© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Ҳамоиши муҳити зисти IWPR бо коршиносон дар Душанбе

Дар Тоҷикистон пажӯҳишҳои кофӣ дар бораи мушкилоти муҳити зисти кишвар то ба ҳол анҷом нашудааст. Ин мавзӯъ дар нишасти тахассусии коршиносони муҳити зист, ки Муассисаи Гузоришгарии Ҷанг ва Сулҳ (IWPR) дар шаҳри Душанбе созмон дод, баррасӣ шуд.


Шаҳодат Соҳибназарова. Акс: CABAR.asia
Шаҳодат Соҳибназарова. Акс: CABAR.asia

Ин рӯйдод бо ҳузури намояндагони Фарҳангистони улуми Тоҷикистон ва коршиносони мустақил баргузор шуд.

Дар ин ҳамоиш асосан масоили истифода аз об, олудагии ҳаво ва барномарезии рушду тавсеаи пойдори шаҳрҳо мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.

Рӯзноманигори масоили зистмуҳитӣ ва гардонандаи ин маҳфил, Шаҳодат Соҳибназарова, иброз дошт, ки гуфтмони муҳити зист дар Тоҷикистон метавонад баҳсҳои мухталифе, чун гуногунзистӣ, тағйироти иқлимӣ ва истеҳсолоти пойдорро дар бар бигирад.

Шамсиддин Ҷалолов, раиси бахши муҳити зисти Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва ҷамъияти Фарҳангистони улуми Тоҷикистон, аз иртиботи масоили зистмуҳитӣ бо барномаҳои рушди иқтисодию иҷтимоъӣ ва аҳаммияти он сухан гуфт. Вай иброз дошт, ки фароянди тунду шитобзадаи шаҳрнишинӣ дар баробари судҳои фаровоне, ки дорад, ба сарчашмаи бисёре аз мушкилоти ҷиддӣ дар саросари ҷаҳон низ табдил шудааст.

Ба ин тартиб, бо афзоиши зичии аҳолӣ дар шаҳрҳои бузург ҳаҷми нерӯи хуршедӣ ба андозаи 15% коҳиш ва борандагӣ афзоиш меёбад. Ҳамчунин, сатҳи ибтило ба бемориҳои уфунӣ ва саратонӣ ҳам боло меравад.

Бо ин ҳол, Ҷалолов муътақид аст, ки дар ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон масъулон аҳаммияти муҳити зистро имрӯзҳо беҳтар аз гузашта дарк мекунанд.

Шамсуддин Ҷалолов. Акс: CABAR.asia
Шамсуддин Ҷалолов. Акс: CABAR.asia

Ҷалолов ба унвони намуна ба таъсиси Кумитаи муҳити зист дар Маҷлиси Намояндагон пас аз интихоботи порлумонии ахир ва эҷоди мақоми нави ‘муовини шаҳрдори Душанбе дар умури муҳити зист’ ишора кард.

Темур Идрисов, коршиноси мустақил дар заминаи муҳити зист, низ ба василаи интернет аз роҳи дур ба ин ҳамоиш пайваст. Дар суханронии худ, Идрисов аз таҷрибаи кишварҳои дигар дар заминаи шаҳрсозӣ ва барномарезии тавсеъаи шаҳрҳо ёдовар шуд ва бо вазъияти Тоҷикистон муқоиса кард. Ба гуфтаи вай, рӯйкарди якпорча ва ҷомеъ ба масоили шаҳрсозӣ, бо дар назар гирифтани манофеъи ҳамаи қишрҳои ҷомеъа, масалан дар пардохтан ба масоили нақлиёт ва сохтмони таваққуфгоҳҳо барои нақлиёт, бисёр муҳим аст.

Вай ҳамчунин хотирнишон кард, ки бо таваҷҷуҳ ба таҷрибаи кишварҳои дигар, иттилоърасонӣ ва омӯзиш на ҳамеша дар гузаштан ба сабки зиндагии созгор бо муҳити зист нақши асосиро иҷро мекунад.

Темур Идрисов афзуд: «Давлат дар сиёсати худ дар ин арса бояд аз абзорҳои иқтисодӣ ва молӣ истифода кунад, то он даста аз васоили нақлия, ки бо муҳити зист созгор нестанд, барои мардум дигар ҷаззоб набошанд».

Вай муътақид аст, ки ин рӯйкард метавонад ба таври муассиртаре мушкилоти муҳити зистро дар шаҳрҳо бартараф кунад.

Абдуқодири Хуршед. Акс: CABAR.asia
Абдуқодири Хуршед. Акс: CABAR.asia

Мавзӯъи аслии суханронии Абдуқодири Хуршед, коршиноси мустақил, олудагии ҳаво буд. Вай гуфт, ки омили асосии олудагии ҳаво дар Тоҷикистон афзоиши теъдоди мошинҳо ва туфонҳои гарду ғубор аст. Туфонҳои гарду ғубор паёмади аз байн бурдани ҷангалҳои васеъе аз бутаҳои тох ё саксовул дар ҷануби Тоҷикистон аст. Ин бутаҳо ҳамчун сипар алайҳи бод амал мекарданд.

Ин суханрони ҳамоиш таъкид кард, ки бар асоси шохиси кайфияти ҳавои IQ Air, сатҳи миёнаи олудагии ҳаво дар Душанбе 70-80 дараҷа аст, ки поинтар аз сатҳи маъмулии пазируфташуда аст. Гоҳе миқёси он ба 170-190 дараҷа мерасад, ки ин нишондиҳандаи хатар барои аҳолӣ маҳсуб мешавад.

Хуршед таваҷҷуҳи ҳозиронро ба бардоштҳои гуногун аз мушкилоти муҳити зист дар шаҳрҳо ва рустоҳо ҷалб кард. Ҷавонон дар деҳот тағйироти муҳити зистро дар зиндагии худ хуб эҳсос мекунанд. Дар натиҷа, сатҳи огоҳии онҳо дар бораи масоили зистмуҳитӣ нисбат ба ҷавонони шаҳрӣ болотар аст.

Дар ҷараёни баҳсу гуфтугӯ ширкаткунандагони ҳамоиш ба ин воқеъият ишора карданд, ки дар Тоҷикистон таҷҳизоти фаннии кофӣ барои назорат бар сифати  ҳаво вуҷуд надорад. Дар ҳоли ҳозир як истгоҳи собит дар ихтиёри маркази обу ҳавошиносӣ дар шаҳри Душанбе мавҷуд аст. Кумитаи давлатии ҳифзи муҳити зист ҳам ду истгоҳи сайёри дигар дар ихтиёр дорад.

Дар ҷараёни мубоҳисот Шамсиддин Ҷалолов ин андешаро баён кард, ки гоҳе мақомҳои давлатӣ аз суҳбат кардан дар бораи камбудиҳо ва нуқсонҳои худ метарсанд. Ин амр аз ҳамон марҳилаҳои аввал пеши роҳи баҳсу гуфтугӯҳои озодонаву шаффоф дар бораи масоили зистмуҳитиро мегирад.

Абдуқодири Хуршед ҳамчунин таъкид кард, ки ташаббус ва иқдомоти созмонҳои байналмилалӣ низ ҳамеша муассир нест. Ӯ ба унвони намуна ба фаъолияти марказҳои Орҳус ишора кард, ки яке аз вазифаҳои аслии худро ба таври бояд  анҷом намедиҳанд – кумак ба шаҳрвандон барои дарки масоили муҳити зист.

Дар поёни ҳамоиш, ширкаткунандагон бар зарурати ҷалби ҷомеъа ба баҳсу гуфтугӯҳо дар бораи масоили шаҳрсозӣ ва рушди системи нақлиёт, пӯшиши беҳтари масоили муҳити зист дар расонаҳо, ва низ дар бораи иродаи сиёсӣ барои пешбурди роҳкорҳои зарурӣ ва берун аз меъёр таъкид карданд.

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report
The following text will be sent to our editors: