© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Тоҷикистон: барои муборизаи муассир бо коронавирус шаффофият зарур аст [мусоҳиба]

Табиби дараҷаи олии тоҷик Мирзо Ҳоҷимуҳаммад мегӯяд, мақомот сирояти коронавирусро дер эътироф карданд.


Ба канали мо дар  Telegram обуна шавед!


CABAR.asia: Мақомоти Тоҷикистон дар ниҳоят эътироф карданд, ки дар кишвар ҳолатҳои мубталошавӣ ба коронавирус ё худ Covid-19 вуҷуд дорад. Онҳо қаблан мегуфтанд, ки ҳолатҳои фавти шубҳабарангези сокинон бар асари илтиҳоби шуш (пневмония) рух медиҳад. Магар ин маънои онро дорад, ки дар Тоҷикистон ҳам коронавирус ва ҳам пневмония мавҷуд аст?

Мирзо Ҳоҷимуҳаммад: Мавқеи мақомот ва ниҳодҳои тандурустӣ ҳанӯз ҳам норушан аст. Сарфи назар аз вуҷуд доштани ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус дар кишвар беморони илтиҳоби шуши ғайримаъмулиро ҳанӯз ҳам ба оморҳо шомил намекунанд. Вале табобати ин навъи беморону наздиконашон ва дар сурати фавт муносибат бо ҷасади онҳо ба монанди фавтидагон аз коронавирус сурат мегирад.

Мирзо Ҳоҷимуҳаммад. Акс аз бойгонии шахсӣ
Мирзо Ҳоҷимуҳаммад. Акс аз бойгонии шахсӣ

Далелҳои марбут ба сирояти Covid-19-ро намешавад пинҳон кард. Намояндагони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ), ки ба Тоҷикистон рафтанд, вазъи воқеии беҳдоштиро дар кишвар хоҳанд гуфт. Албатта, наметавон гуфт, ки бо омадани коронавирус илтиҳоби шуш дар Тоҷикистон ғайб задааст. Вале воқеият ин аст, ки маҳз коронавирус одамонро мекушад.

То ҳол касе шарҳ надодааст, ки дар кишвар танҳо коронавирус вуҷуд дорад ё бар иловаи он, илтиҳоби шуши ғайриодии сироятӣ низ ҳаст?

Агар чунин аст, пас ин микроби марговар мебошад, ё вирус? Агар не, пас чаро ин гуна шахсонро ҳамчун мубталоёни эҳтимолӣ ба коронавирус ба қайд намегиранд? Барои ман ҳамчун табиб инҳо суолҳое ҳастанд, ки посух металабанд.

Илтиҳоби шуш чист ва он чи гуна ба вуҷуд меояд?

Илтиҳоби шуш навъи бемориест, ки бар асари сирояти микробҳои гуногун (пневмококк, стафилококк, стрептококк), вирус ва микроорганизм ба вуҷуд меояд. Макони асосии ҷойгиршавии ин беморӣ шушҳо – алвеолҳо ҳастанд, ки бо мойеъ пур шуда, дар онҳо табодули газ қатъ мешавад. Одатан табодули оксиген ва гази карбон миёни хуну ҳаво тавассути алвеолҳо сурат мегирад.

Дар натиҷаи ташхиси рентген сиёҳшавии қисмати болоии шуш аз тарафи чап ё рост, дар баъзе ҳолатҳо он дар ҳар ду тараф мушоҳида мешавад.

Вазъи бемор низ аз андозаи иллати қисмати болоии шушҳо вобастагӣ дорад, ки метавонад аз 1 то 40-50 дарсади ҳаҷмии умумии алвеолро ташкил диҳад. Нишонаҳои беморӣ тасфи баланд, сулфа, зудхасташавӣ, нафастангӣ, нафаскашии тез-тез ва дард дар қафаси сина мебошанд. Ин беморӣ замоне сар мезанад, ки масунияти бадани инсон заиф буда, сармо мехӯрад ва зуком мешавад. Бемории мазкур сироятӣ нест ва мубталошуда дар бахшҳои одии беморхонаҳо дар якҷоягӣ бо гирифторони бемориҳои дигар метавонад табобат гирад.

Илтиҳоби шуш то куҷо сироятӣ аст ва метавонад он ҳамагир бишавад?

Илтиҳоби шуши одӣ аз бемор ба шахси солим сироят намекунад. Танҳо илтиҳоби шуше сироятӣ шумурда мешавад, ки бар асари микробҳои сил сар задааст ва ин навъи касалиҳо дар беморхонаҳои махсус табобат мешаванд.

Илтиҳоби шуши ғайримаъмулӣ солҳои ахир дар Чин, Африқо ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба қайд гирифта шуда буд, ки бар асари вирусҳои монанд ба коронавирус сар мезанад ва хеле сироятшаванда низ ҳаст.

Ин беморӣ низ хеле вазнин паси сар шуда, маргу мир аз он зиёд аст. Вируси наве, ки имсол дар Чин пайдо шуд, яке аз ин бемориҳо мебошад, ки ҳоло дар саросари чаҳон ба беш аз 3 миллион нафар сироят карда, ҷони зиёда аз 240 ҳазор одамро рабудааст. Ин вирус кай аз байн меравад, феълан маълум нест.

Фарқ байни илтиҳоби шуш ва COVID 19

COVID 19 ба монанди бемории зуком зуд паҳн шуда, сирояти он асосан тавассути роҳҳои нафас сурат мегирад ва илтиҳоби шуши шадидро дар пай дорад. Фавт бар асари он низ тақрибан даҳ баробар бештар аз илтиҳоби шуши одӣ аст. Бинобар ин, ба иллати шумори зиёди мубталоён ва вазнин будани навъи беморӣ талабот ба рахтҳои хоб дар беморхонаҳо, табибон ва таҷҳизоти тиббӣ якбора афзоиш меёбад.

Аз ин рӯ, Созмони ҷаҳонии тандурустӣ 11 март коронавирусро ҳамагир эълом карда, андешидани тадбирҳои пешгирикунанда ва омодагӣ ба қабули шумори зиёди беморонро тавсия дод. Ба кишвари мо низ тавсияҳои ҳамсон дар моҳи марти соли равон ироа шуда буд.

Аз ҷумла, тавсия карданд, ки аз баргузории чорабиниҳои оммавӣ, аз қабили ҷашни Наврӯз худдорӣ шавад ва кумаки моливу маводи тиббӣ расонида шуд.

Ҳангоми дафни фавтидагон бар асари коронавирус бояд кадом қоидаҳо риоя шавад? Оё дафни ин афрод бояд аз дафни онҳое фарқ кунад, ки аз бемории саратон, сактаи қалб ё мағзӣ фавтидаанд?

Ҷасади онҳое, ки аз илтиҳоби шуш мефавтанд ба монандаи қурбониёни бемориҳои дигар шуста ва бидуни либосҳои махсус ба хок супорида мешавад ва одатан наздикони фавтидаҳо ва табибон ба карантин гирифта намешаванд.

Беморхонаи марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов. Акс аз CABAR.asia
Беморхонаи марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов. Акс аз CABAR.asia

Карантини чандин хонаводаву беморхона худ нишонаҳои ғайрирасмии вуҷуд доштани коронавирус дар Тоҷикистон буд

Бар асоси қонунгузории кишвар ва қоидаву меъёрҳои беҳдоштӣ, касе ҳақ надорад бидуни иҷозати наздикони фавтида ҷасадро дар тобутҳои махсус гӯронад. Албатта, агар дар кишвар коронавирус ё навъи бемории сироятии хатарноки дигар вуҷуд надошта бошад.

Мутаассифона, мақомоти тандурустиву ҳифзи ҳуқуқ ба ҷомеа ва наздикони беморону фавтидаҳо чизеро шарҳ надоданд, ки дар натиҷаи он боиси сар задани шубҳаву ҳангома ва ҳар гуна овозаҳо миёни сокинон шуд.

Бештари аҳолии Тоҷикистон дар ноҳияҳои куҳӣ ва деҳот зиндагӣ мекунанд, ки мушкили дастрасӣ ба табибону беморхонаро доранд. Барои мубориза бо коронавирус дар шароити хона бояд чӣ кор кард?

Беморони дорои нишонаҳои коронавирусро дар минтақаҳои куҳӣ метавон дар хона ё бахшҳои алоҳидаи беморхонаҳои деҳот табобат кард. Вале беморони вазнинро бояд ба бемористонҳои шаҳрӣ ё ноҳиявӣ интиқол дод. Зеро ҳар лаҳза метавонад зарурати андешидани чораҳои махсуси тиббӣ, аз қабили пайваст кардан ба дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ пеш ояд.

Одатан шахсони дорои масунияти заифи бадан, пиронсол ва гирифтори бемориҳои музмин мефавтанд ва бинобар ин, бояд дучанд эҳтиёт кард, то онҳо сироят наёбанд.

Масунияти бадани кӯдакон ва ҷавонон низ баъзан заиф мешавад ва худи онҳо инро эҳсос намекунанд. Аз ин рӯ, бояд ҳама эҳтиёт кунанд. Чи гуна бояд эҳтиёт кард, дар зер зикр хоҳем кард:

Карантинро дар шароити хона бояд чи гуна ташкил кард:

Шахси карантиншуда бояд дар як ҳуҷра аз аъзои дигари хонавода алоҳида нигаҳдорӣ шавад. Бемор ва аъзои дигари хонавода бояд бо лавозимоти муҳофизати шахсӣ (ҳадди ақал бо ниқоб ва дастпӯш) таъмин бошанд. Ҳамзамон бояд чораҳои пешгирикунанда аз қабилӣ ахлоқи атсазанӣ ва салом накардан бо дастро қатъиян риоя кунанд. Агар дар миёни аъзои хонавода шахсони шомилшаванда ба гуруҳи осебпазир, аз ҷумла нафарони аз 65-сола боло, кӯдакони то 5-сола, занони ҳомила, гирифторони касалиҳои музмин аз қабили бемории шуш, гурда ва рагҳои хунгард бошад карантини хонагӣ мумкин нест. Ин талабот бояд бечунучаро риоя шавад.

Шахсе, ки дар карантини хонагӣ аст, бояд:

– аз хона набарояд, дар ҳуҷраи алоҳида ва дараш пӯшида зиндагӣ кунад, ҳавои хонаро бо кушодани тиреза ё дастгоҳҳои шамолдиҳӣ тез-тез тоза кунад, ҳангоми атса задан даҳону бинияшро бо дастмол ё чизи дигар пӯшонад, то вирус муҳити атрофи ӯро олуда насозад;

– дастонашро зуд-зуд бо собун бишӯяд ва бо маводи зиддиуфунӣ безарар гардонад;

  • пеш аз омода кардани ғизо, ғизохӯрӣ ва баъди баромадан аз ҳоҷатхона бояд дастонашро бо собун шӯяд ё бо маводи зиддиуфунӣ безарар гардонад;
  • барои хушк кардани дастон бояд танҳо аз дастмолҳои якдафъаина истифода кунад;
  • агар имкон бошад, аз ҳоҷатхона алоҳида истифода барад.

Ба назари шумо, агар вуҷуд доштани коронавирусро дар Тоҷикистон пештар эълом мекарданд чӣ нафъ дошт? Оё имкони пешгирӣ аз паҳншавии он дар кишвар вуҷуд дошт?

Воқеият ин аст, ки дар самти пешгирӣ аз коронавирус мо марҳилаи муҳимеро аз даст додем ва онро бояд эътироф ҳам кард. Мутаассифона, мақомот ҳушдорҳои Созмони ҷаҳонии тандурустиро ҷиддӣ нагирифтанд ва ҳазорҳо донишомӯз иштирок дар “марширофкаҳо”-и шаҳри Хуҷандро бахшиба ба Наврӯз идома доданд ва дар пойтахту минтақаҳои ҷануби кишвар низ бозиҳои футболу бузкашӣ ва аспдавонӣ баргузор шуданд.

Нақлиётҳои ҷамъиятӣ аз меъёр зиёд мусофир мегирифтанд, мактаб, донишгоҳ ва корхонаҳо баста нашуда буданд, ки мутаассифона боиси паҳн шудани вируси марговар ба тамоми минтақаҳои кишвар гардид.

Вале бо ошкор шудани нахустин беморони илтиҳоби шуши ғайриодӣ ва мубталошудани наздикони онҳо ва табибон ба он баъзе аз чораҳои пешгирикунанда андешида шуданд. Вале вуҷуд доштани коронавирус хеле дер расман эълом шуд.

Оё тадбирҳое, ки мақомоти тоҷик андешидаанд, барои мубориза ва маҳви коронавирус кофӣ ҳастанд, ё не?

Агар мақомот ба тавсияҳои СҶТ гӯш медоданд, аз баргузор кардани чорабиниҳои оммавӣ худдорӣ мекарданд ва ба ҷои такя кардан ба тестҳо коронавирусро дар асоси нишонаҳои клиникӣ ташхис мекарданд, имкони поин бурдани сатҳи паҳншавии вирус дар кишвар вуҷуд дошт. Албатта, андешидани чораҳои ҷиддии пешгирикунанда аз қабили таътил дар мактабу донишгоҳҳо, эъломи карантин дар баъзе аз минтақаҳои алоҳида, манъи баргузории чорабиниҳои оммавӣ, ки дар бештари кишварҳо мушоҳида шуданд, ба пешгирӣ кардан аз зуд ва ба таври густарда паҳн шудани коронавирус мусоидат мекард.

Ба фикри Шумо ҳоло бояд чӣ кор кард? Оё эъломи карантин акнун маъно дорад?

Фикр мекунам, агар дар баъзе аз шаҳру ноҳияҳои алоҳидаи кишвар карантин эълон, ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ дар баъзе аз шаҳру навоҳӣ манъ ва равуо миёни баъзе аз минтақаҳои кишвар қатъ карда шавад, аз манфиат холӣ нест.
Теъдоди умумии мубталоёни вирусро муайян кардан лозим аст. Акс аз CABAR.asia
Теъдоди умумии мубталоёни вирусро муайян кардан лозим аст. Акс аз CABAR.asia

Ҳамчунин бояд дар тамоми шаҳру ноҳияҳо шумори мубталоёни эҳтимолӣ ба коронавирус муайян ва бо назар дошти он чораҳи пешгирикунандаи фаврӣ андешида шавад.

Ҳангоми нашри омор ва маълумот дар бораи вазъи беморон низ шаффофият зарур аст. Мутаассифона, мо дар бораи ин ҳама хеле кам медонем. Масъулиятҳо хуб иҷро мешаванд ё маълумот ба мо ироа намешавад.

Дар ҳар сурат тасмими бастани бозору фурӯшгоҳҳо ба истиснои нуқтаҳои савдои маҳсулоти ғизоӣ кори дуруст аст. Бидуни ин кор пешгирии коронавирус номумкин аст. Мутаассифона, маълумоти дақиқ ироа намешавад, ки дар кадом шаҳру ноҳияҳо чи қадар сокинон ба коронавирус мубтало шудаанд ва ба кадом минтақаҳо ҳоло вирус нарасидааст. Бе донистани ин арқом пешниҳоди кадом як чорае бефоида аст.

Барои намуна, агар ман медонистам, ки дар шаҳри Душанбе чи қадар сокинон ба вирус мубтало шудаанд ва он ҳоло ба шаҳри Конибодому минтақаи Рашт нарасидааст, пешниҳод мекардам, ки донишҷӯёни ин минтақаҳо аз пойтахт ба зодгоҳашон барнагарданд ё танҳо баъди карантини 14-рӯза ба онҳо иҷозат дода шавад, ки ба хонаҳояшон бираванд. Зеро танҳо баъди гузаронидани санҷиш бехатарии онҳо ба атрофиёнашон исбот хоҳад шуд.


Ин матлаб дар чорчӯби тарҳи IWPR «Ҳамовозӣ барои дигарсозӣ — аз ҳошия то бодия» нивишта шудааст.

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report

The following text will be sent to our editors: