© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Туркманҳои Тоҷикистон расму оини аҷдодии худро фаромӯш намекунанд

Садҳо хонаводаи туркманзабон, ки пеш аз сукути Шӯравӣ ба ҷануби Тоҷикистон омадаанд, соҳиби шиносномаи тоҷикӣ шуда, ба ҳаёти мардуми мулкӣ мутобиқ шудаанд, аммо фарҳангу зиндагии худро ҳифз кардаанд.


Ба канали мо дар Telegram бипайвандед!


Русский English

Пӯшидани либосҳои миллӣ дар идҳои мазҳабӣ ва расмӣ дар Тоҷикистон туркманҳо намуна ҳастанд, ҳатман онҳо бояд кӯлоҳи туркманӣ ё куртаҳои махсусе дошта бошанд.

Соҳиби шиносномаи тоҷикӣ ҳастанд, вале онҳо миллаташон туркман зикр шудааст. Дар ҳоле, ки солҳои зиёде дар Тоҷикистон бо тоҷикзабонҳо зиндагӣ мекунад, вале то ҳануз қисме аз расму оини аҷдодии худро дар инҷо идома медиҳанд, аммо хело кам аз хонаводаҳои тоҷик келин мегиранд ё ба онҳо арӯс медиҳанд.

Ноҳияи Дӯстӣ. Акс аз CABAR.asia

Фарҳангшиносон дар ҷануби Тоҷикистон мегӯянд, ки туркманҳо маросими туйҳои арӯсияшон каме фарқ мекунад, то чанд соли пеш арусрабоӣ, аз сӯи ҷавонони туркман дар ноҳияи Дӯстӣ, 140 киламетрии ҷануби шаҳри Душанбе роиҷ буд.

Туркманҳо бо иҷрои  қонуни “Танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мардумии  Тоҷикистон” маъракаҳояшон ҳамсон ба маъракаҳои мардуми бумӣ шудааст ва аз ин қонун пуштибонӣ мекунанд.

Рӯзӣ Раҳимов. Акс аз CABAR.asia

Рӯзӣ Раҳимов, марди туркмантабор сокини 55 – солаи ҷамоати деҳоти “Деҳқононбод”-и ноҳия Дӯстии вилояти Хатлон мегӯяд ӯ дар Тоқикистон таввалуд шудааст. Ба қавли падараш онҳо соли 1949-ум ба Тоҷикистон омадаанд, вале сабаби тарк кардани кишварашонро намедонад.

Арусрабоӣ як рукни ассосии фарҳанги туркманҳо дар Туркманистон будааст, ки ҳоло ин шеваро кам кам дар Тоҷикистон анҷом медиҳанд, ҳарҷанд дар ин кишвари дуюм қонун барои ин амалашон ҷурмеро пешбинӣ накардааст, аммо мегӯянд назар ба солҳои пеш кам анҷом медиҳанд.

Ӯ гуфт, ки фарҳанги интихоби арус ва бунёди оила бо гузашти солҳо қариб бо тоҷикон муштарак шудааст, мегӯяд, бо тоҷикон муносибати хуб доранд ва солҳои ахир аз духтарони тоҷикон келин мекунанд, дар 10 соли пеш дар тасавури онҳо хешовандӣ бо тоҷикон ҷойи надошт ва боиси шармсорӣ мешуд, ки тоҷике духтари онҳоро хостгор мешуд.

Духтар додан ё гирифтан аз дигар милатҳо расми туркманҳо нест, вале шояд бо ҳамқадами замон тафакури мардуми ҳарду кишвар дар ин гӯшаи Тоҷикистон баланд шудааст, ки бо ҳамдигар хешу табор мешаванд.

“Агар писару духтар ҳамдигаро дӯст медоранд, вале волидайни духтар барои издивоҷи онҳо розӣ нест. Духтарро ба дигар ҷавон фотиҳа мекунанд, рафту ҷавони қаблӣ духтарро қабл аз туй ё дар маросими туйяш бидуздад, дигар на волидайн ва на хонаводаи домод ба ҷавоне, ки арусро медуздад ҳуқуқи чизе гуфтанро надорад.

Оғулдундӣ Ҷуманазарова. Акс аз CABAR.asia

Солҳои пеш хонаводаи духтар аз баҳри духтарашон мегузаштанд ва дигар рӯи ӯро дидан намехостанд. Ҳоло ҳам арусрабоӣ миёни туркманҳо дида мешавад, вале мисли солҳои пеш нест, ки тамоман аз духтарашон рӯй гардонанд. Агар волидайн аз ишқварзии духтарашон бо ҷавоне огоҳ бошанду барои додани онҳо рози нест, духтаррашро то ба ҷавони дигар додан дар хона пинҳон мекунад, ки ӯро надузданд.”

Оғулдундӣ Ҷуманазарова, зани туркмантабор сокини 53 – солаи ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон буда, мегӯяд хонадор кардани фарзандони онҳо аз тоҷикон каме тавофут дорад. Тоҷикон ба фарзандони худ бештар духтарони сини 18-19 сола ва таҳсил накардаи донишгоҳро муносиб медонанд. Вале туркмантаборон қабл аз издивоҷ ҳам духтар ва ҳам писар дорои маълумоти олӣ гардида, сипас хонадор мешаванд. Ин як рукни ассоси фарҳангӣ туркманҳо мебошад.

“Духтарони туркманҳо ба сини 26-27 расида сипас ба шавҳар мебароянд, касе аз ҷавонон намегӯяд, ки вайҳо пир шудаанд. Писарон низ дар ҳамин сину сол хонадор мешаванд. Агар писари ман бо духтари тоҷик ошиқ шаваду волидайни духтар барои издивоҷи онҳо зид набошад ман розӣ ҳастам, ки ӯро келин кунам. Агар писарон бо духтаре дил бандад, волидайн инкор карда наметавонад, зеро ин суннати аҷдодии туркманҳо мебошад.”

Дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон туркманҳо баробарҳуқуқи миёни зану мардро риоя мекунад, духтарон дар таҳсилу интихоби шавҳар озоданд, ин суолеро ба миён мегузорад, ки дину оини онҳоро гоҳо мепурсанд.

Зиндагии туркманҳо ҳамеша барои аксар мардуми тоҷик аҷиб аст, ки оё онҳо мусалмон ҳастанд ва динашон чӣ аст?

Духтарони туркман. Акс аз CABAR.asia

Рӯзӣ Раҳимов, мегӯяд туркманҳо мусалмон ҳастанд, пайрави Эмоми Азам ҳастанд, дар масоҷид бо тоҷикон намоз мегузоранд, дар моҳи рамазон ва дигар фарзҳо барои мусалмононро риоя мекунанд.

Туркманзабонҳо танҳо дар ду ноҳияи вилояти Хатлон  қарор доранд ва онҳо масҷиди алоҳида надоранд. Бо тоҷикон дар як масҷид ҷанозаҳои худро мегузаронанд, аммо дар корҳои ҷаъмияти фаъолияти онҳо дар ноҳияи Дӯстӣ назарас будааст. Бештари дониҷӯён аз ҳамин ноҳия туркманҳо ҳастанд, 70 дар сади пизишкони ҳамин ноҳия туркманҳо ҳастанд.

Туркманҳо мисли аксар мардуми тоҷик як шуғли дигарашон кишоварзӣ аст, шуғле, ки дар Хатлон ҷорист. Манбаи дигари даромадашон низ аз муҳоҷирати меҳнатӣ мебошад. Рӯзӣ Раҳимов 5 гектор замини кишти кишоварзӣ дорад, ки дар он пахта ва гандум кишт мекунад, аз ин ҳисоб аробаи зиндагиашоро пеш мебарад.

Исмоил Сардоров, раиси маҳалаи туркманҳо дар ноҳияи Дӯстӣ мегӯяд соли 2008 қонуни “Танзиму анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба тавсиб расид ва ин қонун хароҷоти сокинонро ҳангоми туйю ҷашнвораҳо ба танзим даровард. Қабл аз амалишавии ин қонун танҳо ҳаққи хонаводаи арус 25 ҳазор сомонӣ буд ва на ҳар кас тавони пайдо кардани ин пулро дошт. Ҳозир бошад танҳо 11 ҳазор сомон сарф мешавад, харҷе буд, ки аксар хонаводаҳо наметонистаанд онро пайдо кунад.  

“Вақте қонун ба тасвиб расид туркманҳо дар доираи қонун амал накарданд, ба хотири аз байн нарафтани расму оини аҷдодиашон. Баъди ҷарима кардани як ё ду хонавода барои поимол кардани қонун ёдам нест, ки маблағи ҷарима чӣ миқдор буд, вале ҳозир қонунро хуб риоя мекунанд ва хушҳол ҳастанд, ки ҳангоми баргузории туй ҳама баробар ҳастанд.”

Ин қонун дар Тоҷикистон ба ҳама ақалиятҳои миллӣ, ки дар ин кишвари Осиёи Миёна зиндагӣ мекунад дахл дорад ва бояд риоя шавад.

Аз Кумитаи бахши дин ва танзими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ гуфтанд, ки туркманҳо қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистонро хуб риоя мекунанд. Онҳо шиносномаи тоҷикӣ доранд ва ҳамасола ба зиёрати хонаи Худованд сафар мекунанд.

Мисли мардуми маҳаллӣ дар ҳолати туйю маъракаҳо аз мақомоти дахлдор иҷозатнома мегиранд. Дар 10 соли ахир ҳудуди 15 нафар аз туркманҳо ба хонаи Худо сафар кардаанд.

Либосҳои туркманӣ. Акс аз CABAR.asia

Тибқи маълумотҳои расида дар вилояти Хатлон наздики 21 ҳазор нафар дар ду минтақаи ҷануби Тоҷикистон ноҳияи Дӯстӣ ва Қубодиён зиндагӣ мекунанд. Вале дар ноҳияи Шаҳритус низ чанд хоҷагии дигаре аз туркманҳо ба сар мебаранд, вале омори дақиқи онҳо расман зикр нашудааст.

Коршиносон дар Хатлон мегӯянд, ки туркманҳо дақиқан соли кучбандияшонро ба минтақаҳои Тоҷикистон намедонанд, аммо фарҳангу ҳунар, забон ва вижагиҳои зиндагияшонро ҳифз кардаанд.

Ясриби Карим, коршинос аз Хатлон мегӯяд, ки зиндагии онҳо бо вуҷуди дури аз Туркманистон, ки як кишвари баста аст ва рафтуомадашон душвор, вале ҳифзи ананаҳояшон аҷиб боқӣ мемонад: “Туркманистон барои туркманҳое, ки аз Тоҷикистон ҳастанд чандон убури марзро осон накардааст, вале туркманҳо ҳамеша ошиқи Туркманистон ҳастанд, туркманҳое ҳастанд, ки боре аз ноҳия берун нарафтаанд, вале бо ифтихор дар бораи Туркманистон суҳбат мекунад. Дар Хатлон то чанд соли пеш туркманҳо таҳсил мекарданд, ҳато мактабҳои туркмани вуҷуд доштанд.”

Бино ба сарчашмаҳои таърихи туркманҳо ҳудуди 400 соли пеш ба ноҳияи Дӯстӣ омадаанд, онҳо аксар кишоварзӣ мекунад ва нуфузашон сол ба сол бештар мешавад. 


Ин матлаб дар чорчуби лоиҳаи IWPR “Субот дар Осиёи Марказӣ тавассути муколамаи озод” таҳия шудааст.

Если вы нашли ошибку, пожалуйста, выделите фрагмент текста и нажмите Ctrl+Enter.

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: