© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Тоҷикистон: Чаро Зардуштиҳо ҳуввияти динии худро пинҳон медоранд?

Дар Тоҷикистон таҳамуллпазии динӣ солҳои охир поён рафтааст. Яке аз чунин мисолҳо бархурд ба пайравони дини зардуштӣ аст. Аксарияти онҳо ҳуввияти динии хешро пинҳон медоранд, чунки барои ақидаҳои худ баъзан зери фишори пайравони дини Ислом қарор мегиранд.


Ба канали мо дар Telegram бипайвандед!


Қалъаи Муғ. Акс аз Сabar.asia.
Қалъаи Муғ. Акс аз Сabar.asia

Бояд қайд намуд, ки пеш аз омадани дини Ислом ҳудуди Эрон, як қисми қаламрави Осиёи Марказӣ, Бухоро, Самарқанд, қисмати ҷанубии Тоҷикистон, як қисмати шарқии Чин ва Бадахшони Афғонистон, пурра таҳти таъсир зардуштиён буданд. 

Фариддун Ҳодизода. Акс аз ozodi.org
Фариддун Ҳодизода. Акс аз ozodi.org

– Ҳарчанд бадбинӣ нисбат ба пешинаи зардуштӣ ва ҳама чизи вобаста ба он зиёд аст, аммо мо бояд таърихи худро эътироф кунем. Онро инкор карда намешавад. Агар мо аз пешинаи зардуштӣ ва ин оину фарҳанг даст кашиданӣ бошем, пас бояд аз “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ низ бояд рӯ битобем. Чунки чанд фасли “Шоҳнома” ба оини зардуштӣ бахшида шудааст, мегӯяд Фариддун Ҳодизода, таҳлилгари масоили динӣ.

Аммо имрӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ бархе корбарон аз арзишҳои дини зардуштӣ ҳимоя менамоянд, ки аксар вақт ба бархурди тунди ҷомеаи исломии Тоҷикистон дучор мешаванд.

Чунин як вокуниши тунд чанде пештар ҳангоми баҳси журналист Абдуқодир Талбаков дар шабакаи иҷтимоии «Фейсбук» рух дод, ки дар натиҷаи шикоят Талбаковро мақомоти қудратӣ ба сўҳбат даъват намуданд.

Абдуқодир Талбаков зимни сўҳбат гуфт, ки дини Зардуштро намепарастад, вале таъкид намуд, ки Зардушт барҳақ пайғамбари ориёинажодон ва динаш аввалин дини тавҳидӣ аст.

Одинашоҳ Қурбонов: Акс аз ozodi.org
Одинашоҳ Қурбонов: Акс аз ozodi.org

Дар муқоиса бо Абдуқодир Талбаков, ки пайрави ин дин набуда, ақоиди онро дар ҷомеа тарғиб мекунад, Одинашоҳ Қурбонов сокини ноҳияи Шамсиддин Шоҳин (Шӯрободи пешин) бо оилааш аз ин дин пайравӣ мекунанд ва оини зардуштиро ҳифз менамоянд. Бо вуҷуди он ки ин хонавода дар байни мусалмонон зиндагӣ мекунанд, аммо ҳамдеҳагон ба ақидаи онҳо эҳтиром мегузоранд.

Онҳо бар ин назаранд, ки ин хонавода ба касе то имрӯз ақидаву оинашонро таҳмил накардааст, аз ин рӯ ҳамсоягон бо ин хонавода рафту омади наздик доранд. Зимни суҳбат Одинашоҳ Қурбонов гуфт, ки то имрӯз аз касе нисбати худ ва хонаводааш сухани бад нашунидааст.

Инчунин, ў ба ҳайси сохтмончӣ дар бунёди беш аз даҳ масҷид дар ин минтақа саҳм гузоштааст ва бар ин назар аст, ки ҳеҷ ақида ба воситаи зӯр ба сокинон таҳмил бояд нашавад.

Рўҳонии тоҷик Ҷамолиддин Хомўшов низ аз таҷрибаи кофии ҳамзистии мусулмонон бо ашхоси дорои эътиқоди ғайр ишора намуда, қайд кард, ки қонунгузории Тоҷикистон озодии комили эътиқодро кафолат додааст ва шариати ислом ҳам тавсия медиҳад, ки мусулмонон дар муносибат бо намояндагони адёни дигар таҳаммулпазир бошанд.

Таҳмина (ном иваз карда шудааст) дар минтақаи шимоли Тоҷикистон зиндагӣ дорад ва дини зардуштиро мепарастад. Ў бар хилофи Одинашоҳ Қурбонов мегўяд, ки барои ақидааш баъзан зери фишори пайравони дини Ислом қарор мегирад ва яке аз сабабҳои ошкоро пайравӣ накарданаш аз ин дин низ маҳз чунин  муносибат аст.

Таҳмина гуфт, ки дар Тоҷикистон мавзўи интихоби дину оини зардуштӣ ба ихтиёри худи кас аст ва то ба ҳол ў ба касе талқин накардааст, ки ба ин дин пайравӣ кунад. Ў пешниҳод дорад, ки дар баробари он ки намояндагони дигар динҳо мавлуди пайғамбарон ва пешвоёни худро ҷашн мегиранд, бигзор пайравони дини Зардушт низ як рўзи муайяне барои ҷашн дошта бошанд.

Чаро ҷомеаи зардуштӣ ба қайд гирифта нашудааст?

Тибқи иттилои сухангўи Кумитаи дин, анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Афшини Муқим, феълан дар Тоҷикистон гурӯҳе худро расман ба унвони пайравони дини зардуштӣ муаррифӣ накарда, дар Кумитаи дин, низ барои сабти ном расман муроҷаит нашудааст. Ў гуфт, айни ҳол дар Тоҷикистон ягон иттиҳодияи динии зардуштӣ вуҷуд надорад.

Қалъаи Муғ. Акс аз Сabar.asia
Қалъаи Муғ. Акс аз Сabar.asia

Коршинос Назрӣ Асадзод сабаби асосии чунин ҳолатро аз надоштани пуштибонии иҷтимоӣ ва тарс аз афкори умум дар ҷомеаи мусулмоннишини кишвар медонад.

Ба гуфтаи ў, ин тарс фақат марбут ба муҷозот ва маҳкумияти маънавию равонӣ нест, балки паёмадҳои ҷисмонӣ низ дошта метавонад, ки қатли ҷавони зардуштимазҳабе бо номи Рӯдакӣ далели рӯшани ин иддаост.

Рӯдакӣ Самадов яке аз ҷонибдорони эҳёи фарҳанги ориёӣ буд, ки соли 2001 кушта шуд. Эҷодиёти солҳои ахири ӯ дар соҳаи синамо ва театру нашри китобҳо асосан ба Зардушт рабт дошт. Яке аз сабабҳои қатли ӯ низ мансубияти диниаш дониста мешуд.

Ба гуфти Назрӣ Асадзод, дар Тоҷикистон ҳанӯз барои сабти ном кардани ин оини бостонии ориёӣ ҳатто заминаҳои ибтидоии расмии бақайдгирии он фароҳам наомадааст. Илова бар ин, онҳо бояд адабиёти асосии динӣ ва лоиҳаи оинномаи ташкилоти динии худро дошта бошанд ва сабаби гироиши худро ба ин дин ба таври асоснок шарҳ дода тавонанд ва дар зимн аз фалсафа, муқаррарот ва авомили назарию амалии ин дин огоҳ бошанд ва ба анҷом додани он муқаррарот пойбандии худро тасдиқ кунанд.

Ҳамзамон ташкилоти динӣ барои ҳамчун шахси ҳуқуқӣ сабти ном шудан ҳатман макони дақиқи фаъъолият, яъне биноеро, ки минбаъд дар он фаъолият хоҳанд кард, бояд нишон диҳад. Феълан дар ҷомеаи мо барои сабти ном кардани оини зардуштӣ ҳатто ҳамин заминаҳои аввалӣ ҳам омода нестанд.

Таҳлилгари масоили динӣ Фариддун Ҳодизода бар он назар аст, ки дар Тоҷикистон пайравони оини зардуштӣ ҳастанд, вале ҳуввияти динии худро аксаран пинҳон медоранд, чун дар ғайри сурат метавонад ҷомеа онҳоро қабул накунад ва ҳатто ба ҳаёти эшон хатар эҷод кунад.

Номбурда афзуд, ки бадбинӣ ба пешинаи зардуштӣ дар кишвар хеле зиёд аст, чун сатҳи хурофот дар кишвар хеле баланд мебошад. Ӯ гуфт: Ҳарчанд бадбинӣ нисбат ба пешинаи зардуштӣ ва ҳама чизи вобаста ба он зиёд аст, аммо мо бояд таърихи худро эътироф кунем.

Қалъаи Муғ – яке аз рамзҳои мероси зардуштӣ

Ҳанўз чанд сол пеш дар Тоҷикистон нахустин ниёишгоҳ – ибодатгоҳи пайравони оини Зардуштро барқарор карда буданд. Ин ибодатгоҳ бо номи қалъаи Муғ маъруф аст ва дар канораи шарқии шаҳри Истаравшан дар вилояти Суғд қарор дорад.

Донишманди тоҷик Зиё Абдулло, ки пайваста дар матбуот оид ба таълимоти ин дин менависад, дар мавриди парастиши оини зардуштӣ қайд намуд, ки дар Эроне, ки беш аз 70 миллион аст, маҷаллаи зардуштӣ мебарояд, чандин китоб дар бораи Зардушт тарҷума ва чоп мекунанд, касе онҳоро чизе намегӯяд. 

Дар ҷомеаи беш аз 9-миллионаи Тоҷикистон, ки сатҳи маърифаташ дар қиёс бо сатҳи маърифати Эрон хело поён аст, аз Зардушт гап занед, мегӯянд, ин зардуштист. Аз Исо гўед, мегӯянд ин исавист. Аз Буддо гӯед, мегӯянд ин буддоӣ аст. Ин нишонаи андешаи пӯсида ва ҳамон таассуб аст.
Завқибек Саидаминӣ. Акс аз cabar.asia
Завқибек Саидаминӣ. Акс аз cabar.asia

Он тарғиб ва баҳсҳое, ки бештар дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар мавриди дини зардуштӣ сурат мегиранд, ба қавли рўзноманигор Завқибек Саидаминӣ, онҳо як гурўҳи кўчаканд. Онҳо пинҳонӣ кор мекунанд ва ҳатто худро ошкоро пайрави ин дин намешуморанд.

– Чизи боиси нигаронӣ  он аст, ки дар ҷомеаи мусулмонӣ давлат, то ҳадде дарсҳои диниро маҳдуд кардааст, ки баъзе аз динҳои дигар фаъолияти худро озодтар ба роҳ мемонанд. Яъне вақте ки фазои тарғибӣ холӣ мемонад, албатта дигар мазҳабҳое, ки ба мо бегонаанд, тохтутоз мекунанд.

Фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ Исфандиёри Одина, ки бештар дар чунин баҳсҳо ширкат мекунад, гуфт бисёре аз касоне, ки дар шабакаҳо “ақидаҳои зардуштиро мегузоранд”, заруратан зардуштӣ нестанд, бештар касоне ҳастанд, ки андешаҳои миллигароӣ доранд ё кумунистӣ ва ё ҳатто зиддиисломианд. 

Барои баёни мухолифати худ бо ислом аз андешаҳо ва орои ғайриисломӣ, бавижа зардуштӣ ё марбут ба Эрони бостон баҳра мегиранд. Ба гуфтаи ў дар бораи дини Зардушт бештари онҳо огоҳии кофӣ надоранд ва худашон ҳам расман зурдуштӣ нестанд.

Исфандиёри Одина гуфт, ки ҳассосият нисбат ба дин ва ойини Зардушт дар Тоҷикистон зиёд аст, бавижа дар миёни бархе аз рӯҳониён ва ҷавононе, ки дар кишварҳои араб таҳсил кардаанд. Онҳо ҳамвора матолибе дар нақду накӯҳиши дини Зардушт менависанд ва дар шабакаҳо пахш мекунанд, ки гоҳ ба баҳсҳое доман мезанад.

– Албатта ин рафторҳо нишонаи он аст, ки рӯҳониён ва ҷавонони мазҳабии тоҷик аз эҳтимоли густариши дини зардуштӣ башиддат бимноканд ва ин боис мешавад дар ҳар мавриди баҷову беҷо бар ин дин битозанд.

Сабаби нигаронии онҳо маълум аст, чун тоҷикон бо дини Зардушт пайванди таърихӣ ва фарҳангӣ доранд, – мегӯяд Исфандиёри Одина.


Ин мавод дар доираи лоиҳаи Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) «Муколамаи озод барои рушди субот дар Осиёи Марказӣ» омода шудааст.

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report
The following text will be sent to our editors: