© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Тоҷикистон: Чаро сохтмони неругоҳи Роғун тӯл кашид?

Мақомот бояд иқрор кунанд, ки қаторҳои “сармоягузориҳои сиёсӣ” кайҳост, ки аз ҳаракат бозмондаанд. Дигар барои бозиҳои геополитикӣ пули калон намедиҳанд. Ба вижа, барои тарҳи бузурге монанди НБО Роғун. Ҳоло сармоягузор (чӣ дохилӣ ва чӣ хориҷӣ)-ро танҳо дарёфти фоида метавонад ҷалб созад. Ин нуктаро сармуҳарири IWPR дар Тоҷикистон Марат Мамадшоев дар матлабе барои CABAR.asia таъкид мекунад.


Ба канали мо дар Telegram бипайвандед!


НБО Роғун. Акс аз theopenasia.net

Мақомдорони тоҷик давоми якуним даҳсола дар пайдо кардани сарчашмаҳои маблағгузорӣ барои анҷоми сохтмони НБО Роғун муваффақ нашуданд. Ба назар мерасад, касе ҳам ҷиддӣ ба ҷустуҷӯи сармоягузорон машғул нашуд, паёмҳои зиёд дар ин мавзӯъ бошад, танҳо ба хотири вонамуд кардани ин ки фаъолият дар ин самт хеле ҷиддӣ аст, садо медоданд. 

Нахуст, чанд сухан дар бораи аҳамияти тарҳи Роғун барои элитаи тоҷик.

Тарҳи сохтмони НБО Роғун барои мақомоти Тоҷикистон бештар аз як тарҳ аст. Он дорои ҷузъҳои хеле муҳими иқтисодӣ, иҷтимоӣ (аз ҷумла таблиғотӣ) ва сиёсӣ (геополитикӣ) мебошад.

Барқрасонӣ ба минтақа ва асъор

Дар сурати пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтан, НБО Роғун солона 13,1 миллиард киловатт-соат нерӯи барқ тавлид мекунад. Ин барои эҳтиёҷоти дохилӣ ва содироти барқ ба Покистону Афғонистон кофӣ аст. Муҳлати бозпардохти иншоот 10 сол гуфта мешавад.

Бидуни анҷоми сохтмони НБО Роғун тарҳи CASA-1000 бемантиқ хоҳад буд. Акс аз casa-1000.org

Боиси таъкид аст, ки бидуни анҷоми сохтмони НБО Роғун тарҳи бузурги минтақаии CASA-1000 бемантиқ хоҳад буд. 

Маълум аст, ки бо шарофати содироти неруи барқи Роғун элитаи ҳоким дар Тоҷикистон ба таъмини манбаи устувори дарёфти маблағ умед мебандад.

Як қисми дигари маблағ барои устувории вазъи энергетикӣ, бахшҳои дигар ва пушонидани касри буҷа равона мешавад.

Маврид ба таъкид аст, ки бештари бахшҳои иқтисодии Тоҷикистон, ки аз ҳисоби захираҳои аҳди шӯравӣ (техника, технология, кадрҳо) устувор буданд, солҳои охир тақрибан хароб шудаанд.

Тақрибан тамоми муассисаҳои бузурги давлатӣ, аз ҷумла “гули сари сабад”-и саноат – Корхонаи алюминиуми тоҷик – ҳатто тавони пардохти андозҳоро надоранд. 

Ҳамзамон, дар сурати анҷоми бомуваффақи НБО Роғун хавфҳои тиҷоратӣ мавҷуд аст. Кишварҳои эҳтимолии ниёзманди неруи барқи Роғун, соддатар карда бигӯем, бой нестанд. Бар илова, дар Афғонистон амалиётҳои ҳарбӣ идома доранд ва пурра рӯшан нест, ки нерӯи барқи Роғун метавонад ба таври зарурӣ истифода шавад. Инчунин Узбекистон нақшаи бунёди неругоҳи барқи ҳастайиро дорад, ки дар ҳар сурат камбуди неруи барқи минтақаро коҳиш медиҳад.

Нақши таблиғотии Роғун

Нақши НБО Роғун дар сохтусози таблиғотии ҳокимиятро иштироки шахси раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар маросими бастани маҷрои дарёи Вахш дар моҳи октябри соли 2016 нишон медиҳад.

Таври маълум, президент Раҳмон шахсан идораи булдозерро ба даст гирифта,  хоку сангҳоро ба маҷрои дарё чаппа намуд ва аввалин шуда, ба соҳили дигар гузашт.

Сокинони кишвар, ба вижа мардуми минтақаҳо умед доранд, ки бо шарофати Роғун метавонанд тамоми сол ба нерӯи барқи арзон дастрасӣ пайдо кунанд. Соли 2010 мақомот ҳатто муваффақ шуд, бо роҳандозии чораҳои ихтиёрӣ ва маҷбурӣ барои сохтмони НБО Роғун аз аҳолӣ ҳудуди 65 миллион доллар гирд биёварад.   

Дар ҷараёни маъракаи соли 2010 мақомот аз Роғун ҳамчун тарҳи умумимиллӣ суҳбат карда, муттаҳидшавии ҷомеаро тақозо мекарданд. Суҳроб Шарипов, раҳбари вақти Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти кишвар дар як конфрони байналмилалӣ изҳор дошт, сохтмони НБО дар Тоҷикистону Қирғизистон ба идеяи миллӣ табдил меёбад ва мунтақидони ин тарҳҳоро бояд ба душманони миллат баробар кард.

“На ягон сиёсатмадор ва на президентҳо наметавонанд як қадам ба қафо гузоранд, вагарна хоинони ватан эълон мешаванд. Дар ин кор [бунёди Роғун] наҷоти иқтисоди кишвари мо аст. Агар касе зидди сохтмони НБО Роғун баромад кунад, ӯ хоини миллат аст”,-гуфт Шарипов.

Мақомот умед доранд, ки мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани Роғун нуфуси онҳоро дар ҷомеа бештар мустаҳкам намуда, имкон медиҳад даҳони мунтақидон баста шавад. 

Нақши геополитикии Роғун

Фаъол гардидани НБО Роғун ҳамчунин мавқеи Тоҷикистонро дар минтақа устувортар мекунад. Дар гузашта, дар пайи ин ё он баҳсҳо бо ҳамсояҳо (қабл аз ҳама Узбекистон, Қирғизистон, Туркманистон ва ба таври ғайримустақим Қазоқистон) мақомдорони тоҷик дарк менамуданд, ки тақрибан ҳеч фишангҳои таъсиргузор ба онҳоро надоранд. Ин дар ҳоле ки ҳам Узбекистон ва ҳам Қирғизистон аз вазъи бунбастии Тоҷикистон истифода намуда, ба интиқоли маводи сухт иҷозат намедоданд (ин тиҷорат асосан ба гуруҳҳои нуфузии Тоҷикистон мутаалиқ аст).   

Ахиран ин сиёсатро Туркманистон ҳам идома дод ва дар марз бо Эрон ба  қатори мошинҳои борбар, ки қасди Тоҷикистонро доштанд, иҷозаи ҳаракат надод.

Нақшаҳои Ҷумҳурии мардумии Чин дар мавриди сохтмони ин ё он роҳи заминӣ (роҳи оҳани “Чин-Қазоқистон-Туркманистон-Эрон” ва ё варианти дигар тавассути ҷануби Қирғизистон аз Иркештам то вилояти Андиҷони Узбекистон вазъи бунбастии Тоҷикистонро боз ҳам печидатар мекунад.

Дар сурати анҷоми сохтмони Роғун Тоҷикистон ҳамчун бузургтарин содиркунандаи неруи барқи арзон ва аз нигоҳи экологӣ тоза, метавонад нуфузи худро дар минтақа бештар намояд.
Инчунин кишвар имкон меёбад назорати обро таҳким бахшад. Тоҷикистон ҳамеша таъкид мекунад, ки ҳеч гоҳ ҳамсояҳои худро бе об намегузорад, аммо ин эҳтимол мавҷуд аст ки дар ҳолатҳои муайян Душанбе метавонад аз ин фишанг истифода кунад. 

Ба Қирғизистон бошад, Тоҷикистон бо шарофати CASA-1000, ки дар чорчуби он ҳар ду кишвар неруи барқро ба Афғонистону Покистон содирот мекунанд, метавонад таъсир расонад.

Бе сармояи хориҷӣ намешавад?

Бино ба маълумотҳои ахири ҳукумати Тоҷикистон барои анҷоми сохтмони НБО Роғун ҳудуди 3,9 миллиард доллар зарур аст. 

Тавре авохири моҳи декабри соли сипаришуда Эмомалӣ Раҳмон дар паёми солонааш ба парлумон изҳор дошт, аз тамоми манбаъҳои маблағгузорӣ 24 миллиард сомонӣ (бо қурби дар замони нашри матлаб бештар аз 2,54 миллиард доллар) аз худ карда шудааст. Ба ин рақам мебояд зиёда аз 2,1 миллиард сомонӣ ва ё ҳудуди 222 миллион доллари имсол аз буҷаи кишвар ҷудогардидаро зам кард. Дар ҳар сурат, барои анҷоми сохтмони неругоҳ дасти кам боз бештар аз миллиард доллари дигар лозим аст.

Ҳанӯз дар замони маъракаи ҷамъоварии маблағ барои Роғун, Эмомалӣ Раҳмон дар баромади телевизионӣ гуфта буд, метавонад бо гузоштани саҳмияҳои Роғун дар биржаҳои байналмилалӣ маблағи зарурӣ барои сохтмони НБО-ро хеле зуд аз сармоягузорони хориҷӣ ҷамъ оварад.

Аммо ба гуфтаи ӯ, нахост ин корро анҷом бидиҳад, зеро дар ин сурат НБО зери таъсири хориҷиҳо қарор мегирифт.

Бар илова, соли 2010 НБО Роғун “моликияти истисноии давлат” эълон шуд.

Бо ин роҳ, мақомот иқрор карданд, ки мехоҳанд назорати комили ин сохтмонро ҳифз кунанд.

Ба эҳтимоли зиёд элитаи иқтисодии тоҷик, ки ба элитаи сиёсӣ пайвандии наздик дорад, ҳамин ҳоло маблағи зарурӣ барои анҷоми сохтмони неругоҳро дар ихтиёр дорад. Аммо ғайри воқеӣ аст интизор шудан, ки олигархҳои тоҷик, ки аз тарҳҳои дарозмуддат мегурезанд, дар НБО Роғун маблағгузорӣ мекунанд.

Ин афрод умед мебанданд, ки тарҳи Роғун онҳоро бештар сарватманд мекунад, аммо қасди сармоягузорӣ дар бунёди онро надоранд. 

Аз ин бармеояд, ки барои анҷоми сохтмони НБО бояд сармоягузори қобили эътимоди хориҷиро пайдо кард.

Бонки Ҷаҳонӣ чор нақшаи маблағгузории тарҳи Роғунро тавсия кард: сармоягузории худӣ, қарзҳои боимтиёз аз давлатҳои дӯст, қарз аз ниҳодҳои молии ҷаҳонӣ ва нашри вомбаргҳои давлатӣ.

Бонки Ҷаҳонӣ. Акс аз golos-ameriki.ru

Тавсияи аввали Бонки Ҷаҳониро дарҳол мешавад, хат зад – талоши ҷамъоварии охирин маблағ аз аҳолии дар ҳоли фақр метавонад сабаби таркиши иҷтимоӣ гардад. Сарватмандон бошанд, тавре ишора кардем, намехоҳанд дар ин тарҳ маблағгузорӣ кунанд.

Иқтисоддони тоҷик Масъуд Собиров дар як мусоҳиба бо CABAR.asia гуфта буд, шубҳа дорад, ки Тоҷикистон тавонад аз ҳисоби маблағҳои худӣсохтмони неругоҳро ба анҷом расонад.

Идеяи ҷамъоварии маблағ тавассути нашри коғазҳои қиматноки давлатӣ ва роҳандозии он дар бозорҳои молии байналмилалӣ низ ғайривоқеӣ менамояд.

Маҳдудият дар фурӯши онҳо вобаста ба нишондодҳои иқтисодии Тоҷикистон нисбатан бештар аст. Бо назардошти ғайришаффоф будани мақомот, ҳатто ба иттилои Вазорати молия дар бораи роҳандозии коғазҳои қиматнок ба маблағи 500 миллион доллар мешавад шубҳа кард. Бо ин ҳол, танҳо ду манбаъ – қарз аз ниҳодҳои байналмилалии молӣ ва ё аз “давлатҳои дӯст” боқӣ мемонад.

Ва сухан дар бораи ниҳодҳои байналмилалии молӣ ба сифати сармоягузор боз ҳам номзадии худи Бонки ҷаҳониро бармало мекунад.

Бонки Ҷаҳонӣ – аввалин сармоягузори фейкӣ?

Дақиқ нест, ки мақомоти Тоҷикистон то куҷо Бонки Ҷаҳониро ба ҳайси сармоягузори эҳтимолӣ ҷиддӣ баррасӣ кардаанд. Ҳарчанд дар аввал шубҳа буд, ки ин бонк маблағ ҷудо мекунад ва метавонад чунин як тарҳи бузургро амалӣ кунад.

Эҳтимолан, ин умедҳо ба он рабт доштанд, ки маҳз Бонки Ҷаҳонӣ коршиносонро барои анҷоми ташхиси экологии неругоҳи Роғун киро кард, ки натиҷаи он барои Душанбе айни муддао буд. Ҳарчанд, дар шарҳи фаннӣ-иқтисодии ин ташхис гуфта шуд, ки худи бонк дар сармоягузории НБО иштирок намекунад.  

Сароҷ Кумар Ҷҳа. Скриншот аз канали видеои youtube сарвазири Қазоқистон

Сарвари минтақаии Бонки Ҷаҳонӣ дар умури Осиёи Марказӣ Сароҷ Кумар Ҷҳа ҳанӯз моҳи марти соли 2013 дар сомонаи ин ниҳоди молӣ таъкид карда буд, Бонки Ҷаҳонӣ ҳеч уҳдадориеро оид ба сохтмони НБО Роғун бар зима нагирифтааст.

Шояд, кадом як фурсате раҳбарияти бонк кадом як умедеро барои иштирок дода бошад. Аммо баъдан бонк кафолати заруриро аз мақомоти Тоҷикистон нагирифта, хоҳиши сармоягузорӣ дар ин тарҳи дарозмуддатро накардааст.

Аммо, метавонад фарзияи дигар ҳам бошад: ҳукумати Тоҷикистон ба гунаи фишор ба дигар сармоягузорони эҳтимолӣ (Эрон, Русия ва дигарон) бо Бонки Ҷаҳонӣ музокирот анҷом додааст, то ба аввалиҳо нишон бидиҳад, ки алтернативаҳои ба Ғарб наздикро дорад.

Инчунин, эҳтимол дорад ки энергетикҳои тоҷик ин мулоқотҳои “фейки”-ро танҳо барои нишон додани фаъолияти самараноки худ, ҷиҳати қабл аз ҳама қонеъ намудани шахси аввали кишвар ва то андозае ҷомеа анҷом додаанд. Яъне, кор дар Роғун идома дорад, мо пул мекобем.

Дар Тоҷикистон, ки тамоми тасмимҳои ҳокимият бо назардошти фикри як нафар гирифта мешавад, ин сенария имконпазир аст.

Аммо авохири июни соли гузашта ноиби президенти Бонки Ҷаҳонӣ дар умури Аврупо ва Осиёи Марказӣ Сирил Мюллер дар конфронсе дар Душанбе тасдиқ кард, ки бонк НБО Роғунро маблағгузорӣ намекунад. Ба ҷойи ин ниҳоди байналмилалии молиявӣ таваҷҷуҳи худро ба навсозии НБО-и дигар – Норак ҷалб месозад.

“Далели сармоягузорӣ накардани сохтмони Роғун ин аст, ки ҳукумат чанд вариант дошт, ки бо ин НБО чӣ гуна амал кунад ва онҳо хостори суръат бахшидани ин раванд шуданд, аммо мо тасмим гирифтем ки Бонки Ҷаҳонӣ барои дастгирии сармоягузории дигар дар бахши энергетикӣ муфид аст”,-гуфт Мюллер.  

Бар илова, аввалҳои моҳи апрели соли равон мақомоти Тоҷикистон аз Бонки Ҷаҳонӣ хост, дар ҷалби сармояи хориҷӣ барои роҳандозии тарҳи сохтмони НБО Роғун мусоидат кунад.

Муроҷиати Тоҷикистон ба дигар ниҳодҳои молии байналмилалӣ низ натиҷае надод.

Путин ва “РусАл” натавонистанд сарбанди Роғунро фатҳ кунанд

Дар нигоҳи аввал дар пасманзари пешниҳодоти дигар, сенарияи дарёфти қарзи боимтиёз аз давлатҳои дӯст нисбатан воқеӣ менамояд.

Аммо НБО Роғун мантиқан чунин як сармоягузоре дошт. То Бонки Ҷаҳонӣ “РусАл”, ки бо ташаббуси президенти Русия Владимир Путин вориди Тоҷикистон шуд, талош кард, ба сохтмони НБО Роғун машғул шавад.

Музокирот миёни президентҳо Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2004 дар Душанбе. Акс аз kremlin.ru

Созишномаи ҳамкориҳои дарозмуҳлат миёни ҳукумати Тоҷикистон ва ҷамъияти саҳҳомии “Алюминиуми Русия” дар ҷараёни сафари президент Путин ба Душанбе дар моҳи октябри соли 2004 баста шуд. Бар асоси ин қарордод, “РусАл” тасмим гирифт ба сохтмони НБО Роғун ва сохтмони корхонаи нави алюминий дар Тоҷикистон 2,2 миллиард доллар сармоягузорӣ кунад. 

Аммо баъди се сол, дар моҳи августи соли 2007 ҳукумати Тоҷикистон созишнома бо “РусАл”-ро якҷониба бекор кард. Расман, гӯиё ҷонибҳо сари баландӣ ва иқтидори сарбанди неругоҳ ба мувофиқа нарасидаанд.

Аммо ғайрирасмӣ мегӯянд, ки “РусАл” гӯиё зери фишори Узбекистон пешниҳод намуда, ки баландии сарбанд 285 метр бошад, Тоҷикистон ба 335 метр исрор кардааст.

Он вақт гуфта шуд, “РусАл” аз он ки Тоҷикистон барои фурӯхтани корхонаи алюминиум розӣ нашудааст, ба тарҳи Роғун беэътиноӣ кардааст.

“РусАл” аз ин тарҳ берун карда шуд ва баъди ин миёни шарикон баҳсҳои дурударози додгоҳӣ шурӯъ гардид. Дар ниҳоят, тамоми дороиҳои ширкати русӣ дар Тоҷикистон тақрибан мусодира гардид.

Дар ҳар сурат, Кремл муваффақ нашуд, ки манфиатҳои ширкаташ дар Тоҷикистонро ҳимоя кунад. Бо ин, Русия аз феҳрасти бунёдгузорони НБО Роғун берун шуд.

Масъалаи қарзи Барқи Тоҷик ба нерӯгоҳи Сангтӯда-1 борҳо дар музокироти Русияву Тоҷикистон мавзӯи алоҳида шудааст. Акс аз sangtuda.com

Мавриди таъкид аст, ки Русия дар сохтмони НБО Сангтуда-1 муваффақ гардид. Аммо аз нигоҳи иқтисодӣ, ин тарҳро барои сармоягузорони рус муваффақ гуфтан душвор аст. Ширкати “Барқи тоҷик” наметавонад ҳаққи истифодаи неруи барқи ин неругоҳро мунтазам пардохт кунад ва маблағи қарзи он дар семоҳаи аввали соли 2019 ба 1,17 миллиард сомонӣ (124 миллион доллар) баробар шудааст.

Мушкили қарзи “Барқи тоҷик” дар робита ба пардохти неруи барқи “Сангтуда-1” борҳо мавзӯи алоҳидаи музокироти ҷонибҳои Русияву Тоҷикистон дар сатҳи байнидавлатӣ шуд. Эҳтимол, дар Душанбе ба ин фикранд, ки ҷониби Русия замоне ин қарзҳоро мебахшад.

Сармоягузорони Роғунро дар утоқҳои Теҳрон низ набояд ҷустуҷӯ кард. Эрон худаш гирифториҳои молӣ дорад ва гумон аст ки чунин харҷҳои зиёдеро ба худ иҷоза бидиҳад. 

Афсонаҳои саудӣ

Баъди сард шудани муносибат бо Эрон дар оғози соли 2014, Тоҷикистон ба рушди ҳамкориҳо бо Арабистони Саудӣ иқдом кард. Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров моҳи январи соли 2017 ҳатто аз Риёз даъват кард, ба неругоҳи Роғун сармоягузорӣ кунад.  

Шукурҷон Зуҳуров аз Риёз даъват кард, ки ба Роғун сармоягузорӣ кунад. Акс аз news.tj

Аммо, ба назар мерасад саудиҳо низ даст ба кор намешаванд. Афроди ҳушманд дарк мекунанд, ки худи шоҳигарӣ мушкили молӣ дорад ва гумон аст дар ин тарҳ сармоягузорӣ кунад.

Дуруст аст, ки Арабистони Саудӣ дар маҷмӯъ барои таҳкими таъсири худ дар Тоҷикистон манфиатдор аст, ҳадди ақал барои он ки ҳузури Эронро дар кишвар камранг кунад.

Барои мисол, ҳанӯз аввалҳои соли 2010 сомонаи WikiLeaks мактубҳои дипломатҳои саудӣ дар Душанберо нашр кард, ки дар он афзоиши таъсири Эрон ба Тоҷикистон ва фаъолсозии таблиғи салафизм баррасӣ мешуд.   

Душанбе барои Риёз ҳадди ақал барои он зарур аст, ки дар созмонҳои байналмилалӣ ба ҷонибдориаш як овози иловагӣ баланд шавад. Аммо на ба арзиши иштирок дар тарҳи миллиардӣ.

Аз сӯи дигар, Душанбе мустақилона таъсири Эронро коҳиш дод. Тавре дар Фаронса мегӯянд, чаро барои хизматрасоние, ки аллакай анҷом дода шудааст, пул дод?

Давоми 10 соли ҳамкорӣ – 2007-2017 – сармоягузорони Арабистони Саудӣ ба иқтисоди Тоҷикистон ҳамагӣ 160,2 миллион доллар ворид кардаанд.

Дар Риёз потенсиали Тоҷикистонро арзёбӣ ва тасмим гирифтаанд, ки беҳтар аст, ба ҷомадони бе дастаи Роғун даст нарасонанд.

Аммо ҳолати дигар ҳам ҳаст. Шояд Душанбеи расмӣ худаш чандон тарафдори ҳузури саудиҳо дар тарҳи Роғун набошад. Арабистони Саудӣ шарики стратегии ИМА мебошад, яъне рақиби эҳтимолии Русия. Дуруст аст ки элитаи тоҷик омода аст дар баъзе масъалаҳо, аз ҷумлаи мавзӯоти нисбатан дарднок бо Маскав бархӯрд кунад. Аммо гумон аст, ки Душанбе омодаи роҳ додани шарики стратегии ИМА ба сохтмони стратегӣ бошад. Гузашта аз ин, таҷрибаи Сурия ҳаст, ки неруҳои аз сӯи Риёз дастгиришуда силоҳ дар даст муқобили низоми Башор Асад бархестанд. 

Бо ин ҳол, Арабистони Саудӣ бо назардошти як қатор омилҳо, аз ҳамон аввал сармоягузори фейкӣ барои сохтмони Роғун буд.

Роғун – василае барои сарватманд шудан

Чанд соли қабл Тоҷикистон ҳанӯз як миқдор захираҳое дошт, ки мешуд ба сохтмони НБО Роғун равона кард. Кор дар ин неругоҳ мисле ки идома дошт. Аз ин рӯ, муҳлати зиёде ҷустуҷӯи сармоягузорон бештар намоиш додани фаъолияти пурҷӯшу хуруши бидуни дурнаморо ба ёд меовард.

Вазъият дар сохтмон аз чашмҳо пинҳон карда мешуд. Танҳо ғайримустақим мешуд дарк намуд, ки корҳо ба таври зарурӣ пеш намераванд.

Аммо ҳоло мешавад хулоса кард, ки ҷустуҷӯи сармоягузорон барои Роғун номуассир буданд ва натиҷаи тақрибан баробари сифр доданд. Якуним даҳсола ҷустуҷӯ ва ҳеч маблағи ҷалбшуда ба сохтмон!

Сохтмони Роғун гирифтори мушкили молӣ аст. Ва мешавад пешгӯӣ кард, ки аллакай дар тирамоҳи соли равон камбуди маблағ афзоиш меёбад. 

Бештари маблағ барои сохтмони неругоҳ аз буҷа ҷудо мегардад. Ва ин ҳам дар шароите ки музди меҳнат, нафақа ва дигар нишондодҳои Тоҷикистон дар қиёс ба минтақа ва умуман ИДМ поинтарин ҳастанд.

Саҳмияҳои Роғун. Акс аз dw.com

Як қисми сармоягузорӣ маҷбурӣ ба даст омаданд, аз ҳисоби бе ин ҳам аҳолии камбағал, ки мушкили онҳоро бештар кард.

Маблағҳои аз аҳолӣ дар соли 2010 ҷамъомада барои сохтмони Роғун ба ихтиёри бонкҳо гузаштанд. Ёдовар мешавем, ки соҳибмулки ширкати “Умед-88” Раҷабалӣ Одинаев аз маблағҳои барои НБО Роғун нигаронидашуда қарз гирифт ва барои бозпас надодани он баъдан ӯро ҳабс карданд.

Яъне, як қисми элита, ки ба маболиғи сохтмони Роғун даст доранд, талош карданд ки аз ҳисоби ин тарҳи умумимилӣ мушкили шахсии худро ҳал кунанд.  

Дар таноқузоти миёни манфиатҳои ҷамъиятӣ ва инфиродӣ мушкили асосӣ ҷустуҷӯи сармоягузор аст. Элитаи тоҷик мехоҳад маблағ дарёфт кунад, аммо хоҳиш надорад, ки дар бораи чӣ гуна масраф кардани он ҳисобот бидиҳад. Ва тавре таҷрибаи НБО Сангтуда-1 нишон медиҳад, элита намехоҳад баъди роҳандозии тарҳ бо сармоягузор ҳисобӣ кунад.

Ҳоло дар Душанбе стратегияи қобили фаҳм, ки чӣ гуна ва аз куҷо сарчашмаҳои маблағгузорӣ барои НБО пайдо кард, нест. Касе шояд умед дорад, ки маблағ аз рӯи нақшаи пешин ҷамъ карда шавад: аз кадом бозигарони таъсиргузори геополитикӣ гирифтани маблағ ва баъдан бо бозӣ кардан ба таноқузоти байни ду қудрат, барнагардондани маблағҳои дарёфтшуда.

Аммо ин сиёсат, мисле ки аллакай ба кор намеравад. Ва имкони Душанбе ҳам барои анҷоми интригаҳои геополитикӣ бо назардошти потенсиали заифи кишвар маҳдуд аст. Бо фаъолияти раҳбарияти нави Узбекистон дар саҳнаи минтақа бошад, нақши Тоҷикистон дар минтақа коҳиш меёбад.

Мақомот бояд иқрор кунанд, ки қаторҳои “сармоягузориҳои сиёсӣ” кайҳост, ки аз ҳаракат бозмондаанд. Дигар барои бозиҳои геополитикӣ пули калон намедиҳанд. Ба вижа, барои тарҳи бузурге монанди НБО Роғун. Ҳоло сармоягузор (чӣ дохилӣ ва чӣ хориҷӣ)-ро танҳо дарёфти фоида метавонад ҷалб созад.

Барои ин бошад, бояд мақоми сохтмон дигар карда шавад ва бо сармоягузорони эҳтимолӣ дар сатҳи баробарӣ суҳбат шавад. 

Муроҷиати навбатӣ ба Бонки ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки ин фаҳмишро ҳанӯз надорем.


Ин мавод дар доираи тарҳи «Giving Voice, Driving Change — from the Borderland to the Steppes Project», ки бо кумаки молии Вазорати хориҷаи Норвегия иҷро мешавад, навишта шудааст. Назароти дарҷшуда дар ин матлаб баёнгари дидгоҳи хоси расона ва ё сарпарасти ин тарҳ нест.

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report
The following text will be sent to our editors: