© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Муаллимеро, ки Президент оиладор кард, бо зурӣ ба аскарӣ бурда шуд

Муаллиме, ки бо ташаббуси Президент Эмомалӣ Раҳмон хонадор шуд, ҳоло дар хизмати ҳарбӣ қарор дорад. Ба гуфтаи наздиконаш ӯро маҷбуран, яъне тариқи “облава” ба хидмати ҳарбӣ бурдаанд.


Ба канали мо дар Telegram бипайвандед!


Саидшоҳ Асроров, собиқ омӯзгори ҷавон дар ҷануби Тоҷикистон, ки соли 2017- бо пешниҳоди Президент Эмомалӣ Раҳмон ва кӯмаки ҳукумати маҳаллӣ оиладор шуд, харҷи маросими издивоҷро мақомоти ноҳия пардохт намуд.

Саидшоҳ Асроров дар , аз номи омӯзгорони ноҳия ба Президент изҳори ташаккур кард. Акс: аз ozodi.org

Асроров, сокини 25- солаи ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон буда, дар мактаби рақами 39-и деҳа ба ҳайси омӯзгори фанни таърих ва ҳуқуқ таълим медод.

Ҳукумати Тоҷикистон барои ҳалли мушкилоти норасоии мутахассисон қароре оид ба имтиёзҳо барои омӯзгорон баровард. Дар қарор омадааст, ки муаллимони деҳот, бояд аз адои хидмати ҳарбӣ озод карда шаванд.

16- уми августи соли 2017 мулоқоти Президент бо сокинону фаъолони ноҳияи Кӯшониён доир шуд. Дар мулоқот Саидшоҳ Асроров ба назди микрофон ҳозир шуда, аз номи кулли омӯзгорони ноҳия ба Президент барои фароҳам сохтани шароити корӣ дар соҳаи маориф изҳори ташаккур кард.

Саидшоҳ Асроров. Акс аз CABAR.asia

Дар охир Президент ба собиқ омӯзгор саволу ҷавоби кӯтоҳ анҷом дод ва ба масъулони ҳукумати ноҳия дастур дод, ки дар хонадоршавии Саидшоҳ Асроров саҳм гузоранд. Масъулони ҳукумати маҳаллӣ тӯйи домодию арӯсии Саидшоҳ ва Марҷонаро рӯзи 27- уми августи соли 2017 дар тарабхонаи “Мафтуна”-и шаҳри Бохтар доир намуданд. Ин ду сокини ноҳияи Кӯшониён хушҳол ҳастанд, ки бо пешниҳоди президенти кишвар издивоҷ карданд ва ҳамчунин ба ҷои кор таъмин гардиданд.

Марҷона Асророва: хеле зиқ шудам, лекин чӣ илоҷ!

Марҷона Асророва, ҳоло дар Бунгоҳи тиббии зодгоҳаш ҷамоати деҳоти “Заргар”-и ноҳияи Кӯшониён кор мекунад. Ӯ дар суҳбат ба Cabar. asia. гуфт, ки шавҳараш Саидшоҳ дар баробари оне, ки дар мактаб кор мекард, дар Кумитаи ҳизби халқии демократии ноҳия низ фаъолият дошт. Моҳи апрели соли 2018 ба хонаводаи Саидшоҳ хабар расид, ки ӯро дар маркази ноҳияи Кӯшониён “облава” кардаанд.

Марҷона Асророва. Акс аз CABAR.asia

– Баъзан мегуфт, ки ба хизмати ҳарбӣ меравад. Намедонам ин шухӣ буд, ё ҷиддӣ. Ӯро аз худи маркази ноҳия ба комисариати ҳарбӣ бурдаанд. Вақте ӯро бурданд хеле зиқ шудам ва розӣ ҳам набудам. Лекин чӣ илоҷ? Акнун чанд моҳи дигаре мондааст, ки вақти хидматаш тамом мешавад. Ҳоло зид нестам, – мегӯяд Асророва.

Ширмоҳ Асророва, модари Саидшоҳ соҳиби 7 фарзанд аст. Ӯ мегӯяд, ки Саидшоҳ аз миёни фарзандон охирин писараш аст. Саидшоҳ, ки як омӯзгори фаъолӣ ноҳия дониста мешуд, ӯро барои суханронӣ дар назди президент интихоб карданд.

Ширмоҳ Асророва. Акс аз CABAR.asia

Мунтазир набуданд, ки Саидшоҳ ба осонӣ хонадор мешавад, ташвиши пайдо кардани арӯс ва дарёфти харҷи тӯй ҳамеша дар зеҳни модари Саидшоҳ чарх мезад. Онҳо дар назди телевизиор нишаста баромади писарашро тамошо карданд, ки садои Эмомалӣ Раҳмон дар бораи издивоҷ кардани Сайдшоҳ баланд шуд ва хушҳол шуданду дар ҳаққи президент дуои нек кард.

Модари Саидшоҳ мегӯяд ҳарчанд, ки писараш дар муассисаи деҳа кор мекард, вале ӯро ба хидмати ҳарбӣ бурданд.

“Кормандони ҳукумат ва мактаб гуфтанд, ки Саидшоҳ муаллим аст ва ба сарбозӣ бурда нашавад, вале бурданд. Ҳоло саломатии писарам дар хидмат хуб аст, мисли бародаронаш хидмат мекунад.”,- гуфт модари Саидшоҳ

Саидшоҳро дар Кумитаи ҳизби халқӣ демократии ноҳия “облава” кардаанд

Сайдаҳмад Асроров, дар суҳбат ба Cabar.asia гуфт, ки баъди супориши Президент дар мавриди хонадор шудани бародараш Саидшоҳ ӯро худи кормандони Ҳукумати маҳаллӣ ба Кумитаи ҳизби халқии демократии ноҳия ба кор даъват карданд. Ҳудуди 6 моҳ дар онҷо фаъолият кард ва дар мактаб низ кори омӯзгориашро пеш мебурд. Рӯзҳои охир гоҳҳо бародараш Саидшоҳ аз ҷои кораш рӯҳафтода ба назар мерасид ва аҳли хонавода низ аз ӯ сабабашро пурсон мешуданд. Вале Саидшоҳ чизе намегуфт.

Сайдаҳмад Асроров, гуфт, ки Саидшоҳро моҳи апрели соли 2018 аз утоқи кориаш дар Кумитаи ҳизби халқӣ демократии ноҳия “облава” кардаанд.

Давоми як ҳафта дар Комисариати ҳарбии ноҳияи Кӯшониён нигоҳ дошта шудааст. Наздиконаш монеаи бурдани писарашон шудаанд ва аз мактаб ҳуҷҷат пешниҳод карданд, ки Саидшоҳ омӯзгор аст ва бояд тибқи имтиёзҳое, ки доранд ба хизматӣ ҳарбӣ ҷалб карда нашавад.

“Саидшоҳ, ки донишгоҳро бо ихтисоси муаллими таърих ва ҳуқуқ хатм кардааст, аз ҳуқуқу манфиатҳои хеш огоҳ буд. Бори аввал бо кормандони комисариати ҳарбӣ дар мавриди бурдан ба сарбозӣ баҳс кард, ки ӯ омӯзгор аст ва набояд “облава” шавад. Худаш хоҳиши ба хидмат рафтанро надошт, вале дар охир бурданд. Аз мактаб ҳуҷҷат пешниҳод кардем, баъди тафтиши он гуфтанд, ки инҳо нодуруст ҳастанд ва бояд аз нав омода карда шаванд. Дубора низ ҳуҷҷат пешниҳод кардем, вале натиҷа надод.”, -гуфт бародари Саидшоҳ.

Ин ҳам дар ҳолест, ки Рисқинисо Муҳтоҷова, роҳбари муассисаи рақами 39 мегӯяд, Саидшоҳ пурра дар муассиса фаъолият намекард. Ҳамагӣ 10 соати дарсӣ дошт.

“Мушкили норасоии кадр дар муассиса вуҷуд надорад. Соати дарсии Саидшоҳ Асроров кам буд, барои ҳамин ӯро ба хидмат бурданд”, – мегӯяд Муҳтоҷова.
Исмоил Шарипов. Акс аз CABAR.asia

Исмоил Шарипов, ҳуқуқшиноси Кумитаи иттифоқи кормандони соҳаи маорифи вилояти Хатлон гуфт, ки тибқи модаи 53-и Қонуну Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи маориф имтиёзҳо пешбинӣ шудааст. Дар банди аввали ин қонун омадааст, ки даъвати омӯзгороне, ки дар деҳот фаъолият мекунанд, ба таъхир гузошта шавад.

Яъне дар сурати нарасидани омӯзгор дар муассисаҳо даъвати онҳо ба хидмати ҳарбӣ аз рӯи қонун нест. Вале бояд зикр кард, ки дар ҳолати кам будани як воҳиди корӣ, ки 18 соати дарсиро дар бар мегирад, инчунин ғайри ихтисос фаъолият кардани онҳо ба сарбозӣ бурда мешавад.

Марҷона Асророва, ҳамсари Саидшоҳ иддао кард, ки дар сурати ба вуҷуд омадани мушкиле то ҳол масъулони ҳукумати маҳаллӣ дар ҳаллу фаслӣ он дахолат мекунанд.

Дилафрӯз Шукруллозода, муовини раиси ҳукумати ноҳияи Кӯшониён дар суҳбат ба Cabar.asia гуфт, ки Саидшоҳро бо пешниҳоди Президент оиладор карданд. Марҷона ҳамсари Саидшоҳро низ баъди издивоҷаш дар бунгоҳи тиббии деҳа ба кор таъмин намуданд. Ба гуфти Дилафрӯз Шукруллозода баромади Саидшоҳ Асроров дар рӯ ба рӯ бо Президент пешниҳоди ӯ будааст.

Мактабе, ки Саидшоҳ Асроров кор мекард. Акс аз CABAR.asia

“Саидшоҳ Асроров хеле ҷавони болаёқат ва донишманд аст. Дар ҳизби халқӣ демократӣ кор мекард, вале муаллим буданашро намедонам. Аслан намедонам, ки чаро ба хидмати ҳарбӣ рафтааст, вале фикр мекунам, ки бо хоҳиши худаш рафтааст.”, иброз дошт Дилафрӯз Шукруллозода.

Комисариати ҳарбии ноҳияи: Шикоят нест!

Аз Комисариати ҳарбии ноҳияи Кӯшониён хабар доданд, ки дар ноҳия ҳолати иҷборӣ бурдани ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ сабт нашудаст, ягон падару модар низ шикоят накардаанд. Маълум нест, ки ӯ ихтиёрӣ ба сарбозӣ рафтааст ё на, вале наздиконаш мегӯянд, ки ба хонаводаи онҳо ягон даъватнома аз ҷониби комисариати ҳарбӣ наомадааст.

Дар ҳоле, ки мақомот иҷборӣ ё “облава” кардани ҷавононро ба сарбозӣ рад мекунанд, вале чандин ҳолати иҷборӣ бурдани ҷавонон, хусусан омӯзгорон расонаӣ шудааст.

Соли 2017 омӯзгоре аз ноҳияи Вахши вилояти Хатлон ба сарбозӣ бурда шуд, ки ду нафар масъули комисариати ҳарбии ноҳия барои ҷалби маҷбурии ӯ муҷозот шуда, аз кор озод шуданд. Мақомот расман омори чунин ҳолатҳоро зикр намекунад.

Абдурашид Юсуфзода, сардори Прокуратури ҳарбии гарнизони вилояти Хатлон оид ба бурдани ҷавонон ба сарбозӣ зиёд шарҳ надод, вале гуфт, ки якчанд ҳолати ғайриқонунӣ бурдани ҷавонон аз сӯӣ мақомот сабт шудааст, ки нисбати онҳо дар асоси қонунҳои амалкунандаи давлат чораҳо андешида шудааст.


Ин мавод дар доираи тарҳи «Giving Voice, Driving Change — from the Borderland to the Steppes Project», ки бо кумаки молии Вазорати хориҷаи Норвегия иҷро мешавад, навишта шудааст. Назароти дарҷшуда дар ин матлаб баёнгари дидгоҳи хоси расона ва ё сарпарасти ин тарҳ нест.

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report

The following text will be sent to our editors: