© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Тоҷикистон: эмин мондани кормандони тиб – бар дӯши худи онҳост

Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, барои пешгирӣ аз паҳншавии COVID-19 чораҷӯӣ мекунад, аммо бархе аз кормандони соҳаи тиб ба далели набудани васоили муҳофизатӣ тарки пеша мекунанд. Коршиносон мегӯянд, кишвар ба иттифоқҳои касабаи мустақиле ниёз дорад, ки аз ҳуқуқҳои кормандони соҳаи тиб ҳимоят кунанд.


Ба канали мо дар  Telegram обуна шавед!


Дар чанд ҳафтаи охир дар Тоҷикистон дар бораи ниёз доштани пизишкон ба либос ва васоили дигари муҳофизатӣ дар пайи густариши вабои COVID-19 хабарҳои зиёде расонаӣ шуд. Бархе аз пизишкон аз тарси мубтало шудан ба вирус фаъолияти худро қатъ мекунанд. Наворҳои бешуморе аз беморхонаҳо ва муроҷиати беморон дар шабакаҳои иҷтимоӣ баёнгари он аст, ки ба далели камбуди либосҳои муҳофизатӣ шумори табибони гирифтор ба COVID-19 меафзояд ва бархе аз онҳо мефавтанд.

Фирӯза Набиева, сокини шаҳри Хуҷанд, рӯзи 7 май дар саҳифаи худ дар Facebook рӯйхати табибони фавтидаро бо ному насаб ва аксҳояшон нашр кард. Рӯйхати тартибдодаи вай, то 7 май, 10 табиби фавтидаро аз Хуҷанду Душанбе ва Турсунзода дар бар мегирад.

Баъзе табибон мегӯянд, ки либосҳои муҳофизатӣ аз ҳисоби худ мехаранд. Акс: CABAR.asia
Баъзе табибон мегӯянд, ки либосҳои муҳофизатиро аз ҳисоби худ мехаранд. Акс: CABAR.asia

“Ба иттилои шабакаҳои иҷтимоӣ, аз 23 апрел то 6 май, дар зарфи 15 рӯз 10 табиби тоҷик аз коронавирус вафот кардааст. Бо ин суръати маргу мир давоми як моҳ 20 табиб ва давоми 6 моҳ то 120 табиб вафот хоҳад кард. Марги табибон – марги миллат аст. Ба табибон кӯмак кунед, онҳо бояд муҳофизат шаванд”, – навишт вай.

Яке аз табибон ба шарти ифшо нашудани номаш ба CABAR.asia гуфт, ки бисёрии ҳамкасбони вай сару либоси муҳофизатиро аз ҳисоби худ мехаранд.

“Дар воқеъ, чанде пеш шумори зиёди табибон ба далели надоштани либоси махсуси муҳофизатӣ гирифтори вируси корона шуданд. Ҳатто фаррошон маҷбуранд, ки аз ҳисоби худ либос харанд. Бархеҳо аз кор рафтанд, зеро маошашон имкон намедиҳад, ки ҳамаи ин харҷҳоро пӯшонанд”, – гуфт табиб.

Вай афзуд, агар ин ҳолат чунин давом кунад, бисёрии пизишкон беморхонаҳоро тарк мекунанд ва вазъ бадтар хоҳад шуд.

Аз тарси он ки наздиконам гирифтор нашаванд, шабҳо дар мошин хоб меравам ва субҳ дубора ба кор бармегардам”

“Вазъи табибон чандон хуб нест. Тасаввур кунед, ки мо бояд беморонро табобат кунем ва баъдан навбатдориро ба ҳамкори худ супорида, ба хонаҳоямон баргардем. Ин на танҳо барои мо, балки барои хонаводаҳоямон ҳам хатар дорад. Аз тарси он ки наздиконам гирифтор нашаванд, шабҳо дар мошин хоб меравам ва субҳ дубора ба кор бармегардам”, – гуфт табиб.

Дар ҳамин ҳол, Абдумаҷид Ҷӯраев, пизишки бемориҳои сироятӣ мегӯяд, дар беморхонаи марказии шаҳри Конибодом, ҷойи кори вай, ҳанӯз аз моҳи феврал ба мубориза зидди коронавирус омода мешуданд.

Вай мегӯяд, дар ҳамон моҳи феврал ба табибон, ҳамшираҳо, фаррошон либоси муҳофизатӣ, дору ва дигар васоили зарурӣ тақсим шуда буд.

Абдумаҷид Ҷӯраев. Аксҳо аз сафҳаи шахсӣ дар facebook.com
Абдумаҷид Ҷӯраев. Аксҳо аз сафҳаи шахсӣ дар facebook.com

“Мо пеш аз вақт ба мубориза зидди ин вабо омодагӣ дидем. Маоши моро ду баробар бештар караданд ва бо дастури раиси вилояти Суғд ахиран ба табибон маҳсулоти ғизоӣ тақсим карданд”, – гуфт Ҷӯраев.

Аммо ин табиб натавонист дақиқан бигӯяд, ки оё ба табибоне, ки ҳангоми кор мубталои вируси корона шудаанд, ҷуброн пардохт хоҳад шуд ё на.

Ин ҳам дар ҳолест, ки табибони дигар мегӯянд, мақомот ба онҳо кӯмак ва пӯштибонии лозимӣ намерасонанд. Яке аз табибон ба таҷрибаи Ӯзбекистони ҳамсоя ишора мекунад, ки дар он кишвар ба табибон 2,5 ҳазордолларии иловагӣ пардохт мешавад. Ва ба тибобне, ки ҳангоми кор мубталои вируси корона шудааст, 10,5 ҳазор доллар ҷуброн мепардозанд.

“Мо ҳаёт ва саломатии худро дар хатар мегузорем. Мақомот бояд ба мо ҷуброн пардозанд. Зеро на танҳо мо, балки наздиконамон ҳам дар хатар ҳастанд”, – гуфт вай.

Шикоят ва талаби табибон дар ҳолест, ки сухангӯи ҳамакнун собиқи вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар Бибихонум Дарвешзода дар суҳбат бо CABAR.aia гуфта буд, вазорат дар бораи шумори марги табибон аз вируси корона иттилоъ надорад.

“Дар ҳоли ҳозир (даҳҳаи аввали моҳи май) мо номгӯи табибонеро тартиб медиҳем, ки мубталои вируси корона шудаанд. Ҳамчунин табибони аз ин вирус фавтида ҳам сабт мешаванд. Ҳар гоҳ ки рӯйхат такмил шуд, онро оммавӣ мекунем”, – гуфт Дарвешзода.

Ба гуфтаи вай, вазорати тандурустӣ дастури тартиб додани рӯйхати табибони гирифтор ва фавтидаро дар деҳот додааст. Ҳамчунин, ба гуфтаи Дарвешзода, иттилои дақиқе дар бораи аз кор рафтани табибон мавҷуд нест, вале вазорати тандурустӣ тамоми талошро ба харҷ медиҳад, ки аз паҳншавии вируси корона пешгирӣ карда шавад.

Ба гуфтаи Абдулло Давлатов, коршинсони соҳаи тиб, марги кормандони тиб – табибон, ҳамшираҳои шафқат ва дигар кормандон аз вабои COVID-19 дар тамоми кишварҳо мушоҳида мешавад, зеро ин афрод дар сафи аввали мубориза зидди коронавирус қарор доранд. Барои мисол, дар Русия ҳам хабарҳо аз қатъи фаъолияти гуруҳии табибон дар ин ва ё он беморхона зиёданд. Дар Русия сомонаи вижае таъсис шудааст, ки ҳамарӯза ному насаби табибони аз COVID-19 фавтидаро нашр мекунад.

“Дар ҳар сурат, албатта, мақомот бояд барои ҳифзи муассисаҳои тандурустӣ ва кормандони соҳаи тиб тамоми талошашонро харҷ ва онҳоро бо васоили зарурӣ таъмин кунанд”, – гуфт Давлатов.

Ҳуқуқҳои меҳнатии кормандони тибро кӣ ҳифз мекунад?

Паҳншавии вируси корона миёни кормандони соҳаи тиб дар ҷомеа баҳсҳои зиёдеро ба бор овард. Коршиносон бар ин назаранд, ки дар чунин вазъият ҳуқуқҳои дигари корманди тиб поймол мешаванд. Дар ин бора дар шабакаҳои иҷтимоӣ борҳо муроҷиатномаи намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ нашр шуд. Дар ин муроҷиатномаҳо аз вазорати тандурустӣ хоста шудааст, ки ба кормандони соҳаи тиб кӯмак расонад.

Ҳуқуқшинос Шокирҷон Ҳакимов мегӯяд, бо назардошти вазъи кунунӣ, табибон ҳақ доранд, ки дар сурати гирифтор шудан ва ё марг ҷуброн дарёфт кунанд. Ҳамчунин, табибон ҳақ доранд, ки беҳсозии шароити корӣ ва таъмини ниёзҳои моливу иқтисодиро талаб кунанд, мегӯяд Ҳакимов.

“Онҳо метавонанд, мустақиман ва ё тавассути наздикону фарзандонашон ин ҳуқуқҳоро амалӣ кунанд”, – афзуд ҳуқуқшинос.

Шокирҷон Ҳакимов. Акс: asiaplustj
Шокирҷон Ҳакимов. Акс: asiaplustj

Ба бовари вай, Тоҷикистон ба иттифоқҳои касабаи мустақил ниёз дорад, ки тавони ҳимоят аз ҳуқуқҳои меҳнатии коргаронро дошта бошанд.

“Фаъолияти Федератсияи мустақили иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон посухгӯи вазъи кунунӣ нест. Усулҳои фаъолияти он, сарфи назар аз табдили ном кардан, аз замони Шӯравӣ ҳеч фарқе надоранд. Иттифоқҳои касаба ҳамоно зери назорати ҳукумат ҳастанд. Аз ҳамин хотир, онҳо аз ҳифзи ҳуқуқҳо ва озодиҳое саркашӣ мекунанд, ки қонун он ҳуқуқҳову озодиҳоро кафолат додааст”, – мегӯяд ҳуқуқшинос.

Вай илова кард, фаъолияти иттифоқҳои касаба шаффоф нест ва “онҳо назди ҷомеа эҳсоси масъулият намекунанд”.

Ба иттилои вазорати тандурустии кишвар, то 26 май дар Тоҷикистон шумори гирифторони коронавирус ба 3266 ва шумори фавтидагон аз ин вирус ба 47 расидааст.


Ин мавод дар доираи лоиҳаи “Giving Voice, Driving Change – from the Borderland to the Steppes Project” омода шудааст.

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report
The following text will be sent to our editors: