© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

“Ба мақомот хуш намеояд”. Дар Тоҷикистон ду омори марбут ба коронавирус мавҷуд аст

Бо назардошти муносибати инфиродӣ бо пандемия, шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд ё ба омори расмӣ ва ё алтернативии марбут ба қурбониёни COVID-19 дар кишвар муроҷиат намоянд.


Ба канали мо дар  Telegram обуна шавед!


Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон. Акс аз moh.tj
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон. Акс аз moh.tj

Корбарони тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоӣ нобоварии худро ба омори расмӣ перомуни миқёси паҳншавии коронавирус изҳор медоранд. Дар посух, мақомот ба муҷозот барои паҳн кардани иттилои номуътамад ишора карда, дастрасӣ ба сомонаеро, ки иттилои алтернативӣ дар бораи қурбониёни пандемияро пешниҳод мекунад, пайваста масдуд месозад.

Нобоварӣ ба омори расмӣ ҳанӯз замоне пайдо шуд, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз гирифторӣ ба бемории монанд ба коронавирус ва ҳолатҳои маргҳои мармуз хабар дода мешуд. Аммо дар пасманзари ин хабарҳо мақомот борҳо мавҷудияти COVID-19 дар Тоҷикистонро рад намуда, таъкид мекарданд, ки ин ҳолатҳо ба пневмония марбут аст. Ба бовари мақомот, “овозаҳо” дар мавриди гирифторӣ ба коронавирус бо ҳадафи ба вуҷуд овардани воҳимаву тарс миёни аҳолӣ паҳн карда мешаванд.

Барои мисол, рӯзи 4 март Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз ВАО даъват намуд, танҳо омори расмӣ ва иттилои “тасдиқшуда”-ро дар ин масъала нашр кунад.

“Чунин ба назар мерасад, ки як гурӯҳ одамон бо истифода аз шабакаи интернет аз нашри ҳар гуна хабарҳои дурӯғ ва беасос вобаста ба он ки гӯё дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сирояти коронавирус ба қайд гирифта шудааст, манфиатдор буда, бо ин роҳ мехоҳанд мардумро ба тарсу ҳарос андозанд”,-гуфта мешуд дар хабари вазорат.

Дар пайи нобоварӣ ба омори расмии теъдоди фавтидаҳо аз коронавируси нав фаъолони тоҷик сомонаи алтернативии kvtj.info-ро таъсис доданд. Дар он рӯйхати шаҳрвандоне нашр мешавад, ки эҳтимол дорад аз ин вирус ба ҳалокат расидаанд.

Бар пояи иттилои расмӣ то 8 июн бар асари коронавируси нав 47 нафар ба ҳалокат расидааст. Дар рӯйхати алтернативӣ бошад, дар он рӯз номи 426 нафар, ки гумон меравад аз коронавирус ва пневмония даргузаштаанд, навишта шудааст.

Омори сомона ба иттилои маргу мири одамоне асос ёфтааст, ки наздикону пайвандони онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кардаанд. Дар ин рӯйхат ному насаби қурбониёни эҳтимолии пандемия, минтақаи зист, сину сол ва шуғли онҳо, инчунин манбаи иттилоъ нишон дода шудааст.

Дастрасӣ ба ин сомона дар қаламрави Тоҷикистон пайваста масдуд мешавад ва барои боз кардани он истифода аз технологияи VPN лозим меояд.  

Дар суҳбат бо CABAR.asia яке аз фаъолони сайти мазкур аз мунтазам масдуд шудани сомона дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кард.  

“Мақсади таъсисдиҳандаҳои сомона танҳо гирд овардани маълумоти ғайрирасмӣ дар мавриди маргу мир аз пневмония ва ё коронавирус аст. Дуруст аст, ки маълумоти мо аз омори расмӣ фарқ мекунад ва ин ба мақомот хуш намеояд. Кори мо талош барои воҳимапароканӣ нест. Шояд замоне ин рақамҳо барои таърих лозим мешаванд ва шояд ҳам ба худи мақомот даркор шаванд”,-таъкид намуд ҳамсуҳбати мо.

Ба гуфтаи ӯ, рӯйхат ҳамарӯза пас аз он ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҳолатҳои нави маргу мир маълумот нашр мегардад, барӯз мешавад. Баъди дарёфти маълумот маъмурияти сомона талош мекунад, тасдиқи иттилои мазкурро аз сарчашмаҳои дигар низ ба даст биёрад.

Як фаъоли дигари ин сомона муътақид аст, ки маълумоти сайти онҳо дар қиёс ба омори расмӣ нисбатан дақиқ ва боэътимодтар мебошад.

“Дар сайти мо номҳои одамони мушаххас навишта шудааст, манбаъҳое ҳастанд, ки мешавад дурустии маълумоти онҳоро санҷид”,-изҳор дошт вай ва илова намуд, ки чунин мушаххасиро намешавад аз омори расмӣ пайдо кард.

Дар сайти мо номҳои одамони мушаххас навишта шудааст, манбаъҳое ҳастанд, ки мешавад дурустии маълумоти онҳоро санҷид.

Фаъолон ба ин нукта ишора мекунанд, ки дар ҷомеа иттилои комил дар мавриди маргу мири одамон аз коронавирус вуҷуд надорад. Барои мисол, ҷомеа аз марги Саидаҳмад Гадоев, пизишки кӯдакон аз ноҳияи Восеъ танҳо пас аз чанд рӯз хабар ёфт. Гадоев 3 май бемор шуд ва пас аз як ҳафта – 10 май ба ҳалокат расид. ВАО танҳо рӯзи 15 май аз марги ӯ хабар ёфтанд.

Дар ҳамин ҳол, нозирон мегӯянд, новобаста ба иттилои зиду нақизи бархе созмонҳои байналмилалӣ ва махзани маълумот дар кори худ дар навбати аввал ба омори расмӣ такя мекунанд. Аз ҷумла ба сомонаи маъруфи марбут ба суръати паҳншавии коронавирус, ки дар назди Институти Ҷон Хопкинси Вашингтон таъсис шудааст.

Мақомот тавсия медиҳанд, ки ба овозаҳо бовар накунед

То 30 апрели соли равон Туркманистон ва Тоҷикистон ду кишвари Осиёи Марказӣ ба ҳисоб мерафтанд, ки ҳолатҳои сироятёбӣ ба коронавирусро тасдиқ намекарданд. Аммо Душанбе як рӯз қабл аз сафари ҳайати Созмони ҷаҳонии тундурустӣ мавҷудияти беморонро дар кишвар расман эълон кард.

Додситонии кулли Тоҷикистон аз мардум даъват кард, ба овозаҳо дода нашаванд. Акс аз asiaplustj.info
Додситонии кулли Тоҷикистон аз мардум даъват кард, ба овозаҳо дода нашаванд. Акс аз asiaplustj.info

Ҳатто пас аз эътирофи вуҷуди COVID-19 низ мақомот одамонеро, ки “воҳима меандозанд” бо муҷозот таҳдид карданд.

“Аз аҳолии кишвар хоҳиш ба амал оварда мешавад, ки ба овозаҳои беасоси зиёд шудани ҳодисаҳои фавт, болоравии нархҳо, камчин шудани маҳсулоти аввалия, баста шудани роҳҳои байни минтақаҳои ҷумҳурӣ дода нашаванд”,-омадааст дар изҳороти Додситонии кулли Тоҷикистон, ки 7 май паҳн гардид.

Дар идомаи изҳорот таъкид мешавад: “Ҳамзамон таъкид мегардад, ки дар сурати паҳн кардани овозаҳои бардурӯғ дар ин бора, ба хотири ба таҳлука овардани аҳолӣ нисбати нафарони паҳнкунанда чораҳои қонунӣ андешида мешавад”.

Мақомоти Тоҷикистон аз додани шарҳ дар мавриди дурустии омори қурбониёни пандемия худдорӣ мекунанд. Чанде қабл, Вазорати тандурустӣ ба телефонҳои ҳамроҳи сокинони кишвар паёмаке ирсол намуда, таъкид кард, ба овозаҳо бовар накунанд ва иттилои муътамадро дар бораи коронавирус аз сомонаи Вазорати тандурустӣ – moh.tj дарёфт кунанд.

Дар як суҳбати кутоҳ намояндагони вазорат изҳор доштанд, ки “маълумоти омории пешниҳодшаванда расмӣ буда, танҳо ҳолатҳое сабт мешаванд, ки санадшудаанд”.

Нозирон мегӯянд, мақомоти тоҷик аз оғоз паҳншавии COVID-19-ро дар кишвар пинҳон намуд ва ҳоло маълумоти дақиқро дар мавриди афроди мубтало ба коронавирус ва қурбониёни ин беморӣ пешниҳод намекунад.

Сиёсатшиноси тоҷик Парвиз Муллоҷонов бар ин андеша аст, ки Ҳукумати Тоҷикистон маълумоти воқеии омориро бо ду сабаб ироа кардан намехоҳад.

Парвиз Муллоҷонов. Акс аз ipp.kg
Парвиз Муллоҷонов. Акс аз ipp.kg

“Аввалан, мақомот аз таҳлукаву воҳима миёни одамон, ки метавонад сабаби бад шудани вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ шавад, нигарон аст. Дуввум, онҳо фикр мекунанд, ин чиз ба обрӯи ҳукумат таъсири манфӣ мерасонад, зеро ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки одамон онҳоро дар бадтар шудани вазъ муттаҳам мекунанд”,-гуфт Муллоҷонов.

Ба андешаи ӯ, ин талошҳои мақомот натиҷаи дилхоҳ намедиҳад ва “рақамҳои воқеиро намешавад аз ҷомеа пинҳон кард”.

“Теъдоди қурбониён зиёд мешавад, ба вижа дар минтақаҳо, ки ҳама якдигарро мешиносанд. Аз ин рӯ, пинҳон кардан ба манфиати ҳукумат нест”,-афзуд Муллоҷонов.

Бар пояи иттилои расмӣ, то 8 июн теъдоди гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон 4529 нафарро ташкил додааст. Вазорати тандурустӣ эълон кард, то ин сана 48 нафар аз COVID-19 ба ҳалокат расидаанд.

Бино бар ин маълумот, феълан Тоҷикистон миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ шумораи аз ҳама бештари фавт аз коронавирусро дорад.


Ин мақола дар чорчӯби тарҳи «Ҳамовозӣ барои дигарсозӣ — аз ҳошия то бодия» таҳия шудааст. Назароти баёншуда дар ин матлаб мавзеъи ҳайъати таҳририя ё ҳомии тарҳро бозтоб намедиҳад.

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report
The following text will be sent to our editors: