© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Тоҷикистон: оё сиёсати додани имтиёзҳои андозӣ интизориҳоро бароварда месозад?

«Имтиёзҳои андозӣ ин абзори дахолати ғайриҳадафмандонаи давлат дар раванди бозорӣ аст. Дар пасманзари фазои руҳафтодакунандаи соҳибкорӣ, ки дар он манфиатҳои молиётии ҳукумат ба мулоҳизаҳои сармоягузорӣ ва устуворӣ дар оянда бартарӣ доранд, додани сабукӣ ба яке аз тарафҳо рақобат ва бовариро ба қоидаҳои бозии бозор халалдор мекунад”, – мегӯяд Азим Тимуров, коршиноси масоили иқтисодӣ ва иштирокчии Мактаби таҳлилии CABAR.asia дар матлаби худ.


Ба канали мо дар Telegram бипайвандед!


Шарҳи кутоҳи матлаб:

  1. Имтиёзҳои андозӣ дар рушди ҷалби сармоягузорӣ ба Тоҷикистон камтар мусоидат мекунанд, вале ҳамеша ба коҳиши ҳаҷми даромади будҷа ба далели ворид нашудани пули андоз таъсир хоҳанд расонд;
  2. Ҳамеша эҳтимоли он вуҷуд дорад, ки имтиёзҳои андозиро на бахш ва ширкатҳои эҳтиёҷманд, балки онҳое соҳиб мешаванд, ки ниёз ба чунин сабукии иқтисодиро надоранд;
  3. Ҳадафи асосии соҳибкории хурд, бояд иҷтимоӣ бошад, на молиётӣ: он худтаъминкуниро миёни сокинон ташвиқ карда, сатҳи бекориро поин мебарад ва барои рушди табақаи миёна ва демократия дар оянда замина мегузорад.

Ҳукумати Тоҷикистон дар қонун «Оид ба будҷаи давлатӣ барои соли 2019» пешниҳод кардааст, ки ба баъзе аз бахшу корхонаҳо аз нигоҳи андоз имтиёз дода шавад. Дар сиёсати давлат ин гуна иқдомҳо дар гузашта низ буданд. Вале таҷрибаи додани имтиёзҳои андозӣ бо шумули озод кардан аз боҷи гумрукӣ ба ин ё он бахш ва ба корхонаи давлатӣ ё хусусӣ дар вазъияти кунунӣ шубҳаовар аст. Имтиёзҳои андозӣ ба рушди ҷалби сармоягузории Тоҷикистон камтар мусоидат карда, вале ҳамеша ба коҳиши ҳаҷми даромади будҷа ба далели ворид нашудани пардохтҳо аз ҳисоби андоз таъсир хоҳанд расонд.

Ҳукумат дар пасманзари афзоиши харҷи будҷаи давлатӣ, коҳиши сарчашмаҳои андозбандӣ ва умуман бад шудани шароити роҳандозии фаъолияти соҳибкорӣ дар Тоҷикистон, ки коршиносон ва институтҳои байналмилалии рушд пайваста аз он мегӯянд, зоҳиран беҳтар мешуморад, то вазифаҳои мазкурро зуд ва бе тағйири равиши худ нисбат ба мушкилиҳои иқтисоди кишвар ҳал кунад.

Аз саволи умумӣ ба хос

Ба назари коршиносон ва худи соҳибкорон, низоми андоз дар Тоҷикистон душвор, номафҳум, духӯра ва фишоровар аст. Бояд гуфт, тағйироти ахир дар Кодекси нави Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз хусусияти техникӣ дошт ва ба мизони андозбандӣ таъсире нарасонид ва андозҳо ҳамонгуна баланд боқӣ монданд. Агар ба тағйири сарбории умумии андоз назар кунем, сатҳи андозбандӣ ҳанӯз дар соли 2012 баландтар буд ва 84,5%-ро ташкил медод. Ҳарчанд ин нишондод имрӯз 67,3%-ро ташкил медиҳад, вале он ҳамоно баланд аст. Ин гуфтаҳоро Олимҷон Бобоев, вакили порлумон, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон ва сардори пешини Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва демографияи Академияи улуми кишвар ҷонибдорӣ мекунад. Ба гуфтаи ӯ, “сатҳи андоз набояд аз 36-40% боло бошад”. [2].

Агар одилона назар кунем, 67,3% рақами шартӣ аст ва он ба субъектҳои хурди фаъолияти хоҷагидорӣ, ки дар кишвар аксариятро ташкил медиҳанд, дахл намекунад. Вале ин ки андозҳо дар Тоҷикистон соҳибкориро ниҳоят мушкил гардондаанд, ҷои баҳс надорад.

Мудирияти андозситонӣ то рафт комилтар мешавад, ки чизи баде нест. Вале баъзе аз омилҳое ҳастанд, ки ба сиёсати будҷа ва андоз таъсири манфӣ мерасонанд.

Якум – таҷрибаи ҷамъоварии пули андоз.  Барои мисол, ҷарима ва пардохтҳои дигаре, ки барои вайрон кардани қонунҳои мушаххас супорида мешаванд. Ҳамчунин пули хадамоти давлатӣ ва ташаббусҳои дигари ҳукумат, ки барои даромади будҷа пешбинӣ шудаанд. Ҳарчанд таносуби пардохтҳои ғайриандозӣ нисбат ба даромадҳо аз ҳисоби андоз ночиз – 1 ба 10 ҳаст. Пардохтҳои ғайриандозӣ дар сурати ҷамъоварӣ нашудани пули андоз метавонанд ҷуброни ночизе бикунанд. Барои мисол, дар сурати кам ҷамъоварӣ шудани пули андоз эҳтимоли афзоиши даромадҳои ғайриандозӣ ба миён меояд.

Нақшаи ҷаримаҳо, ситонидани маблағ барои нақзи меъёрҳои қонунгузорӣ ва низ баъзе аз ташаббусҳои аҷибу ғариби қонунии солҳои ахир, ки ба бахши хусусӣ таҳмил мешаванд, асосан аҳамиятҳои молиётӣ доранд. Қисми даромади будҷаро бояд танҳо пули андоз ташкил диҳад. Зимнан таҷрибаи бахшидани қарзҳоро низ бояд ҳамчун яке аз омилҳои зараровар ба будҷа қайд кард.[3]

Дувум, харҷи будҷа солона тақрибан то 20 дарсад меафзояд. Ин на танҳо аз афзоиши вазифаҳои давлат дар назди шаҳрвандон, балки аз равишҳои асосӣ дар сиёсати молӣ низ вобастагӣ дорад. Барои мисол, ҳамеша харҷ кардан. Афзоиши харҷи будҷаро аз нигоҳи стратегӣ барои давлат муҳим номида, метавон онро асоснок кард. Ин метавонад бахши энергетика, саноати гардишгарӣ, субъектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ ё соҳаи дигаре бошад. Ин гуна таҷриба водор мекунад, ки барои рӯйпӯш кардани харҷҳо роҳҳои дигари даромад ба будҷаро пайдо кунем. Одатан ҳангоми банақшагирии харҷҳо даромадҳои пешбинишавандаро дар оянда дар асоси пули андоз, нишондоди даромади соли гузашта, вазъи интиқоли пул, имкони дарёфти грант, қарз ва сармояҳои дигар ба инобат мегиранд, ки он қадар дуруст нест.

Севум – зиёд кардани сарчашмаҳои андозбандӣ бо меъёрҳои баланд аз ҳисоби коҳиши намудҳои соҳибкории инфиродӣ, ки дар асоси патент фаъолият мекунанд. Соҳибкории инфиродӣ набояд аз сӯи ҳукумат ҳамчун сарчашмаи даромади будҷаи давлат дониста шавад.

Вазифаи асосии онҳо иҷтимоӣ аст: худтаъминкуниро миёни сокинон ташвиқ карда, сатҳи бекориро поин мебаранд ва барои рушди табақаи миёна ва демократия дар оянда замина мегузоранд. Шаҳрвандоне, ки чизе барои аз даст додан доранд, ҳамеша талаб мекунанд, муқобилият нишон медиҳанд ва манфиатҳову моликияти худро ҳимоят мекунанд.

Шаҳрвандоне, ки аз нигоҳи иқтисодӣ вобастаи давлатанд, ба монанди кормандони муассисаҳои будҷавӣ ва нафақахӯрон ҳечгоҳ омили рушд ва тағйирот шуда наметавонанд. Онҳо ҳамеша боло бурдани ҳаҷми маош ё нафақаро мунтазиранд. Тибқи қоида, ин табақа ҳечгоҳ фикр намекунанд, ки манфиати онҳо аз кадом манбаъҳо бояд ба даст оварда шавад.

Манфиатҳои молиётии давлатро бояд дар тиҷоратҳои бузурге дид, ки қисми бештари даромадҳои андозиро таъмин мекунанд ва ё дар бештари маврид сабукиҳои иқтисодиро дарёфт мекунанд. Блоки техникии иқтисодии ҳукумат вазифаи худро хуб анҷом медиҳад: ҷамъоварии андозро таъмин мекунад. Вале агар ба гузоришҳои ахири раҳбарони кумитаҳои андоз ва сармоягузорӣ назар афканем, худи мансабдорон эътироф мекунанд, ки ҷамъоварии андоз кам шуда, сарчашмаҳои умумии андозбандӣ низ коҳиш ёфтаанд. [4]  Бо вуҷуд онҳо дар ин замина хулосаи дуруст намебароранд ва роҳи ҳалли мушкилро дар сахттар кардани тадбирҳои марбут ба ҷамъоварии андоз, ошкор кардани ҳолатҳои саркашӣ аз пардохти он ва истифодаи чораҳои маъмурӣ мебинанд.[5]

Ин гуна сиёсат ҳавасмандии хонаводаҳову соҳибкоронро барои пасандоз ва сармоягузорӣ аз байн мебарад ва яке аз сабабҳои коҳиши даромад, гузариш ба тиҷорати пинҳонӣ, талошҳои коррупсионӣ ва ҳатто қатъи фаъолияти соҳибкорӣ низ ба ҳисоб меравад.

Зиддият

 Бо назардошти мушкилоти мазкур сиёсати ҳавасмандгардонии ин ё он бахшҳои «муҳими стратегӣ» ва ё корхона ба тариқи додани сабукиҳо аз нигоҳи андоз иқдоми номуассир ва ғайрисозанда менамояд. Дар шакли тезис шарҳ хоҳам дод:

  • Дар ҳоле ки танҳо шароитҳои махсус метавонанд ба фаъолияти оддии корхона ё тамоми соҳа мусоидат кунанд, истифодаи пайвастаи имтиёзҳои андозӣ ҳамчун абзори ҳавасманкунандаи рушди самтҳои боафзалият аз фазои номусоиди умумии соҳибкорӣ дарак медиҳад;
  • Сиёсати ҷалби сармоя тариқи қисман ё пурра озод кардан аз андоз дар як давраи муайян, тавре ки дар «Консепсияи сиёсати давлатии ҷалб ва ҳимояти сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар соли 2012 қайд карда шудааст, натиҷаовар нахоҳад буд. Сармоягузорҳои хусусии хориҷӣ бештар ба фазои умумии сармоягузорӣ ва доираи соҳибкорони кишвар аҳамият медиҳанд, на ба шароитҳои боимтиёзи шахсӣ;
  • Эҳтимоли зиёди сар задани ҳолате, ки ин ва ё он субъекти хоҷагидор бо истифода аз фишанг ва ё зарфиятҳои маъмурии худ имтиёз ба даст меорад. Ин яке аз тарафҳои заифи сиёсати додани сабукиҳо аз ҳисоби андоз аст. Дар асоси кадом меъёр ҳисбодидани ин ё он субъекти хоҷагидор ва ё тамоми бахш ҳамчун бахши боафзалият ва стратегӣ маълум нест. Агар худи ҳукумат низ инро муайян кунад, кофӣ нест. Маълум нест, ки чаро имтиёзҳои молиётӣ бар хилофи кодекси андоз ба воситаи қонун дар бораи будҷа ё қарори ҳукумат дода мешаванд. Кори корхона ё бахше, ки қисман ва ё пурра аз андоз озод мешаванд то куҷо муассир хоҳад шуд, ё пас аз ба поён расидани низоми мусоид кори онҳо созанда хоҳад буд, ё не, маълум нест;
  • Имтиёзҳои андозӣ, ки харҷҳои андозӣ низ номида мешаванд, ба қисми даромади будҷа камомад нахоҳанд буд. Агар ба маълумоти Кумитаи андози назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон назар андозем, имтизёҳои андозӣ дар бахшҳои гуногуни иқтисоди кишвар афзоиш ёфтааст. Барои намуна, маблағи умумии имтиёзҳои андозӣ дар соли 2015 2,1 миллиард сомонӣ, дар соли 2016 2,3 миллиард сомонӣ ва дар соли 2017 2,7 миллиард сомониро ташкил додаанд.[6] Дар солҳои мазкур ба ҳамин миқдор даромадҳои андозӣ низ ба будҷаи давлат кам шудаанд. Диаграммаи 2 нишон медиҳад, ки ҷамъоварии пули андоз аз арзиши иловашуда ба далели озод кардани корхонаву соҳибкорон аз ин навъи молиёт чи қадар коҳиш ёфтааст. 
Манбаъ: Матлаби «Таҳлили муассир будани имтизёҳои андозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон) Муаллиф: Зоиров Н.И.

Ёдрас мешавем, даромадҳо бояд бо харҷҳо танзим шаванд. Аз ин усул идомаи фаъолияти ниҳодҳои фискалӣ вобастааст. Сиёсати будҷасозиеро, ки коршиносон ва институтҳои байналмилалии рушд дар борааш мегӯянд, бояд ҷойи таҷрибаи ғайрисозанда ва нодуруст дар иқтисоди кишварро бигирад;

Дар умум, имтиёзҳои андозӣ ин абзори дахолати ғайриҳадафмандонаи давлат дар раванди бозорӣ аст. Дар пасманзари фазои руҳафтодакунандаи соҳибкорӣ, ки дар он ба манфиатҳои молиётии ҳукумат нисбат ба мулоҳизаҳои сармоягузорӣ ва устуворӣ дар оянда афзалият дода мешаванд, додани сабукӣ ба яке аз тарафҳо рақобат ва бовариро ба қоидаҳои бозии бозор аз байн мебарад.

 Интизориҳо

Хабарҳо дар бораи комёбиҳо дар сиёсате, ки раҳбарияти кишвари ҳамсоя дар бахши иқтисод роҳандозӣ кардааст, баҳси истифода шудани баъзе аз таҷрибаҳои комёб дар Тоҷикистонро низ дар байни коршиносону доираҳои содиркунандагони моли кишвар ба миён овардааст. Инҷо сухан аз Ӯзбекистон ва иқдомҳои ҳукумати он кишвар барои беҳсозии фазои сармоягузорӣ ва тиҷорат меравад. Хабари афзоиши шумори андозсупорандаҳо дар пайи кам кардани баъзеи намудҳои андоз яке аз дастовардҳои ахири ҳукумати Ӯзбекистон аст. Раванди тағйирот дар сиёсати иқтисодии ин кишвар ба ҷониби шаффофият нав оғоз шудааст.

Вале ҳамагуна тадбирҳои популистӣ дар бештари маврид харҷҳои ҳангуфтеро дар пай хоҳанд дошт. Кӣ аз ҳама бештар мепардозад? Албатта, тоҷирон, шаҳрвандон ва кадом як гуруҳи муайян. Дар ҳоли ҳозир мо намедонем, ки ин бозсозӣ натиҷаҳои дилхоҳ меорад, ё не. Бештари шаҳрвандони Тоҷикистон ба бозсозии иқтисоди ҳамсоякишвар бо ҳавас ва ҳасад менигаранд. Суоле ҳам ба зеҳнашон мерасад, ки оё он дар кишвари мо ҳам имкон дорад.

Ҳама гуна таҳаввулот тағйиротеро дар мо дар пай хоҳад дошт. Ин қонуни рушди ҷомеа аст. Дар мо он замоне рух хоҳад дод, ки ба вазъияти пешин расидагӣ шавад ва омилҳои даруниву берунӣ, вазъияти иқтисодиву сиёсии берунӣ мустақим ё ғайримустақим таъсир расонанд.

Оё комёбиҳои Ӯзбекистон ва кишварҳои дигар дар озодсозиву ғайрибюрократикунии фазои соҳибкорӣ ба мо таъсири мусбат мерасонад ва ба ислоҳоти мо суръат хоҳанд бахшид? Ҳам бале ва ҳам не. Кишварҳои атрофи нисбатан комёб ба воситаи тиҷорат, равандҳои ҳамгироӣ, тарҳҳои зербиноӣ, табодули идея ва арзишҳо метавонанд ба ҳамсояҳои ақибтар аз худ таъсир расонанд. Вале тағйирот дар дохили ҳар як кишвар замоне рух медиҳад, ки низом, усул ва таҷрибаи сиёсии пешин ба таҳдидҳо дигар вокуниши муносиб дода натавонад. Дар ин сурат чораҳои техникӣ ва косметикӣ кофӣ нестанд.

Хулосаҳо ба сиёсати додани имтиёзҳои андозӣ

Ба далели муҳим будани мавзуъ тасмим гирифта шуд, ки яке аз ҷанбаҳои сиёсати будҷавӣ, маҳз робитаи қисми даромади будҷа аз нигоҳи даромадҳои андозӣ ва имтиёзҳои молиётӣ интихоб ва такмил карда шавад.

Вазъи даромадҳои андоз ба будҷаи давлатии Тоҷикистон дар пасманзари бадшавии шароити иқтисодии дохилӣ, сиёсати фишоровар ба соҳибкорӣ, вобастгаии сахт аз бозигарони берунӣ ва мушкилиҳои ҳалношудаи иқтисоди кишвар бад шуда истодааст. Сарчашмаҳои андозбандӣ низ ба далели рафтани соҳибкорон аз саҳнаи қонунии иқтисод коҳиш меёбад.

Дар робита ба вазъи мавҷуда яке аз чораҳои ҳал ё осон кардани вазъ такмилсозии мудирияти андоз аст.

Имтиёзҳои андозӣ ё харҷҳо даромадҳое ҳастанд, ки ба будҷа ворид намешаванд. Таҷрибаи ҳамсон дар робита ба бахш ё ширкатҳои алоҳидае тадбиқ мегардад, ки аз они давлатанд ё хусусӣ.

Инҷо як чанд нуктаи баҳсбарангез аст. Чи гуна бояд муайян кард, ки кадом бахш ё корхона дастгирӣ карда шавад ва аз даромад ба будҷа даст кашид. Чи гуна бахш ё корхонаи «стратегӣ»-ро бояд муайян кард.  Таҷрибаи додани сабукиҳо усули баробариро нақз карда, ба омилҳои дигари иқтисодӣ зарар мерасонад.

Тавсияҳои овардаи мо бо тавсияҳое, ки дар матлаби иқтисодшинос марҳум Константин Бондаренко аз соли 2015 «Сангҳои зериобии сиёсати будҷетии Тоҷикистон» ҳамсонанд.[7] Дар ҳақиқат, ин такрори ҳамон тавсияҳои пешин аст, зеро то ҳол тағйиротҳои назаррас мушоҳида нашудааст:

  • Қатъи мутобиқсозии харҷҳои будҷа бо даромадҳои пешбинишаванда;
  • Буҷасозии рӯ ба натиҷаро қабул кард, на рӯ ба равандро (буҷасозии барномавӣ);
  • Тавре бояд кард, ки Кодекси андоз ягона абзори қонунии додани имтиёзҳои молиётӣ бошад;
  • Имтиёзҳои андозиро баҳогузорӣ ва натиҷаи онро дастраси ом кард;
  • Рӯйхати хидматрасониҳои пулакиву ройгони давлатиро таҳия карда, омилҳои ҷамъоварии маблағи иловагиро аз байн бурд.

Таҷрибаи додани имтизёҳои андозӣ оқибатҳои манфиеро дар пай надорад. Он танҳо як абзор аст. Вале равиши истифодаи он дар Тоҷикистон, дар замоне ки харҷҳо бар даромадҳо бартарӣ доранд, сарчашмаҳои андозбандӣ коҳиш меёбанд идеяи чандон комёбе нест. То замоне ки манфиатҳои молиётӣ барои давлат дар иқтисод ва соҳибкорӣ назар ба сармоягузорӣ бартарият дорад, вазъи кунунӣ ҳукмфармо хоҳад буд.


Ин мавод дар доираи тарҳи «Giving Voice, Driving Change — from the Borderland to the Steppes Project», ки бо кумаки молии Вазорати хориҷаи Норвегия иҷро мешавад, нивишта шудааст. Назароти дарҷшуда дар ин матлаб баёнгари дидгоҳи хоси расона ва ё сарпарасти ин тарҳ нест.


Акс асосӣ аз сомонаи tajikta.tj аст.

[1] Олимджон Бобоев: “Налоговая ставка в Таджикистане непомерно высока”, Радио Озоди, 17.10.2018

[2] Там же

[3] Правительство Таджикистана списало долги компаний на сумму более 14 млн. сомони, Радио Озоди 22.03.2019

[4] «Главный налоговик Таджикистана сетует на сокращение налоговых поступлений от мобильных компаний.» Подробнее: https://www.news.tj/ru/node/264447

[5] «Таджикские компании спешат закрыть свой бизнес. Госкоминвест назвал причины.»Подробнее: https://news.tj/ru/news/tajikistan/economic/20180817/tadzhikskie-kompanii-zakrivayut-svoi-biznes-odna-iz-prichin-nezdorovaya-konkurentsiya

[6] Источник: Статья «Анализ эффективности налоговых льгот в Республике Таджикистан» (перевод с тадж.) Автор: Зоиров Н.И., специалист Департамент совершенствования налогового законодательства и нормативных налогов Налогового комитета при Правительстве Республики Таджикистан. Эта ссылка на неопубликованную рукопись статьи с разрешения автора.

[7] Константин Бондаренко: Подводные камни бюджетной политики Таджикистана, CABAR.asia, 27.11.2015

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report
The following text will be sent to our editors: