© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Тоҷикистон: даҳҳо ҳазор нафар ҳақмузд нагирифтаанд

Дар Тоҷикистон даҳҳо ҳазор нафар моҳҳо аст, ки наметавонанд музди меҳнати худро дарёфт кунанд. Мансабдорон аз буҳрон ва нарасидани маблағ мегӯянд.


Ба канали мо дар  Telegram обуна шавед!


Озод Бақоев дар як ширкати сохтмонии шаҳри Душанбе кор мекунад. Корфармо моҳи чорум аст, ки бо баҳонаи буҳрони молӣ ва набудани маблағ ҳақмузди ӯро пардохт накардааст. 

“Ба раҳбарияти ширкат фаҳмондам, ки ман ягона ноновари хонаводаам ҳастам. Ваъда карданд, дар моҳҳои наздик маоши манро медиҳанд. Аз ман хоҳиш карданд, корро идома бидиҳам, то сармоягузорон иншоотро ҳарчӣ барвақттар қабул намуда, пулро гузаронанд”,-мегӯяд Бақоев.

Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон моҳи октябри соли 2019 аз сари вақт пардохт нашудани музди меҳнат нигаронӣ кард. Акс аз president.tj
Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон моҳи октябри соли 2019 аз сари вақт пардохт нашудани музди меҳнат нигаронӣ кард. Акс аз president.tj

Аснои мулоқот бо раҳбарият ва фаъолони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон рӯзи 24 октябри соли 2019 раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз сари вақт пардохт нашудани музди меҳнати кормандони бахшҳои мухталиф изҳори нигаронӣ кард.

Президент он замон ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон дастур дод дар ҳамкорӣ бо шарикони иҷтимоӣ, вазоратҳо, идораҳо, раҳбарони вилоят, шаҳр ва ноҳияҳо ҷиҳати ҳалли ин масъала чораҳои мушаххас андешанд.

Ба иттилои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон то 1 апрели соли 2020 маблағи қарзи музди меҳнат дар кишвар бо назардошти қарзҳои солҳои сипаришуда 51 миллиону 270,4 ҳазор сомонӣ (бештар аз 5,1 млн. доллар)-ро ташкил медиҳад, ки дар қиёс ба 1 январи соли 2020 — 9,5 дарсад бештар мебошад.    

Аз Агентии омори назди президенти Тоҷикистон ба CABAR.asia гуфтанд, корхонаҳо маблағи умумии қарзи музди меҳнати аз соли гузашта мондаро ироа мекунанд, аммо маълумоти теъдоди кормандонеро, ки маошашон пардохт нагардидааст, пешниҳод намекунанд.

Ба иттилои Кумитаи байнидавлатии омори ИДМ моҳи декабри соли 2019 музди миёнаи меҳнат дар Тоҷикистон 1503 сомонӣ (наздик ба 150 доллар)-ро ташкил додааст. Бо назардошти ин нишондод мешавад тахмин кард, ки даҳҳо ҳазор нафар ба мушкили пардохт нагардидани маош мувоҷеҳанд.

Аз ҳама бештар маоши кормандони қаторӣ ва сохтмончиҳо пардохт нашудааст

Қарзи музди меҳнат асосан дар корхонаҳои саноатӣ ва сохтмонӣ, муассисаҳои давлатӣ оид ба замину обёрӣ ва авиатсия бештар ба мушоҳида мерасад.

Муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Нурулло Маҳмадуллозода дар посух ба номаи хабарнигори CABAR.asia рӯзи 18 май гуфт ки маблағи бештари қарзи музди меҳнат дар бахши сохтмон – 16 миллиону 288,8 ҳазор сомонӣ (зиёда аз 1,6 млн. доллар) мебошад. Дар ҷойи дуввуму сеюм мутаносибан бахши истихроҷи маъдан – беш аз 14 миллион сомонӣ (наздики 1,4 млн. доллар) ва бахши нақлиёту алоқа – 9, 2 миллион сомонӣ (беш аз 900 ҳазор доллар) қарор доранд.

Ба омори Вазорати меҳнат 90,7 дарсади қарзи музди меҳнат – беш аз 46,5 миллион сомонӣ (наздики 4,6 млн. доллар) ба 17 корхонаи бузург рост меояд. Миёни ин корхонаҳо аз ҳама бештар қарзи “Адрасмон”-и шаҳри Гулистон зиёд аст – бештар аз 11 миллион сомонӣ (ҳудуди 1,1 млн. доллар). Дар ҷойи дуюм ҶСК “Тоҷикэйр” меистад, ки қарзи он марзи 9,1 миллион сомонӣ (наздики 900 ҳазор доллар)-ро убур кардааст.

Ба иттилои манбаъ, дар кишвар дар бахши буҷавӣ қарзи музди меҳнат вуҷуд надорад.

Қаблан расонаҳо аз пардохт нашудани ҳақмузди хидматчиёни давлатӣ, аз ҷумла муаллимон ва кормандони тандурустӣ дар бархе шаҳру навоҳӣ хабар доданд. Сабаби ин, баргузории чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ дар минтақа ва навоҳӣ гуфта мешуд.

Моддаи 19-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон Корфармо уҳдадор аст: сари вақт ва дар ҳаҷми пурра ба корманд музди меҳнат ва дигар иловапулиҳоро, ки Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ, санадҳои корфармо пешбинӣ намудаанд, пардохт намояд.

Вазорати меҳнат ҷарима мебандад…

Нурулло Маҳмадуллозода сабаби асосии пардохт нашудани музди меҳнатро дар мушкилоти фурӯши маҳсулот, таъхир дар маблағгузорӣ аз ҷониби сармоягузорон, пардохт нашудани ҳаққи хизматрасониҳои об аз сӯи истифодабарандаҳо, қатъи фаъолияти корхонаҳо, адами ашёи зарурӣ ё гази табиӣ ва қатъи муваққатии парвозҳо унвон кард.  

Нурулло Маҳмадуллозода. Акс аз shoirayusupova.blogspot.com
Нурулло Маҳмадуллозода. Акс аз shoirayusupova.blogspot.com

Ба гуфтаи ӯ, танҳо давоми се моҳи соли 2020 — 16 раҳбар ва шахсони масъули корхонаҳо дар пайи мушкили пардохт нагардидани музди меҳнати кормандон ҳар кадом ба маблағи 19,2 ҳазор сомонӣ ҷарима шудаанд.

Бар илова, дар пайи роҳ додан ба хатоӣ ва сари вақт пардохт нашудани музди меҳнат кормандони Хадамоти назорати давлатии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ соли 2019 – 5 ва соли 2020 – як маводи санҷишӣ ба додситонӣ ироа кардаанд.

Дар маҷмӯъ, ба ҳолати 8 майи соли 2020 дар тамоми бахшҳо пас аз дахолати Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ба буҷаи давлатӣ  ва шаҳрвандон беш аз 3,5 миллион сомонӣ (наздики 350 ҳазор доллар) пардохт шудааст. Аз ин рақам, беш аз 2,8 миллион қарзи музди меҳнат (ҳудуди 280 ҳазор доллар) мебошад. Моҳи майи соли 2019 нишондиҳандаи қарзи музди меҳнати пардохтшуда беш аз 16,1 миллион  (наздики 1,6 млн. доллар)-ро ташкил додааст.

Дар семоҳаи аввали соли 2020 Агентии меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Вазорат дар 942 муассиса, корхона ва ширкатҳои гуногун дар робита ба масоили риояи ҳуқуқҳои меҳнатӣ, аз ҷумла бартараф кардани қарзи музди меҳнат, корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом додааст.

Ширкати давлатии “Тоҷикэйр” аз рӯи ҳаҷми қарзи музди меҳнат дар ҷойи дуюм аст. Акс аз Asia-Plus
Ширкати давлатии “Тоҷикэйр” аз рӯи ҳаҷми қарзи музди меҳнат дар ҷойи дуюм аст. Акс аз Asia-Plus

Ба гуфтаи Нурулло Маҳмадуллозода, раҳбарони вилоят, шаҳру ноҳияҳо “ҷиҳати барҳам додани қарзи музди меҳнат ситодҳои корӣ таъсис додаанд”.

Дар вазорат ваъда медиҳанд, ки ин ситодҳо “ҷиҳати коҳиш додани қарзи музди меҳнат чораҳои муассир меандешанд”. Аз ҷумла, ҷаласаҳои ҳармоҳаи ситод бо иштироки раҳбарони маъмурияти маҳаллӣ ва корхонаҳое баргузор мешаванд, ки қарздор ҳастанд.

Инчунин, барои таъмини назорат ҷиҳати сари вақт пардохт гардидани ҳақмузди кормандони корхона ва муассисаҳо дар Вазорати меҳнат телефони боварӣ таъсис шудааст.

Аммо вазорат иқрор мекунад, ки вазъи пардохти музди меҳнат дар ҳоли ҳозир мушкил боқӣ мемонад.

Иттифоқҳои касаба танҳо аъзои худро ҳимоя мекунанд

Дар Федератсия иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон гуфтанд, соли 2019 онҳо муроҷиатҳои инфиродӣ бо дархости пардохт шудани ҳақмуздро дарёфт кардаанд. Аммо ба иттилои манбаъ, маълумот дар мавриди ин муроҷиатҳоро танҳо пас аз муроҷиатҳои расмӣ метавонанд пешниҳод кунанд.

Исмоил Файзизода. Акс аз fikmt.tj
Исмоил Файзизода. Акс аз fikmt.tj

Исмоил Файзизода, муовини раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон дар суҳбати телефонӣ ба хабарнигори CABAR.asia гуфт, онҳо танҳо қарзи музди меҳнати кормандони корхонаҳоеро баррасӣ мекунанд, ки аъзои иттифоқҳои касабаи Тоҷикистонанд.

“Муроҷиатҳои алоҳида марбут ба қарзи музди меҳнат ҳастанд. Мо ин муроҷиатҳоро дар доираи ваколатҳои худ баррасӣ мекунем. Бар илова, тибқи нақшаи амал, мо мушкили қарзи музди меҳнатро ҳангоми сафарҳо ба шаҳру навоҳӣ баррасӣ мекунем. Дар сатҳи миллӣ инчунин ситодҳои доимии коҳиш додани қарзҳои музди меҳнат амал мекунанд, ки дар доираи шартномаҳои дуҷониба бо онҳо ҳамкорӣ мекунем”,-афзуд Файзизода.

Дар маҷмӯъ, дар ҳоли ҳозир дар муассиса ва корхонаҳо новобаста аз шакли моликият 1120 созмони аввалияи иттифоқи касаба таъсис шудааст, ки 17 бахшро дар бар мегирад.

Сокини Душанбе Озод Бақоев, ки аллакай моҳи чорум аст музди меҳнати худро нагирифтааст, мегӯяд, хонаводаи ӯ аз ҳисоби гирифтани қарз аз дӯстону наздикон рӯз мегузаронад.

“Умедворам, ки корхона музди меҳнати маро медиҳад ва ман қарзҳои гирифтаамро пардохт мекунам. Аз ду сар, роҳи дигаре надорам”,-таъкид намуд Бақоев.


Ин мавод дар доираи лоиҳаи “Giving Voice, Driving Change – from the Borderland to the Steppes Project” омода шудааст.

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report

The following text will be sent to our editors: