© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Баррасии қарзи бонкӣ барои тоҷирон дар мизи гирди IWPR

Дар шаҳри Душанбе бо ибтикори IWPR мушкили дастрасии қарзҳои бонкӣ барои намояндагони тиҷорати хурду миёна баҳсу баррасӣ гардид.


Акс аз CABAR.asia
Акс аз CABAR.asia

Дар ин мизи гирд намояндагони мақомоти марбутаи давлатӣ, бо шумули Бонки миллии Тоҷикистон ва Вазорати молия, бонкҳои тиҷоратӣ, коршиносони мустақил ва рӯзноманигорон иштирок доштанд. 

Сардабири намояндагии IWPR дар Тоҷикистон Марат Мамадшоев зимни ифтитоҳи ҳамоиш изҳор дошт, қаблан дар сомонаи CABAR.asia матлабе нашр гардид, ки аз мушкилоти дастрасии намояндагони тиҷорати хурду миёна ба қарзҳои бонкӣ баҳс мекард.

Тафсилоти бештарро инҷо мутолиа кунедУмаров: Муҳити носозгор соҳибкорони тоҷикро ба фирор водор кардааст

Дар ин матлаб гуфта мешавад, ки фоизи қарзҳои бонкҳои тиҷоратӣ барои соҳибкорон хеле баланд аст. Раванди дарёфти қарзҳои имтиёзноки мақсаднок аз захираҳои буҷавӣ мушкил аст. 

Марат Мамадшоев таъкид намуд, ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қаблан чандин маврид дар бораи зарурати коҳиш додани фоизи қарзҳо суҳбат кард ва пасон Бонки миллии Тоҷикистон барои омӯзиши ин масъала гуруҳи корӣ созмон дод.

Тафсилоти бештарро инҷо мутолиа кунед: Тоҷикистон: фоизҳои баланди қарзӣ вазъи соҳибкоронро бадтар месозанд

Сармутахассиси Раёсати таҳлили бонкии Департаменти нозироти бонкии БМТ Суҳайлӣ Абдулваҳҳобов гуфт, натиҷаи кори ин гуруҳ ба таври мунтазам поин рафтани фоизи қарзӣ гардид.

Бар пояи иттилои пешниҳодшуда, меъёри миёнавазни фоизи қарзҳо бо асъори миллӣ давоми як соли ахир ба 3,3 банди фоизӣ ва бо асъори хориҷӣ ба 1,4 банди фоизӣ поин оварда шуд. Бо ин ҳол, дар охири соли 2019 меъёри миёнавазни фоизӣ бо асъори миллӣ 22,7 дарсад ва бо асъори хориҷӣ 15,9 дарсадро ташкил дод.   

Ба таъкиди Суҳайлӣ Абдулваҳҳобов, дар соли сипаришуда ҳаҷми қарзҳои пешниҳодгардида 9,6 миллиард сомонӣ (ҳудуди 986 миллион доллари амрикоӣ)-ро ташкил додааст, ки ин рақам дар қиёс ба соли 2018 ба миқдори 1,9миллиард сомонӣ (наздики 200 миллион доллар) бештар мебошад.  

Ҳаҷми қарзҳои пардохтнашуда дар соли 2016 — 46,8 дарсадро ташкил медод, дар охири соли 2019 бошад, ин нишондиҳанда то 25,6 дарсад коҳиш ёфтааст. 

Суҳайлӣ Абдулваҳҳобов. Акс аз CABAR.asia
Суҳайлӣ Абдулваҳҳобов. Акс аз CABAR.asia

Ба гуфтаи ӯ, Бонки миллии Тоҷикистон фаъолиятҳо дар самти коҳиши меъёри фоизӣ ва содданамоии ҳуҷҷатгузории марбут ба ин равандро идома медиҳад.  

Инчунин, таъсиси бонки давлатӣ дар заминаи Фонди дастгирии соҳибкорӣ дар нақша гирифта шудааст. Ба иттилои ҷаноби Абдулваҳҳобов, ин раванд аллакай шурӯъ гардида, санадҳои лозим аз ҷониби ниҳодҳои масъул омода гардида, ояндаи наздик барои оғози раванди дарёфти иҷозатнома ба Бонки миллӣ супурда мешаванд. 

Сардори департаменти қарзии Аввалин бонки молиявии хурд Бежан Холиқназаров гуфт, давоми ду соли ахир дар ниҳоди молиявии онҳо меъёри фоизҳо бо асъори миллӣ ба 6 дарсад ва бо асъори хориҷӣ ба 10 дарсад поин оварда шуд. 

Ӯ афзуд, меъёри фоизӣ аз дараҷаи хавфи тиҷорат вобастагӣ дорад: ҳар қадар хавф камтар бошад, ҳамон андоза фоизҳо пастар мешаванд. Феълан, Аввалин бонки молиявии хурд метавонад барои соҳибкории хурду миёна аз 10 ҳазор то 200 ҳазор доллар қарз пешниҳод намояд. 

Бежан Холиқназаров. Фото: CABAR.asia
Бежан Холиқназаров. Фото: CABAR.asia

Аснои баррасии мавзӯъ чанде аз иштирокдорони мизи гирд унвонии  соҳибкорон низ даъвоҳое ироа карданд. Ба андешаи онҳо, худи тоҷирон дониши хуб надоранд ва наметавонанд санадҳои молии заруриро барои дарёфти қарзҳои имтиёзнок пешниҳод созанд.

Инчунин иштирокдорон ба ин нукта ишора карданд, ки тоҷирон қарзҳои дарёфткардаи худро ғайримақсаднок масраф мекунанд, яъне барои рушди тиҷорат қарз мегиранд, аммо онро барои корҳои дигар харҷ менамоянд.

Иштирокдорон таъкид намуданд, ки ин ҳолат аз адами мониторинги зарурӣ аз сӯи бонкҳо дарак медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, иқтисоддон Баҳром Шарифов бар ин аст, ки Бонки миллӣ “сиёсати пулҳои гарон”-ро анҷом медиҳад. Ӯ шарҳ дод, меъёри бозтамвили БМТ имрӯзҳо тақрибан ба 13 дарсад мерасад, яъне ба гуфтаи ӯ, танзимкунанда қарздиҳии кутоҳмуддати бонкҳои тиҷоратиро бо меъёри баланди фоизӣ анҷом медиҳад.

Баҳром Шарифов инчунин ба зарурати рушди бозори коғазҳои қимматнок таъкид намуд. 

Баҳром Шарифов. Акс аз CABAR.asia
Баҳром Шарифов. Акс аз CABAR.asia

“Чаро аз бозори коғазҳои қимматнок намегӯем? Тамоми сармоя дар Ғарб тавассути рушди бозор коғазҳои қимматнок меравад, бар илова ҳангоми истифодаи маблағҳо ҳеч фоизе нест. Сармоягузории ин коғазҳо анҷом мешавад ва ҳангоми фоидаовар шудани ширкат, пардохти дивиденд сурат мегирад”,- таъкид намуд Баҳром Шарифов.   

Ӯ мегӯяд, абзори бозори коғазҳои қимматнок имкони рушди малағгузории дарозмуддатро фароҳам меоварад.

“Кадом тарҳи сармоягузориро мешавад дар давоми як сол роҳандозӣ кард? Дасти кам аз се то даҳ сол лозим меояд. Коғазҳои қимматнок бошанд, чунин сармоягузории дарозмуддатро имконпазир мегардонанд”,-афзуд Шарифов.

Ӯ инчунин меъёри бозтамвили муайяннамудаи Бонки миллии Тоҷикистонро гарон медонад.

Ҳоҷимуҳаммад Умаров. Акс аз CABAR.asia
Ҳоҷимуҳаммад Умаров. Акс аз CABAR.asia

Доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров бори дигар ба сатҳи поини мизони нақдинасозии иқтисодӣ таъкид намуд. Ба андешаи ӯ, ин ҳолат имкониятҳои тиҷоратро маҳдуд мекунад.

“Дар Тоҷикистон ҳамагӣ 6755 корхонаи хурд ҳаст. Агар вуруди маҳсулоти хориҷиеро, ки метавонистем худамон истеҳсол кунем, ба ҷумҳурӣ ба назар бигирем, мешавад 100 ҳазор корхона бунёд кард. Аммо барои бунёди онҳо маблағ зарур аст”,-гуфт вай.

Умаров бар ин аст, ки гуруҳҳои академӣ метавонанд дар ислоҳоти низоми бонкӣ кӯмак расонанд. Ҳоло бошад, меафзояд ӯ, бонкҳо машварати донишмандонро нодида мегиранд. Умаров мегӯяд, ин дуруст нест, зеро дар бонк афроди амалӣ кор мекунанд, ки “вақт надоранд”, то таҷрибаи кишварҳои дигарро биомӯзанд. 

“Ҳама {ҷонибҳои ҳавасманд дар ин раванд} манфиатҳои худро доранд. Ягона ниҳоде ки мунсифона гап мезанад, илми академӣ аст, тамоми чизҳоро хулоса намуда, идеяи асосиро пешниҳод месозад”,-изофа намуд Баҳром Шарифов.

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report

The following text will be sent to our editors: