© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Гузориши тасвирӣ: зиндагӣ дар сояи Covid-19 дар Тоҷикистон

Ҳафтаи дувум аст, ки вируси короно дар саросари Тоҷикистон доман паҳн мекунад.


Ба канали мо дар Telegram пайваст шавед!


Тоҷикистон аз 20-уми март ҳарими ҳавоии худро барои парвозҳои байналмилалӣ баст. Тасмими бастани ҳарими ҳавоии кишвар дар пайи таҳдиди вируси короно гирифта шуд. 

35
29
20

Аз авоили моҳи апрел дар даромадгоҳи ҳамаи муассисаҳои тиббӣ ва батадриҷ дар муассисоти дигар нуқтаҳои назорати пизишкӣ созмон дода шуд. Дар даромадгоҳҳо қабл аз вуруд ҳарорати бадани мардум санҷида ва дастҳояшон бо маводди зиддиуфунӣ безарар карда мешуд.

41
48
33
23
26
24
19
13
12
2

Тибқи қарори Шӯрои уламои Тоҷикистон, аз 18-уми апрел дар тамоми масоҷиди кишвар намозгузорӣ муваққатан мамнуъ шудааст, чун издиҳоми мардум метавонад боиси густариши басуръати олудагӣ ба вирус шавад.

42
22
15
28

Бисёре аз тарабхонаву қаҳвахонаҳо аз нимаи моҳи апрел ба баъд фаъолияти худро мутаваққиф карданд. Албатта бархе аз онҳо то ҳол фаъолият доранд, вале муштариёни зиёде надоранд.

38
25
14
8

Ин корхонаи дӯзандагии «Тоҷиктесктилмаш» аст – яке аз 20 ширкате, ки ба таҳияи моск (даҳонбанд), либосҳои махсуси тиббӣ ва дигар васоили эманӣ пардохтанд. Дар ин корхона дар моҳ то 40 ҳазор ниқоби тиббӣ ва либоси эманӣ тавлид мешавад.

34
43
32
30
16

Танҳо дар баъзе аз кишварҳои ҷаҳон бозии футбол идома дорад. Аз 25-уми апрел Тоҷикистон аз ин феҳрист хориҷ шуд. Лигаи олии кишвар ба мусобиқоти худ дар аввали моҳи апрел шуруъ кард, аммо пас аз 30 апрел ин мусобиқот мутаваққиф шуд.

Аз 30-юми апрел то 10-уми май барои мактабиён таътилоти изтирорӣ эълом шуд, аммо аз панҷуми май таътилот дубора то 16-уми август тамдид шуд. Барои донишҷӯёни солҳои аввал, дуюм ва сеюми донишгоҳҳои Тоҷикистон низ аз 4-уми май таътилоти тобистонӣ оғоз шуд. Баҳои онҳо дар асоси давомоти қаблияшон гузошта мешавад. Фориғуттаҳсилони донишгоҳҳо бояд имтиҳоноти худро пеш аз муҳлат то 15-уми май супоранд.

Шаҳрдори Душанбе рӯзи 30-ми апрел аз мутаваққиф шудани фаъолияти бозорҳои пӯшоки пойтахт барои даҳ рӯз хабар дод. Ин тасмим ба хотири ҳифзи саломати шаҳрвандон ва ҷилавгирӣ аз густариши вируси короно гирифта шудааст. 

37
14
9

Довталабон ва кормандони ниҳодҳои маҳаллии давлатӣ огоҳиномаҳое дар бораи риояти беҳдории шахсӣ ва тадобире, ки бояд ҳангоми пайдоиши нишонаҳои аввали вируси короно анҷом дод, интишор медиҳанд.

47
36
44
11

Аз 1-уми май дар васоили мусофирбарии шаҳри Душанбе ҳушдорҳое дар бораи ин ки вуруд ба васоили мусофирбарӣ бидуни пӯшидани ниқоби тиббӣ мамнӯъ аст, пайдо шуданд. Мардум ин тавсияҳоро риоят мекунанд.

40
39
11
10
7
4

Дар тамоми бемористонҳои кишвар низоми карантин ҷорӣ шудааст. Аз 1-уми феврал то 30-апрел дар маҷмуъ 10 ҳазору 937 нафар карантин шуданд. Инҳо бештар шаҳрвандоне Тоҷикистон ва хориҷиёне ҳастанд, ки дар замони ҳамагирии вируси короно ба Тоҷикистон баргаштаанд. Таҳвили хӯрок ва дигар маводи ғизоӣ ҳамарӯза дар даромадгоҳҳои бемористонҳо дар соатҳои муайян сурат мегирад.

31

Ин мавод дар доираи лоиҳаи “Giving Voice, Driving Change – from the Borderland to the Steppes Project” омода шудааст.

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report

The following text will be sent to our editors: