисоби пешниҳоди грантҳо барои ду сол сабук намуд.

Бонки ҷаҳонӣ барои баргузории чорабиниҳои марбут ба пешгирии хатарҳои эҳтимолӣ грант ба маблағи 11,3 миллион доллар ҷудо кард.  

Аз Бонки Осиёии Рушд барои профилактика ва мубориза бо коронавируси нав дар доираи лоиҳаи ҷории нигоҳубин ва таъмини саломатии модару кӯдак Тоҷикистон дар ҳаҷми 100 ҳазор доллар грант гирифт. 

Иттиҳоди Аврупо 78 миллион евро ҷудо кард, ки аз ин 48 миллион евро грант ва 30 миллион евро қарз аз Бонки сармоягузории Аврупо барои амалисозии нақшаи зиддибуҳронии ҳукумат мебошад. Инчунин, маблағҳои махсуси мақсаднок: 1,3 миллион евро барои харидории либоси махсуси кормандони тиб ва 780 ҳазор евро барои таъмини воситаҳои беҳдоштӣ дар муассисаҳои таълимӣ ҷудо карда шуданд.

Тавассути Бонки рушди Олмон (KfW) барои хариди маводи ҳифозатӣ, таҷҳизоти тиббӣ ва омодагии молиявии табибон ва дигар мутахассисон Олмон 1 миллион евро ҷудо кард. Барои зудтар пардохт шудани маблағ тасмим гирифта шуд, ки маболиғ дар доираи барномаҳои ҷории ҳифзи модару кӯдак дар Тоҷикистон ихтисос дода шавад.  

Ҳукумати ИМА тавассути Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID), Марказҳои ИМА дар мубориза бо назорат ва профилактикаи беморӣ (CDC), Бунёди Оқо Хон (AKF) барои дастгирии талошҳои кишвар дар мубориза бо пандемия ва роҳандозии барномаҳое, ки ба назорат, профилактика, таъсиси ҷойҳои нави корӣ барои қишри нисбатан осебпазир марбутанд, дар маҷмуъ 5 миллион доллар ҷудо кард.

Дар ин кор инчунин шарикони USAD Федератсияи байналмилалии Салиби Сурх, Созмони ҷаҳонии тандурустӣ тавассути намояндагии худ дар Тоҷикистон ҷалб мешаванд. 

Бар иловаи кумаки башардӯстона Русия маҷмӯи тестҳо барои санҷиши коронавирус фиристод. Кумаки Чин аз дастгоҳи нафаскашии сунъӣ, доруворӣ ва дигар дастгоҳҳо ба маблағи умумии беш аз 1 миллион доллар иборат буд.  

Ҳиндустон ба сифати кумаки башардӯстона дорувор ва дастгоҳҳои махсус фиристод. Ширкати тоҷикистонии “Ориёнфарм” аз Ҳиндустон тавассути хатсайри дархостшуда (чартерӣ) доруворӣ ва дастгоҳҳои тиббӣ овард. Кумаки Швейсария ва ЮНИСЕФ аз таҷҳизоти ҳифозатӣ ва маводи тиббӣ дар ҳаҷми 50 ҳазор доллар иборат буд.

Тоҷикистон аз ҳамсояҳои худ – Узбекистон ва Қазоқистон ҳам кумаки башардӯстона дарёфт кард. Узбекистон инчунин табибон ва контейнерҳои худро барои таъсиси беморхонаи муваққатӣ интиқол дод.   

Манбаъ: news.tajweek.tj
Манбаъ: news.tajweek.tj

Ҳамин тариқ, кумаки берунаи ҷомеаи ҷаҳонӣ миллионҳо доллар ва евроро ташкил медиҳад, ки дар навбати аввал барои дастгирии аҳолӣ, муассисаҳои тиббӣ ва кормандони тиб, ки бояд дар муборизаи муассир бо КОВИД-19 мусоидат кунанд, равона шудааст. Агар маболиғ, таҷҳизоти тиббӣ ва кумаки ғизоӣ дуруст пешниҳод гардад, эҳтимол хатари пандемия нисбатан камтар хоҳад шуд. 

Хулоса

Он чӣ ки ба омилҳои дохилӣ рабт дорад, инҷо бояд нақши муҳимро чораҳое дошта бошанд, ки ба сабук кардани сиёсати молиявӣ-буҷавӣ аз ҳисоби қарзҳои имтиёзӣ (ҳоло қарзҳо 25% дода мешаванд) ва таъхир дар пардохти молиёт, дастгирии молиявии бахшҳои аз ҳама осебпазир, таҳияи ҳавасмандгардонӣ барои дастгирии тиҷорати хурд, бахши хусусӣ ва хизматрасонӣ, аз ҷумла: туризм, меҳмонхонаҳо, ҳунармандон, хоҷагиҳои деҳқонӣ муҳим бошад.  

Инчунин, ихтисоси маболиғи иловагӣ барои бахши иҷтимоӣ, афзоиши ҳаҷми  пардохтҳо барои дастгирии хонаводаҳои фарзанддор, инчунин кумаки молӣ ба муҳоҷироне, ки дар хона мондаанд, муҳим аст.

Бо ин ҳол, дар шароити коронавирус тавре ки бештари коршиносон таъкид мекунанд, иқтисоди Тоҷикистон дар вазъи душвор қарор мегирад. Тавре аллакай гуфта шуд, баста будани марзҳо алакай сабаби қимат шудани маҳсулоти ғизоӣ ва маҳсулоти асосии саноатӣ гардида, ҳаҷми интиқоли пули муҳоҷирон коҳиш ёфт.

Захираҳои Бонки миллӣ ба арзёбии мутахассисон метавонад барои дастгирии иқтисоди кишвар дар шароити буҳронӣ нокофӣ бошад.

Дар ин бастагӣ, чораҳо ҷиҳати ба ҳадди имкон коҳиш додани оқибатҳои буҳрон бояд ба бахшҳои иҷтимоӣ, асъорӣ-молиявӣ, ба боз доштани пастравии қурби асъори миллӣ, коҳиши маболиғи харҷҳои иловагӣ, қатъи маблағгузории тарҳҳои ҳангуфт, монанди сохтмони НБО Роғун ва қатъи ихтисоси маболиғ барои сохтмонҳои иншоотҳои бошукуҳ равона шавад. Зарур аст, ки муҳаррикҳои рушди иқтисодӣ тағйир ёфта, маҳсулоти рақобатпазир тавлид шаванд.


Ин мавод дар доираи лоиҳаи “Giving Voice, Driving Change – from the Borderland to the Steppes Project” омода шудааст.

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report
The following text will be sent to our editors: