© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Дипломи донишгоҳ бекории ҷавонони тоҷикро ҳал накард

Шаҳбоз ду моҳи охир дар бозори “Ганҷина” ба тиҷорат машғул аст. Вай пас аз талошҳо ва ҷустуҷӯи зиёд барои пайдо кардани кори муносиб, бо кумаки як дӯсти тоҷираш рӯ ба бозор овард.


Ба канали мо дар Telegram бипайвандед!


Акс аз сомонаи www.rtsu.tj
Акс аз сомонаи www.rtsu.tj

Ӯ хатмкардаи Донишкадаи тиҷорат аст. Ду сол пеш онро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм карда бошад ҳам, ба гуфтаи худаш, ҷойи кори муносиб пайдо карда натавонист.

“Фикр мекардам, ки бо диплом, тамоми имкониятҳо бароям боз мешавад, вале нашуд. Баъди онро гирифтан, ба яке аз бонкҳои кишвар, ки дер боз дар орзуи кор будам, роҳ пеш гирифтам. Дар он ҷо нахуст аз ман таҷрибаи корӣ ва хислатнома аз роҳбари ягон корхонаро пурсиданд. Ман ки таҷрибаи корӣ надоштам, ночор тарки он бонк кардам”, – шарҳ дод Шаҳбоз.

Вай мегӯяд, талошҳояш барои пайдо кардани кор бесамар анҷом меёфт. Дар ҷое таҷриба надошт,  ҷои дигар маоши кам пешниҳод карданд. Аксаран танҳо ваъда мекарданд, ки ба ӯ занг мезананд. Азбаски намехост дигар сарбории волидайн гардад, ночор рӯ ба бозор овард.

Ҷавононе, ки мисли Шаҳбоз кор аз руи ихтисос пайдо намекунанд, кам нестанд.  

Танҳо афроде, ки аз ҷиҳати иқтисодӣ таъминанд, дубора бахти худро дар донишкадаҳои хориҷӣ месанҷанд ва дар сурати муваффақ шудан, ҷои кор ҳам пайдо мекунанд.

Фарзон Машарипов, акс аз саҳифаи Фейсбук
Фарзон Машарипов: Акс аз саҳифаи Фейсбук.

Фарзон Машарипов яке аз онҳост. Вай пас аз хатми Донишгоҳи миллӣ бо ихтисоси рӯзноманигор ва тарҷумон, як муддат бо ихтисоси худ фаъолият намуд. Ба гуфтаи ӯ, бо далели маоши кам, ҳуҷҷатҳояшро ба яке аз донишгоҳҳои иқтисодии Чин супурд.

Ба андешаи ӯ, ришва ва шиносбозӣ дар Тоҷикистон ба бисёр ҷавонон имкон намедиҳад, ки хостаҳои худро бароварда кунанд.

“Дар хориҷа, баробари ихтисос метавонед як забони дигарро ҳам, ки дар минтақа аҳамияти калон дорад ва дар оянда барои дарёфти кор шонси бештар бидиҳад, омӯзед”, – мегӯяд ӯ.

Фарзон ҳоло мақсад дорад, ки баъди таҳсил дар Чин бимонад ва ҷои кори муносиб пайдо кунад.

Ба таъкиди таҳлилгарон, низоми омӯзиш дар гузаштаи начандор дур, ки аз маорифи шӯравӣ об мехӯрд, аз беҳтарин намунаи таълиму тарбия дар дунё маҳсуб меёфт. Аммо бо пошхурии он, низом ҳам аз байн рафт ва дар охири солҳои 90-и асри гузашта ба мушкил рӯ ба рӯ шуд.

Бар замми ин, ба гуфтаи таҳлилгарон, ҷанги дохилии кишвар омили дигари рукуди (карахтӣ) маориф гашт ва ҳазорҳо мутахассиси ҳирфаӣ тарки пеша карда, ба муҳоҷират рафтанд.

Хилватшоҳи Маҳмуд. Акс аз Сabar.asia
Хилватшоҳи Маҳмуд. Акс аз Сabar.asia

Хилватшоҳи Маҳмуд, ҷомеашиноси тоҷик мегӯяд, аз мактаби Сухомилинский ва Макаренко дар ҳоли ҳозир қариб чизе боқӣ намондааст.

 – Фикр мекунам, фақат бо қабули модели нави нимааврупоӣ ва нимамрикоии таълим дар соҳаи маорифи Тоҷикистон мушкилот бартараф намешавад, зеро механизмҳои дигари таъсиррасон  ҳанӯз дар ин роҳ зиёданд, – мегӯяд Хилватшоҳи Маҳмуд.

Ба таъкиди ӯ, дар вазъияти кунунӣ бетаваҷҷӯҳии ҷомеа ва системаи идорӣ ба худи омӯзгору ҳайсияти ӯ латмаи дигар ба бадани афгори маориф хоҳад буд.

“Мо агар воқеан мехоҳем як низоми рушдёфтаи омӯзишу парваришро дошта бошем, бояд аз баландбардории қадру қиммати муаллим-таъини ҳақмузди муносиб, таъмини рифоҳу маишат ва озодсозии омӯзгорро аз ҳар гуна умури бефоида (рақсу бозӣ, марафону маршировка, интихоботҳо) ҳар чӣ зудтар ба роҳ монем. Дар сурати акс мушкилоти ин соҳа амиқтару жарфтар мешавад», – шарҳ медиҳад ӯ.

Нафароне, ки дар ин соҳа замоне фаъолият доштанд, заиф шудани сифати таҳсилро дар норасоии мутахассисон мебинанд.   

Ҳамроҳқул Ҳазратқулов, собиқ корманди соҳаи маориф мегӯяд, ба далели камбуди омӯзгорон,  муаллимони бетаҷрибаро ҳам ба кор қабул карданд ва дар натиҷа  бештари ҷавонон бесавод монданд.

“Кор то ҷое расида буд, ки ҳатто дар мактабҳо нафаре, ки нисбати дигар ҳамсолонаш нағзтар таҳсил мекард, ӯро барои кор қабул мекарданд. Ва дигар ин ки нафароне, ки ба синни нафақа расиданд, онҳоро аз кор озод карданд. Имконият додан даркор буд, ки кор кунанд ва таҷрибаашро ба ҷавонон диҳанд. Дар ҳукумати шӯравӣ ин масъала набуд”,- афзуд ӯ.

Як масъули Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба мо хабар дод, ки гурӯҳи кории вижае дар ин ниҳод, аз сифати таҳсилот ва азхудкунии барномаи таълимӣ таҳлил гузаронда, муайян кард, ки он нисбат ба соли таҳсили 2016-2017 таносубан 1,6% ва 0,4% баланд гардидааст.

Феълан, бино ба таҳлилҳои Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, сатҳу сифати дониш ва азхудкунии барномаи таълимӣ дар кишвар ба таври зайл аст:

Дар Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба мо хабар доданд, ки хатмкардаҳои Тоҷикистон дар кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил (СНГ) ва ҳатто берун аз он бидуни мушкил метавонанд ҷои кори мувофиқ  пайдо кунанд.

Тамара Насимова, мудири шуъбаи баробарарзишӣ ва ҳуҷҷатҳои таҳсилоти Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф мегӯяд,  танҳо онҳое, ки аз баъзе расмиёти кишварҳо маълумот надоранд, ба корҳои номувофиқ машғул мешаванд.

“Ҳар як кишвар расмиёти худро дорад, ки ҳангоми ба кор қабул кардан, ҳуҷҷатҳои худро талаб мекунад. Масалан тибқи як созишномае, ки мо бо кишварҳои ИДМ дорем, ҳангоми муроҷиат барои кор дар шакли соддашуда бояд пешниҳод кунанд. Аммо дар масъалаи кор дар Аврупо ё Амрико ҳуҷҷатҳои бештар лозиманд. Мутаассифона шаҳрвандони мо инро ба инобат намегиранд ва рафта ба дилхоҳ кор даст мезананд. Шояд ин аз надонистани расмиёт аст, ё шояд онҳо худашон мехоҳанд, ки ба дигар касб машғул шаванд”, -шарҳ дод ӯ.

Шикоят аз сифати таҳсил дар Тоҷикстон дар ҳолест, ки ҳамасола ҳазорҳо донишҷӯёни хориҷӣ барои гирифтани дониш ба Тоҷикистон меоянд.

Ба иттилои Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, соли таҳсили 2018-2019 дар муассисаҳои олии касбӣ 6 ҳазору 257 донишҷӯ аз хориҷи кишвар ба таҳсил фаро гирифта шуданд, ки дар муқоиса ба соли гузашта 2 ҳазору 401 нафар зиёд аст.

Соҳил Чоудрӣ аз Ҳиндустон аст. Ӯ дар донишгоҳи тиббии Тоҷикистон таҳсил мекунад. Мегӯяд, ӯ имкон дошт, аз миёни кишварҳои Осиёи марказӣ кишвари барояш писандро интихоб кунад.

“Ман дар бораи Тоҷикистон ва сифати таълимаш аз дӯстонам, ки аллакай дар Ҳиндустон ҷойи кор пайдо карданд, зиёд шунида будам. Аз ин хотир, дар интихоби кишвар зиёд фикр накардам. Дар бораи тибби шумо зиёд фаҳмидаам, шояд ман ҳам яке аз ворисони Сино гардам”, – мегӯяд ин шаҳрванди Ҳиндустон.

Коршиносон ба ояндаи нек боварӣ доранд

Коршиносон мегӯянд, бо он ки ҳанӯз дар соҳаи маориф мушкилиҳо ҷой дорад, пешгӯиҳои нек доранд.

“Бубинед, он чизе ки мо хонда будем дар давраш, утоқҳои корӣ, китобхона, ҳамааш дигар буд. Ҳозир имконият барои таҳсил бештар шудааст. Ҳоло мо дар давраи рақобат зиндагӣ мекунем ва бояд талош кунем, ки беҳтар шавем”, -мегӯяд Раҳмон Улмасов, таҳлилгари масоили муҳоҷират ва устоди Донишгоҳи славянии Тоҷикистон.

Бар асоси омори расмӣ, феълан дар донишгоҳҳои хориҷӣ беш аз 30 ҳазор донишҷӯи тоҷик таҳсил мекунанд. Танҳо дар як соли охир 5 ҳазор нафар аз Тоҷикистон барои таҳсил ба хориҷ рафтаанд.

Бино ба як пажуҳиши ахири  Бунёди Сорос бо номи “пажуҳиши “Муҳоҷирати таҳсилии ҷавонони Тоҷикистон: Мушкилот ва дурнамо”​, 65 дарсади донишҷӯёни тоҷик дар хориҷа гуфтаанд, ки ният доранд дар берун аз кишвар ҷойи кор ёфта, муқим шаванд ва танҳо 28 дарсади онҳо гуфтаанд, ният доранд, ба Тоҷикистон баргарданд.

Таҳлилгарон бар ин назаранд, ки барои беҳтар кардани вазъи сифати маориф дар Тоҷикистон наметавон бо ҳалли бархе аз мушкилиҳо пурра мушкили системаро ҳал кард.

Гулдаст Алибахшов.
Гулдаст Алибахшов. Акс аз Сabar.asia

Гулдаст Алибахшов, масъули Маркази тадқиқотии “Зеркало” мегӯяд: Он тағйироте, ки дар низоми маориф мушоҳида мешаванд, аз рӯи ҳамин мантиқ амалӣ гардиданд. Мушкилот дар низоми маориф хусусияти системавӣ дорад ва бояд ба низом дар маҷмӯъ тамаркуз кард.

Ба гуфтаи ин таҳлилгар, феълан низоми соҳаи маорифи Тоҷикистон ба он тағйиротҳое ки дар ҷаҳон мегузаранд ва ё ин ки дар оянда пешбинӣ шудаанд, омода нест. “Ба арзёбии ЮНЕСКО, талабот ба маълумоти олии босифат бештар мешавад ва иқтисодҳои дар ҳоли тавсеа соли 2025 зиёда аз 63 миллион донишҷӯ бештар хоҳанд дошт. Бар илова, солҳои ахир фаъолнокии донишҷӯён ва байналмилалӣ шудани донишгоҳҳо суръат гирифт ва ин раванд идо ма хоҳад ёфт. Донишгоҳҳои сатҳи ҷаҳонӣ давраҳои омӯзишии онлайнӣ боз мекунанд ва теъдоди донишҷӯёне, ки аз ин хизматрасонӣ истифода мекунанд, афзоиш меёбад. Барои мисол, агар теъдоди донишҷӯёни “Coursera” (таълимоти онлайнӣ) дар моҳи апрели соли 2014 ба 7 миллион мерасид, пас моҳи феврали соли 2017 шумораи истифодабарандаҳои он 24 миллионро ташкил дод. Ин ва дигар тамоюлҳо дар бахши маориф метавонанд фазои таълимиро ба таври чашмгир тағйир бидиҳанд ва давлат бояд онҳоро ба назар бигирад, то низоми маорифро ба ин шароитҳо мутобиқ созад.

Шаҳбоз, ҳоло умед дорад, ки дониши дар донишгоҳ гирифтааш бефоида нахоҳад буд ва дар рушди тиҷораташ кумак мекунад. Дар акси ҳол, ба гуфтаи худаш, мисли ҳазорон ҷавонони бекори дигар ӯ ҳам маҷбур мешавад, ки рӯ ба муҳоҷират орад.

“Рости гап чандин маротиба пешниҳодҳое ҳам садо доданд, ки барои муҳоҷират Русия равам, аммо фикр дорам аввал инҷо бояд кушиш кунам” , – гуфт Шаҳбоз.


Ин мавод дар доираи тарҳи «Giving Voice, Driving Change — from the Borderland to the Steppes Project», ки бо кумаки молии Вазорати хориҷаи Норвегия иҷро мешавад, навишта шудааст. Назароти дарҷшуда дар ин матлаб баёнгари дидгоҳи хоси расона ва ё сарпарасти ин тарҳ нест.

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report

The following text will be sent to our editors: