Тоҷикистон

CABAR.asia 02.02.21

Додгоҳи Тоҷикистон Дониёр Набиеви 80-солаи, узви собиқи ҳизби Наҳзати Исломии кишварро ба 7 соли зиндон маҳкум карданд. Коршиносон ва ташкилотҳои ҳуқуқи инсон изҳори нигаронӣ намуда, ин ҳукмро нодуруст, ва баробар ба ҳукми қатл номиданд.


Ба Telegram канали мо обуна  шавед!


Дониёр Набиев. Акс: ozodi.org

Дониёр Набиев моҳи августи соли гузашта бо гуноҳи содир кардани ҷиноятҳои вазнин боздошт шуда буд. 28 декабр мурофиаи судии пӯшида баргузор гардид, дар он Набиев ба 7 соли зиндон бо ҷурми ташкили фаъолияти созмони экстремистӣ (моддаи 307, қисми 2 Кодекси ҷиноятии ҶТ)  маҳкум шуд.

Боздошт ва ҳукми марди 80-сола дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсро ба вуҷуд овард, ки созмонҳои ҳуқуқ ва гурӯҳҳои мухолифин айбдоркуниҳоро алайҳи Набиев дорои ангезаи сиёсӣ донистанд.

Мақомоти Тоҷикистон муддате хомӯш буданд ва пас аз баҳсҳои тӯлонӣ дар ҷомеа ВКД рӯзи 8 январ дар робита ба ин қазия иттило дод.

Дар иттило гуфта мешавад, ки Набиев аз хадамотҳои махсуси баъзе давлатҳо маблағ  қабул кардааст, «бо истифодаи интиқоли маблағ аз кишварҳои сеюм барои паҳн кардани ғояҳои ифротгароӣ, харидорӣ, нашр ва таблиғи адабиёти ифротгаро ҷалб ва сафарбар кардани ҷавонон ба ин гурӯҳҳои ифротӣ».

«Вай як қисми маблағҳоро ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон  тавассути ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон барои дастгирии молиявӣ ба аъзои ҷиноҳи собиқи ҲНИТ – «Ҷамоати Ансоруллоҳ ба интиқол дод»», – омадааст дар иттилои ВКД.

ВКД чунин мешуморад, ки як қисми маблағҳоро, ​​ Набиев барои эҳтиёҷоти худ сарф кардааст.

Рӯзи дигар, 9 январ изҳороти ҲНИТ-ки фаъолияташ дар ҷумҳури манъ аст паҳн гардид, гуфта мешуд, ки Набиев аз «оилаҳо, хешовандон ва аъзои ҲНИТ барои интиқол ба оилаҳои маҳбусони сиёсӣ» маблағ гирифтааст.

Аммо, ҲНИТ иддао кард, ки интиқолҳои ба даст овардаи Набиев «бо хадамоти махсуси ягон кишвар рабте надорад». ҲНИТ инчунин изҳор дошт, ки чунин фаъолиятҳо ҷиноят нестанд ва робитаи худро бо ҳаракати «Ҷамоати Ансоруллоҳ» рад карданд.

Пас аз баровардани ҳукм, хешовандони Дониёр Набиев ба Суди Олӣ муроҷиат намуда, дархост карданд, ки пирамарди 80-сола ҷазои худро дар берун аз маҳбас адо кунад.

Асомиддин Набиев, ҷияни Дониёр Набиев ба CABAR.asia гуфтааст, ки амакаш саломатии хуб надорад.

«Дар моҳи Рамазон, ӯ бемор шуд ва табибон гуфтанд, ки аломатҳои сил дорад. Мо ӯро дар мурофиа дидем, ӯ гуфт, ки аз вазъи саломатиаш нигарон аст ва хост, ки агар имкон бошад, ӯро ба ҳукми шартӣ маҳкум кунад»,- мегӯяд Асомиддин Набиев.

Чаро мурофиаи судӣ пӯшида гузашт?

Коршиносон ба зарурати гузаштани мурофиаи пӯшида шубҳа карданд. Онҳо бовар доранд, ки дар мурофиа бояд хешовандони Набиев, рӯзноманигорон ва намояндагони созмонҳои ҳимояи ҳуқуқ ширкат мекарданд.

Шокиржон Хакимов. Акс: asiaplustj

Ҳуқуқшинос Шокирҷон Ҳакимов мегӯяд, ки маҳз дар чунин ҳолатҳо дастрасӣ ба ҷараёни мурофиа ба иштирокчиён ва коршиносон имкон медиҳад, ки далелҳои ҳарду ҷонибро воқеи арзёбӣ кунанд.

«Аммо, ин тартиб риоя карда нашуд. Бо назардошти синну сол, ҳолати равонӣ ва саломатии Дониёр Набиев, ҳукм бояд вазнин намебуд. Масалан, маҳдуд кардани шароити зиндагӣ ва озодии ҳаракат, ҳукми шартӣ ва ғайра», – мегӯяд ҳимоятгар.

Вай чунин мешуморад, ки фаъолияти Набиев «бешубҳа» аз ангезаҳои исондусти сарчашма мегирад.

«Ин ҳукми додгоҳ таъсири манфӣ ба эътибори байналмилалии Тоҷикистон мерасонад ва раванди ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалии башардӯстро мушкилтар мекунад», – илова кард ӯ.

Абдумалик Қодиров, таҳлилгари масъалаҳои сиёсӣ мегӯяд, ки ӯ ба адолати ҳукм шубҳа дорад, пеш аз ҳама дар масъалаи интиқоли маблағ ба Афғонистон.

 «Мақомот дар ин бора ба мардум ягон далел пешниҳод накардаанд ва ҳар чизе ки мо дар бораи он медонем, танҳо аз суханони мансабдорони давлатӣ маълум аст», – гуфт Қодиров.

Ба ақидаи ӯ, агар мақомот хоҳанд, ки мардум ба гуфтаҳои онҳо эътимод кунанд, онҳо бояд «чунин равандҳои резонансиро паси дарҳои кушод анҷом диҳанд».

«Дар акси ҳол, чунин ҳолатҳо сабаби дигари танқидчиёни мақомот хоҳад шуд. Ва имрӯз мо набояд шиква кунем, ки оппозитсия обрӯи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ паст мекунад; мо худамон бо рафтори бемантиқи худ симои худро вайрон мекунем», – мегӯяд Қодиров.

Абдумалик Кадыров. Акс: asiaplustj

Ба ақидаи ӯ, мақомот синну соли Набиевро ба назар гирифта, дар ҳар сурат, метавонистанд ҳукми сабуктар содир кунанд ва марди 80-соларо ба зиндон нафиристанд.

«Ман фикр мекунам, ки ҳукми шадиди Дониёр Набиев ишора ба оппозисия дар Аврупо буд, ки «агар шумо хомуш наистед, мо бо ҷонибдорони шумо чунин хоҳем кард », – гуфт ӯ.

Ба гуфтаи коршиносон, чунин мурофиаҳо алайҳи пиронсолон бо иттиҳоми ифротгароӣ дар Тоҷикистон кам ба назар мерасанд.

Хюман Райтс Вотч (HRW), дар изҳорот рӯзи 20 январ Дониёр Набиевро «қурбонии як қатор боздоштҳо ва ҳукмҳои дорои ангезаҳои сиёсӣ »,- номид.

HRW метарсад, ки Набиев зинда аз маҳбас раҳо нахоҳад шуд.

«Аллакай гузоришҳо дар бораи хуруҷи Covid-19 дар системаи ҷазо дар Тоҷикистон буданд. Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ба давлатҳо тавсия медиҳад, ки намояндагони гурӯҳҳои хавф, аз ҷумла пиронсолонро, ҳангоми пандемия аз ҷойҳои боздошт озод кунанд», – гуфта мешавад дар изҳорот.

“Парвандаи ӯ нишон медиҳад, ки мақомот дар таъқиби рақибони сиёсии худ ҳеҷ чизро бас намекунанд”,- қайд карда мешуд дар созмон.

Додгоҳи олии Тоҷикистон Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро дар соли 2015 созмони террористӣ эълон кард ва фаъолияташро дар кишвар манъ карда шуд. Якчанд аъзои ҳизб ба мӯҳлатҳои тӯлонӣ маҳбаси шуданд, баъзеи дигар аз кишвар фирор карданд, асосан ба кишварҳои ғарбӣ, ки дар он ҷо паноҳгоҳи сиёсӣ гирифтанд.


Ин мавод дар доираи лоиҳаи ” «Giving Voice, Driving Change — from the Borderland to the Steppes Project»,”  бо дастгирии молиявии Вазорати корҳои хориҷии Норвегия омода шудааст. Фикрҳои дар мақола баёншуда мавқеи ҳайати таҳририя ва донорро инъикос намекунанд.

Yoqub Halimov 28.01.21

Таҳқиқоти рӯзноманигории CABAR.asia собит кард, ширкате, ки дар Тоҷикистон масъули анҷом додани ташхиси ҳатмии техникии воситаҳои нақлиёт аст, амалан ҳеч хизмате анҷом намедиҳад ва ба ҷамъоварии даромад аз ҳисоби ташхиси “рӯи коғаз” машғул аст. (more…)

CABAR.asia 13.01.21

Мақомоти Тоҷикистон муддати дароз аст, ки сиёсати танзим ва хароҷоти шаҳрвандон дар тӯйҳо, зодрӯзҳо инчунин гузаронидани дигар чорабиниҳоро пеш мебаранд. Дар баробари ин, ҳукумат барои ҷашну маросимҳои бошукӯҳ маблағҳои зиёд сарф мекунад. Маълумоти бештар дар бораи чунин зиддият дар ин мақолаи CABAR.asia.

(more…)

Mazhab Juma 30.12.20

Воситаи ахбори оммаи кишвар шикояти кормандони тибро дар мавриди набуди либосҳои муҳофизатӣ ба нашр мерасонад, аммо Вазорати тандурустӣ ин идаоро, ки кормандони тиб аз ҳисоби худашон либои тиббӣ мехаранд, рад мекунад. Дар ҷараёни тадқиқоти журналистӣ маълум гардид, ки кормандони беморхонаҳо ва марказҳои тиббӣ дар Тоҷикистон маҷбуранд аз ҳисоби худашон либоси махсуси муҳофизатӣ, дастпуш, ниқоб ва айнакро харидорӣ намоянд. (more…)

CABAR.asia 25.12.20

Ба гуфтаи масъулин, шабакахои бузургҷусаи  гуногуни интернети, ки хидматҳои худро ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар асоси маблағ мерасонанд, бояд ба буҷаи давлат андоз супоранд. Аммо, ҳанӯз маълум нест, ки интизориҳои мақомоти давлатӣ то куҷо комилан дуруст мебарояд.

(more…)

CABAR.asia 18.12.20

Коргарони сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун, ҳатто барои рафтан ба хонаҳояшон маблағ надоранд.

(more…)

CABAR.asia 08.12.20

Диндорон дар Тоҷикистон аз манъи рафтан ба масҷидҳо норозӣ ҳастанд ва онҳо мақомотро барои бетарафӣ ва ба чунин ақидаи нодуруст муттаҳам мекунанд. Ҳамзамон, табибон ва баъзе аз рӯҳониён ин тадбирҳоро, барои пешгирии бемории Covid-19, асоснок  медонанд.

(more…)

CABAR.asia 20.11.20

Сабаб дар чист, ки расонаҳои Тоҷикистон  дар бораи тазоҳуроти Беларус ва тағироти ҳокимият дар Қирғизистони ҳамсоя ҳарф намезананд?

(more…)

CABAR.asia 16.10.20

Дар Тоҷикистон сиёсатмадорон ва коршиносон бар он ақидаанд, ки рӯйдодҳои охири дар Беларус ба амал омада аз ҷониби мақомот ба таври ҷиддӣ баррасӣ хоҳанд шуд.

(more…)

CABAR.asia 14.10.20

Тавре интизор мерафт президенти амалкунанда Эмомалӣ Раҳмон, дар интихобот ба пирӯзӣ ноил шуд. Мувофиқи маълумоти Комиссияи марказии интихоботи, зиёда аз 90 фоизи интихобкунандагон ба ӯ овоз доданд.

(more…)