© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Шоҳидони Яҳува дар Тоҷикистон: вазъияти бидуни тағйир

Ҷавонони пайрави ин ҷамоати мазҳабӣ, ки ба синни хидмати сарбозӣ расидаанд, ҳамчунон ба зиндон фиристода мешаванд.


Ба канали мо дар  Telegram обуна шавед!


Дар Тоҷикистон озору азияти пайравони созмони мазҳабии «Шоҳидони Яҳува», ки ба далели эътиқодоти динии худ аз хидмат дар артиш худдорӣ мекунанд, ҳамчунон идома дорад. Ҳуқуқдонҳо бар ин боваранд, ки тасвиби қонун дар бораи хидмати шаҳрвандии ҷойгузин ё алтернатив метавонад роҳи ҳалле барои ин мушкил бошад.

Дар оғози моҳи апрел радиои Озодӣ хабар дод, ки додгоҳе низомӣ дар шаҳри Душанбе Ҷовидон Бобоҷонов, ҷавони 20-солаи пайрави Шоҳидони Яҳуваро, барои саркашӣ аз хидмати сарбозӣ ба ду сол зиндон маҳкум кардааст.

Ҷовидон Бобоҷонов. Акс: ozodi.org
Ҷовидон Бобоҷонов. Акс: ozodi.org

Бобоҷонов бо такя ба эътиқодоти мазҳабии худ аз пӯшидани либоси низомӣ ва аслиҳа ба даст гирифтан худдорӣ кардааст. Аз гузоришҳои мунташиршуда чунин бармеояд, ки ин ҷавони тоҷик барои анҷоми хидмати шаҳрвандии ҷойгузин омода буда, вале дар қонунҳои Тоҷикистон чунин навъи хидмат пешбинӣ нашудааст. Бино бар ин, ҳамаи касоне, ки аз анҷоми хидмати иҷбории сарбозӣ саркашӣ мекунанд, бар асоси моддаи 376 (Саркашӣ аз иҷрои вазифаҳои хидмати ҳарбӣ бо роҳи осеб расондан ба худ ё усули дигар)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҷозот мешаванд.

Ин нахустин маврид нест

Дар соли 2017 Даниил Исломови 18-сола, як пайрави дигари ин фирқаи мазҳабӣ, низ ба далели мушобеҳ маҳкум шуд. Аммо барои шаш моҳ. Мақомот ҳаққи анҷоми хидмати шаҳрвандии ҷойгузинро аз вай ҳам дареғ доштанд.

Созмони динии «Шоҳидони Яҳува» расман дар соли 1997 дар Тоҷикистон сабти ном шуд. Вале дар соли 2008 фаъолияташ дар қаламрави ин кишвар бар асоси ҳукми Додгоҳи низомии шаҳри Душанбе мутаваққиф шуд.

Талошҳои пайвастаи «Шоҳидони Яҳува» барои таҷдиди назар дар ҳукми додгоҳ то ба ҳол натиҷае надодааст.

Бо ин ҳол, бар хилофи бисёре аз созмонҳои ифротӣ ва терористӣ, ки фаъолияташон дар Тоҷикистон мамнӯъ аст, омӯхтан ва пайравӣ кардан аз таълимоти «Шоҳидони Яҳува» дар кишвар расман манъ нашудааст.

Мақомоти Тоҷикистон барои мамонеъат аз фаъолияти ин гурӯҳи мазҳабӣ борҳо мавриди интиқоди шадиди созмонҳои байналмилалии сиёсӣ ва мудофеъи ҳуқуқи башар қарор гирифтаанд.

Дар ҳамин ҳол, як мақоми муътабари сохторҳои интизомии Тоҷикистон, ки нахост номаш ифшо шавад, дар гуфтугӯ бо CABAR.asia иброз дошт, ки «Шоҳидони Яҳува» ҳануз ҳам ақидаҳое чун саркашӣ аз хидмати низомӣ ва манъи дармон аз роҳи хунгузарониро дар ҷомеа таблиғ мекунанд.

Ин намояндаи сохторҳои интизомӣ гуфт: «Бар асоси қонунҳои кишвар, ҳар фарде, ки ба синни хидмати сарбозӣ мерасад, бояд ба сафи нерӯҳои мусаллаҳ бипайвандад. Нодида гирифтани ин қонунҳо ҷурм аст».

Бо ин ҳол, пайравони анҷумани «Шоҳидони Яҳува» ҳануз ҳам дар хиёбонҳои шаҳрҳо, аз ҷумла Душанбе, ба нашри иттилооте дар бораи фаъолиятҳои худ, идома медиҳанд. Агар онҳо дар гузашта бештар адабиёти чопӣ дар даст доштанд, ҷои онро ҳоло абзоракҳои телефони ҳушманд гирифтааст.

Як намояндаи анҷумани «Шоҳидони Яҳува» ба номи Нодира мегӯяд: «Мо ба ин вазъият одат кардем. Масалан, дар Русия намояндагони анҷумани «Шоҳидони Яҳува»-ро ифротгаро эълом карданд. Дар инҷо низ мардони ҳамкеши мо ҳамвора боздошт мешаванд ва баъд аз истинтоқу бозҷӯӣ маъмурони амниятӣ ва пулис онҳоро раҳо мекунанд.

Муҳокимаи додгоҳии Шамил Ҳакимов, аз пайравони анҷумани «Шоҳидони Яҳува» дар Хуҷанд. Акс: Аsiaplus.tj
Муҳокимаи додгоҳии Шамил Ҳакимов, аз пайравони анҷумани «Шоҳидони Яҳува» дар Хуҷанд. Акс: Аsiaplus.tj

Дар тирамоҳи гузашта, Шамил Ҳакимов, яке аз пайравони ин фирқаи мазҳабӣ, барои ҳафту ним сол ба зиндон маҳкум шуд. Вай ба таҳрики хусумати нажодӣ, миллӣ ва мазҳабӣ муттаҳам шуда буд. Худи Ҳакимов худро бегуноҳ дониста ва ҳукми додгоҳро ғайриодилона хондааст.

Ба гуфтаи Нодира, намояндагони анҷумани «Шоҳидони Яҳува» дар ҳалқаи пайвандонашон низ доим таҳти фишор қарор мегиранд, зеро хешу ақрабояшон нисбат ба интихоби онҳо назари манфӣ доранд. Расман сабти ном нашудани ин анҷуман боис мешавад, ки онҳо ойинҳо ва маросими динии худро баргузор накунанд. Ин вазъ мушкилоти дигаре ҳам эҷод кардааст.

Ҳамсуҳбати CABAR.asia меафзояд: «Мо ҳайронем, ки барои чӣ мақомот ба мо иҷозаи баргузории озоди маросими диниямонро намедиҳанд. Шоҳидон чи хатаре барои кишвар доранд? Оё ҳеч мадраке вуҷуд дорад, ки «Шоҳидони Яҳува» амалҳои теруристӣ анҷом дода бошанд? Чунин иттилоъе мавҷуд нест. Зеро омӯзаҳои динии мо ҳар гуна амали хушунатомезро манъ мекунад».

Созмонҳои байналмилалии мудофеъи ҳуқуқи башар борҳо аз давлати Тоҷикистон хостаанд, ки мамнуъияти «Шоҳидони Яҳува»-ро лағв кунад. Онҳо мегӯянд ин кишвар ба унвони як узви ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки чанде аз асноди байналмилаии ҳуқуқи башарро имзо кардааст, бояд ба сиёсатҳои табъизомез алайҳи пайравони фирқаҳои динии мухталиф поён бидиҳад.

Тибқи иттилоъи Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари Созмони Амният ва Ҳамкории Аарупо (САҲА), аз бас анҷумани «Шоҳидони Яҳува» ҳануз расман дар Тоҷикистон сабт нашудааст, пайравони он ба иллати боварҳои динияшон таҳти озору азияти маъмурони амниятӣ қарор мегиранд.

Дар гузориши ин созмон омадааст, ки Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) дар шаҳри Душанбе пайравони «Шоҳидони Яҳува»-ро ҳамвора барои бозҷӯӣ ва истинтоқ фаро хонда ва бо фишору таҳдид онҳоро водор мекунад, ки зери баёнот алайҳи худ имзо кунанд.

Дар иртибот бо ин маворид, САҲА ба давлати Тоҷикистон тавсия медиҳад, ки «Шоҳидони Яҳува»-ро сабти ном кунад ва ба онҳо иҷозаи воридот ва истифода аз адабиёти динияшонро бидиҳад.

Дар баёнияи Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА аз ҷумла омадааст: «Давлат бояд бо такя ба эътиқодоти динии «Шоҳидони Яҳува» ҳаққи онҳо ба худдорӣ аз анҷоми хидмати низомиро ба расмият бишносад ва барои онҳо шароит фароҳам кунад, то хидмати шаҳрвандии ҷойгузин ё алтернативро барои ватани худ содиқона анҷом диҳанд».

Ба гуфтаи Дилшод Ҷӯраев, намояндаи Комиссияи  Байналмилалии Ҳуқуқдонҳо, худдорӣ аз хидмати низомӣ бар пояи эътиқодоти динӣ аз муҳимтарин ҳуқуқи инсон ва аз равишҳои қонунии даст ёфтан ба озодии андеша, виҷдон ва дин маҳсуб мешавад.

Вай афзуд: «Ин нукта дар моддаи 18-и Мисоқи байналмилалии ҳуқуқи маданӣ ва сиёсӣ ва дар моддаи 18-и Эъломияи Ҷаҳонии Ҳуқуқи башар пешбинӣ шудааст. Кумитаи Ҳуқуқи Башари СММ низ ин мавзӯъро дар ёддошти шумораи 22-и худ перомуни моддаи 18-и Мисоқи байналмилалии ҳуқуқи маданӣ ва сиёсӣ, ки Тоҷикистон узви он аст, басароҳат баён кардааст ».

Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ», ки соли 2000 тасвиб шуд, омадааст, ки «шаҳрванд ҳақ дорад ба ҷои анҷоми хидмати сарбозӣ давраи хидмати ҷойгузинро сипарӣ кунад.

Қонуни кайфарӣ ё кодекси ҷиноятии Тоҷикистон муҷозотеро барои саркашӣ аз анҷоми хидмати низомӣ ва аз ҷумла хидмати ҷойгузин муқаррар кардааст. Яъне дар қонунҳои гуногуни Тоҷикистон мафҳуми хидмати ҷойгузин зикр шудааст. Аммо қонуне, ки равишҳои анҷоми хидмати шаҳрвандии ҷойгузинро танзим кунад, мавҷуд нест.

Дилшод Ҷӯраев меафзояд: «Истифода аз силоҳи гарм шояд на танҳо бо эътиқодоти мазҳабии шахс, балки бо мавқеъияти шаҳрвандии вай ва садоқаташ ба андешаҳои сулҳталабона дар тазод бошад. Шоҳидони Яҳува мухолифи хидмати сарбозӣ ҳастанд ва ин барои ҳама рӯшан аст. Дар айни ҳол, онҳо омодаанд хидмати шаҳрвандии ҷойгузинро анҷом диҳанд. Вале ҳеч гуна заминаи қонунӣ барои ин навъ хидмати сарбозӣ вуҷуд надорад. Набудани қонун дар бораи хидмати шаҳрвандии ҷойгузин бархе аз ҷавононро аз адои вазифаашон ба ватан дар чорчӯби боварҳои мазҳабии худашон ва фурсати анҷоми корҳои судманде барои ҷомеа маҳрум месозад».

Зарурати тасвиби қонун дар бораи хидмати сарбозии ҷойгузин борҳо дар Тоҷикистон мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифтааст. Тибқи ахбори расонаҳо, дар соли 2017 Шералии Мирзо, вазири дифоъ, зимни муаррифии  пешнависи қонун “Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ” дар порлумон гуфта буд, ки ин вазорат лоиҳаи қонун дар бораи хидмати ҷойгузинро ҳам таҳия ва ба давлат пешниҳод кардааст. Аммо тавре ки вазир он замон иттилоъ дод, барои амалӣ сохтани ин тарҳ маблағҳои молии зиёде лозим аст. Аз он замон то кунун ҳеч пешрафте дар ин масъала мушоҳида намешавад.


Ин мақола дар чорчӯби тарҳи IWPR «Субот дар Осиёи Миёна аз тариқи муколимаи озодона» нивишта шудааст.

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report
The following text will be sent to our editors: