© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

“E-Visa” барои сайёҳон дар Тоҷикистон: мушкилӣ ба ҷои сабукӣ?

Барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ Тоҷикистон аз соли 2016 раводиди электронӣ ва ё “E-Visa”–ро ба роҳ монд. Ба гуфтаи масъулини Вазорати корҳои хориҷии кишвар, ин раванд барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ, рушди соҳа, ҳамзамон барои осон гардидани раводиди сайёҳони хориҷӣ мусоидат мекунад.  


Ба канали мо дар Telegram бипайвандед!


Теъдоди сайёҳон ба Тоҷикистон кам шудааст. Акс аз traveltajikistan.tj
Теъдоди сайёҳон ба Тоҷикистон кам шудааст. Акс аз traveltajikistan.tj

Вале, ба ин нигоҳ накарда, то ҳол сайёҳон ва ширкатҳои сайёҳӣ аз мушкилии гирифтани раводиди электронӣ дар Тоҷикистон шикоят мекунанд.

Сайёҳи хориҷӣ, Фейко Бумкенс дар саҳифаи фейсбукии худ аз мушкилоти гирифтани раводид барои ба Тоҷикистон омадан шикоят мекунад ва мегӯяд, ки муддати тӯлонӣ натавонист ин мушкилиро бартараф кунад.    

“Мо дар сомонаи “E-Visa” дархостамонро пур кардем, вале муддати 10 рӯз дармондем ва раводид гирифта натавонистем. Чандин маротиба барои гирифтани раводид, ба шӯъбаи консулгарии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон муроҷиат кардем. Ба почтаи электронии ин мақомот нома равон кардем, вале то ҳол аз онҳо хабаре нест. Билохира, мо ба консулгарии Белгия занг задем, пас аз панҷ рӯз раводидро доданд, вале мо бояд аз нав 71 доллари дигар пардохт мекардем. Дар  инҷо гуноҳи мо нест, балки айб дар система буд”,-навиштааст ӯ.      

Мелиса Даун, як сайёҳи дигар низ менависад, ки якчанд сайёҳе, ки кӯшиш ба Тоҷикистон омаданро мекунанд, айнан чунин мушкилӣ доранд.

“Аризаҳои онҳо барои дарёфти раводиди электронӣ, эҳтимолан қабул нашудааст. Чунин мушкилӣ бо якчанд аз сайёҳе, ки кӯшиши ба Тоҷикистон омаданро доранд, пеш омадааст. Пардохт нагузаштааст ва ягон огоҳиномае нест, ки онҳоро дар ҷараён гузорад. Вале система имкон намедиҳад, ки онҳо аз нав бо рақамҳои шиносномаашон пур кунанд. Барои кӯмак онҳо ба почтаи электронӣ нома навиштанд, вале посухе наомадааст”,-навиштааст ӯ.

Ин ҳам дар ҳолест, ки дигар сайёҳон мегӯянд, ба осонӣ раводиди электрониро ба даст овардаанд.

Акси Бруно ва Мариане аз саҳифаи Фейсбук гирифта шудааст
Акси Бруно ва Мариане аз саҳифаи Фейсбук гирифта шудааст

Бруно ва Мариане, ду сайёҳи хориҷие, ки аз кишвари Шветсария ба Тоҷикистон омадаанд, гуфтанд, ки гирифтани раводид барои онҳо мушкилиеро пеш наовард ва ҳатто минтақаҳои сарҳадиро низ бе ягон мушкилӣ гузаштанд. 

Инворк, сайёҳи 24 – сола аз Австралия, ки тӯли як ҳафта дар Тоҷикистон қарор дорад ва дар ин муддат аз Панҷакент ва Хуҷанд дидан кардааст, дар суҳбат бо Cabar.asia гуфт, ки вобаста ба раводид барояш мушкилие пеш наомадааст. Ӯ ҳамзамон якчанд кишвари Осиёи марказиро сайр кардааст ва дар марзҳо низ ӯ бо мушкилие дучор нашудааст. 

Ҳамзамон, ӯ гуфт, ки Тоҷикистон ба ӯ хеле писанд омадааст ва оянда мехоҳад бо ҳамсараш ба инҷо биёяд.

Танҳо ширкатҳои сайёҳӣ наметавонад ин соҳаро рушд диҳанд!

Намояндагони ширкатҳои сайёҳӣ бар онанд, ки ин мушкилии ҷиддиест, ки сайёҳон раводиди электрониро ба даст оварда наметавонанд. Онҳо аз Ҳукумати Тоҷикистон хостори он ҳастанд, ки ин монеа боиси коҳиш ёфтани таъдоди сайёҳони хориҷӣ мегардад,  

Умеда Қурбонбекова акс аз саҳифаи Фейсбук гирифта шудааст
Умеда Қурбонбекова акс аз саҳифаи Фейсбук гирифта шудааст

Директори ширкати сайёҳии “Ҷавоҳир” Умеда Қурбонбекова дар суҳбат ба мо гуфт, ки дар дигар кишварҳо воситаҳои осонӣ гирифтани “E-Visa” ҷорӣ шудаанд, вале дар Тоҷикистон ин мушкилӣ боқӣ мондааст.   

“Ба дигар кишварҳо назар кунед! Ҳама воситаҳои осони виза гирифтанро доранд, вале шӯъбаи консулгарии Вазорати корҳои хориҷии мо хеле кам кор мекунад ва яқин аст, ки танҳо ширкатҳои сайёҳӣ наметавонад ин соҳаро рушд диҳанд. Ба мо аз ҷониби давлат кӯмак лозим аст”, – гуфт ӯ.

Роҳбари ширкати сайёҳии “Ганҷина” дар ҷануби Тоҷикистон, Диловара Баҳромова низ иброз намуд, бештаре аз сайёҳон раводидро ба даст оварда наметавонанд. Ба ақидаи ӯ, беҳтар мешуд, якчанд давлатҳо аз системаи раводид озод карда шавад.

“Як мушкилии дигаре, ки монеи омадани сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон мешавад, ин раводид электронӣ аст, чунки бештари сайёҳон аз кишварҳои Аврупо меоянд. Вақтҳои охир шаҳрвандони Ганконгу Тайванди Ҷумҳурии Хитой бо раводиди Тоҷикистон мушкилӣ доштанд, ки сафи сайёҳон аз ин кишварҳо дар мо зиёд аст”,-иброз намуд ӯ.    

Ғайр аз ин, ба гуфтаи роҳбари ин ширкат, дар соҳаи сайёҳӣ яке аз мушкилии дигар ин камбудии меҳмонхонаҳо дар минтақаҳои дурдаст аст. Ба гуфтаи ӯ, меҳмонхонаҳои минтақаҳои наздисарҳадӣ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ нестанд ва дар он на ҳамаи сайёҳон ҷой карда мешаванд.

– Дар ноҳияҳо хуб мешуд, ки меҳмонхонаҳои калон сохта шавад ва автобусҳои махсус барои сайёҳон ба роҳ монда шавад. Ҳамзамон, ҳадди аққал дар сари роҳҳо ягон ҷой барои истироҳат бошад, ки сайёҳон онҷо истироҳат кунанд,-афзуд ҳамсуҳбати мо.

Таъсири “Роҳи абрешим” ба рушди соҳаи сайёҳӣ  

Бархе аз коршиносон бар он ақидаанд, ки барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон тарҳи “Роҳи абрешим”, ки Осиёро ба Аврупо мепайванданд, таъсири манфии худро расонида метавонад.

Коршиноси масоили иқтисодӣ, Абдурақиб Қодиров мегӯяд, танҳо дар он ҳолат аз бунёди роҳи абрешим барои соҳаи сайёҳӣ манфиате мерасад, ки роҳи байни Тоҷикистон ва Хитой, ки аз қаламрави Бадахшон мегузарад, яке аз роҳҳои асосии шоҳроҳ ҳисобида шавад. Вале, ба гуфтаи ӯ, дар ҳоли ҳозир ин роҳ ба талабот ҷавобгӯ нест.

“Аз ҳамин хотир, агар Ҷумҳурии халқии Хитой роҳи Бадахшонро пурра таъмин намояд, шароити беҳтар барои сайёҳон фароҳам мегардад”,-гуфт ӯ.

Ҳамзамон, ба қавли ин иқтисодшинос, яке аз роҳҳои дигаре, ки метавонад барои рушди соҳаи сайёҳӣ мусоидат намояд, ин бунёди роҳи Тоҷикистону Покистон аст, ки тавассути водии Вахони ноҳияи Ишкошим мегузарад ва ин тарҳ ба хазинаи Оғохони 4 тааллуқ дорад.

– Агар ҳамин роҳи миёни Бадахшони Тоҷикистон то ба уқёнуси Ҳинд аз тарафи Покистон сохта шавад, ин ду роҳ метавонад ба рушди соҳаи сайёҳӣ аз нигоҳи молиявӣ хизмат кунад,-илова намуд коршинос.

Иқтисодшиноси дигари тоҷик, Зулфиқори Исмоилиён бар он ақида аст, ки тарҳи “Роҳи абрешим” танҳо як масири тиҷоратӣ ба ҳисоб меравад, ки ҳадафи аслиаш тиҷорат аст.

Бояд гуфт, ки тарҳи “Роҳи абрешим” соли 2013 дар анҷумани XVIII Ҳизби коммунисти Чин эълон шуд, ки дар худ ду тарҳи бузург -“Камарбанди иқтисодии Роҳи абрешим” ва Роҳи абрешими баҳрии асри XXI”-ро муттаҳид мекунад. Ин роҳ ба ташаккули даҳлезҳои энергетикӣ, нақлиётӣ ва тиҷоратӣ миёни Чин ва минтақаҳои Осиёи Марказӣ, Аврупо ва Шарқи Наздик, нигаронида шудааст.

Тасмими мақомот барои ҳалли мушкилиҳо

Ҳукумати Тоҷикистон аз 1-уми июни соли 2016 низоми электронии таҳия ва додани раводидро барои шаҳрвандон аз 112 давлати ҷаҳон ба роҳ мондааст.

Мақомоти Тоҷикистон солҳои ахир бо роҳандозии иқдомҳои мухталиф ба ҷалби ҳарчи бештари сайёҳон ба кишвар талош доранд. Чанде пеш дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе гӯшаи махсусе барои маълумотдиҳӣ ба сайёҳон таъсиси дода шуд. Вале то ҳол соҳаи сайёҳӣ аз мушкилиҳо орӣ нест.  

Нуъмон Абдуғаффорзода. Акс аз faraj.tj
Нуъмон Абдуғаффорзода. Акс аз faraj.tj

Вобаста ба мушкилоти дастрасии раводиди электронии “E-Visa”, ки сайёҳони хориҷӣ ва ширкатҳои сайёҳӣ шикоят доштанд, раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Нуъмон Абдуғаффорзода ба суоли хабарнигори Cabar.asia гуфт, ин мушкилӣ ҳалли худро пайдо кардааст.  

“Масъала бо ширкатҳои сайёҳӣ ва Вазорати корҳои хориҷии кишвар дар миён гузошта шуд ва мушкилӣ ҳалли худро пайдо кард”,-гуфт ӯ.

Ба гуфтаи раиси кумита, айни ҳол гуруҳи махсуси корӣ ташкил шудааст ва барои боз ҳам осон гардонидани дастрасии раводиди сайёҳон фаъолият мекунад.

– Ба ин гуруҳи корӣ намояндагони ассотсиатсияҳо ва Кумитаи рушди сайёҳӣ шомиланд ва итминон дорам, аз ҷониби гуруҳи мазкур пешниҳодоти муфид барои боз ҳам осон сохтани дастрасии раводид таҳия карда мешавад,-гуфт ӯ.

 Барои Бадахшон хориҷиёни бе раводид иҷозатномаи ВҚД-ро мегиранд

Ҳамзамон, Абдуғаффорзода зикр кард, ки сайёҳон барои ба минтақаи Бадахшон рафтан, дигар зарурати иҷозатнома гирифтанро надоранд, чун дар раводид иҷозатнома низ дода мешавад.

Гирифтани иҷозатнома барои минтақаи Бадахшон дигар мушкилӣ нест ва кишварҳое, ки тариқи электронӣ раводид мегиранд, дар ҳамон раводид аллакай иҷозат ба Бадахшон дода мешавад. Кишварҳое, ки бе раводид аст, тавассути хадамоти шиносномадиҳии ВКД иҷозат мегиранд.”,-илова кард ӯ.

Тибқи иттилои Кумитаи рушди сайёҳӣ, айни замон дар Тоҷикистон 173 ширкати сайёҳӣ фаъолият менамояд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018, 59 ширкат зиёд аст.

Дар шаш моҳи соли равон ба кишвар 604 ҳазору 144 нафар шаҳрвандони хориҷӣ ворид гардидаанд, ки аз ин шумора 550 ҳазору 325 нафаррашон ҳамчун сайёҳ арзёбӣ шудаанд.  


Ин мавод дар доираи тарҳи «Giving Voice, Driving Change — from the Borderland to the Steppes Project», ки бо кумаки молии Вазорати хориҷаи Норвегия иҷро мешавад, навишта шудааст. Назароти дарҷшуда дар ин матлаб баёнгари дидгоҳи хоси расона ва ё сарпарасти ин тарҳ нест.

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report

The following text will be sent to our editors: