© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Қосими Бекмуҳаммад: Ин тасаввур, ки Толибон бахше аз давлати Афғонистон мешаванд, ботил аст

Қосими Бекмуҳаммад, коршиноси масоили минтақа дар Тоҷикистон, бар ин назар аст, ки агар Иёлоти Муттаҳида Афғонистонро тарк кунад, Осиёи Миёна ба даҳлезе барои иқдомоти душманонаи гурӯҳҳои тундрав алайҳи Русия ва Чин табдил хоҳад шуд.


Ба канали мо дар  Telegram обуна шавед!


Интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон, ки дар моҳи сентябри соли гузашта баргузор шуд, натавонист давлатеро рӯи кор оварад, ки аз эътибори кофӣ бархурдор бошад ва мавриди пазириши аксарияти мардум ва ҷомеаи байналмилалӣ қарор бигирад.

Се моҳ пас аз раъйгирӣ, дар охири моҳи декабр Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон Ашраф Ғаниро бо 50,64 дарсади орои умумӣ барандаи интихобот эълом кард. Номзади дигар, Абдуллоҳи Абдуллоҳ, ки тибқи натоиҷи эъломшуда, ҳудуди 40 дарсади орои умумиро ба даст овард, натоиҷи интихоботро напазируфт ва худро раиси ҷумҳур эълом кард. Бештари сиёсатмадорони дигар, ки дар интихобот ширкат доштанд, низ натоиҷи эъломшударо напазируфтанд. Дар натиҷа, навъе дуҳокимиятӣ дар кишвар падид омад. Кӯшишҳои музокира байни тарафдорони Ғанӣ ва Абдуллоҳ бенатиҷа анҷомид.

Музокирот байни тарафдорони Ашраф Ғанӣ (чап) ва Абдуллоҳи Абдуллоҳ (рост) бенатиҷа анҷомид. Акс: Reuters
Музокирот байни тарафдорони Ашраф Ғанӣ (чап) ва Абдуллоҳи Абдуллоҳ (рост) бенатиҷа анҷомид. Акс: Reuters

Ин густастагӣ ё шикоф байни нухбагони сиёсӣ дар баробари таҳдиди фазояндаи ҷунбиши тундрави Толибон (фаъолияташ дар Тоҷикистон ва кишварҳои дигари ҳамсуд мамнӯъ аст) ба вуҷуд омада, ки ҳамчунон бар бахши аъзаме аз қаламрави ин кишвар ҳоким аст. Аз сӯи дигар, Афғонистон «мақоми» як паноҳгоҳи амн барои террористҳо ва манбаъи қочоқи маводди мухаддир ва аслиҳа барои кишварҳои дигари минтақаро ҳифз кардааст.

Тӯли марз миёни Тоҷикистону Афғонистон беш аз 1400 км аст.

СABAR.asia: «Давлати Иёлоти Муттаҳида аз Ашраф Ғанӣ дар Афғонистон пуштибонӣ кард. Аммо дар охири моҳи март Майк Помпео, вазири хориҷаи Амрико, бо Абдуллоҳи Абдуллоҳ мулоқот дошт. Чаро барои Амрико муҳим аст, ки Ашраф Ғанӣ дар сари қудрат бимонад?

Қосими Бекмуҳаммад: Ин воқеъият, ки бисёре аз кишварҳо барои табрики Ашраф Ғанӣ аҷала намекунанд, ғайримустақим шакку тардиди онҳоро дар мавриди натоиҷи зидду нақизи интихоботи риёсати ҷумҳурӣ дар Афғонистон бармало мекунад. Ин амр на танҳо аз эътибори байналмилалии Ашраф Ғанӣ мекоҳад, балки машрӯъияти ӯро ҳам зери суол мебарад ва ҳосили он буҳрони дуҳокимиятӣ аст.

Қосими Бекмуҳаммад. Акс: CABAR.asia
Қосими Бекмуҳаммад. Акс: CABAR.asia

Ба назари ман, агар Иёлоти Муттаҳида метавонист аз қабл вазъияти феълии Афғонистонро пешбинӣ кунад, барои ҳимоят аз Ашраф Ғанӣ аҷала намекард. Зоҳиран дар Вошингтон чунин тасаввур мекарданд, ки авзоъ бадтар аз вазъияте нахоҳад буд, ки пас аз интихоботи риёсати ҷумҳурии соли 2014 дар Афғонистон шакл гирифт. Аммо саранҷом мо бо вазъияте рӯбарӯ шудем, набояд мешудем.

Дигар ин тасаввури ботил, ки дар Афғонистон бояд фақат як қавм ҳукумат кунад, харидоре надорад. Ин бад-он маъност, ки вокуниши доктор Абдуллоҳ ба натоиҷи эъломшудаи интихобот фақат вокуниши як сиёсатмадор ва тарафдорони ӯ нест. Ин вокуниши густардаи гурӯҳҳо ва ақшори мухталифи қавмӣ, сиёсӣ ва иҷтимоъӣ ба мавориди густардаи беадолатиест, ки шоҳидаш буданд. Ҳадди ақал, тайи се корзори интихоботи риёсати ҷумҳурии гузашта дар Афғонистон. Натиҷаи ҳамин вокуниш аст, ки алорағми мушорикати Майк Помпео, вазири хориҷаи Иёлоти Муттаҳида, дар маросими таҳлифи Ашраф Ғанӣ, Вошингтон гоме ба ақиб гузошт ва хостори ин шуд, ки Ғанӣ бо доктор Абадуллоҳ ба тавофуқ бирасад.

Вокуниши доктор Абдуллоҳ ба натоиҷи интихобот фақат вокуниши як сиёсатмадор ва тарафдорони ӯ нест.

Дар остонаи ҳарду маросими таҳлифи Ашраф Ғанӣ ва доктор Абдуллоҳ намояндагони Амрико, аз ҷумла Майк Помпео ва шуморе аз сиёсатмадорони барҷастаи Афғонистон, саъй доштанд ҳарду тарафро ба созиш роғиб кунанд. Ҳатто пешниҳод шуд, ки фаъолияти давлати мусолиҳаи миллиро аз сар бигиранд. Аммо тими доктор Абдуллоҳ бо мақоми рамзии раиси қувваи муҷрия мувофиқат накард ва хостори иқдомоти бунёдитаре чун лағви натоиҷи интихобот, эҷоди як ҳукумати фарогир бар пояи эътилоф ва намояндагӣ, ва шурӯъи фароянди ислоҳи қонунӣ асосӣ шуд.

Аз сӯи дигар, Ашраф Ғанӣ огоҳ аст, ки доктор Абдуллоҳ, ки ба рағми фишорҳои дохилӣ ва байналмилалӣ қудрати худро ҳифз кардааст, ҳаргиз ба иҷрои нақше нумодин дил хуш нахоҳад кард. Ҳузури доктор Абдуллоҳ ба унвони як раҳбари фаъол ва дорои пуштвонаи мардумӣ метавонад ҷойгоҳи Ашраф Ғаниро заиф кунад.

Бино бар ин, агарчи Иёлоти Муттаҳида рӯи Ашраф Ғанӣ моя гузошта, аммо авзоъи феълии Афғонистон ба гунаест, ки бояд манофеъи тарафи муқобил низ дар назар гирифта шавад. Дар ғайри ин сурат, Амрико барои ҳузури сиёсӣ ва низомии худ дар Афғонистон бо чолишҳои ҷиддитаре рӯбарӯ хоҳад шуд.

Сарнивишти музокироти сулҳи Амрико бо Толибон

Майк Помпео дар Кобул. Акс: bbc.com
Майк Помпео дар Кобул. Акс: bbc.com

Кохи Сафед имзои тавофуқномаи сулҳ бо Толибон ва натоиҷи интихоботи риёсати ҷумҳурии Афғонистонро фурсате барои баҳраҷӯии сиёсӣ дар дохили Амрико медонист. Ин амр дар ростои тадорукот барои интихоботи риёсати ҷумҳурии соли ҷорӣ, ки Доналд Трамп мехоҳад дар он баранда шавад, сурат мегирифт. Ҳарчанд давлати Иёлоти Муттаҳида дар ин замина чандон муваффақ нашуд. Бино бар ин, давлати Трамп фақат дар сурате метавонад аз вазъияти Афғонистон барои расидан ба манофеъ ва аҳдофи таблиғотии худ баҳра бигирад, ки тавофуқи ҷадиде миёни Ашраф Ғанӣ ва доктор Абдуллоҳ ҳосил шавад.

Президент Трамп, ки аз ҳосил нашудани тавофуқ байни Ашраф Ғанӣ ва доктор Абдуллоҳ норозӣ аст, ишора кард, ки гурӯҳи Толибон метавонад пас аз хурӯҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон давлатро дар Кобул сарнагун кунад. Ин суханони Трамп, хоста ё нохоста, боиси тақвияти мавқеъияти Толибон дар гуфтугӯҳои байни афғонӣ шуд.

Дар чунин шароите, Ашраф Ғанӣ ва доктор Абдуллоҳ чорае ҷуз расидан ба тавофуқ барои эҷоди як ҳукумати ҷомеъ ва фарогири миллӣ надоранд, то битавонад намояндагони ҳамаи аҳзоб ва гурӯҳҳои сиёсию қавмӣ ва минтақаиро гирдиҳам оварад. Дар ғайри ин сурат, ихтилофи дохилӣ дар сомонаи сиёсии мавҷуд дар Афғонистон ба нафъи Толибон хатм хоҳад шуд.

Оё мумкин аст, ки Толибон бо Ғанӣ муттаҳид шаванд ва ҷангеро алайҳи Абдуллоҳ шурӯъ кунанд?

Қавмияти муштараки Ашраф Ғанӣ ва Толибон ба ин маъно нест, ки онҳо метавонанд ба лиҳози зеҳнӣ ва ақидатӣ комилан бо ҳам наздик бошанд. Шояд барои Толибон доктор Абдуллоҳ бо пешинаи ҷиҳодӣ ва зиддишӯравияш наздиктар аз Ғанӣ бошад. Бино бар ин, эҳтимоли ҳамбастагӣ байни Толибон ва Ашраф Ғанӣ баъид ба назар мерасад.

Ҳануз наметавон пешбинӣ кард, ки гуфтугӯҳои байни афғонӣ бо Толибон чигуна пеш хоҳад рафт, аммо шакке нест, ки ин фароянд бисёр печида ва душвор хоҳад буд. Изҳороти ахири Толибон дастовардҳои беш аз 18 сол ҳузури Амрико дар Афғонистонро ботил мекунад. Мулло Фозил, зиндонии пешини Гуонтономо, ки раҳбари низомӣ ва узви ҳайъати Толибон дар музокирот бо Амрико дар Давҳа буд, рӯзи 25 март гуфт, ки ҳукумати ояндаи Афғонистон исломӣ хоҳад шуд ва раҳбари он намояндаи Толибон хоҳад буд. Дар ин масъала онҳо ҳеч гуна созиш ё гузаштеро намепазиранд. Агар ҳукумат дар Кобул фикр мекунад, ки Толибон фақат бахше аз ин давлат хоҳанд шуд, иштибоҳ мекунад. Ба ҷои ин, мақомҳои феълӣ дар Кобул бояд бахше аз Толибон шаванд, то намояндагии худро дар ҳукумати ояндаи Афғонистон таъмин кунанд.

Агар дуҳокимиятӣ дар Кобул идома ёбад, пирӯзии Толибон метавонад қатъӣ бошад. Бино бар ин, метавон фарз кард, ки Ашраф Ғанӣ ва доктор Абдуллоҳ чорае нахоҳанд дошт, ҷуз ин ки дар тиме муттаҳид ва муштарак бо Толибон ба гуфтугӯ биншинанд.

Авзоъи феълии Афғонистон чи таъсире дар равобити Тоҷикистон бо ин кишвари ҳамсоя хоҳад дошт?

Тоҷикистон дар баҳси миёни Ғанӣ ва Абдуллоҳ бетараф аст. Табиъист, ки Тоҷикистон ба унвони як ҳамсояи наздики Афғонистон хоҳони рафъи ҳарчи сареътари ин ихтилофи сиёсӣ аст, зеро идомаи ин вазъият метавонад ба тазъифи рӯҳияи нерӯҳои мусаллаҳ ва ниҳодҳои амниятии Афғонистон ва нотавонии онҳо дар мубориза бо ифротгароӣ ва терроризм мунҷар шавад. Албатта, паёмади манфии чунин фароянде дар вазъияти марзҳои Афғонистон бо кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Тоҷикистон, беасар нахоҳад буд.

Бақияи гурӯҳҳои мусаллаҳе чун ДИОШ (ҷунбише, ки дар Тоҷикистон ва кишварҳои дигари ҳамсуд мамнӯъ аст) ва қочоқи маводди мухаддир дар шароити дуҳокимиятӣ дар Афғонистон чи таҳдиде барои Тоҷикистон эҷод мекунанд? Оё дар имтидоди марзи Афғонистон бо Тоҷикистон бахшҳое вуҷуд дорад, ки аз дасти ҳукумат дар Кобул хориҷ аст?

Созмонҳои ифротгаро ва террористӣ дар Афғонистон, аз ҷумла ДОИШ ва Алқоида (ки дар Тоҷикистон ва кишварҳои дигари ҳамсуд мамнӯъ ҳастанд), сулҳи байни Амрико ва Толибонро фурсате барои идомаи бақои худ медонанд. Онҳо итминон доранд, ки хурӯҷ ё коҳиши чашмгири нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон фишор бар онҳоро низ коҳиш хоҳад дод. Зеро дар солҳои ахир, ин созмонҳо ҳадафи аслии ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини омрикоӣ қарор гирифтаанд.

ДОИШ ва Алқоида мумкин аст баъд аз хурӯҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон шеваҳо ва роҳбурди фаъолияти худро иваз кунанд.

Дар ин замина, метавон гуфт, ки фаъолияти ин гурӯҳҳо дар ҷиҳати сарбозгирӣ ва ҷазби нерӯҳои изофӣ ба суфуфи худ ва тақвияти равобиташон дар манотиқи ҳаммарз бо кишварҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон, афзоиш хоҳад ёфт.

Ҳануз мушаххас нест, ки Толибон чи гуна ба ин гурӯҳҳо посух медиҳанд. Тибқи тавофуқи ин гурӯҳ бо Амрико, Толибон набояд ба ин гурӯҳҳо иҷоза бидиҳад, ки дар қаламрави Афғонистон алайҳи Амрико ва муттаҳидонаш биҷанганд. Бархе аз коршиносон муътақиданд, ки ДОИШ ва Алқоида метавонанд ба Толибон итминон бидиҳанд, ки ба шарти мондагорӣ дар Афғонистон аз иқдомоти душманона алайҳи Амрико парҳез хоҳанд кард. Дар ин сенария, аммо диранге дар иқдомоти ин гурӯҳҳо алайҳи Русия ва Чин нахоҳад буд. Ва дар ин сурат Осиёи Миёна ба даҳлезе барои тавсеъаи нуфузи ин гурӯҳҳо ба қаламрави ин ду абарқудрат табдил хоҳад шуд.

Дар ин замина, таҳдидҳои ношӣ аз терроризму ифротгароӣ ва қочоқи маводди мухаддир на танҳо коҳиш нахоҳад ёфт, балки афзоиш хоҳад ёфт. Ин амр эҷоб мекунад, ки кишварҳои минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон, барои ин чолишҳо худро бештар омода кунанд.

Аз байни кишварҳои минтақа танҳо Узбекистон Ашраф Ғаниро барои пирӯзӣ дар интихобот табрик кард. Кишварҳои дигар, аз ҷумла Тоҷикистон, тарҷеҳ медиҳанд сукут кунанд. Дар ҳамин ҳол, генерал Абдуррашиди Дустум ва гурӯҳҳои қавмии узбек дар Афғонистон ағлаб ба тими доктор Абдуллоҳ пайвастаанд. Чаро Узбекистон ин мавқеъиятро баргузидааст?

Аз назари таърихӣ, Иттиҳоди Шӯравӣ равобити пинҳону ошкоре бо шахсиятҳо ва гурӯҳҳои қавмии паштун дар Афғонистон дошт. Ин «суннати сиёсӣ» имрӯз на танҳо дар миёни нухбагони ҳоким дар Русия ба унвони ҷонишини аслии Иттиҳоди Шӯравӣ, балки дар сиёсати бархе дигар аз кишварҳо, аз ҷумла Узбекистон, ҳам побарҷост. Ҳарчанд Узбекистан муддатҳост, ки бо Абдуррашиди Дустум ба хотири нуфузи сиёсӣ ва низомияш дар Афғонистон ва албатта, ба хотири қамияташ, равобити танготанге дорад.

Рӯйкарди Узбакистон ба Афғонистон бо аҳдофи иқтисодии дарозмуддате ҳамроҳ аст.

Аммо аз соли 2016 ба ин сӯ, пас аз он ки Ашраф Ғанӣ саъй кард аз шарри Дустум халос шавад ва ҳатто парвандаи ӯро ба додгоҳ фиристод, ин фармондеҳи узбак маҷбур ба фирор аз Афғонистон шуд ва ду солро дар Туркия гузаронд. Бисёре аз чеҳраҳои таъсиргузор ва наздик ба Дустум ё аз саҳнаи сиёсии кишвар хориҷ карда шуданд, ё таслими ваъдаҳои ҳукумат дар Кобул шуданду аз ӯ фосила гирифтанд. Аз ин назар, кишварҳое, ки қаблан бо Дустум иртибот доштанд, аз ҷумла Узбекистон, низ аз ӯ дурӣ гузиданд.

Абдуррашиди Дустум дар фурудгоҳи Кобул пас аз бозгашт аз Туркия: Акс: Reuters
Абдуррашиди Дустум дар фурудгоҳи Кобул пас аз бозгашт аз Туркия: Акс: Reuters

Пас аз соли 2018 эътирозот ва роҳпаймоиҳои тарафдорони Дустум алайҳи Ғанӣ дар шимол ва бозгашти ӯ ба шимоли Афғонистон барои ҷалби ҳимояти кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Узбекистон, ба ӯ кумак накард. Зеро ҳар гуна тамосе бо ӯ метавонад аз сӯи раисҷумҳур Ғанӣ навъе мудохила дар умури дохилии Афғонистон талаққӣ шавад.

Дар ин фароянд пайвастани Дустум ба тими доктор Абдуллоҳ низ боис шуд, ки Узбекистон дар ин замина бо эҳтиёти бештаре амал кунад. Мақомот дар Тошканд хуб дарк мекунанд, ки Дустум агарчи дар нигоҳи насли бузургтари Афғонистон ҳануз ҳам аз чеҳраҳои бонуфузи сиёсӣ ва қавмӣ ба шумор меояд, вале мавзеъҳо ва мавқеъиятҳои қаблии худро аз даст додааст.

Муҳимтар аз ҳама ин ки Узбекистон дар Афғонистон ва Ҷануби Осиё манофеъи иқтисодиеро дунбол мекунад ва алоқаи зиёде ба иҷрои барномаҳое дар арсаи энержӣ ва зерсохтҳои роҳу таробарӣ, аз ҷумла бунёди роҳҳои оҳани Мазори Шариф-Ҳирот ва Мазори Шариф-Кобул-Пешовар, тарҳи TUTAP ва ғайра дорад. Дар сурати иҷрои ин пружаҳо, Тошканд метавонад дар содироти коло аз Осиёи Миёна ба Осиёи Ҷанубӣ нақше меҳварӣ ифо кунад.

Бино бар ин, рӯйкарди Узбекистон ба Афғонистон ба ҳимоят аз манофеъи як гурӯҳи қавмии хос маҳдуд намешавад ва аҳдофи иқтисодии буландмуддатеро данбол мекунад. Ин нуктаро метавон дар нигариши Узбакистон ба нақши худаш ба унвони як миёнҷӣ дар фароянди сулҳи Афғонистон мушоҳида кард. Агарчи гуфта мешавад, ин нақшро Иёлоти Муттаҳида бар Узбекистон таҳмил карда, аммо маълум аст, ки Тошканд дар тамосҳои худ бо Толибон ба дунболи рӯйкарди мусбати ин гурӯҳ ба манофеъи худ дар Афғонистон аст. Узбекистон танҳо кишваре дар Осиёи Миёна аст, ки саъй дар барқарории иртибот бо Толибон дорад.

Ба назари Шумо, чи роҳи ҳалле барои буҳрони сиёсии ба миён омада дар Афғонистон вуҷуд дорад? Идомаи ҷанг, таҷзияи қаламраваш ё тақсими қудрат?

Сафари Майк Помпео ба Афғонистон дар авҷи буҳрони ибтило ба вируси короно нишон дод, ки рӯёрӯии сиёсӣ байни Ашраф Ғанӣ ва доктор Абдуллоҳ ба нигароние ҷиддӣ дар Вошингтон доман задааст. Дар ҷараёни музокирот бо онҳо, вай бар зарурати созиш ва гузашт аз ҳарду ҷониб ва эҷоди як давлати фарогир таъкид кардааст. Шикасти музокирот ӯро водор сохт, ки аз коҳиши кумакҳои Амрико ба Афғонистон дар ҳаҷми як милярд доллар хабар диҳад. Дар айни ҳол, Майк Помпео таъкид кард, ки агар ҳарду ҷониб ба тавофуқ нарасанд, Амрико ба иқдомоти ҷиддитаре даст хоҳад зад.

Чанд рӯз пеш, Ашраф Ғанӣ риёсати Шӯрои олии сулҳро ба доктор Абдуллоҳ пешниҳод кард, аммо ӯ напазируфт. Сарфи назар аз ин, доктор Абдуллоҳ барои ёфтани роҳи ҳалли сиёсии буҳрони феълӣ дар Афғонистон ибрози омодагӣ кард. Рӯшан аст, ки доктор Абдуллоҳ, ки худро барандаи воқеъии интихоботи риёсати ҷумҳурӣ медонад, моил нест дар мансаб ё мақоме зери дасти Ашраф Ғанӣ кор кунад. Ин мушкилро печидатар мекунад. Шояд камтарин созиш ё гузаште, ки доктор Абдуллоҳ барои он омода аст, тақсими баробари қудрат (50/50) бошад, ки иҷрои он бояд бо санаде муътабар ва муътамад танзим шавад. Аммо дар ҳоли ҳозир, ба назар мерасад, ки Ашраф Ғанӣ моил нест чунин пешниҳодеро бипазирад.

Нуктаи қобили таваҷҷуҳ ин аст, ки нерӯҳои низомӣ ва амниятии Афғонистон дар ҳоли ҳозир саъй доранд худро даргири бозиҳои сиёсӣ накунанд, аммо ин вазъият дер нахоҳад пойид. Бархе аз ин нерӯҳо ба далоили мухталиф, аз ҷумла сиёсӣ, қавмӣ ё минтақаӣ, баночор аз ҳитаи бетарафӣ хориҷ хоҳанд шуд. Ин лаҳзаи бисёр хатарнокест, ки метавонад заминасози даргирии мусаллаҳона ва буҳрон дар ҳукумати феълии Афғонистон бошад. Ин комилан ба нафъи Толибон хоҳад буд. Бино бар ин, агар Ашраф Ғанӣ ва доктор Абдуллоҳ ба тавофуқ нарасанд, эҳтимоли даргирии мусаллаҳона дар Афғонистон бисёр болост ва ин амр боис мешавад, ки ин кишвар ба як давлати мунзавӣ ва матруд дар минтақа табдил шавад ва дар ниҳоят тамомияти арзии худро ба унвони кишваре воҳид аз даст бидиҳад.

Ҳамлаҳои террористӣ пас аз имзои тавофуқномаи сулҳи Амрико бо Толибон нишон медиҳад, ки ин гурӯҳро набояд нерӯе ягона ва якдаст пиндошт. Гурӯҳҳои бисёре аз Толибон вуҷуд доранд, ки ба таври мустақил аз ҳам фаъолият мекунанд ва бо марокизи мухталифе дар хориҷ аз кишвар иртибот доранд. Ин гурӯҳҳо ба эҳтимоли зиёд тавофуқномаи сулҳи Толибонро бо тарафҳои дигар ба расмият намешиносанд ва ба амалиёти мусаллаҳонаи худ идома хоҳанд дод.


Ин мусоҳиба дар доираи лоиҳаи Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) «Муколамаи озод барои рушди субот дар Осиёи Марказӣ» омода шудааст.

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report

The following text will be sent to our editors: