© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Коронавирус музокироти Тоҷикистону Қирғизистонро дар масоили марзӣ мутаваққиф кард

Дар пайи афзоиши бархӯрд ва муноқишаҳо, сокинони маҳаллии ду кишвар дар ҳалли масоили баҳсбарангези марбут ба марз аз мақомот фаъолияти нисбатан пурсамар ва муассирро талаб доранд.


Ба канали мо дар  Telegram обуна шавед!


Марзи муштараки Қирғизистону Тоҷикистон. Акс аз  azattyk.org
Марзи муштараки Қирғизистону Тоҷикистон. Акс аз  azattyk.org

Шурӯъ аз соли 2020 ҳайатҳои ҳукуматии ду кишвар дар масоили делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Қирғизистону Тоҷикистон ҳамагӣ ду мулоқот анҷом додааст. Яке дар моҳи январ ва дуввумӣ дар моҳи феврал.Мебоист то 1 марти соли равон гуруҳҳои кории топографӣ намунаҳои мувофиқашудаи табодули мутақобилаи қисматҳои замини баробараҳамият миёни Қирғизистон ва Тоҷикистонро таҳия мекарданд. Дар ин бора қаблан CABAR.asia хабар дода буд.

Қирғизистону Тоҷикистон беш аз 970 километр марзи муштарак доранд, ки зиёда аз 450 километри он ҳанӯз муайян ва аломатгузорӣ нашудааст.

Бино ба иттилои бархе манобеъ, мебоист ҷонибҳо дар моҳи март музокиротро идома медоданд. Аммо тавре аз ҳукумати Қирғизистон хабар доданд, дар пайи пандемияи COVID-19 музокирот баргузор нашудааст.

11 феврали соли равон муовини сарвазири Қирғизистон Ҷениш Разоқов, ки комиссияи байниҳукуматии аломатгузории марзи ду кишварро раҳбарӣ мекард, ба истеъфо рафт. Ӯро дар ин мақом муовини нави сарвазир Акрам Мадумаров иваз намуд.

 Оё ба нақши миёнаравии Русия зарурат ҳаст?

Дар пасманзари муноқишаҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон Маскав барои пешниҳоди “хидмати миёнаравӣ” изҳори омодагӣ кард. Вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров рӯзи 26 май пас аз ҷаласаи вазирони хориҷии кишварҳои узви СПАД дар суҳбат ба хабарнигорон гуфт:   

Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров ба Душанбе ва Бишкек “хидматҳои миёнаравӣ”-ро пешниҳод кард. Акс аз дафтари матбуоти ВКХ-и Русия
Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров ба Душанбе ва Бишкек “хидматҳои миёнаравӣ”-ро пешниҳод кард. Акс аз дафтари матбуоти ВКХ-и Русия

“Мо аз ҳампаймонони худ даъват мекунем, ки вориди гуфтугӯ шаванд ва то ҳадди аксар аз истифодаи силоҳ худдорӣ варзанд. Омодаем хидмати миёнаравии худро пешниҳод кунем. Ва бовар дорем, ки ҳар чи зудтар вазъ ором шавад, ҳамон андоза беҳтар аст”.

Аммо ҳам Душанбе ва ҳам Бишкек аз “хидмати миёнаравӣ”-и Маскав даст кашиданд.

29 май ВКХ-и Тоҷикистон ба Маскав нота фиристод, ки дар он аз ҷумла таъкид мешуд, “масъалаи тақсиму аломатгузории марзҳои давлатӣ кори дохилии кишварҳои узви СПАД аст ва танҳо бо ширкати ду ҷониб баргузор мешавад”.

Дар нота гуфта мешавад, ки “ҷалб кардани ҷониби сеюм” дар раванди гуфтугӯҳо “номатлуб” аст.

Ҷавоби дипломатҳои қирғиз ҳам манфӣ, аммо нисбатан ботамкинона буд.

“Ҷониби Қирғизистон идомаи музокироти дуҷонибаро, ки ҳадаф аз онҳо расидан ба натоиҷи ниҳойӣ мебошад, хеле муҳим мешуморад”,-гуфт дар посух ба пешниҳоди Лавров намояндаи расмии ВКХ-и Қирғизистон Улан Дийканбоев.

Нуралӣ Давлат. Акс аз ozodi.org
Нуралӣ Давлат. Акс аз ozodi.org

Назари коршиносони маҳаллӣ дар мавриди пешниҳоди Сергей Лавров якранг нест. Ба андешаи коршиноси тоҷик Нуралӣ Давлат, на дар Душанбе ва на дар Бишкек ба самимияти Маскав бовар надоранд ва бар инанд, ки Кремл манфиатҳои худро дунбол мекунад.

“Шояд дар ҳарду кишвар хавф доранд, ки бо бозӣ кардани нақши миёнарав, Русия метавонад бар ивази хостаҳои худ манфиатҳои яке аз ҷонибҳоро ҳимоя кунад. Ва ин хостаҳо метавонад суди сиёсӣ ва ё иқтисодӣ бошад”,–гуфт Нуралӣ Давлат.

Сиёсатшиноси қирғиз Арстанбек Саргалдаев муътақид аст, ки “агар Тоҷикистон пешниҳоди Лавровро қабул мекард, Қирғизистон маҷбур буд, ба кумаки Русия дар гуфтугуҳо розӣ шавад”.

“Бо нармӣ ҷавоби рад додан аз номи намояндаи расмии ВКХ [Қирғизистон] бар ин маъност ки мансабдорони баландмақом метарсанд, ки “ҳа” ё “не” бигӯянд. Дар як ҳолат онҳо худро ба ҷомеаи маданӣ муқобил мегузоранд, дар ҳолати дигар ба Русия. Фикр мекунам, ҳама инро хуб дарк мекунанд”,-андеша дорад Саргалдаев. 

Арстанбек Саргалдаев. Акс аз сахифаи шахси дар facebook.com
Арстанбек Саргалдаев. Акс аз саҳифаи шаҳси дар facebook.com

Аммо рӯзноманигор ва сиёсатшиноси тоҷик Бобоҷон Икромов бар ин аст, ки Маскав воқеан аз ҳаводиси ахир дар марзи давлатҳое, ки шарики стратегияш ҳастанд, нигарон аст.

“Ҷанг дар чунин минтақае, монанди водии Фарғона, ки эҳтимоли вуҷуди ячейкаҳои “хуфта”-и ҳаракатҳои ифротиро дорад, барои амнияти кишварҳо, аз ҷумла Русия таҳдиди ҷиддӣ ба шумор меояд. Нигаронии Маскавро мешавад маҳз ба ҳамин нукта шарҳ дод”,-гуфт Икромов.   

Ба иддаои ӯ, Маскав хидматҳои миёнаравии худро танҳо пас аз он пешниҳод кард, ки “муноқишаҳои мусаллаҳона миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон табиати мунтазамро касб намуданд”.

Чаро муноқишаҳо сар мезананд?

Ба андешаи сиёсатшинос ва рӯзноманигори тоҷик Бобоҷон Икромов тавре ҳаводиси солҳои ахир нишон медиҳад, муноқишаҳо дар марз идорашаванда ҳастанд.

“Чунин ба назар мерасад, ки муноқишаҳоро кадом як нерӯе бастакорӣ мекунанд, зеро онҳо мунтазам ва бештар дар пешорӯи рӯйдодҳои муҳим ва ё барои барҳам задани аҳду паймонҳои мушаххасе ба вуқӯъ мепайванданд”,-мегӯяд Икромов.   

Ба андешаи ӯ, агар масъалаи сулҳу субот танҳо аз ҳалли масоили минтақаҳои баҳснок ва кӯч додани кадом як қисмати аҳолии муқимӣ вобаста мебуд, пас ҷонибҳо метавонистанд онро дар муҳлати кутоҳе ҳал кунанд, на ин ки он ба ду даҳсола тӯл бикашад.

“Нерӯҳое ки барои ҳифзи вазъи ноустувор манфиатдоранд, ба ҳал шудани масоили демаркатсия ва делимитатсия роҳ намедиҳанд. Ин нерӯҳо шояд ҳатто ба пуштибонӣ аз вазъи нобасомону муташанниҷ манфиатдор бошанд”,-меафзояд вай. 

Бобоҷон Икромов. Акс аз CABAR.asia
Бобоҷон Икромов. Акс аз CABAR.asia

Сиёсатшиноси қирғиз Арстанбек Саргалдаев низ бо Икромов ҳамфикр аст. Ӯ  бар ин аст, ки маҳз нерӯҳои манфиатдор ба авзои ноустувор барои аҳдофи худ метавонанд сабаби таҳрики муноқишаҳо шаванд.   

“Моҳияти мушкилот дар марз хеле сода ва маълум аст. Дар ҳар ду ҷониб фитнагарону таҳрикдиҳандаҳое ҳастанд, ки барои манофеи худ манфиатҳои миллатро мефурӯшанд”,-мегӯяд Саргалдаев.    

Ба андешаи Икромов, ба сифати “нерӯи сеюм” метавонад ҷинояткори одие баромад кунад, на кадом як ифротиёни динӣ.  

“Нашъаҷаллобон, қоҷоқбарон ва доираҳои дигари ҷиноӣ дар замоне ки неруҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ба муноқишаҳо андармон буда, наметавонанд бо нашъаҷаллобӣ, қоҷоқ ва ҷинояткории муташаккил мубориза баранд, худро роҳату ором эҳсос мекунанд”,-таъкид мекунад ӯ.

Чӣ бояд кард, то дар марз дигар тирпаронӣ нашавад? 

Алимамад Коҷонов, ронандаи мошини боркаш буда, дар Бишкек зиндагӣ мекунад, аммо пайваста марзи Қирғизистону Тоҷикистонро убур менамояд. 

Алимамад Коҷонов. Акс аз саҳфаи facebook.com
Алимамад Коҷонов. Акс аз саҳфаи facebook.com

“Маро зарур меояд, зиёд дар роҳҳои Тоҷикистону Қирғизистон ҳаракат кунам. Баъзан тавассути роҳҳои давродавр меравам. Медонам, ки дар ҳар ду тараф шахсони зиёде ҳастанд, ки мехоҳанд марзҳо набошанд. Мақомоти давлатӣ ҳам тақрибан кор намекунанд. Ман чунин фикр дорам, чунки натиҷаеро намебинам”,-мегӯяд Коҷонов.   

Раиси шӯрои занони деҳаи Куктоши Қирғизистон Бибисолиҳа Эгамбердиева ба ин назар аст, ки бояд бештар аз ҳама бо ҷавонон кор кард. Эгамбердиева дар Дахма зиндагӣ мекунад, ки бо деҳаи Сомониёни Тоҷикистон ҳаммарз мебошад. 

“Ҳамсояҳои мо инсонҳои хеле самимӣ ҳастанд. Онҳо бо ман муносибати хуб дошта, аз рӯи эҳтиром “муаллима” мегӯянд”,-иброз медорад ӯ. 

“Дар куҷое бо кадом сабабе муноқиша сар мезанад ва он зуд паҳн мешавад. Баъзан он бо кадом як сабаби ночиз ба вуқӯъ мепайвандад. Маъмулан иштирокдорони муноқиша ҷавонон ҳастанд. Мо одамони насли калонсол ҳамдигарро мешиносем ва аҳёнан миёни мо муноқиша сар мезанад”,-таъкид мекунад Эгамбердиева.

Ба гуфтаи ӯ, ҷавонони дар даврони истиқлолият ба воя расида, “ҳамдигарро намешиносанд ва дар муҳити дигар тарбият ёфтаанд”.

Бибисолиҳа Эгамбердиева. Акс аз CABAR.asia
Бибисолиҳа Эгамбердиева. Акс аз CABAR.asia

“Онҳо агрессивӣ ҳастанд, онҳоро мешавад ба содагӣ ба амалҳои радикалӣ ҷалб сохт. Аз ин рӯ фикр мекунам, ки бояд бо онҳо кор кард. Агар ҷонибҳо воқеан ба сулҳу дӯстӣ манфиатдоранд, пас бояд дар ин бора дар хонаҳояшон, дар мактаб ва дар кӯча ҳарф зананд. Мисли солҳои қабл, ташкил кардани мулоқот ва лагерҳои муштарак, ҷашнҳо, мусобиқоти варзишӣ ба манфиат хоҳад буд”,-андеша дорад ӯ.

Нодира Авезова, сокини рустои Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркуҳи ноҳияи Исфара солҳост ки хоҷагии деҳқониро раҳбарӣ мекунад. Ӯ вакили рӯсто ва фаъоли ҷамъиятӣ мебошад. Нодира иштирокдори доимии семинарҳое мебошад, ки дар доираи лоиҳаҳои марбут ба пешгирӣ аз муноқишаҳо дар марз аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ баргузор мешаванд. Ба гуфтаи вай, ҳаводиси ахир дар марз сабаби қатъ шудани тарҳҳои зиёди байналмилалӣ шудааст.  

“Мутаассифона мақомоти маҳаллии ҳар ду ҷониб мисли пешин иқдомҳо анҷом намедиҳанд. Ин нодуруст аст. Маҳз дар доираи лоиҳаҳои созмонҳои байналмилалӣ имкони хуби гирд овардани раҳбарону фаъолони ҷамъиятҳо фароҳам меояд. Иртибот роҳи дурусти барқарор намудани сулҳ ва дӯстӣ мебошад”,-таъкид мекунад Авезова.  

Рӯзноманигор ва сиёсатшинос Бобоҷон Икромов мегӯяд, яке аз роҳҳои нисбатан муассири барқарор намудани боварӣ, ташаккули фазои сулҳ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ – тиҷорат мебошад. 

Нодира Авезова. Акс аз CABAR.asia
Нодира Авезова. Акс аз CABAR.asia

“Боз кардани тамоми роҳҳои наздимарзӣ, ки ба бозорҳо мебаранд, амри зарурӣ аст. Ба одамон набояд монеагузорӣ кард, балки бояд онҳоро муҳофизат намуд, то осуда тиҷорат кунанд”,-таъкид мекунад Икромов.

Ба гуфтаи ӯ, аз душманӣ манфиатҳои иқтисодии одамони ҳар ду ҷониби марз зарар мебинад. 

Икромов деҳаи Достуки Қирғизистонро ба сифати мисол овард, ки дар роҳи Исфара-Ворух ҷойгир аст.

Ба гуфтаи ӯ, инҷо одамон маводи сӯхт, маҳсулоти кишоварзӣ, масолеҳи сохтмон савдо мекарданд. Аммо пас аз ҳаводиси соли 2013 ҷонибҳо тасмим гирифтанд ин минтақаи роҳро “бо мақсади амниятӣ ва мубориза бо қочоқ” банданд.

“Ҳаракати воситаи нақлиёти Тоҷикистонро тавассути рустои Чорқишлоқ иҷоза доданд. Дар натиҷа дар рустои Қирғизистон даҳҳо сокин аз ҷойи кор маҳрум шуд. Тиҷорати маҳаллӣ касод гардид. Бисёриҳо маҷбур шуданд ин нуқтаи аҳолинишинро тарк кунанд”,-гуфт Икромов.

Ба андешаи донишманди тоҷик Анвар Мақсудов, барои раҳоӣ аз муноқишаҳои хунин аломатгузории марзҳо амри зарурӣ аст.  

Анвар Мақсудов. Акс аз бойгонии шахсӣ
Анвар Мақсудов. Акс аз бойгонии шахсӣ

“Бояд ба мавқеи ибтидоӣ, замоне ки аввалин гузаргоҳҳои марзӣ ва нуқтаҳои гумрукӣ таъсис шуданд, баргардем. Нерӯи аслии ҳифзи ҳуқуқ бояд милиса бошад. Бояд танҳо ҳамон постгоҳҳое фаъол бошанд, ки марзро назора мекунанд”,-мегӯяд Мақсудов. 

Ба гуфтаи вай, бояд силоҳу аслиҳа чӣ аз аҳолии Қирғизистон ва чӣ аз аҳолии Тоҷикистон гирифта шавад. Марзбонон бошанд, бояд танҳо дар минтақаи муайянгардидаи худ мустаққар шаванд ва танҳо қисмати лозимро нигаҳбонӣ кунанд.

“Ҳар қадар дар даст камтар силоҳ бошад, ҳамон андоза бархӯрди аҳолӣ бо марзбонон камтар мешавад ва боварӣ ба ин ки дар сарҳад садои тири ба ҷони инсон таҳдидкунанда баланд намегардад, бештар”,-изҳор медорад Мақсудов.


Ин мавод дар доираи лоиҳаи “Giving Voice, Driving Change – from the Borderland to the Steppes Project” омода шудааст.

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report
The following text will be sent to our editors: