© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Вохӯрии коршиносони IWPR: таниши иҷтимоӣ дар ВМКБ-ро танҳо бо анҷоми тадобири ҷомеъ метавон коҳиш дод

Дар дафтари намояндагии IWPR дар Тоҷикистон конфронси минтақавии онлайнӣ дар мавзӯъи “Вазъияи дар Кӯҳистони Бадахшон: нигоҳ аз берун» баргузор шуд. Дар он коршиносони барҷастаи марокизи таҳлиливу таҳқиқии Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон ҳамроҳ бо рӯзноманигорону сиёсатшиносон вазъият дар Бадахшони Тоҷикистонро баррасӣ ва роҳҳалҳое барои рафъи мушкилот дар он минтақа пешниҳод карданд.


English На русском

Лола Олимова, мудири барномаҳо ва сардабири намояндагии IWPR дар Тоҷикистон, зимни ифтитоҳи ин ҳамоиш гуфт, ки Муассисаи инъикоси ҷанг ва сулҳ рӯи масоили низоъшиносӣ ва эҷоди сулҳ кор мекунад ва Бадахшон имрӯз яке аз манотиқи танишзо ва дар баробари мунозеъот осебпазир дар Осиёи Миёна ба шумор меояд.

Ҳамчунин бихонед: Тоҷикистон: дарду ранҷи кӯҳистониён 

Хабаргузории cabar.asia рӯудодҳои ахир дар ВМКБ-ро фаъолона таҳлил ва инъикос кард. Муаллифон дар мақолоти худ зикр карданд, ки барои беҳтар шудани вазъият дар вилоят давлати Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсояро лозим аст маҷмӯъе аз тадобиреро анҷом диҳанд. Ҳар кадоме аз ширкаткунандагони баҳс дидгоҳҳои худро дар ин бора баён карданд.

Рашид Ғани Абдулло. Акс аз cabar.asia
Рашид Ғани Абдулло. Акс аз cabar.asia

Коршиноси масоили сиёсӣ Рашид Ғанӣ Абдулло дар суханронии худ гуфт, ки ВМКБ марҳилаи тозае аз ошуфтагии дохилиро паси сар мекунад ва дар чунин вазъият “ба ҷуз аз таҳлил, ҳар чизи дигареро метавон интизор дошт – аз нигаронию изтироб ва ҳарфҳои баҳудаву беҳуда гирифта, то бадгумонӣ ва муттаҳам кардани якдигар ба ҳар ҷурме бо далелу бе далел, тамоюл надоштан ба шунидану гӯш додан ба ҳарфи тарафи муқобил, сатҳи болои хушунат.» Ба назари ӯ, мушкили аслие, ки ба афзоиши таниш дар вилоят доман мезанад, вазъи бади иҷтимоъи ва иқтисодии минтақа аст ва ин мушкилро метавон аз роҳи сармоягузорӣ дар бахши омӯзишу парвариш ва ширкату муассисаҳое, ки ба навоварӣ даст мезананд, бартараф кард.

«Дар Тоҷикистон ҳеч як мудели иқтисодии воҳиде барои кулли кишвар наметавонад вуҷуд дошта бошад. Бино бар ин, ВМКБ ҳам ҷиддан ба як мудели вижаи пешрафти иқтисодии худ ниёз дорад. Ба назари ман, анҷоми таҳқиқоти лозим барои эҷоди чунин як мудел бояд яке аз самтҳои умдаи фаъолияти Донишгоҳи Осиёи Марказӣ бошад.»- гуфт ӯ.

Ҳамчунин бихонед: Натоиҷи амалиёти вижа дар Помир: бозигарони аслӣ ва таҳаввулоти минбаъда. 

Бо таваҷҷуҳ ба сатҳи болотари омӯзишу парвариш дар Бадахшон нисбат ба дигар манотиқи кӯҳистонии Осиёи Марказӣ, сатҳи таҳсилоти ҷамъият, бояд ба баҳрабардорӣ на аз манобеъи табиъӣ, ки аз лиҳози иқтисодӣ ва бо текнулужиҳои мавҷуд чандон судовар нест, балки аз зарфияти омӯзишӣ ва эҷоди шароит барои рушди фанноварии электруникӣ дар муҳити зисти муносиб тамаркуз кард.»-мегӯяд таҳлилгар.

Дониёр Қарабоев, ҳамоҳангсоз ва устоди аршади Донишгоҳи Амрикоии Осиёи Миёна, низ дидгоҳи худро дар бораи вазъи ВМКБ дар миён гузошт ва ишора кард, ки омили аслии таниш тафовути мазҳабии мардуми ин вилоят бо соири манотиқ мебошад. Бино бар ин, ба назари ӯ, барои ҳалли мушкил ҳатман бояд пешвоёни мазҳабии ВМКБ низ ба фароянди музокирот ҷалб шаванд.

Ҳамчунин бихонед: Таҳдидҳои пешин ва нав бар амнияти Боми ҷаҳон 

Дар ҳамин ҳол, Рустам Азизӣ, муовини раиси Маркази исломшиносии вобаста ба раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, гуфт, ки дар тӯли торихи кишвар масоили мазҳабӣ ҳаргиз омили мухолифат байни мардуми ВМКБ ва давлати марказӣ набудааст. Ва таҳрики ҷудоиталабӣ бо барҷаста кардани тафовутҳои қавмию мазҳабии сокинони вилоят, чи аз хориҷ ва чи аз дохили кишвар, ғайри қобили қабул аст.

Рустам Азизи. Акс аз cabar.asia
Рустам Азизи. Акс аз cabar.asia

«Тафовутҳо миёни сокинони Бадахшон ва соири манотиқи Тоҷикистон наметавонад омили танишзо бошад. Албатта, тафовутҳо ҳастанд, аммо оё касе метавонад далели мушаххасе биёрад, ки сирфан ба хотири ҳамин тафовутҳо байни мардум низоъе сар зада бошад? На! Набояд чизеро, ки вуҷуд надорад, ҷустуҷӯ кард.»- гуфт Азизӣ.
Габит Конусов, корманди илмии Институти пажӯҳишҳои муъосири Донишгоҳи миллии Авруосиё ва таҳлилгари муассисаи Bilig Brains, таъкид кард, ки рӯйдодҳои феълӣ бакуллӣ бо воқеъоти соли 2012 фарқ мекунаед. Бавижа ин ки мақомоти кишвар мушкилотро хуб дарк мекунанд ва талош доранд, ки бо равишҳои дигар ҳаллу фасл кунанд, масалан бо фурсат додан ба макомоти маҳаллӣ ва раҳбарони ғайрирасмӣ, ки худашон масоилро дар дохили вилоят ҳал кунанд. Дар зимн, кишварҳои ҳамсоя низ ба рушди иқтисодии вилоят алоқаманд ҳастанд, аммо феълан коршиносон дар Бишкеку Остона ҳануз ба ин натиҷа нарасидаанд, ки аз дасти Қазоқистону Қирғизистон чи кумаке барои беҳбуди вазъи вилоят бармеояд. Ба унвони яке аз гузинаҳо, Конусов пешниҳод кард, ки Тоҷикистон метавонад ба ибтикори «Шенгени Осиёи Марказӣ» бипайвандад.

«Ба назари ман, ин амр метавонад ба афзоиши вуруди гардишгарон ба Тоҷикистон, ва ҳамин тур ба Бадахшон, мусоидат кунад. То ҷое ки ман медонам, яке аз авлавиятҳои рушди иҷтимоӣ-иқтисодии ин вилоят гардишгарӣ мебошад.»-гуфт ӯ.

Рӯзноманигор Шаҳодат Соибназарова зимни баррасии мушкилоти ВМКБ хотирнишон кард, ки сокинони ин минтақа ба далоили мухталифе худро аз имконоти зиёде маҳрумшуда медонанд. Ӯ дар навбати аввал аз мушкилоти арсаи иртиботот дар вилоят ёдовар шуд.

Шаходат Саибназарова. Акс аз cabar.asia
Шаходат Саибназарова. Акс аз cabar.asia

«Масалан, ягона роҳе, ки ВМКБ-ро бо марказ мепайвандад, бисёр харобу сангин ва тӯлонӣ аст, ки мардум барои расидан ба марказ 12-14 соъатро дар он сипарӣ мекунанд. Билети ҳавопаймо ҳам, ки гоҳ парвоз мекунад, гоҳ ба далоили обу ҳаво парвоз намекунад, бағоят гарон аст. Ин чи маънӣ дорад, ки раиси ҷумҳур дар шаш сол ҳамагӣ ду бор аз ВМКБ дидан карда, дар ҳоле ки масалан ба вилояти Суғд соле чанд маротиба сафар мекунад.»-гуфт ӯ.

Бояд аз бунбасти нақлиётӣ берун омад – бояд роҳҳои бо кайфияти беҳтаре дар минтақа сохт, то замони сафар аз Душанбе ба Хоруғ коҳиш ёбад ва сафари мусофирон осон шавад. Ба барномаи рушди вилоят ҳатман бояд ҷомеъаи байналмилалиро ҷалб кард. Ба назари хонум Соҳибназарова, айни замон дар ВМКБ фақат Бунёди Оқохон фаъолият мекунад, созмонҳои дигари байналмилалӣ ин минтақаро нодида мегиранд. Ба андешаи ӯ, буҳрони мавҷударо бояд ба таври ҷомеъ ҳал кард ва қабл аз ҳама бояд мушкилоти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ҳал шаванд.

Маҳрамбек Анварзод. Акс аз cabar.asia
Маҳрамбек Анварзод. Акс аз cabar.asia

Маҳрамбек Анварзод, коршиноси дигари маркази Исломшиносӣ, пешниҳод кард, ки равобити иқтисодиву фарҳангӣ миёни мунотиқи мухталифи кишвар тақвият дода шавад, чунин амр ба таҳкими сулҳ ва ҳувийяти миллии ҳамаи сокинони кишвар мусоидат мекунад.

Ин гуна ҳамоишҳои онлайнии коршиносони Осиёи Миёна ба хотири тақвияти сулҳу субот ва ҳамоҳангӣ дар минтақа идома хоҳад ёфт.