© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

“Корё сарам”. Ҷамъияти куриёиҳо дар Тоҷикистон чӣ ҳолу ҳавое дорад?

 Ҷамъияти куриёиҳои шӯравӣ – “корё сарам” солҳои  90-уми асри сипаришуда 14 ҳазор нафар рақам зада мешуд. Ҳоло бошад, теъдоди куриёиҳо ҳудуди ҳазор нафар гуфта мешавад. CABAR.asia аз зиндагии онҳо дар Тоҷикистон қисса мекунад.


Ба саҳифаи мо дар Фейсбук обуна шавед!


Таърихи зуҳури куриёиҳо дар Тоҷикистон ба солҳои 50-и асри гузашта бармегардад. Онҳо аз қаламрави Узбекистон ва Қазоқистон ба кишвари мо кӯч бастанд. Аммо ба ин ду кишвари Осиёи Марказӣ куриёиҳо соли 1937, дар пайи ихроҷи иҷборӣ аз Шарқи Дур оварда шуданд.    

Виктор Ким. Акс аз: CABAR.asia
Виктор Ким. Акс аз: CABAR.asia

Ба гуфтаи Виктор Ким, раҳбари Анҷумани куриёиҳои шӯравии Тоҷикистон, раванди ихроҷи куриёиҳо аз Шарқи Дур пас аз сард шудани муносибатҳо бо Ҷопон шурӯъ гардид. Баҳона ин буд, ки истихбороти Ҷопон куриёиҳоро ба ҳадафҳои худ истифода набарад. Дар натиҷа 172 ҳазор куриёӣ ба таври оҷил аз Шарқи Дур депорт шуд.   

Асосан афроди ихроҷшуда ба Қазоқистону Узбекистон омаданд. Шароити муҳоҷират хеле сангин буд ва як гуруҳ одамон тоқат наёварда, ба ҳалокат расиданд. Куриёиҳо дар ин ду кишвар маскун гардиданд ва то соли 1954 ҳаққи тарк намудани ҷойи нави зисташонро надоштанд.  

“Пас аз марги Сталин ин мамнуият бардо шта шуд ва авохири солҳои 50 ва аввали солҳои 60-ум куриёиҳо бо мақсади пайдо кардани зиндагии беҳтар ба кишварҳои дигар рафтанд. Ҳамин тавр як қисмати онҳо ба Тоҷикистон омад”, – қисса мекунад Виктор Ким.

Дар ҷамъияти куриёиҳо афроде ҳам ҳастанд, ки ба Тоҷикистон қабл аз кӯчбандиҳои оммавӣ омадаанд. Инҳо хатмкардаҳои муассисаҳои олии таълимии марказӣ, мутахассисони ҷавоне буданд, ки асосан аз шаҳрҳои Маскав ва Ленинград омада буданд. Онҳо тақрибан дар рушди тамоми бахшҳои ҳоҷагии халқ, тиб, илм ва маориф саҳми худро гузоштаанд.  

Яке аз онҳо Тхя Дюн Ли мебошад, ки дар аҳди шӯравӣ бо номи русии Роман Александрович дар саргаҳи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон (ДТТ) меистод. Писари ӯ – Игор Ли ҳам дар тарбияи кадрҳои илмӣ-техникии Тоҷикистон саҳми бузурге гузоштааст.  

Тхя Дюн Ли (аз чап дар қатори аввал) дар Донишкадаи техникӣ. Акс аз бойгонии Игор Ли
Тхя Дюн Ли (аз чап дар қатори аввал) дар Донишкадаи техникӣ. Акс аз бойгонии Игор Ли

Ба гуфтаи омӯзгорони ДТТ бо ибтикори Игор Ли ҳанӯз авохири солҳои 70-ум дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон факултаи нав – низомҳои идоракунии худкор таъсис дода шуда, мутахассисони зиёдеро омода кард. Ин факулта дар Осиёи Марказӣ ягона буд. 

Миёни дигар чеҳраҳои саршиноси ҷамъияти куриёиҳо мешавад аз Наталя Хван – сардухтури тавваллудхонаи ҷумҳуриявӣ, Александр Пак – сардори Шабакаҳои барқи Душанбе, Николай Ли – сардори раёсати тафтишотии Додситонии кулл, бародари ӯ Тайсун Ли – директори корхонаи “Тоҷикгидроагрегат”, Владимир Шин – раиси кумитаи стандартизатсия, Нина Пак – бунёдгузор ва сардабири яке аз аввалин нашрияҳои хусусӣ – “Бизнес и Политика” ном бурд.   

Игор Ли. Акс аз CABAR.asia
Игор Ли. Акс аз CABAR.asia

Оғози солҳои 60-уми асри гузашта дар ноҳияи Фархори Тоҷикистон аввалин муҳоҷирони куриёӣ хоҷагии шолипарварии “Сурхоб”-ро асос гузоштанд. Раҳбари ин хоҷагӣ – Петр Григоревич Ким барои нахустин бор дар қаламрави кишвар технологияи аз як замин ду маротиба ҳосил бардоштанро таҷриба кард: тирамоҳ гандум кишта, баҳор онро ғун дошт ва шолӣ корид. Ӯ аввалин шолипарвар дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад.

Баъдан, таҷрибаи куриёиҳоро кишоварзони маҳаллӣ низ мавриди истифода қарор доданд.

Куриёиҳо барои беҳтар намудани зиндагии худ бештар заҳмат мекашиданд – бо усули вахтавӣ, ки бо забони куриёӣ “кобончҷӣ” гуфта мешавад, барои кишти пиёз ва маҳсулоти дигари полизӣ бо хонаводаҳояшон ба кишварҳои дигари Иттиҳоди Шӯравӣ рафта, пас аз фурӯши маҳсулот дубора бармегаштанд.    

Ба ибораи дигар, онҳо дар шароити сотсиализми шӯравӣ ба гунае ҳодиҳои иқтисоди бозорӣ буданд.

Ҳоло дар деҳкадаи Фархор танҳо як намояндаи ҷамъияти куриёӣ – Лариса Паки 65-сола зиндагӣ мекунад. Ӯ ба як марди узбек ба шавҳар баромада, ислом овардааст. Лариса ба ҷамъияти маҳаллӣ унс гирифта, аз гузаштаи худ танҳо насабро ба ёдгор гузоштааст.   

Кӯчбандии оммавӣ…

Бар асоси нуфусшумории соли 1989 ҷамъияти куриёиҳо дар Тоҷикистон 14300 нафар ҳисоб шудааст (танҳо дар шаҳри Душанбе наздики 7 ҳазор куриёӣ ба сар мебурдааст). Аммо дар пайи нуфусшумории ахир, ки соли 2010 анҷом шуд, танҳо 650 нафар худро куриёӣ гуфтаанд. Вале Виктор Ким бар ин аст, ки теъдоди куриёиҳо дар Тоҷикистон марзи 1000 нафарро убур мекунад.

Муҳоҷирати оммавии куриёиҳо, монанди намояндагони дигар аққалиятҳои миллӣ дар Тоҷикистон аввалҳои солҳои 90, дар оғози ҷанги шаҳрвандӣ ба вуқӯъ пайваст.

Қаблан дар Душанбе, дар маҳаллаи “Якум Советский” теъдоди куриёиҳо нисбатан бештар буд. Ҷамъияти куриёиҳо нашрияе ҳам бо номи “Корё илбо” доштанд, ки бо теъдоди чизе бештар аз ҳазор нусха ба нашр мерасид.       

Соли 1992 бо фармоиши тоҷирони куриёӣ коргардон Майрам Юсупова филми мустанади “Корё сарам”-ро таҳия кард, ки аз кӯчбандии оммавии куриёиҳои фирорӣ аз кишвар қисса мекард.

Акс аз филми “Коре сарам”. Аз бойгонии Владимир Ким
Акс аз филми “Коре сарам”. Аз бойгонии Владимир Ким

“Корё сарам” дар тарҷумаи таҳтуллафзии тоҷикӣ “инсони куриёӣ” мешавад. Ин маънии онро дорад, ки куриёиҳои инҷо на аҳли Куриёи Ҷанубӣ ё Шимолӣ (на часон сарам ва на хангук сарам), балки маҳз аз қавмеанд, ки дар Шарқи Дур арзи вуҷуд намуда, пасон ба Осиёи Марказӣ кӯчидаанд (яъне корё сарам). 

“Ин ҷамъияте аст, ки дар шароити инзивоъ ба авҷи тавсеаи худ расида, ҷамоаи нави субэтникии қавми куриёӣ маҳсуб мешавад, ки дар давраи тӯлонии таърих саҳми муайяни худро дар рушди кишварҳое, ки зиндагии кардаанд, гузоштааст”,-мегӯяд сиёсатшинос Сим Хон Ёнг аз Куриё.

Владимир Шин. Акс аз CABAR.asia
Владимир Шин. Акс аз CABAR.asia

Миёни онҳое ки дар Тоҷикистон мондаанд, метавон аз фориғутаҳсили Омӯзишгоҳи олии техникии Маскав ба номи Н.Э. Бауман – Виталий Владимирович Шин ном бурд, ки дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дарс мегӯяд. Бо ибтикори ӯ дар як қатор бахшҳои иқтисодии Тоҷикистон тағйиротҳои навоваронае ба вуқӯъ пайваст.

Барои мисол, таъсиси низоми биллингӣ дар шабакаҳои телефони шаҳрии Душанбе, ки имкони автоматикунонии низоми идорасозиро фароҳам овард. Инчунин, ҳисоби каторҳои боркаш тавассути таъминоти барномавӣ дар компютерҳо, ки маблағи идораи роҳи оҳанро даҳҳо маротиба сарфа кард. Ба майдон омадани нахустин корти байналмилалии пардохтии “Visa” дар “Тоҷиксодиротбонк” ҳам хизмати Шин мебошад. 

Мақомоти Куриёи Ҷанубӣ “корё сарам”-ро ҳамватанони худ эътироф намуда, барои онҳо як қатор имтиёзҳо ҷорӣ кардааст. Аз ҷумла, тибқи қонуни ин кишвар куриёиҳои шӯравӣ метавонанд давоми  5 сол бидуни раводид дар Куриё зиндагӣ ва кор кунанд. Ба гуфтаи Виктор Ким ин қонун имкон дод, ки куриёиҳои муқими Тоҷикистон ҳамроҳи хонаводаҳои худ дар Куриёи Ҷанубӣ зиндагӣ ихтиёр кунанд.  

“Як қисми куриёиҳои ҷавон ба Русия мераванд, ҷое ки муҳити русӣ аст, зеро инҷо ба кори расмӣ машғул шудан душвор мебошад. Бар илова, мешавад аз ҷавонони зиёди муосире ном бурд, ки забони тоҷикиро хуб балад ҳастанд, инҷо дӯстони зиёде ҳам доранд ва ба ҳеч куҷо ҳам рафтанӣ нестанд”,-мегӯяд раҳбари ҷамъияти куриёиҳо.   

Танҳо теъдоди каме аз “корё сарам” ҳоло забони модариашонро баладанд, зеро онро аз бузургсолон ба таври шифоҳӣ аз худ кардаанд. Гуфтанист, забони куриёиҳои шӯравӣ дар асоси лаҳҷаи шимолу шарқӣ, ки шеваи хамгёни Куриёи Шимолӣ аст, ба вуҷуд омадааст. 

Донишҷӯёни тоҷик дар ҷашни рӯзи Ҷумҳурии Куриё дар Душанбе. Акс аз CABAR.asia
Донишҷӯёни тоҷик дар ҷашни рӯзи Ҷумҳурии Куриё дар Душанбе. Акс аз CABAR.asia

Куриёиҳо дар гузашта аз адёни суннатии ватани таърихии худ – буддизм, оини конфутсӣ, даосизм пайравӣ мекарданд. Аммо ба русҳо муяссар шуд, онҳоро ба православия ҷалб кунанд, баъзан ҳатто бо зури нерӯ ин корро анҷом доданд. Аммо ба гуфтаи Виктор Ким бобоҳои онҳо ихтиёрӣ ба православия гузаштаанд. Насли миёнаи куриёиҳо, ки дар Шӯравӣ ба дунё омадаанд, аксаран атеист ҳастанд. Солҳои 90-ум, вақте дар Тоҷикистон аввалин таблиғгарони протестантии Куриёи Ҷанубӣ фаъол шудаву калисои “Сонмин Сунбогим” ифтитоҳ шуд, бархе куриёиҳо ба он пайвастанд.     

Тоҷикистон бар пояи меъёрҳои байналмилалӣ ва конвенсияҳо дар бораи таъмини ҳуқуқи ашхоси мутаалиқ ба аққалиятҳои миллӣ, уҳдадор шудааст, ба намояндагони аққалиятҳои миллӣ озодии андеша, ҳифз ва рушди фарҳангро дар тамоми ҷанбаҳои он таъмин созад. 

“Ба намояндагони аққалиятҳои миллӣ дар Тоҷикистон дар ҳуқуқи якҷо бо дигар аъзои ҳамон гуруҳ истифода аз фарҳанги худ, пайравӣ аз дину оини худ ва истифода аз забони модариашон низ монеае эҷод кардан мумкин нест”, – тазаккур медиҳад пажуҳишгари тоҷик Имомиддин Раҷабов. 

Куриёиҳои Тоҷикистон анъанаҳои худро ҳифз кардаанд. Ба гуфтаи намояндагони ҷамъияти куриёиҳо, онҳо се ҷашни аслӣ доранд, ки таҷлил аз онҳо барои ҳама ҳатмӣ аст. 5 апрел-рӯзи волидон. Дар ин рӯз кӯдакон сари гӯри гузаштаҳои худ рафта, русуми деса – изҳори эҳтирому муҳаббат ба онҳоро анҷом медиҳанд. 

Маросими дуввуми хеле муҳим “тол” ном дошта, солгарди таваллуди кӯдак мебошад. Дар ин рӯз дар назди ӯ дар мизи пастакаки “кудури” ашёи мухталиф мегузоранд. Гуфта мешавад, ҳар ашёеро, ки кӯдак аввалин шуда интихоб кард, шуғли ояндаи вайро маънидод мекунад. Пас аз маросим пайвандон ба кӯдак пул медиҳанд. Ҷашни саввуми ҳатмӣ – “хангеби” ва ё “хвангаб”, яъне ҷашнгирии 60-солагии падар ё модар мебошад.  

“Ин маросими хеле муҳим аст,-шарҳ медиҳад Виталий Шин,-зеро дар гузашта бар асари ҳолатҳои мухталиф кам касоне то сини 60-солагӣ мерасиданд. Дар мо ҳамин хел расм аст, ки ин ҷашнро кӯдакон созмон медиҳанд”. 

Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки мақоми вижаеро дар хонаводаи суннатии куриёӣ зан ишғол мекунад. Маҳз зан оини хонаводаро муқаррар месозад, ки он барқарор нигаҳ дошта шуда, аз насл ба насл мегузарад.

“Сабзии куриёӣ”, ки дар Куриё онро намедонанд

Дар шароити нави зист бо далели адами як қатор маҳсулот ғизои анъанавии куриёиҳо низ тағйир хӯрд. Дар натиҷа ғизо ва хуришҳое ба вуҷуд омад, ки дар худи Куриё дар бораи он нашунида ва намедонанд. Монанди хуриши сабзӣ – “сабзӣ-чхе”, ки онро куриёиҳои Осиёи Миёна бо назардошти сарфакорона ва дастрас буданаш ихтироъ кардаанд. 

Духтарони куриёӣ дар бозори “Меҳргон”-и Душанбе. Акс аз CABAR.asia
Духтарони куриёӣ дар бозори “Меҳргон”-и Душанбе. Акс аз CABAR.asia

Қаблан дар ҳар бозоре мешуд, куриёибонуеро вохӯрд, ки хуриш савдо мекард. Ҳоло ҷойи онҳоро тоҷикон гирифтаанд, зеро ба иқрори як шинос, бозор қоидаҳои нонавиштаи худро дорад: ҳаққи иҷора барои намояндаҳои миллатҳои дигар баландтар аст. 

Гуфтанист, ин мушкил на танҳо ба куриёиҳои этникӣ, балки ба дигар  намояндагони аққалиятҳои миллӣ ҳам хос аст. Омодасозии хуришҳои куриёӣ заҳмати сангинеро талаб мекунад ва табиист ки арзиши он болотар аст, аммо одамони оддӣ ба хуришҳои тақаллубӣ бартарӣ медиҳанд, зеро арзонтар ҳастанд. 

Дар пайи тарки тиҷорати кӯчагӣ, ҷавонони куриёиро акнун мешавад дар самти тамоман дигаре дид – онҳо дар ширкатҳои хусусӣ ва байналмилалӣ ба сифати менеҷер, маъмур ё барномасоз кор мекунанд.  

Дар мисоли Виктор Кан, муовини сарвари Федератсияи таэквондои Тоҷикистон, Ксения Ким – сарвари HR-департамент дар намояндагии Coca Cola дар Тоҷикистон, Владимир Ким ва ҳамсари ӯ Людмила Ан, ки тарабхонаи хусусии “Кая”-ро доранд ва дигарон.   

Кукси. Хуроки маъмули куриёӣ. Акс аз CABAR.asia
Кукси. Хуроки маъмули куриёӣ. Акс аз CABAR.asia

Он чӣ ба номҳои русӣ ва насабҳои куриёӣ рабт дорад, бояд гуфта шавад, ки насаб дар зиндагии куриёиҳо нақши муҳим дорад – он аз авлод дарак медиҳад. Бояд гуфт, ки ба куриёиҳо пас аз дарёфти шаҳрвандии Русия номҳои русӣ дода шуд, зеро талаффузи номҳои аслии онҳо хеле душвор менамуд.   

“Ҳеч гузинаи тағйири насабҳои куриёӣ мақбул нест. Ном ва номи падарро мешавад ба шакли русӣ тағйир дод, аммо насаб ин чизи муқаддас аст, зеро он авлодро муайян мекунад,-шарҳ медиҳад Виктор Ким. Дар ҳамин ҳол, насабҳо метавонанд якхела бошанду авлодҳо гуногун”.

Барои куриёиҳо, мисли тоҷикон эҳтироми бузургон, муҳаббату ғамхории пайвандон, муносибати нек бо ҳамсояҳо хос аст. Аммо онҳо бо эҳтиёткории худ фарқ мекунанд: ҳеч вақт гапи зиёдатӣ намезананд ва дар муҳокима ва муносибат хеле дақиқкоранд.   

Ба гуфтаи сарвари ҷамъият ҳоло замоне шуда, ки набояд одам аз худ дарак бидиҳад.

“Мо аҳмақ нестем, барои мо муҳим таблиғ кардани худ нест. Фурутанӣ сифати хуб барои онҳое аст, ки дар кишвари дигар зиндагӣ мекунанд”,-андеша дорад ӯ. 

“Вақте ман дар Тоҷикистон ҳастам, пас ман куриёиям. Берун аз марзҳои он худро тоҷикистонӣ медонам. Агар дар ин кишвар зиндагӣ мекунӣ, бояд онро дӯст дошт ва ватандӯст буд ва агар муҳаббат нест, пас чаро бояд онҷо зиндагӣ кунӣ?”,-файласуфона андешаронӣ мекунад Ким. 


Ин мавод дар доираи лоиҳаи Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) «Муколамаи озод барои рушди субот дар Осиёи Марказӣ» омода шудааст.

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report

The following text will be sent to our editors: