© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Озодии баён дар Тоҷикистон: “тахтабанд миёни чор дарё”

“Муҳимтарин монеа ва таҳдид барои расонаҳо кофӣ набудани омӯзишҳои ҳирфаӣ, худсонсурӣ, нокофӣ будани имкониятҳои молӣ, заъфи меъёрҳои ахлоқии касбӣ ва дахолати давлат ба ВАО мебошанд”. Ин нукта дар матлаби барои CABAR.asia навиштаи муҳаррири IWPR дар Тоҷикистон — Марат Мамадшоев таъкид шудааст.


Ба саҳифаи мо дар Фейсбук обуна шавед!


 Давоми чанд соли ахир як қатор нашрияҳои маъруфи мустақил дар Тоҷикистон аз фаъолият бозмонд. Даҳҳо рӯзноманигори шинохта тарки кишвар намуда, бархе ҳатто дар Аврупо мақоми паноҳандаро дарёфт карданд. Акс аз osce.org
 Давоми чанд соли ахир як қатор нашрияҳои маъруфи мустақил дар Тоҷикистон аз фаъолият бозмонд. Даҳҳо рӯзноманигори шинохта тарки кишвар намуда, бархе ҳатто дар Аврупо мақоми паноҳандаро дарёфт карданд. Акс аз osce.org

Бидуни кадом омодагии вижа мешавад рӯйдод ва тамоюлҳои манфиеро, ки дар фазои расонаии Тоҷикистон давоми солҳои ахир ба вуқӯъ пайвастанд, баршумурд. Аммо ҳисоб кардани тарафҳои мусбат кори осоне нахоҳад буд.

Вазъи воқеӣ…

Бар пояи иттилои Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ 371 рӯзнома (109 давлатӣ, 262 хусусӣ) 243 маҷалла (113 давлатӣ, 130 ғайриҳукуматӣ), 11 хабаргузорӣ (10 ғайриҳукуматӣ, 1 давлатӣ), 34 ширкати телевизионӣ (аз ин 20-тоаш мустақил) сабти ном шудааст.

Дар гузориши “Шохиси озодии матбуот”-и созмони “Гузоришгарони бидуни марз”, ки моҳи май мунташир шуд, Тоҷикистон миёни 180 кишвар мақоми 161-ро ишғол мекунад. Таҳиягарони гузориш далели поин рафтани мақоми Тоҷикистонро ба бастани сомонаҳо ва қатъи фаъолияти нашрияҳои “Озодагон” ва “Пайк” рабт додаанд.  

Дар гузориши созмони “Freedom House” – “Озодии матбуот-2017” Тоҷикистон бо 87 имтиёз ба қатори кишварҳои расонаҳои “ноозод” шомил гардид.

Мавқеи Тоҷикистон дар раддабандии “Шохиси озодии матбуот”

Изҳороти Иттиҳоди Аврупо: Сармоягузорӣ бар ивази озодии сухан

Иттиҳоди Аврупо танҳо дар сурате дастгириҳои сармоягузорӣ ба Тоҷикистонро идома медиҳад, ки дар кишвар шароит барои таъмини озодии сухан муҳайё гардад. Петер Буриан, намояндаи вижаи Иттиҳоди Аврупо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ рӯзи 19 сентябр дар шаҳри Душанбе гуфт, ин масъала бо мақомоти тоҷик баррасӣ шудааст. Аммо ҷаноби Буриан дар мавриди натоиҷи ин баррасиҳо чизе нагуфт.

Озодии ВАО ва таркибҳои он

Озодии ВАО, мисли озодии сухан аз чанд қисмати муҳим таркиб ёфтааст – озодии ҷустуҷӯ, дарёфт, таҳияву паҳн кардани иттилоот ва истифода аз ҳаққи озодии баёни андеша. Инчунин иртиботи мутақобил миёни расона ва дигар институтҳои ҷамъиятӣ, қаблтар аз ҳама ниҳодҳои давлатӣ муҳим аст.  

Ҳоло талош мекунем, ки ин қисматҳоро пай дар пай баррасӣ намоем. Мавриди таъкид аст, ки дар бисёр маворид онҳо ба ҳам иртиботи зич доранд ва фосилаи миёни онҳо шартӣ ҳастанд. Яъне, дар як маврид метавон якбора чанд ҳуқуқи расона ва рӯзноманигоронро маҳдуд сохт.    

Озодии ҷустуҷӯ (на) кардан

Ҷустуҷӯи озоди иттилоот дар Тоҷикистон бо чанд мамнӯият душвор карда шудааст. Қисмати аслии иттилои барои ҷомеа муҳим махфӣ карда шудааст (барои мисол буҷаи мақомоти қудратӣ). Мурофиаҳои додгоҳӣ, ба вижа дар масоили хабарсоз тақрибан ҳамеша пушти дарҳои баста баргузор мешаванд.   

Мақомот нисбати афроде ки ба ҳар гунае ба ҷустуҷӯи иттилоъ машғуланд, монанди донишмандон [1], блогерҳо ва махсусан рӯзноманигорон талаботи зиёде пешниҳод мекунанд. Барои мисол, аз журналистони расонаҳои хориҷӣ дарёфти иҷозатнома ё парвонаи ҳатмии кор аз Вазорати корҳои хориҷиро талаб мекунанд. 

Дар ҳоли ҳозир ҳашт хабарнигор ва корманди Радиои Озодӣ аз ВКХ парвонаи корро дарёфт накардаанд.

Ин дар ҳолест, ки як рӯзноманигор аз соли 2017 ба ин сӯ чунин иҷозатномаро интизорӣ мекашад [2] . Мақомот инчунин барои ифтитоҳи дафтари “Россия сегодня” дар кишвар иҷозат надоданд.

Қазияи пурсару садои ахири блогерҳо, ки наворбардорӣ дар ҷойҳои ҷамъиятиро ба онҳо иҷозат надоданд, огоҳие барои пажуҳишгарони эҳтимолӣ мебошад. Мақомот инчунин технологияҳоеро, ки бо ёрии онҳо имкони дарёфти иттилоъ мавҷуд аст, маҳдуд мекунанд. Ба хонандаҳои мактаб доштани телефонҳои ҳамроҳ манъ аст, ки онҳоро, масалан аз имкони сабти амалҳои норавои омӯзгорон маҳрум месозад.

Дар Қазоқистон аллакай расонаҳо мисли Русия барои дарёфти иттилои барои ҷомеа муҳим аз бесарнишин (дрон)-ҳо истифода мекунанд. Аммо дар Тоҷикистон ҳанӯз соли 2016 раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон қарореро имзо кард [3], ки ворид кардан, берун бурдан ва истифодаи чунин дастгоҳҳо бояд қатъиян дар асоси иҷозатномае, ки бо мувофиқати КДАМ дода мешавад, сурат бигирад.  

Миёни дигар мушкилоти технологӣ, ки расонаҳои Тоҷикистон ба он рӯбарӯ мешаванд, метавон аз интернети гаронарзишу бесифат, қатъи нерӯи барқ, мушкили дарёфти сим-корт, маҳдудсозии мессенҷерҳо ва ғайраро ном бурд.

Озодии дарёфт (на) кардан

Ниҳодҳои Тоҷикистон, агар Туркманистонро сарфи назар кунем, пӯшидатарин дар минтақа ба ҳисоб мераванд.

Ба иттилои “Озодӣ”, “ягона имкони дарёфти [4] иттилоъ аз дасти аввал ва суҳбат бо мансабдорон дар ҳоли ҳозир нишастҳои хабарии шашмоҳа ҳастанд. Аммо ин нишастҳо низ ахиран бе иштироки чеҳраҳои аввали вазорату идораҳо баргузор мешаванд ва ё мансабдорон қасдан тақрибан то поёни вақти барои нишастҳо ҷудошуда ҳисобот дар мавриди фаъолияти ниҳодашонро қироат мекунанд”. 

Барои кишвар ин ҳамеша мушкили мубрам ба ҳисоб мерафт. Дар гузашта, расонаҳо мехостанд, ки ин проблемаро ба навъе рафъ созанд; раддабандии ниҳодҳои барои журналистон бозро нашр менамуданд, мансабдоронро танқид мекарданд, мизҳои гирд созмон медоданд. Ҳоло, ин мушкил ба ҳадде расида, ки дигар расонаҳо ҳатто талош намекунанд, ки мансабдоронро барои суҳбат маҷбур намоянд.  

Бештари вақт мансабдорон ҳатто дар фурсатҳое ки ба ҷомеа, ба вижа ҷомеаи ҷаҳонӣ расонидани мавқеашон хеле муҳим аст, аз иртибот бо ВАО худдорӣ мекунанд. Барои тасдиқи ин ҳарфҳо мешавад аз қазия дар марзи муштарак бо Қирғизистон мисол зад. Бо далели хомӯшии ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон дар расонаҳо, махсусан ВАО-и кишвар асосан иттилои ҷониби Қирғизистон пешниҳод гардид.  

Як нуктаро бояд таъкид кунам, ки ахиран дар расонаҳо тақрибан дар мавриди фаъолияти ниҳодҳои иқтисодӣ тақрибан иттилое мавҷуд нест. Барои ман, ҳамчун як шаҳрванд ва коршинос умуман маълум нест, ки ин ниҳодҳо ба чӣ кор машғуланд. Шояд камфаъолиятии онҳо ва авзои табоҳи иқтисоди Тоҷикистон сабаб шуда, ки ин ниҳодҳо ҳарфе барои гуфтан ба рӯзноманигорон надоранд?

Озодии таҳия ва паҳн (на) кардан

Мақомоти тоҷик одатан пешниҳоди иҷозатнома ба ширкатҳои мустақили радио ва телевизиониро маҳдуд мекунанд. Ширкатҳои амалкунандаи радио ва телевизион асосан барномаҳои тафреҳӣ таҳия мекунанд. Расонаҳои электронии дигар сиёсати редаксионии худро тағйир додаанд. Барои мисол, радиои “Имрӯз”, ки дар гузашта бо гузоришҳои иҷтимоӣ ва мусоҳибаҳои муҳими худ маъруф буд, ҳоло ба формати тафреҳӣ гузаштааст.    

Матолиби чопӣ ҳам зери назорат қарор дорад. Бояд иқрор намуд, ки сонсури мустақим вуҷуд надорад. Аммо нашриёт барои чопи нашрия бояд аз КДАМ иҷозат бигирад. 

Давоми чанд соли ахир дар Тоҷикистон як қатор нашрияҳои маъруфи мустақил, ки миёнашон мешавад “Нигоҳ” ва “Озодагон”-ро махсус таъкид кард, аз фаъолият бозмонданд. Даҳҳо рӯзноманигори маъруф Тоҷикистонро тарк намуда, бархе аз онҳо дар Аврупо ҳатто мақоми паноҳандаро гирифтанд.

Нашрияҳои ҳукуматӣ, ки аз шеваи обунаи маҷбурӣ кор мегиранд, бо теъдоди бузург чоп мешаванд. Теъдоди нашри матбуоти мустақил кам аст, паҳн кардани онҳо як мушкили дигар аст. Тамоюли мавҷуд нишон медиҳад, ки вазъи матбуоти мустақил бештар муташаниҷ мегардад.    

Сомонаҳои расонаҳои мустақил – хабаргузориҳои “Азия-плюс”, “Авесто” ва радиои “Озодӣ”, ки аз мавзӯъҳои муҳими кишвар мегӯянд, пайваста маҳдуд мешаванд, ки сабаби коҳиш ёфтани мухотабони онҳо мегардад. Гузашта аз ин, ҳатто “сайтшиканҳо” ва технологияи VPN маҳдуд карда мешавад. Хадамоти алоқаи Тоҷикистон даст доштанаш дар ин сайтбандиҳоро рад мекунад.

Озодии (на) гуфтан

Мақомот ҳамчунин фишор ба мунтақидонро идома медиҳанд. 

Барои мисол, авохири моҳи июни соли равон пас аз нашри матолиби интиқодӣ, аз ҷумла дар бораи ба истилоҳ “Фабрикаи ҷавоб” ба журналисти радиои “Озодӣ” Барот Юсуфӣ иҷозатнома (аккредитатсия)-и кор дода нашуд. 

26 июн, намояндаи бахши тоҷикии Радиои “Озодӣ” ба ВКХ-и кишвар даъват шуд. Онҷо ба ӯ гуфтанд [5], ки парвонаи кори Барот Юсуфӣ муваққатан қатъ шудааст, зеро вай чанд дафъа дар гузоришҳояш ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломиро зикр кардааст.  

Ҷоанна Левисон, раиси бахши робитаҳои Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ 28 июн изҳор дошт, ки Ҳукумати Тоҷикистон аккредитатсияро барои муҷозоти кормандони Радиои “Озодӣ” барои гузоришҳои мустақил ва касбиаш истифода мекунад.  

Аз ҷониби дигар, мақомот матлабҳои интиқодии расонаҳо ва ё тадқиқотҳо дар мавриди коррупсия ё суистифода аз мансабро нодида мегиранд.

Барои мисол, тадқиқоти журналистии Ёқуб Ҳалимов [6] – “Хонаҳои Бег Сабур” сару садои зиёдеро дар ҷомеа ба вуҷуд овард. Дар ин матлаб чанд далели истифодаи мақом аз ҷониби мансабдори давлатӣ, ки дар соати корӣ ба тиҷорат машғул буд, оварда шудааст.

Аммо ин матлаб дар ҳукумат вокуниши заруриеро дар пай надошт.

Расона ҳамчун тиҷорат: озодии (на) доштани даромад

Аз сӯи дигар, ВАО иттиҳодияҳои тиҷоратӣ ҳастанд, ки ҳадафашон дарёфти даромадҳои иқтисодӣ бо роҳи фурӯши контенти ҷолиб мебошад.

Аммо таҳияи чунин мавод дар шароити тақвият ёфтани худсонсурӣ, ки ҳамчунин рӯи коршиносони расонаӣ таъсир гузошт, душвор аст.

Кишвар бо коҳиши мизони саводнокӣ ва зеҳнӣ рӯбарӯ аст, қисмати нисбатан фаъол ва донишдида онро тарк мекунанд, ки ин ба кам шудани аудиторияи ВАО оварда мерасонад. Ҳамаи ин дар пасманзари бадтару гарон шудани интернет, иртиботи мобилӣ сурат мегирад. Дар кишвар фаъолнокии иқтисодӣ коҳиш ёфта, ҳаҷми бе ин ҳам хурди бозори реклом кам мегардад, ки мушкилиҳои расонаҳоро бештар шиддат мебахшад.  

Мушкилоти дигар ба вазъи ҳуқуқии ҷорӣ марбут аст. Низоми ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон, аз ҷумла додгоҳҳо аз боварии расонаҳо бархӯрдор нестанд.

Рӯзноманигорон ба худсонсурӣ иқрор мешаванд

Аз натиҷаҳои пажуҳиши “Вазъи ВАО ва нақши шабакаҳои иҷтимоӣ дар Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон”[7]-и Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) бармеояд, ки рӯзноманигорон дарк мекунанд, ки нақши ВАО дар ҷомеа дар ҳоли коҳиш ёфтан аст.

ВАО-и Тоҷикистон нақши худро дар ҷомеа ҳамчун “ҳокимияти чорум” аз даст дода, рӯзноманигорон бошанд, аз инъикоси мавзӯъҳои ҷиддӣ худдорӣ ва канорагирӣ мекунанд, – омадааст дар пажуҳиш. Ҳарчанд он моҳи ноябри соли 2018 анҷом шудааст, вале натиҷаҳои он ба андешаи ман ҳанӯз муҳиманд. 

Ҳангоми суҳбатҳои инфиродӣ мусоҳибон гуфтанд, ба андешаи онҳо рӯзноманигорони Тоҷикистон дар ҳал кардани мушкилоти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ нақш надоранд, зеро давлат ба матлабҳояшон вокуниш намекунад ва ба саволҳои онҳо ҷавоб намедиҳад. 

“Дар қиёс ба солҳои гузашта вазъ тағйир ёфтааст. Қаблан, сухани рӯзноманигорро мешуд ҳалкунанда номид. Бар иловаи ин ки давлат вокуниш намекунад, боз омилҳои дигаре, монанди нарасидани журналистони касбӣ, худдорӣ аз инъикоси мавзӯъҳои ҷиддӣ ҳам ҳастанд”,-таъкид кардаанд мусоҳибон. 

Журналистон далели аз даст додани мавқеи худро инчунин ба адами ҳамрайъӣ, надоштани хоҳиш барои ҳифзи ҳуқуқҳояшон ва танбалӣ рабт медиҳанд. 

Муҳимтарин монеа ва таҳдид барои расонаҳо кофӣ набудани омӯзишҳои ҳирфаӣ, худсонсурӣ, кофӣ набудани имкониятҳои молӣ, заъфи меъёрҳои ахлоқии касбӣ ва дахолати давлат ба ВАО мебошанд.

Рӯзноманигорони Тоҷикистон инчунин изҳор доштаанд, ки бо далели “ҳолатҳои сиёсӣ” беҳтар аст, феълан барои худҳимоя канорагирӣ кард.


Ин мақола дар доираи тарҳи «Giving Voice, Driving Change — from the Borderland to the Steppes Project», ки бо кумаки молии Вазорати хориҷаи Норвегия иҷро мешавад, нивишта шудааст. Назароти дарҷшуда дар ин матлаб баёнгари дидгоҳи хоси расона ва ё сарпарасти ин тарҳ нест.

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report

The following text will be sent to our editors: