© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Мақомоти Тоҷикистон: марди солхӯрда аз пневмония даргузашт, на аз вируси короно

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд хабарҳои нигаронкунанда дар бораи кашфи нахустин мавриди олудагӣ ба вируси короно дар шимоли ин кишвар ҳақиқат надорад.


Ба саҳифаи мо дар Фейсбук обуна шавед!


Гузориши радиои «Озодӣ» дар бораи баста шудани бемористони марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов ва карантин шудани шуморе аз кормандони он пас аз марги бемори солхӯрда Ҳабибулло Шодиев ва ҳадсу гумонҳо дар бораи олудагии ӯ ба вируси короно ба вокунишҳои зиёде дар шабакаҳои иҷтимоъӣ доман зад.

Бемористони марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов. Акс аз: CABAR.asia
Бемористони марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов. Акс аз: CABAR.asia

Дар ин гузориш, ки рӯзи 5 апрел нашр шуд, омада буд, ки 11 корманди ин бемористон, аз ҷумла муовини сарпизишк Алишер Абдукаримов, ки дар шабакаҳо чун сардухтур муаррифӣ шуда буд, дар қарантин қарор дода шудаанд.

Дар айни ҳол, рӯзи 6 апрел мақомоти маҳаллии Вазорати беҳдошт дар вилояти Суғд зимни баргузории як нишасти вижаи матбуотӣ ин хабарро рад карданд.

Маъруф Ҳоҷибоев (дар васат) дар нишасти хабарии рӯзи 6 апрел. Акс аз: CABAR.asia
Маъруф Ҳоҷибоев (дар васат) дар нишасти хабарии рӯзи 6 апрел. Акс аз: CABAR.asia

Маъруф Ҳоҷибоев, муовини сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд, эълом кард, ки марги Ҳабибулло Шодиеви 60-сола аз бемории пневмония ба вуқуъ пайвастааст, на аз вируси короно.

Вай ҳамчунин изҳор дошт, ки пас аз даргузашти Шодиев 13 корманди ин бемористон, аз ҷумла муовини сарпизишк, ба бемористони бемориҳои сироятӣ дар шаҳри Хуҷанд интиқол дода шудаанд.

Ҳоҷибоев гуфт: «Ҳоло онҳо дар карантин ҳастанд, ҳамаашон барои ҷилавгирӣ аз олудагии эҳтимолӣ ба вируси короно озмоиш шуданд. Натиҷаи озмоиши ҳамаи онҳо манфӣ аст, дар ҳеч кадомашон асаре аз вируси короно кашф нашуд, саломатияшон хуб аст.»

Вай афзуд, ки карантини 13 нафар аз кормандон ба муолиҷаи зукоми мавсимӣ рабт дорад, ки дар ин фасли сол ҳама ба он гирифтор мешаванд. Ин ба сирояти эҳтимолии короно рабте надорад.

«Ҳамаи мо медонем, ки бемориҳои мавсимӣ вуҷуд дорад. Агар як нафар дар хонавода гирифтори зуком шавад, табиист, ки атрофиён ҳам мумкин аст олуда шаванд. Бар асоси барномаи пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, сокиноне, ки барои дармони зуком муроҷиат мекунанд, дар карантин қарор дода мешаванд».

Ҳоҷибоев гуфт, ки ҳоло 1133 нафар дар муассисаҳои беҳдоштии вилояти Суғд дар карантин ҳастанд. Инҳо касоне ҳастанд, ки тоза аз кишварҳои хориҷӣ баргаштаанд.

То рӯзи 6 апрел баъд аз анҷоми 14 рӯзи карантин 1547 нафар аз бемористонҳои вилоят мураххас шудаанд.

Вазорати тандурустӣ ва таъмини иҷтимоии Тоҷикистон эълом кард, ки то имрӯз ҳеч мавриди олудагӣ ба вируси короно ё бемории Ковид-19 дар қаламрави ин кишвар сабт нашудааст.

Муовини сарпизишк: «Ман солим ҳастам!»

Алишер Абдукаримов, муовини сарпизишки Бемористони марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов дар гуфтугӯ бо CABAR.asia хабари олуда шуданаш ба вируси короноро рад кард.

Вай гуфт: «Дар интернет дар бораи ман ҳар гуна овозаҳо паҳн шудааст, ки бовар накунед. Саломатии ман хуб аст, ҳеч мушкиле надорам».

Ба гуфтаи вай, натиҷаи озмоишҳои ӯ ва ҳамкоронаш ба Душанбе ирсол шудааст, вале дар онҷо низ мутахассисон ҳеч нишонае аз олудагӣ ба вируси короноро пайдо накардаанд.

Алишер Абдукаримов изҳор дошт, ки Ҳабибулло Шодиев рӯзи 28 март бо ҳарорати 36-38 дараҷа, нафаскашии душвор ва илтиҳоби шуш дар бемористон бистарӣ шудааст. Ва рӯзи 1 апрел дар асари бемории пневмония дар бемористон фавт кардааст.

Дар ҳамин ҳол, Рустамҷон Бурибоев, муовини сарпизишки Бемористони бемориҳои сироятӣ дар шаҳри Хуҷанд, ба CABAR.asia хабар дод, ки вазъияти 13 корманди Бемористони марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов дар ин бемористон қаноатбахш аст.

Пешгирӣ аз эҳтимоли олудагӣ ба вируси куруно

Ба гуфтаи намояндагони беҳдошти вилояти Суғд, ҳоло дар ин минтақа шаш бемористон барои карантини эҳтимолӣ омода карда шудаанд. Инҳо иборатанд аз Бемористони бемориҳои сироятии шаҳри Хуҷанд, Маркази тавонбахшии беморони қалб, Маркази тавонбахшии маълулон ва ҷонбозони Ҷанги Ҷаҳонии Дувум, Бемористони амрози муқорибатӣ ва пӯст, Бемористони Ҳайдар Усмонов, Бемористони вилоятии рақами 3 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.

Тибқи барномаи мақомоти маҳаллӣ, зоишгоҳи шаҳри Хуҷанд ҳам, ки баста аст, ба бемористон ё муассисаи дармонӣ табдил дода хоҳад шуд.

Маъруф Ҳоҷибоев гуфт: «Бахшҳои уфунии 11 бемористон дар шаҳру ноҳияҳоро ҳам барои карантин омода кардем ва муассисаҳои маҳаллии тандурустӣ ба маҳалли карантин табдил дода шуданд».

Вай итминон дод, ки Бемористони бемориҳои сироятии шаҳри Хуҷанд бо зарфияти 170 нафар барои карантин омода аст. Гуфта мешавад 73 нафар дар ин бемористон ҳоло таҳти карантин қарор доранд.

Бемористони бемориҳои сироятии  шаҳри Хуҷанд. Акс аз: CABAR.asia
Бемористони бемориҳои сироятии  шаҳри Хуҷанд. Акс аз: CABAR.asia

Масъулони идораи тандурустии вилояти Суғд мегӯянд, ки то имрӯз беш аз 150 мавриди озмоиши вируси короно анҷом шудааст, ки натиҷаи ҳамаи ин маворид манфӣ аст. Озмоишҳо дар Душанбе анҷом мешавад ва натиҷаи он дар тӯли рӯз эълом мешавад.

Вазъият дар ноҳияи Расулов: 655 нафар дар қарантине

Дар ҳамин ҳол, сохтмони Бемористони марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов аз сӯи кормандони ниҳодҳои интизомӣ иҳота шуда ва онҳо ба касе иҷозаи вурудро намедиҳанд. Ба гуфтаи онҳо, ин бемористон таҳти карантин қарор дорад.

Бахтиёр Султонзода. Акс аз: CABAR.asia
Бахтиёр Султонзода. Акс аз: CABAR.asia

Як сокини ноҳия, ки худро Сотихон муаррифӣ кард, гуфт, ки духтараш дар ин бемористон парастор аст ва ҳоло дар карантин қарор дорад.

Вай афзуд: «Аз рӯзи шанбе духтарам дар карантин аст, ман ҳар рӯз барояш хӯрок мебарам. Иҷоза намедиҳанд бо ӯ мулоқот кунам. Ҳарчи меорам, ба дасти посбонҳо ба духтарам мефиристам».

Бахтиёр Султонзода, раиси бахши рушди иҷтимоӣ ва равобити умумии ҳукумати ноҳия, гуфт, ки дар озмоишҳо ҳеч нишонае аз олудагӣ ба вируси короно дар ин бемористон пайдо нашудааст.

Ба гуфтаи ӯ, баъд аз марги Ҳабибулло Шодиев, ҳамаи касоне, ки он замон дар бемористон буданд, карантин шудаанд.

Султонзода афзуд: «То рӯзи 6 апрел, дар маҷмӯъ 655 нафар таҳти карантин қарор гирифтанд, ки аз онҳо фақат 342 тан дар бемористони марказӣ буда, 166 нафарашон пизишкон ҳастанд».

Ба гуфтаи вай, вазъияти ноҳия ҳоло муътадил аст ва тибқи барнома баъд аз 14 рӯз фаъолияти бемористон ба ҳолати одӣ бармегардад.

Оё пневмония ба вируси короно рабте дорад?

Пизишкон мегӯянд, яке аз сабабҳои аслии паҳн шудани овозаҳо дар бораи вируси короно – ноогаҳӣ аз тафовутҳои пневмония бо бемории Ковид-19 аст. Аҳрулло Дӯстматов, пизишки дараҷаи олии Бемористони рақами яки шаҳри Хуҷанд, гуфт, ки бемории пневмания аз уфунати микробӣ  сар мезанад.

Вай афзуд: «Ҳамаи микроорганизмҳо метавонанд боиси сар задани  бемории пневмония шаванд. Вирусҳо низ омили ин беморӣ ҳастанд. Аз лаҳзаи пайдо шудани микроорганизмҳо дар бадани инсон то зоҳир шудани аввалин нишонаҳои беморӣ 3-4 рӯз тӯл мекашад».

Ба гуфтаи вай, дар бештари маворид пневмония пас аз гирифторӣ ба зуком ба вуҷуд меояд.

Ахрулло Дӯстматов. Акс аз: CABAR.asia
Ахрулло Дӯстматов. Акс аз: CABAR.asia

Дӯстматов афзуд: «Ба таври куллӣ, пневмония ду навъ аст: кӯчак ва ҷузъӣ. Пневмонияи  ҷузъӣ маъмулан дар бемороне мушоҳида мешавад, ки бемориҳои дигаре низ доранд, монанди бронхити музмин, тангии нафас, диабети қанд, ва ҳатто мумкин аст  ҳангоми бордории занон ҳам пайдо шавад. Пневмония ба таври ногаҳонӣ шурӯъ мешавад ва аввалин нишонаҳои он иборат аст аз хастагӣ, сулфаи хушк, сиёҳсулфа(коклюш), хориши роҳҳои нафас, нафаскашии кӯтоҳ бо тапиши қалб».

Ба гуфтаи ӯ, яке аз нишонаҳои аслии пневмония тангии нафас аст.

Вай афзуд: «Ҳатто содатарин вирусҳо метавонанд боиси сар задани зуком шаванд, ки он омили аслии пневмония аст. Дар сурати муолиҷа накардан, оризаҳое дар шуш пайдо мешаванд. Аммо дар мавриди вируси короно, маншаи беморӣ инсон аст».

 

Ин пизишки маҳаллӣ мегӯяд, ки яке аз сабабҳои аслии олудагӣ ба вируси короно риоят накардани покӣ ва назофати шахсӣ аст: баъзеҳо дастонашонро намешӯянд, бо афроди олуда дар тамос ҳастанд, дар ҷойҳое мегарданд, ки эҳтимоли уфунат зиёд аст.

Ба гуфтаи Дӯстматов, тақрибан ними бемороне, ки ба бахши бемориҳои шуш муроҷиат мекунанд, мубтало ба пневмония ташхис дода мешаванд.

Вай гуфт: «Ҳар сол мо беш аз 1000 дармонҷӯро дар ин бемористон пазироӣ мекунем, ки наздики 50 дарсади онҳо аз пневмония ранҷ мебаранд. Аз ҳар ҳашт бемор панҷ нафар аз пневмания мемиранд».


Ин матлаб дар чорчӯби тарҳи IWPR «Ҳамовозӣ барои дигарсозӣаз ҳошия то бодия» нивишта шудааст.

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report
The following text will be sent to our editors: