© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Таъсири коронавирус ба Тоҷикистон

Соҳибкорон камчинӣ ва афзоиши нархи маҳсулоти чиниро дар вазъи феълӣ амри табиӣ медонанд.


Ба саҳифаи мо дар Фейсбук обуна шавед!


Аз авохири моҳи январ дар Тоҷикистон штаби доимамалкунандаи муқовимат бо паҳншавии вируси COVID-19 таъсис ёфт. Штабро ноиби нахуствазир Азим Иброҳим раҳбарӣ мекунад.

Ноиби нахуствазир дастур дод, дар тамоми гузаргоҳҳои сарҳадӣ назорати беҳдоштӣ, карантинӣ ва муҳоҷиратӣ таҳким бахшида шаванд. Дар тамоми гузаргоҳҳои марзӣ барои санҷиши афроде, ки аз Чин меоянд, нуқтаҳои шабонарузии тиббӣ таъсис шудааст.

Гузаргоҳи сарҳадии “Қулма”. Акс аз fergana.agency
Гузаргоҳи сарҳадии “Қулма”. Акс аз fergana.agency

Мақомот ваъда карданд, ки дар сурати ошкор шудани нишонаҳо беморон ба муддати 14 рӯз дар карантин нигоҳдорӣ мешаванд. Инчунин, дастур шудааст, дар тамоми муассисаҳои тибии кишвар нуқтаҳои махсуси нигоҳдорӣ омода карда шаванд.

Ба иттилои Оҷонсии омори назди президенти Тоҷикистон, моҳи январи соли 2020 гардиши мол миёни Тоҷикистону Чин дар қиёс ба ҳамин давраи соли сипаришуда ба 88,5 дарсад афзоиш ёфтааст.

Давоми як сол гардиши мол миёни Тоҷикистон ва Чин ба 88,5 дарсад афзоиш ёфтааст.

Ҳаҷми гардиши мол миёни Тоҷикистон ва Чин дар моҳи январи соли равон наздики 82 миллион доллари амрикоиро ташкил додааст. Ҳудуди 76 миллион доллар ва ё 92 дарсад воридот аз Чин аст. Тоҷикистон дар моҳи январ ҳамагӣ ба маблағи 5,8 миллион доллар маҳсулот фиристодааст. Ҳаҷми воридот аз Чин ба Тоҷикистон дар қиёс ба содироти маҳсулот зиёда аз 13 маротиби бештар аст.

Иртиботи ҳавоӣ миёни Тоҷикистон ва Чин ҷиҳати ҷилавгирӣ аз паҳншавии коронавирус рӯзи 23 январ қатъ гардид. Як рӯз баъд, бо ҳамин мақсад ягона гузаргоҳи фаъол дар марзи Тоҷикистону Чин (Қулма) баста шуд.

Дар Кумитаи амнияти озуқавории Тоҷикистон гуфтанд, пас аз паҳн шудани коронавирус воридоти тамоми маҳсулоти ғизоӣ аз Чин манъ карда шуд.

Мавриди тазаккур аст, ки раҳбарияти Оҷонсии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Тоҷикистон дар нишасти ахири хабарӣ изҳор дошт, соли сипаришуда Чин аз маҳсулоти ғизоӣ танҳо чойро ба Тоҷикистон ворид кард.

Аммо ба иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон маҳсулоти чинӣ аз тариқи кишварҳои дигар ба Тоҷикистон ворид мегарданд.

Воридот аз Чин ба Тоҷикистон нисбат ба содирот беш аз 13 маротиба зиёд аст.

Муовини сардори ин ниҳод Тоҷиддин Ҷӯразода 30 январ дар нишасти хабарӣ изҳор дошт, мақомот тамоми чораҳоро меандешанд, “то аз таъсири манфии вазъи дар кишвари ҳамсоя ба амаломада эмин бимонанд”.

Тоҷирон нигаронанд

Дар ҳамин ҳол, соҳибкорони тоҷик, ки ба интиқоли маҳсулоти чинӣ машғуланд, аз баста шудани марзи байни ду кишвар нигаронанд.

Тоҷирон ҳадс мезананд, ки дар пайи баста будани марз бо Чин арзиши маҳсулот дар бозорҳои кишвар боло меравад. Акс аз asiaplustj.info
Тоҷирон ҳадс мезананд, ки дар пайи баста будани марз бо Чин арзиши маҳсулот дар бозорҳои кишвар боло меравад. Акс аз asiaplustj.info

Шуҳрат Саидов, ки ба фурӯши маҳсулоти чинӣ дар бозори “Корвон” машғул аст, мегӯяд, маҳсулоташ кам мондааст, марз бошад бо Чин ҳанӯз баста аст.

“Ба эҳтимоли зиёд, бори навро аз Чин ба ин наздикӣ дастрас  карда наметавонем, зеро интиқоли бор миёни кишварҳои мо қатъ шудааст. Захираи маҳсулоти мо бошад, танҳо то охири моҳи равон мерасад”,-гуфт ӯ.

Ин тоҷир боло рафтани арзиши маҳсулотро истисно намедонад, зеро ба гуфтаи ӯ бар асоси қонуни бозор ҳар қадар маҳсулот кам шуд, ҳамон андоза нархи он боло меравад.

Раҷаб Одилов, ки ба ворид кардани маҳсулот аз Чин машғул аст, гуфт, то замони муътадил шудани вазъ дар кишвари ҳамсоя қасди ба он давлат рафтанро надорад.

“Агар ба Чин ҳам равам, ҳеч набошад ду ҳафта дар карантин хоҳам буд. Аммо ман бояд бо ҳар василае хонаводамро таъмин кунам”,-илова намуд вай.

 Чиниҳо дар Тоҷикистон даҳҳо лоиҳаро амалӣ мекунанд

Дар ҳамин ҳол, дар қаламрави Тоҷикистон бо ширкати мутахассисони чинӣ даҳҳо лоиҳа дар бахшҳои гуногун, монанди саноат, нақлиёт, кишоварзӣ, энергетика амалӣ мешавад.

Суҳроб Мирзозода. Акс аз дафтари матбуоти Вазорати нақлиёти Тоҷикистон
Суҳроб Мирзозода. Акс аз дафтари матбуоти Вазорати нақлиёти Тоҷикистон

Ҳанӯз авохири моҳи январ муовини аввали вазири нақлиёти Тоҷикистон Суҳроб Мирзозода дар нишасти хабарӣ изҳор дошт, ки тамоми шаҳрвандони Чин, ки дар бунёди роҳҳои Тоҷикистон кор мекунанд, бояд аз ташхиси тиббӣ гузаранд. Ба иттилои ӯ, теъдоди чунин шаҳрвандони Чин ба 266 нафар мерасад. Аммо Мирзозода афзуд, нисфи онҳо шояд барои ҷашнгирии соли нав ба Чин рафтаанд.

“Дар ҳар сурат, баъди бозгашт ба Тоҷикистон онҳо бояд аз ташхиси тиббӣ бигзаранд”,-гуфт муовини вазир.

Заробиддин Файзуллозода. Акс аз дафтари матбуоти Вазорати саноат ва технологияҳои нав
Заробиддин Файзуллозода. Акс аз дафтари матбуоти Вазорати саноат ва технологияҳои нав

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Заробиддин Файзуллозода дар нишасти хабарии ин ниҳод дар шаҳри Душанбе гуфт, дар бахши саноати кишвар 2176 шаҳрванди Чин кор мекунад.

Ба гуфтаи вазир, аз ин теъдод 1559 нафар барои ҷашни соли нав тибқи тақвими чинӣ (имсол он 25-уми январ таҷлил шуд. Расман аз 24 то 30 январ рӯзи истироҳат эълон гардида буд) ба кишварашон рафтанд.

“Як қисми онҳо аллакай баргаштанд ва дар карантин қарор доранд. Афроди дигар ҳам баъди баргаштан дар карантин хоҳанд буд”,-афзуд вазир.

Ба иттилои Вазорати саноат, дар ҳоли ҳозир дар низоми саноати Тоҷикистон наздики 50 ширкат бо сармояи чинӣ кор мекунад.

Бузургтарини онҳо “Зарафшон”, “Зарнисор”, “Душанбе саноати куҳӣ” ва  “Талко голд” мебошанд.

Гузашта аз ин, 20 феврал ба “Азия Плюс” дар Штаби муқовимат бо паҳншавии каронавирус гуфтаанд, ширкатҳои тоҷикӣ, ки бо мутахассисони чинӣ барои сохтмони иншоотҳои саноатӣ шартнома бастаанд, зиён мебинанд.

Ба иттилои манбаъ, дар натиҷа роҳандозии лоиҳаҳо бо ширкати мутахассисони чинӣ дар вақти муайяншуда анҷом намешавад.

Аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон рӯзи 27 феврал ба CABAR.asia гуфтанд, феълан дар кишвар ягон ҳолати ба коронавирус сироят ёфтани шаҳрвандон ба қайд нарасидааст. Ба гуфтаи манбаъ, дар ҳоли ҳозир 190 нафар, ки аз Чин омадаанд, дар карантин қарор доранд.

Бештари онҳое ки дар карантин буданд, аллакай рухсат шудаанд. Инҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ва намояндагони ширкатҳои чинӣ ҳастанд, ки дар Тоҷикистон кор мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, Вазораи тандурустӣ мегӯяд, ҳамаи ин афрод зери назари табибон қарор хоҳанд дошт.

“Дар ҳолати ошкор шудани сироятёбӣ, ҳатман ба расонаҳо хабар медиҳем”,-таъкид намуд манбаъ.


Ин мавод дар доираи лоиҳаи “Giving Voice, Driving Change – from the Borderland to the Steppes Project” омода шудааст.

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report
The following text will be sent to our editors: