© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Тоҷикистон ҳанӯз аз коронавирус озод аст

Мақомдорон итминон медиҳанд, ки натиҷаи тестҳои шаҳрвандони аз хориҷ ба кишвар омада ҳанӯз ягон ҳолати гирифторӣ ба коронавирусро ошкор накардааст.


Ба саҳифаи мо дар Фейсбук обуна шавед!


SARS-CoV-2, ки ҳамчун COVID-19 ва ё коронавирус маъруф аст, ҳамчунон дар ҷаҳон доман паҳн кардан дорад ва беш аз ним миллион нафар ба ин беморӣ мубтало шудаанд. Бар пояи иттилои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ то 25 март танҳо чанд кишваре боқӣ монда, ки мақомоташ иддао доранд, ҳеч ҳолати гирифторӣ ба коронавирус ба қайд нарасидааст.

Ба қатори ин кишварҳо Палау,  Ботсвана, Бурунди, Вануату, Яман, Кирибати, Комори, Ҷумҳурии мардумӣ-демократии Корея, Лесото, Малави, Науру, Самоа, Сан-Том ва Принсипи, Серра-Леоне, Тонга, Тувалу, Туркманистон, Иёлатҳои Федеративии Микронезӣ, Судони Ҷанубӣва чанд давлати дигар шомиланд.

Харитаи кишварҳое, ки то 30 март ҳолати гирифторӣ ба ин беморӣ тасдиқ шудааст. Акс аз who.int
Харитаи кишварҳое, ки то 30 март ҳолати гирифторӣ ба ин беморӣ тасдиқ шудааст. Акс аз who.int

Миёни кишварҳое, ки аз коронавирус тоза мебошанд, Тоҷикистон ҳам ҳаст, ки ҳамсояҳояш ҳамагӣ ҳолати олудагӣ ба вируси мазкурро сабт кардаанд.  

Тоҷикистон яке аз фақиртарин кишварҳои шӯравии собиқ аст. Иқтисоди кишвар ба интиқоли пули муҳоҷирони меҳнатӣ, ки ҳамасола барои ҷӯстуҷӯи кор ба Русия ва Қазоқистон мераванд, сахт вобаста аст. Ҳаҷми солонаи интиқоли пули муҳоҷирони меҳнатӣ ба 3 миллиард доллар наздик меояд, ки 35 дарсади ММД-и кишварро ташкил медиҳад.

Ҳафтае қабл шумораи ҳафтаинаи парвозҳо ба 20 расид ва теъдоди мусофирон 6,5 ҳазор нафарро ташкил дод. Инчунин 30 нуқтаи назоратӣ дар марзҳо амал каранд, ки тавассути он садҳо нафар ворид шуданд. Маҳз ҳамин далел изҳороти мақомотро дар мавриди адами гирифторӣ ба коронавирус зери шубҳа мебарад.  

Дар Қирғизистон аввалин нафаре, ки мубталои коронавирус буданаш расман тасдиқ шуд, сокини вилояти Ҷалолобод буд, ки пас аз ҳаҷҷи умра аз Арабистони Саудӣ ба ватан баргашт. Суоле ба миён меояд: чӣ гуна зоирони зиёд аз Тоҷикистон аз ин вирус эмин монданд?   

Аммо мақомоти Тоҷикистон изҳор медоранд, ки то 30 март ҳолати гирифторӣ ба коронавирус дар қаламрави кишвар сабт нашудааст. Ҳамин тавр дар эълони карантин ҳам аҷала намекунанд ва аз баргузории чорабиниҳои оммавӣ ҳам даст намекашанд, чизе ки дар кишварҳои дигар дар чунин вазъияте онро ба “худкушӣ” монанд мекарданд.

Мақомоти Тоҷикистон изҳор медоранд, ҳамаи афроде ки давоми даҳ рӯзи ахир ба кишвар омадаанд, дар карантин қарор доранд. Аз он пеш танҳо нафароне ба карантин фаро гирифта мешуданд, ки аз Чин, Эрон, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон ва Италия омадаанд. Ба иттилои Вазорати тандурустии Тоҷикистон шурӯъ аз моҳи феврал то 25 март 5,5 ҳазор нафар дар карантин ҷой дода шуданд, ки аз ин ду ҳазор кас аллакай ба манзилҳояшон рухсат шудаанд.

Мунира Каримова, сардухтури беморхонаи касалиҳои сироятии шаҳри Душанбе ҳам иттилои аз сӯи мақомот ироашуда дар мавриди адами мутбалоӣ ба COVID-19-ро тасдиқ мекунад. Ба гуфтаи Каримова, табибони тоҷик ҳеч асроре надоранд ва дурустии натиҷаи ташхиси онҳо дар озмоишгоҳҳои Лондону Русия тасдиқи худро ёфтаанд.

“То имрӯз натиҷаи тести коронавирус барои ду ҳазор нафар, ки аз хориҷ ба  Тоҷикистон омадаанд, манфӣ буд. Ташхисҳо натанҳо дар Тоҷикистон анҷом дода шаванд, балки ба озмоишгоҳҳои Лондону Новосибирск мунтақил мегарданд. Бар илова, дар Тоҷикистон намояндагии Созмони ҷаҳонии танурустӣ амал мекунад, ки ҷараёнро назорат мебарад”,-мегӯяд сардухтури беморхонаи касалиҳои сироятии шаҳри Душанбе.

Ҷашни Наврӯз дар Хуҷанд. Акс акс аз  prezident.tj
Ҷашни Наврӯз дар Хуҷанд. Акс акс аз  prezident.tj

Бо ин вуҷуд ки мақомоти Тоҷикистон аз адами ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус дар кишвар изҳор медоранд, баъзе маҳдудиятҳое ҳам ҷорӣ кардаанд. Аз ҷумла, тамоми парвозҳои байналмилалӣ боздошта шудааст ва афроде, ки аз кишварҳои дигар бармегарданд, ба карантини дуҳафтаина фаро гирифта мешаванд. Як муддат ибодати дастаҷамъона ҳам манъ шуд, аммо ҳоло дубора дари масоҷидро боз карданд.

Ҳукумат барномаи амал ва чораҳои профилактикиро дар ҳолати сабт шудани вирус таҳия кард ва аз институтҳои молиявии ҷаҳонӣ, аз ҷумла Бонки ҷаҳонӣ кумак хост. Ҷузъиёти ин барнома ошкор намешавад, аммо мақомот мегӯянд, барои роҳандозии он миллионҳо доллар зарур аст.

Дар ҳамин ҳол, амали мақомот дар робита ба таҳдиди паҳншавии коронавирус чӣ дар дохил ва чӣ дар берун аз он мавриди интиқод қарор гирифт. Тасмими баргузории чорабиниҳои ҷашнӣ ва тамдид накардани таътил дар муассисаҳои таълимӣ вокунишҳои бештар доштанд.

Аз ҷумла, Созмони ҷаҳонии тандурустӣ моҳи марти соли равон аз мақомоти кишвар хост аз ҷашнгирии оммавии Наврӯз худдорӣ кунад. Аммо мақомот ин тавсияро нодида гирифтанд ва Наврӯз дар Хуҷанд бо иштироки 12 ҳазор нафар ҷашн гирифта шуд. Дар консерт раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ҳузур дошт. Наврӯз дар дигар манотиқи кишвар ҳам бодабдаба ҷашн гирифта шуд.  

Ба фарқ аз бештари кишварҳои ҷаҳон макотиби миёна ва донишгоҳҳои Тоҷикистон фаъолияти худро идома медиҳанд ва изҳор медоранд ҳеч заруратеро барои бастани дари онҳо намебинанд.

Адами шаффофият ҳам бо мавҷи интиқодҳо рӯбарӯ аст. Нахуствазири Тоҷикистон кори ситоди доимамалкунандаи мубориза бо коронавирусро танзим мекунад, ки раҳбарони вазорату идораҳо, додситони кулл ва котиби генералии Шӯрои амният ба он шомиланд. Ҷаласаи ситод рӯзона ду маротиба баргузор мешавад, аммо ҷузъиёти масоили дар ин ҷаласот баррасишуда барои расонаҳо ошкор намешавад. 

Дар Тоҷикистон барномаҳои консертӣ бекор карда намешаванд. Акс аз: CABAR.asia
Дар Тоҷикистон барномаҳои консертӣ бекор карда намешаванд. Акс аз: CABAR.asia

Бино ба иттилои бархе манобеъ дар мақомот, рӯзҳои наздик дар Тоҷикистон карантин ҷорӣ мешавад. Намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ расман ин иттилоъро тасдиқ намекунанд. Аммо ба иттилои дафтари матбуоти ин ниҳод, дар ҷаласаи рӯзи 28 март масоили чораҳои зарурӣ дар ҳолати ҷорӣ шудани вазъи фавқулодда баррасӣ гардидааст. 

Аброр Атоев, табиби тоҷик, ки таҷрибаи беш аз 20-солаи корӣ дар низоми тандурустии Тоҷикистонро дорад, мегӯяд, эпидемияи ин вирус дар кишвар метавонад оқибатҳои бадеро дар пай дошта бошад.

“Агар сад – дусад ҳолат ба қайд гирифта шавад, шояд ҳеч оқибати ҷиддиеро барои Тоҷикистон надошта набошад. Аммо агар коронавирус дар тамоми қаламрави Тоҷикистон паҳн шавад, ҳатто тасаввур кардан душвор аст, ки чӣ оқибатеро мешавад интизор шуд. Таносуби шумораи беморхонаҳо ба шумораи аҳолии кишвар аз ҳад кам аст. Дар ҷой кардани 5-6 ҳазор нафар ба карантин мушкил дорем. Тасаввур намоед, ки агар шумораи беморон ба ин теъдод расад, чӣ мешавад?”,-мегӯяд табиб.

Ба гуфтаи ӯ, мушкили аслии марбут ба мубориза бо коронавирус дар Тоҷикистон кофӣ набудани шумораи катҳо дар беморхона, доруворӣ ва табибони ботаҷриба аст.

 Мақомот бо ин интиқодҳо розӣ нестанд ва изҳор медоранд, ки дар мубориза ба коронавирус омодагии ҷиддӣ доранд. Чанд рӯз қабл Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар дод, ки беморхонаи калони шаҳри Душанбе – “Истиқлол”-ро барои ҷойгир кардани беморони COVID-19 холӣ ва омода кардаанд. 

Бо ин вуҷуд ки мақомот хабарҳо дар мавриди гирифторӣ ба коронавирус дар Тоҷикистонро комилан рад мекунанд, ин беморӣ аллакай ба иқтисод ва ҷомеаи кишвар таъсир гузоштааст. 

Беш аз миллион нафар, ки қасди сафар ба муҳоҷирати меҳнатиро доштанд, маҷбуранд аз ин нақшаҳои худ даст бикашанд. Раванди болоравии нархҳо ва уфти асъори миллӣ суръат гирифтааст.


Ин мавод дар доираи лоиҳаи “Giving Voice, Driving Change – from the Borderland to the Steppes Project” омода шудааст.

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report

The following text will be sent to our editors: