© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Дилеммаи ангишти Тоҷикистон

“Афроди тасмимгиранда ҷиҳати рушди босуботи кишвар бояд аҳдофи дарозмуддатро дунбол кунанд, на ин ки тавассути ангиштсанг мушкилоти кутоҳмуддати иқтисодӣ ва ё энергетикиро ҳал намуда, тамоми оқибатҳои сангини онро ба насли нав “ба мерос” гузоранд. Вобастагӣ аз ангишт фавқулодда хатарнок аст”. Ин нуктаро коршиноси мустақил аз Тоҷикистон дар як таҳлил, ки ба оқибатҳои экологии истихроҷи ангишт дахл дорад, таъкид менамояд.


Ба канали мо дар  Telegram обуна шавед!


Дар Тоҷикистон истихроҷи ангишт рекордӣ боқӣ мемонад. Афроде, ки аз рушди соҳаи ангишт дар кишвар пуштибонӣ мекунанд, гузариши босуръат ба ин навъи канданиро “тақозои замон” медонанд, изҳор менамоянд, ки бидуни истифодаи ангишт дар сохторҳои энергетикӣ ва саноатӣ дар кишвар дурнамои рушд дида намешавад. Мақомот дӯст медоранд, ки аз ҷойҳои нави кор ва манфиатҳо барои иқтисод суҳбат кунанд, аммо аз оқибатҳои экологӣ ва иҷтимоӣ дам намезананд. Намояндагони доираҳои илмӣ ва созмонҳои зистмуҳитӣ бозгашт ба ангиштро ҳалли кутоҳмуддати мушкилоти фаврии иқтисодӣ медонанд, ки дар дарозмуддат оқибатҳои ногувор дорад. Онҳо аз мусъулият дар назди муҳити зист ва насли оянда ҳам ёдоварӣ мекунанд. 

Геологҳо авохири солҳои 1920 ба омӯзиши пайвастаи конҳои ангишт дар Тоҷикистон шурӯъ карданд. Солҳои 1970 коркарди ангишт то 0,9 миллион тон расид, дар ҳамин ҳол, талаботи солона дар хоҷагии қишлоқ то 1,5 миллион тонро ташкил медод.  

Маълумоти иктишофии захоири ангишт дар оғози солҳои 1990 ба таври ҷиддӣ зиёд шуд, аммо динамикаи истихроҷи он баръакс коҳиш ёфт. Соли 1988 ҳаҷми истихроҷи ангишт 77,7 дарсад аз сатҳи соли 1970-ро ташкил дод. Соли 1990 наздики 0,5 миллион тон ва соли 1991 чизе бештар аз 0,3 миллион ангишт истихроҷ шуд.  

Сарчашма: Тадқиқоти «Ҳолати соҳаи ангишти Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки онро Ташкилоти экологии «Замини хурд» омода кардааст.
Сарчашма: Тадқиқоти «Ҳолати соҳаи ангишти Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки онро Ташкилоти экологии «Замини хурд» омода кардааст.

Ба пояи иттилои расмӣ, дар Тоҷикистон беш аз 36 кон ва зуҳуроти ангишт мавҷуданд, ки фарогири ҳамаи навъҳои ин маводи сӯхт мебошанд: шурӯъ аз ангишти бур то сангӣ, бо шумули кокс ва антратсит. Дар маҷмӯъ захоири ангишт дар кишвар марзи 4 миллиард тоннаро убур мекунад.   

Истиқлолият ва ангишт

Вазъияти бахши ангишт дар аҳди Тоҷикистони мустақил босуръат бад шуд. Суқути Шӯравӣ, хатми интиқоли марказонидашудаи таҷҳизот ва дотатсияи давлатӣ, инчунин ҷанги шаҳрвандӣ, ки соли 1992 оғоз шуд, чӣ ба ҳаҷми умумии истихроҷи ангишт ва чӣ ба вазъи ин бахш дар кулл таъсири манфӣ расонд.

Аз соли 1991 то соли 2000 истихроҷи ангишт аз 500 ҳазор тонна то 20 ҳазор тонна дар як сол коҳиш ёфт. Соли 1997 истихроҷи ангишт ҳамагӣ 17 000 тоннаро ташкил дод. Соли 2001 истихроҷи солонаи конҳои “Фон-Яғноб” ва “Шӯроб” наздики 20,5 тоннаро ташкил медод. Он замон ин камтар аз 5-10 дарсади ниёзмандии кишвар ба ин навъи сӯзишворӣ маҳсуб меёфт.  

Соли 1997 дар шароити буҳронӣ мақомоти кишвар Барномаи рушди саноати ангиштро барои солҳои 1998-2010 тасдиқ карда, нақшаҳои баландпарвозеро муайян карданд, ки тибқи он истихроҷи ангишт дар кишвар дар соли 2001 дар сатҳи 1,1 миллион тонна ба нақша гирифта шуда буд. Дар асл он ба 26 000 тон расид. Ин ангишт асосан барои гармидиҳӣ истифода мешуд[1].   

Мавриди тазаккур аст, дар оғози қарни нав мушкилоти энергетикӣ дар Тоҷикистон музмин шуда, миқёси фоҷеаи миллиро касб намуд, махсусан дар давраи сардӣ ин мушкил шадидтар мегардид. Сабаб он буд, ки дар кишвар қисми аслии нерӯи барқ дар неругоҳҳои обӣ тавлид мешуд (ҳоло ҳам чунин аст). Тобистон кишвар аз ҳаҷми ниёзмандии худ бештар нерӯи барқ истеҳсол мекунад, зимистон бошад, баръакс ба норасоии ҷиддии он мувоҷеҳ мегардад.    

Бино ба арзёбии Бонки ҷаҳонӣ, тақрибан 70 дарсади аҳолӣ он вақт аз норасоии нерӯи барқ дар давраи зимистон ранҷ мекашид.

Соли 2001 ҳукумати Тоҷикистон Консепсияи рушди соҳаҳои Комплекси сӯзишворию энергетикӣ барои солҳои 2003-2015-ро тасдиқ намуд. Дар қиёс аз барномаи соли 1997 он нисбатан воқеъбинона буд ва истихроҷи солонаи ангиштро дар соли 2005 – 300 000 тонна пешбинӣ мекард. Аммо нишондоди воқеӣ дар сатҳи 90 000 тонна қарор гирифт. 

Ба андешаи мақомоти давлатӣ, ки масъули истихроҷи ангишт ҳастанд, ба иҷрои консепсия омилҳое монанди набудани захоири молӣ, бо шумули сармояи хориҷӣ ва иқтидори пасти корхонаҳои истеҳсолӣ ва техникии соҳа монеъ шуданд.  

Барои дастгирии ин бахш мақомот давоми солҳои 2003-2010 ба корхонаҳои истихроҷи ангишт дар ҳаҷми 5 миллиону 133 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карданд. Барои анҷом додани корҳои геологию иктишофӣ бошад, 1 миллиону 220 ҳазор сомонӣ ихтисос дода шуд.   

Пас аз соли 2005 истихроҷи ангишт бо суръати заиф инкишоф ёфт. Соли 2007 он ба 164,7 ҳазор тонна расид, соли 2011 бошад, корхонаҳо аз истихроҷи 236,8 ҳазор тонна хабар доданд. Ҳанӯз он замон маълум буд, ки дар кишвар тасмим доранд, ангиштро дар миқёси саноатӣ истифода баранд ва гап танҳо аз ҳалли мушкили эҳтиёҷоти энергетикии аҳолӣ намеравад. 

Эҳёи ангиштӣ

Марҳилаи дигар дар таърихи бахши муосири ангишт дар Тоҷикистон соли 2012 шурӯъ гардид. Омили калидӣ, ки ба эҳёи ангишт дар кишвар мусоидат кард, мушкили газ буд. Қатъи интиқоли гази табиӣ аз Узбекистон оғози соли 2012, замоне, ки аҳолӣ ва корхонаҳо ба он ниёзи бештар доштанд, сурат гирифт. Баҳор интиқоли “сӯзишвории кабуд” пурра қатъ шуд.   

Расман Узбекистон интиқоли газро бо сабабҳои иқтисодӣ қатъ кард – фурӯши онро бо нархи бештар ба Чин шурӯъ кард, аммо сиёсатшиносон бар ин буданд, ки ин тасмим оҳанги сиёсӣ дошт (муносибати ду кишвар сард, низоми раводид ҷорӣ буд ва иртиботи нақлиётӣ байни ду пойтахт вуҷуд надошт).  

Тоҷикистон дар пешорӯи хавфи қатъи (қисман ё комилан) фаъолияти  корхонаҳои бузург, ки бо гази табиӣ кор мекарданд, бо шумули “Тоҷиксемент” ва корхонаи алюминиум “ТАЛКО” қарор дошт. Аз ин рӯ, 4 апрели соли 2012 қонун “Дар бораи ангишт” қабул гардид, ки ба истихроҷи фаъолонаи ин навъи сӯзишворӣ ва ҷалби сармоя ба ин бахш равона шуда буд.     

20 апрели соли 2012 бошад, раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар паёми солонааш ба Маҷлиси Олӣ аз ҷумла таъкид намуд: “…таъмини эҳтиёҷоти кишвар бо сӯзишворӣ бояд тавассути ҳарчи зиёдтар истихроҷ намудани ангишт ва истифодаи он ҳамчун манбаи алтернативии энергетикӣ дар саноат ҳал карда шавад”. [2]

Моҳи апрел, расонаҳо навиштанд, ки 130 корхона дар кишвар (аз ҷумла 80 корхонаи истеҳсолкунандаи маводи сохтмонӣ, 20 корхонаи металлургӣ, 17 корхонаи коркарди консерв, корхонаҳои семент, шишабарорӣ ва ғ.), ки қаблан бо газ кор мекарданд, ба истифодаи ангишт гузаштаанд.

Шурӯъ аз 1 майи соли 2012 содироти ангишт манъ карда шуд, аммо моҳи июли соли 2013 вазири рушди иқтисод ва савдо Ш.Раҳимзода изҳор дошт, ки пас аз пайвастшавии Тоҷикистон ба СҶС бархе санадҳои меъёрӣ, аз ҷумла манъи содироти ангишт ба таври автоматӣ бекор гардиданд.    

Ҳукумат ва ниҳодҳои дахлдор, бо шумули вазорати баъдан такмилшудаи энергетика ва саноати Тоҷикистон ба таври изтирорӣ ҷиҳати рушди истихроҷи ангишт бо сармоягузорони хориҷӣ музокирот шурӯъ карданд. Намояндагони ширкатҳои чиние пайдо шуданд, ки на танҳо ба ангишт, балки ба дигар канданиҳои фоиданоки Тоҷикистон таваҷҷуҳ карданд.  

Миёнаҳои соли 2012 Чин ваъда дод, ки ба сифати грант, кумаки фаннӣ ва қарзҳои имтиёзнок барои рушди бахшҳои саноат, энергетика ва нақлиёту коммуникатсионии кишвар ҳудуди 1 миллиард доллар ихтисос медиҳад. [3]

Муаллифи акс: Наталья Идрисова
Муаллифи акс: Наталья Идрисова

Моҳи ноябри соли 2012 сохтмони даври аввали Маркази барқу гармидиҳии “Душанбе-2” оғоз гардид. Расми ифтитоҳи даври аввали МБГ, ки аз ду дегхонаи энергетикии дорои иқтидори умумии 100 мегаватт иборат буд, моҳи январи соли 2014 доир шуд. Моҳи сентябри ҳамон сол бошад, президент Эмомалӣ Раҳмон ва раиси ҷумҳури Чин Си Ҷинпин санги аввали сохтмони даври дуввуми МБГ бо иқтидори 300 мВт-ро гузоштанд. Арзиши умумии даври дуввуми МБГ “Душанбе-2”  наздики 350 миллион долларро ташкил дод, ки 80 дарсади он ба сифати қарзи боимтиёз аз ҷониби “Эксимбонк”-и Чин ҷудо гардид.  

Даври дуввуми МБГ “Душанбе-2” моҳи декабри соли 2016 оғоз ба кор намуд. Пудратчии аслии сохтмон ширкати чинии “ТВЕА” буд. Маркази барқу гармидиҳии “Душанбе-2” истифодабарандаи аслии ангишт дар дохили кишвар гардид. Барои бозпардохти маболиғи дар сохтмони МБГ масрафшуда, Тоҷикистон розӣ шуд, конҳои тилои “Кумарғи боло” ва “Дуоба”-ро ба Чин бидиҳад. Соли 2019 чиниҳо ба истихроҷи тило дар ин конҳо шурӯъ карданд.    

“Рекод”-ҳои нав

Дар натиҷаи фароҳам кардани шароитҳои хуб барои истихроҷу коркард, истифодаи ангишт ва ҷалби ширкатҳои хориҷӣ, новобаста ба тамоми хавфҳои экологӣ ва иҷтимоӣ, ҳаҷми истихроҷ ба таври назаррас афзоиш ёфт. 

Соли 2014 дар Тоҷикистон 870 ҳазор тонна, соли 2015 беш аз 1 миллион тонна ва соли 2016 беш аз 1,3 миллион тонна ангишт истихроҷ гардид. Дар соли 2018 Вазорати саноат ва технологияҳои нав  аз рекорди ҷадид – истихроҷи 1,9 миллион тонна ангишт хабар дод. Бар пояи иттилои расмӣ, соли 2018 корхонаҳои саноатӣ, энергетикӣ ва иншоотҳои хоҷагии қишлоқ ба ҳаҷми зарурии ангишт таъмин гардида, 45 ҳазор тонна ангишт содирот шудааст. 

Авохири декабри соли 2019 Корхонаи фаръии “Ангишти тоҷик” эълон дошт, ки истихроҷи ин навъи сӯзишворӣ дар кишвар беш аз 2 миллион тоннаро ташкил додааст, ки дар таърихи Тоҷикистон нишондиҳандаи болотарин аст. Ин рақам 100 маротиба бештар аз нишондоди соли 2000-ум мебошад.

Дар ҳамин ҳол, новобаста ба ҳаҷми рекордии истихроҷ нархи ангишт дар авохири соли 2019 ба маротиб боло рафта, аз 50 дирам барои як кило то як сомонӣ расид. 

Мақомот изҳор доштанд, ки ҳеч далеле барои гарон шудани нарх нест ва дар ин кор даллолу миёнаравҳоро гунаҳкор карданд. 

Ҷадвалро барои CABAR.asia, Каниет Ҷамилова  бар асоси додаҳои мақола тартиб додааст.
Ҷадвалро барои CABAR.asia, Каниет Ҷамилова бар асоси додаҳои мақола тартиб додааст.

Ба иттилои Вазорати саноат ва технологияҳои нав дар ҳоли ҳозир дар кишвар беш аз 200 корхона барои фаъолият аз ангишт истифода мебаранд. Ҳукумати Тоҷикистон тасмим дошт то соли 2020 мизони истихроҷи ангиштро ба ҳадде расонад, ки на танҳо барои эҳтиёҷоти дохилӣ басанда бошад, балки онро ба хориҷ содирот кунад.

Ҳиссаи ангишт дар тавозуни сӯзишвории кишвар дар соли 2021 шояд то 3 миллион тонна бирасад. Тибқи консепсияи рушди бахши ангишт бошад, дар соли 2030 коркарди беш аз 10 миллион тон ангишт дар назар аст.

Мақомот инчунин имконияти сохтмони марказҳои бузурги барқу гармидиҳиро, ки бо ангишт кор мекунанд, баррасӣ доранд. Дар давраи то соли 2021 мавриди истифода қарор додани иқтидори 700 мВт дар истгоҳҳои барқӣ, ки аз захираҳои кони Фон-Яғноб ва мутаносибан 300 мВт аз Шӯробро истифода мебаранд, пешбинӣ мешавад.

Ҳаҷми саноати коркарди ангишт барои рушди боз як бахши дигар – истеҳсоли семент мусоидат кард. “Давоми чанд соли ахир сармоягузорони чинӣ саноати сементи Тоҷикистонро дигаргун карданд. Давоми солҳои 2013-2015 истеҳсоли семент дар кишвар панҷ маротиба афзоиш ёфт”,-таъкид мекунад Дирк ван дер Клей дар мақолааш бо номи “Чин тавлиди сементи касифро ба Тоҷикистон мунтақил мекунад” [4].  

Соли 2019 корхонаҳо 4,2 миллион тонна семент истеҳсол карданд. Беш аз 1,5 миллион тонна семент ба Узбекистон, Афғонистон ва Қирғизистон содирот шуд. Се тавлидкунандаи аслӣ, ки 90 дарсади ҳаҷми умумии семент ба онҳо рост меояд, корхонаҳои муштараки тоҷикию чинӣ – “Чунгтсай Моҳир семент”, “Хуаксин Ғаюр семент” ва “Хуаксин Ғаюр Суғд семент” мебошанд. Ба сифати маводи сӯхт корхонаҳои семент аз ангишт истифода мекунанд.

Ангишт манбаи нисбатан хавфноки энергия барои иқлим мебошад

Ба андешаи як қатор коршиносони маҳаллӣ ва хориҷӣ, кишвар метавонад бо мушкилоти ҷиддии экологӣ рӯбарӯ шавад, зеро истихроҷи ангишт ва тавлиди семент яке аз бахшҳои нисбатан олудакунандаи муҳити атроф ба шумор мераванд. Адами назорати муассири экологӣ, инчунин мизони баланди коррупсия, адами шаффофият ва ҷомеаи шаҳрвандии заиф дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ омили ба кишвар ворид кардани технология ва корхонаҳои ифлос, нодида гирифтани талаботи муоссири экологӣ ва истифодаи бераҳмонаи қаъри замини Тоҷикистон мегардад.

“ҲА”-ю “НЕ”-ҳои истихроҷи ангишт

Умед Каримов, доктори илмҳои физикаву математика ва раҳбари собиқи ТҶ “Энергетик” мегӯяд, дар Тоҷикистон истихроҷи ангишт як амри зарурӣ аст, аммо ин кор бояд бидуни хароб кардани муҳити атроф сурат бигирад. “Агар одамон дар деҳот бо ангишт таъмин бошанд, дарахту буттаҳоро намебуранд. Мо наметавонем бо истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия низоми гармидиҳии шаҳр, металгудозӣ ва ё тавлиди хиштро таъмин созем. Дар айни замон рушди истихроҷи ангишт муҳим аст ва ҷойгузини онро надорем”,-таъкид мекунад ӯ. “Аммо ман аз миқёс ва суръати маҳви низоми экологӣ хавф дорам, ки дар пайи истихроҷи ангишт ба вуҷуд меоянд”,-меафзояд Умед Каримов. 

Алихон Латифӣ, сарвари Анҷумани шикорчиҳои Тоҷикистон низ бо ин андеша розӣ аст. “Пас аз суқути Шӯравӣ ва аз миён рафтани интиқоли марказонидашудаи манобеъ, мо шоҳиди буридани босуръат ва назоратнашавандаи ҷангалҳо аз ҷониби аҳолӣ гардидем, ки ин корро барои бароварда сохтани ниёзҳои энергетикии худ анҷом медоданд. Ангишт алтернативае барои ҳалли ин мушкил гардид. Истифодаи он метавонад, шиддати дарахтбуриро ба таври қобили мулоҳиза паст кунад (махсусан, агар ҳамроҳ бо он дигар манбаъҳои барқароршавандаи энергия низ ҷорӣ карда шаванд)”,- мегӯяд ӯ.   

Алихон пешниҳод дорад, ки ангишт ба аҳолӣ бо арзиши поин фурӯхта шуда, ҳатто бо миқдоре ройгон ҳам тақсим шавад. Ин амал ба андешаи вай метавонад вақти зиёди кӯдакону занҳои рустоҳои куҳиро, ки барои ҷамъоварии ҳезум масраф мекунанд, сарфа кунад.   

Муаллифи акс: Нозим Қаландаров
Муаллифи акс: Нозим Қаландаров

“Истихроҷ ва истифодаи ангишт ҷойҳои кори иловагиро ба вуҷуд меорад, қисман мушкили энергетикӣ ҳал мешавад, фишор ба табиати зинда коҳиш меёбад. Аммо бояд эътироф кард, ки ангишт нушдоруи ҳалли тамоми мушкилот нест”,-таъкид мекунад Алихон Латифӣ.

Антон Тимошенко, сарвари созмони экологии “Замини хурд” нуқтаи назари дигар дорад. “Таъмини хоҷагии қишлоқ бо ангишт ва истифодаи ангишт дар миқёси саноатӣ ду чизи алоҳида ҳастанд. Мушкили энергетикӣ дар рустоҳоро мешавад бо эҷоди қабати муҳофизатии гармии биноҳо, насби печҳои каммасраф ва дигар таҷҳизоти муассир ҳал кард ва ҳамзамон манбаъҳои барқароршавандаи маҳаллиро тавсеа бахшид. Ин имкон медиҳад ҳамзамон масоили таъмини шароити беҳтари зиндагиро ҳал кард, хавфи беморшавиро коҳиш дод, харҷҳоро кам намуд ва ғайраву ҳоказо. Тақсими ангишти бепул ба ин маънӣ аст, ки ҳалли мушкилро ба оянда вогузор мекунем”,-идома медиҳад Антон Тимошенко.    

 “Истихроҷи ангишт ба маҳви ҳамон растаниҳо оварда мерасонад ва ба яке кор дода, онро аз дигарӣ меситонад. Рушди бахши ангишт дар Тоҷикистон ба дурнамои бахшҳои иқтисод, бо шумули, барои мисол сайёҳӣ ва бахши кишоварзии органикӣ таҳдид мекунад. Аҳолие ки дар наздикии минтақаҳои истихроҷи ангишт зиндагӣ мекунанд, фоидаи минималӣ мегиранд, аммо ҳамзамон аз ифлосшавии муҳит ва оқибатҳои он ранҷ мекашанд”. 

Муаззама Бурҳонова, номзади илмҳои иқтисодӣ ва сарвари “Бунёди дастгирии ташаббусҳои шаҳрвандӣ” аз хавфҳои истифодаи ангишт ба саломатӣ ёд меоварад: “таъсири фоҷеабори сӯзондан ва истифодаи ангишт ба саломатӣ маълуманд. Ин хавфи ҷиддӣ барои ангиштканон, ҷомеаи маҳаллӣ ва шаҳрвандони оддӣ мебошад. Миёни маводе ки ҳангоми сӯзонидани ангишт дар МБГ ба муҳити атроф паҳн мешавад, хавфи бештарро пайвастагиҳои идоранашаванда ва моддаҳои заҳролуд, мисли симоб, сурб, кадмий ва дигарҳо доранд. Ҳатто дар ҳаҷми на онқадар зиёд ба организми инсон ворид шуда, онҳо батадриҷ ҷамъ мешаванд, сабаби хароб гардидани узвҳо, ба вуҷуд омадани омосҳои хабис (саратонӣ), таъсири мутагенӣ ва коҳиши муқовимат бо сироятёбӣ мегарданд”.

“Муҳим аст, таъкид намоем, ки ангишт на танҳо “ифлос”, балки аз нигоҳи талафоти иқтисодӣ низ аз ҳад хавфнок мебошад, – мегӯяд Муаззама Бурҳонова. Дар тамоми ҷаҳон марказҳои ангишт бо зарар кор мекунанд ва аз ҷониби давлат субсидия мегиранд. Кишварҳои зиёде изҳор медоранд, ки нақшаи даст кашидан аз истифодаи ангиштро барои тавлиди нерӯи барқ давоми даҳсолаи оянда доранд. Солҳои охир бонкҳои бузурги байналмилалӣ ва фондҳо низ аз ангишт рӯй гардонидаанд. Онҳо маблағгузорӣ ба тарҳҳои ангиштро ё коҳиш додаанд ё комилан маболиғи худро аз чунин лоиҳаҳо мегиранд. Аммо дар Тоҷикистон истихроҷ ва истифодаи ангишт ба сифати манбаи гармидиҳӣ аз ҷониби соҳибкорони чинӣ ва ватанӣ, инчунин бонкҳои рушди Чин дастгирӣ меёбад. Чин бо беҳтар кардани сиёсати ҳифзи муҳити атроф дар кишвари худ, тавлиди ифлоси ашёи хомро ба дигар кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон мебарад.      

Ангишт манбаи нисбатан хатарноки энергия барои иқлим мебошад. Шабакаи ташкилотҳои ҷамъиятии Тоҷикистон дар як изҳорот, ки ба тағйирёбии иқлим рабт дошт, чунин таъкид карда буд: “Ба манфиати кишвар аст, ки на танҳо ба мақсадҳои нисбатан ҷиддии коҳиши газҳои гулхонаӣ талош кунад, балки барои мубориза бо тағйирёбии иқлим дар сатҳи миллӣ тамоми корҳоро анҷом бидиҳад. Рушди босуръати бахши ангишт ба принсипи асосии Созишномаи Париж дар мавриди тағйирёбии иқлим, ки Тоҷикистон ҳам як ҷониби он аст, инчунин, бо масоили сиёсати мавҷудаи миллии иқлим мухолифат мекунад”.    

Ангишти “тоза” дурӯғи ифлос аст

Истихроҷи ангишт ва истифодаи он таври маълум таъсири бисёрҷанбаи манфиеро ба муҳити атроф мерасонад. Ҳар андоза миқёс ва ҳаҷми истихроҷи ангишт зиёд бошад, ҳамон андоза мушкили экологӣ зиёд мегардад. Дар ҳоли ҳозир, беш аз 90 дарсади ҳаҷми умумии ангишт бо роҳи боз истихроҷ мегардад. Ин ба он маъно аст, ки худи релеф, обҳои зеризаминӣ ва олами ҳайвонот аз таъсири манфии он бенасиб намемонанд, атмосфера ифлос мегардад.    

Маълумот ва иттилоъ дар бораи таъсири воқеии корхонаҳои тавлидкунандаи ангишт ба муҳити атроф ва саломатии аҳолӣ дар Тоҷикистон дар дастрасии озод вуҷуд надорад. Мақомот тарҷеҳ медиҳанд, ки дар ин бора иттилое пахш накунанд. Бисёриҳо шубҳа доранд, ки тамоми талаботи зарурӣ ва муоссир ҳангоми баррасӣ, тасдиқ ва истифодаи лоиҳаҳои марбут ба ангишт пурра риоят шудаанд.

Асос барои ин вуҷуд дорад – таърихи саноати ангишт нишон медиҳад, ки ширкатҳо ва ҳукумат дарёфти даромадро аз масоили тандурустӣ ва ё муҳити атроф болотар мегузоранд. 

Ин нукта хеле ҷолиб аст, ки мақоми расмии давлатӣ, ки масъули муҳити зист аст – Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Тоҷикистон тамоми ин солҳо ҳеч гоҳ ягон изҳороти расмӣ нашр накарда ва мавқеи худро вобаста ба истихроҷ ва истифодаи босуръати ангишт дар кишвар муайян накардааст.  

Намояндагони ин кумита вақте дар шабакаҳои иҷтимоӣ ё нашрияҳо чизе мунташир мегардад, танҳо бо шарҳҳои кутоҳ ва ё посухҳои стандартие монанди “ба меъёр мувофиқат мекунад”, “таҷҳизот барои тоза карданро дорад” ҷавоб медиҳанд.  

Бар пояи иттилои созмони “End Coal”, дар ҳоли ҳозир КАМ (Коэффисиенти амалҳои муфид)-и зеристгоҳҳои барқии бо ангишткоркунандаи нисбатан пешрафта ҳудуди 44 дарсадро ташкил медиҳад. Низоми назорати партовҳо (агар он насб шуда бошад) кумак мерасонад, партофти маводи зиёновар ба атмосфера пешгирӣ карда шавад.    

МБГ-и ангиштиро бо чунин таҷҳизот муҷаҳҳаз кардан арзиши умумии онҳоро ба садҳо миллион доллар боло мебарад. Чунин дастгоҳ нигоҳубини пайваста ва иваз кардан дар муҳлати муайянро талаб мекунад. Ин ҳама дар якҷоягӣ неругоҳҳои барқи ангиштиро нисбат ба истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия гаронтар мекунад, ки аз нигоҳи иқтисодӣ ҳам манфиатовар нестанд.

Агар ба тамоми ин занҷира – аз истихроҷ, коркард ва интиқоли ангишт то сӯзонидан ва маҳви боқимондаи он дар истгоҳҳои барқии ангиштӣ бингарем, комилан рӯшан мешавад, ки ангишт сӯзишвории “тоза” нест. 

Санъати ангишт барои оби тоза ва дастрас хатари ҷиддӣ дорад. Обҳои зиёди ошомидание ҳангоми истихроҷ, интиқол ва сӯзонидани ангишт дар МБГ истифода ва ифлос мешаванд. Дар таҳлили “Вазъи бахши ангишти Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки чанд сол қабл аз ҷониби ташкилоти “Замини хурд” таҳия шуда буд, гуфта мешавад, ки: “мушкили аслии корхонаҳои ангишт ҳанӯз ҳам ифлосшавии захираҳои об мебошад. Мушкили коҳиши дараҷаи ифлосшавии фозилоб ҳалношуда боқӣ мемонад”. Ба иттилои “End Coal” бошад, як маркази барқдиҳии ангиштӣ бо иқтидори 500 мВт ҳар 3,5 дақиқа аз манбаъ ҳаҷми оби баробар бо ҳавзи олимпиеро (2500 метри мукааб) мегирад. Манбаъҳои ифлосшудаи об дар пайи санъати ангишт онро барои нушидан номумкин мегардонанд ва ба гуногунии биологии низомҳои экологии обӣ зиёни ҷиддӣ мерасонанд.     

Имрӯз дар Тоҷикистон ангишт роҳи арзони ҳалли масъалаҳои энергетикӣ гуфта мешавад. Аммо дар ин ҳол арзиши иҷтимоӣ ва иқтисодиро ба инобат намегиранд. Сармоягузорони бузурги байналмилалӣ, ки бахши ангиштро дастгирӣ кардан мехоҳанд, қарзҳои боимтиёзи дарозмуддат пешниҳод мекунанд ва тамоми хавфу хароҷоти беруниро аз тиҷорати хусусӣ ва ҳукумат ба андозсупорандаи одӣ вомегузоранд. Тағйири тамоили иқтисод ба ангишт мушкилотро барои даҳсолаҳо ба пеш бунёд мекунад. Ҳатто минтақаҳои маҳфузгаштаи истихроҷ ва маконҳои нигаҳдории пасмондаҳои истгоҳҳои барқии ангиштӣ муддатҳои тӯлонӣ барои муҳити атроф ва саломатии инсон хатарнок мебошанд.

Ташкилотҳои экологӣ дар Тоҷикистон борҳо изҳор доштаанд, ки дастгирии рушди бахши ангишт ба ташаккули иқтисоди “сабз” дар кишвар монеа мегардад.  

Ин ба сӯзишвории ифлос нишондани кишвар давоми 30-40 соли оянда мебошад. Ангишт маболиғеро, ки мешавад барои тарҳҳо ва барномаҳои сарфаҷӯӣ дар энержӣ, рушди манбаъҳои алтернативии энергия ва дигар иқдомҳои “сабз”, ки метавонистанд ҷойҳои корӣ ба вуҷуд оварда, ҳамзамон иқтисодро ба баланд бардоштани муассирии истифода аз захираҳои барқароршавандаи табиӣ равона кунанд, кашида мегирад.

Афроди тасмимгиранда ҷиҳати рушди босуботи кишвар бояд аҳдофи дарозмуддатро дунбол кунанд, на ин ки тавассути ангиштсанг мушкилоти кутоҳмуддати иқтисодӣ ва ё энергетикиро ҳал намуда, тамоми оқибатҳои сангини онро ба насли нав “ба мерос” гузоранд. Вобастагӣ аз ангишт фавқулодда хатарнок аст. Он моро ба тахриби муҳити атроф, хароб кардани саломатӣ маҷбур карда, ба роҳе тела медиҳад, ки баргаштан аз он осон нест.


Ин мавод дар доираи лоиҳаи “Giving Voice, Driving Change – from the Borderland to the Steppes Project” омода шудааст.


[1] Книга «Угольная промышленность Таджикистана: состояние и перспективы развития». Авторы Абдарахимов Б.А., Охунов Р.В. Издание «Недра», г. Душанбе, 2011 г.

[2] http://www.tajembassy.by/articles/show/alias/poslanie-prezidenta-respubliki-tadjikistan-emomali-rahmona-madjlisi-oli-respubliki-tadjikistan—20-aprelya-2012-goda-2/

[3] https://asiaplustj.info/ru/news/tajikistan/politics/20120608/itog-vizita-rakhmona-v-kitai-tadzhikistan-poluchit-svyshe-1-milliarda-dollarov

[4] https://www.chinadialogue.net/article/show/single/en/9174-China-shifts-polluting-cement-to-Tajikistan

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report
The following text will be sent to our editors: