© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Чаро дафтари СҶТ дар Тоҷикистон мавриди интиқод қарор гирифт?

Гуруҳи коршиносони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) беш аз як ҳафта аст, ки дар Тоҷикистон қарор дошта, ба мониторинги мубориза бо пандемияи COVID-19 дар кишвар машғул аст. Ҳанӯз маълум нест, ки онҳо ба чӣ хулосае расидаанд. Аммо бархе коршиносон аллакай мегӯянд, миссияи СҶТ дар Тоҷикистон номуваффақ буд.


Ба канали мо дар  Telegram обуна шавед!


1 май ҳайати Созмони ҷаҳонии тандурустӣ озими Тоҷикистон шуд, то “вазъиятро маълум кунад”. Дар мавриди сафари ин ҳайат, СҶТ як ҳафта қабл, замоне ки ҳукумат мавҷудияти коронавируси навро дар кишвар қатъиян рад мекард, хабар дод. Ин ҳама дар пасманзари маргҳои мармузи одамон ва дафн кардани фавтидаҳо бо риояи чораҳои шадиди бехатарӣ ба вуқӯъ пайваст.

Галина Перфилева мавҷудияти коронавирусро дар Тоҷикистон рад мекард. Акс аз ozodi.org
Галина Перфилева мавҷудияти коронавирусро дар Тоҷикистон рад мекард. Акс аз ozodi.org

Галина Перфилева, раиси дафтари СҶТ дар Тоҷикистон то замони эълони сафари ҳайати созмон ҳамчунин аз мавқеи мақомоти тоҷик дар мавриди набудани коронавирус дар кишвар ҳимоят мекард. Танҳо як ҳафта қабл аз омадани ҳайати СҶТ, Перфилева дар суҳбат бо рӯзномаи русии “Коммерсант” мавқеи худро тағйир дод. Дар ин мусоҳиба ӯ изҳор дошт, дақиқ гуфта наметавонад, ки дар Тоҷикистон коронавирус нест.  

То имрӯз ҳам мақомоти расмии Тоҷикистон ва ҳам намояндагии СҶТ дар Душанбе мегӯянд, иттилоъ дар мавриди мавҷудияти сироятёфтаҳоро пинҳон накардаанд. Аммо як чиз рӯшан аст: дар мавриди аввалин ҳолатҳои ошкоршавии COVID-19 дар кишвар ҳукумат як рӯз қабл аз сафари ҳайати СҶТ расман эълон кард. Эътирофе ки ба андешаи бештари коршиносон танҳо ба сафари ҳайати коршиносони СҶТ рабт дошт. Бо ин ҳол, коршиносон мепурсанд, ки чӣ гуна аввалин ҳолатҳои сироятёбӣ танҳо дар авохири апрел ошкор гардид, дар ҳоле ки тамоми парвозҳо аз 19 март қатъ гардида, марзҳо бошанд, аз 10 апрел баста ҳастанд?! 

Ҳарчанд, ҳайати СҶТ баъди ба Душанбе расидан изҳор дошт, ҳадафи онҳо расонидани ёрӣ ба мақомоти Тоҷикистон дар мубориза бо COVID-19 аст, на фишор овардан ба ҳукумат.

Патрик О’Коннор, сарвари ҳайати СҶТ дар изҳороти худ гуфт, онҳо бо даъвати ҳукумати Тоҷикистон ва кумаки сохторҳои СММ барои ҳамкорӣ дар мубориза бо паҳншавии вирус ба Душанбе омадаанд. Аммо маълум аст, ки пушти ташкили ин сафар ба Душанбе рӯйдодҳои зиёде ба вуқӯъ пайвасту мепайвандад, ки на ҳукумат ва на СҶТ омодаи шарҳ додани онҳо нестанд. Аз ҷумла, сафари намояндагони СҶТ ба Душанбе соддаву осон набуд ва барои ташкил кардани он кумаки Русия лозим омад.

Ханс Клюге, сарвари дафтари минтақаии СҶТ дар Аврупо рӯзи 29 апрел аснои мулоқот бо Анна Попова, сарвари Роспотребнадзор, аз Маскав хост ба ҳайати СҶТ барои сафар ба Тоҷикистон кумак расонад. Ба гуфтаи намояндаи СҶТ, кумаки Русия чӣ аз нигоҳи фаннӣ ва чӣ аз нигоҳи сиёсӣ муҳим аст, “зеро Тоҷикистон ва Туркманистон ба ҳарфҳои Маскав гӯш медиҳанд”. 

Клюге инчунин аз вазъи феълӣ, аз ҷумла афзоиши ҳолатҳои марги одамон аз пневмония дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кард. 

Ҳайати СҶТ дар мулоқот бо нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода. Акс аз khovar.tj
Ҳайати СҶТ дар мулоқот бо нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода. Акс аз khovar.tj

Як ҷанбаи дигари баҳсбарангези сафари ҳайати СҶТ ба Тоҷикистон ин аст, ки ҳанӯз барномаи ин сафар расман нашр нашудааст. То имрӯз, миёни намояндагони СҶТ ва мақомҳои расмии Тоҷикистон, бо шумули нахуствазир Қоҳир Расулзода мулоқотҳо анҷом шудаанд. Аммо маълум нест, ки оё ҳайат аз беморхонаҳои кишвар дидан мекунад ё на ва онҳо вазъияти феълиро чӣ гуна арзёбӣ хоҳанд кард?

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ шӯъбаи Созмони милали муттаҳид мебошад ва фаъолияти худро соли 1948 оғоз кардааст. Ба гуфтаи коршиносон, миссияи асосии созмон ироаи кумак ба кишварҳо ҷиҳати роҳандозии низоми муассири тандурустӣ мебошад, то давлатҳо тавонанд сиҳатии сокинони худро ҳифз кунанд. Аммо бархе коршиносон кори Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистонро зери интиқод мегиранд ва мегӯянд, он ҳадафҳои худро анҷом дода наметавонад.

Ораш Алоӣ, сарвари Институти ҷаҳонии саломатӣ ва омӯзиш дар Ню-Йорки Амрико мегӯяд, кори СҶТ дар пасманзари пандемияи COVID-19 на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми ҷаҳон зери борони интиқод қарор гирифт.

Ҷаноби Алоӣ рӯзи 8 май дар суҳбат бо CABAR.asia гуфт, намояндагии СҶТ дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳо дар анҷоми вокунишҳо кутаҳӣ карданд ва новобаста ба ин таъхиркорӣ, танҳо бо паҳн кардани чанд брошура иктифо намуданд.

Ораш Алоӣ. Акс аз rferl.org
Ораш Алоӣ. Акс аз rferl.org

“Он чизе ки дафтари СҶТ дар Тоҷикистон метавонист анҷом бидиҳад – баргузории сареи тренингҳо дар мавриди COVID-19 аст, то фаҳмонда шавад, ки чӣ тавр аз ин беморӣ ҷилавгирӣ кард ва табибон дар гӯшаҳои мухталифи кишвар чӣ тавр бояд амал кунанд. Дуввум, барои табобат ва ҷилавгирӣ аз маргу мир кормандони бахши тиб ҷиҳати коҳиши фавт аз коронавирус бояд давраи омодагиро мегузаштанд. Сеюм, баррасии масъалаи озмоишгоҳҳо. Як ё ду озмоишгоҳ кофӣ нест ва барои ташхис зарур буд, то шумораи озмоишгоҳҳо зиёд карда шаванд. Дар ниҳоят, фаҳмонидани ин ки дар марҳилаҳои аввали бурузи маризӣ ва то расидан ба нуқтаи авҷ чӣ бояд кард? СҶТ метавонист ба Вазорати тандурустӣ барои ҳалли ин мушкилиҳо кумак расонад”,-илова намуд Ораш Алоӣ. 

Ба андешаи ӯ, СҶТ чунин ёриеро ба Тоҷикистон ироа накард.

Дар ин шабу рӯзҳо дафтари СҶТ дар Тоҷикистон, ба вижа раҳбари он Галина Перфилева дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба интиқоди шадид рӯ ба рӯ шудааст. Кор ба ҳадде расид, ки бо ибтикори гуруҳи корбарон ҷамъовари имзо бо талаби истеъфои Перфилева шурӯъ гардид.

Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон инчунин ба қароргоҳи СҶТ нома навишта, аз амали сарвари дафтари ин созмон дар Душанбе изҳори нигаронӣ кардаанд. Намояндагони ҷомеаи маданӣ дар ин нома изҳор доштанд, ки мақомот маҳз бо такя ба изҳороти раиси дафтари СҶТ вуҷуди коронавирусро дар Тоҷикистон рад карданд. Дар ҳамин ҳол, бархе коршиносони бахши тиб мегӯянд, аз СҶТ набояд интизориҳои зиёд дошт ва хулосабарорӣ дар мавриди муҷрим шинохтани ин созмон ҳанӯз хеле барвақт аст.

Абдулло Давлатов, табиби тоҷики муқими Маскав ба CABAR.asia гуфт, бовар надорад, ки СҶТ зери фишори мақомоти тоҷик амал карда бошад.

Абдулло Давлатов. Акс аз ozodi.org
Абдулло Давлатов. Акс аз ozodi.org

“Новобаста аз ин ки оинномаи СҶТ талаб мекунад, то манфиатҳои кишвари дар он ҳузурдошта ба назар гирифта шаванд, аммо дар масъалаҳои касбӣ дафтарҳои маҳаллӣ стандартҳои худи созмонро риоят мекунанд”,-гуфт Давлатов.

Ӯ иддаоҳои асосии корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ба раҳбарияти дафтари СҶТ дар Тоҷикистонро номбар кард.

“Онҳо сари вақт дар мавриди мавҷудияти коронавирус хабар надоданд. Коронавирусро “пневмония” ном карданд. Ва ниҳоят, мавҷудияти коронавирусро дар кишвар зери фишор эътироф карданд”,-гуфт Давлатов.

Аммо ба гуфтаи вай, дар мавриди мавҷудияти коронавирус мешавад танҳо замоне ҳарф зад, ки мавҷудияти он дар пайи пажуҳишҳои лабораторӣ тасдиқ шавад.

“Вақте тасдиқ шуд, зуд дар ин бора эълон карданд”,-мегӯяд Абдулло Давлатов.

Бо вуҷуди интиқодҳои зиёд унвонии дафтари СҶТ дар Душанбе, худи созмон ҳанӯз дар ин бора изҳороти расмие накардааст. Ахиран хабарҳое мерасанд, ки Галина Перфилева аз мақоми раҳбари дафтари СҶТ дар Душанбе канор меравад, аммо ҳафтаи гузашта ӯ ин иттилоъро рад кард.

Рӯзҳое ки коршиносони СҶТ дар Тоҷикистон буданд, расонаҳо хабар доданд, ки аз беморхонаҳо маризони ҳанӯз шифонаёфтаро ҷавоб медиҳанд. Ба иттилои ВАО, ин ҳолат махсусан дар вилояти Суғд бештар ба назар мерасад.

Ба гуфтаи манобеи Радиои Озодӣ, мақомоти маҳаллӣ Собирҷон Собиров, сардухтури беморхонаи вилоятии Суғдро барои ҷавоб надодани беморон ба хонаҳояшон дар пешорӯи боздиди эҳтимолии намояндагони СҶТ аз кор ҷавоб додаанд. 

“Собиров гуфтааст, наметавонад ба ҳайси табиб беморонро ҷавоб диҳад. Агар хоҳанд, вазифаашро гиранд. Ночор аризаи аз кор рафтанро навиштааст. Мақомот бо ин роҳ ӯро аз вазифа сабукдӯш кардаанд”,-хабар медиҳад Радиои Озодӣ. Мақомдорони Суғд аз шарҳи сабабҳои сабукдӯш кардани Собиров худдорӣ кардаанд.


Ин матлаб дар чорчӯби тарҳи IWPR «Ҳамовозӣ барои дигарсозӣ — аз ҳошия то бодия» нивишта шудааст.

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report

The following text will be sent to our editors: