© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Тоҷикистон: Хурдтарин ҷамъияти ортодоксии Осиёи Марказӣ чӣ ҳолу ҳавое дорад

Бар асоси гузориши созмони ҷаҳонии “Open Doors” дар Тоҷикистон 61,7 ҳазор масеҳӣ зиндагӣ мекунад, ки ин ба 0,7 дарсади аҳолии кишвар баробар аст. Бештари онҳо — 72,1% ортодоксҳоянд. Аммо теъдоди онҳое ки ҳамеша ба калисо мераванд, наздики 500 нафар ҳисоб шудааст.


Ба канали мо дар Telegram бипайвандед!


English На русском

Ҷамъияти ортодоксӣ дар Тоҷикистон миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ хурдтарин маҳсуб мешавад. Дар епархияи тоҷикистонӣ феълан 6 ибодатгоҳ шомил мешавад. Нахустин маъбад — Калисои Марями Маҷдалия асри XIX дар Хуҷанд пайдо шуд.

Ба гуфтаи роҳиби Маҷдалия он соли 1866 ҳамагӣ аз як чодаре дар соҳили Сирдарё иборат буд. Баъдтар калисо бунёд гардид.

Солҳои 1920 онро бастанд, соли 1960 бошад, бино хароб ва ҷойи он меҳмонхона сохта шуд. Баъдтар калисои ортодоксӣ дар Хуҷанд дар бинои дигар амал мекард, ки дертар он  васеъ гардид.

Cоли 2005 онҷо сӯхтор сар зад. Калисо пурра ба коми оташ рафта, тамоми акс, либос ва дигар чиҳози махсуси ибодат нобуд шуданд.

 

Калисо дар ҳамон макони қаблӣ аз нав бунёд гардид. Ҳоло ба таври мунтазам 20-30 нафар барои ибодат онҷо меоянд, ки аксаран солмандонанд.

Соли 1943, замоне ки дар муносибат бо дин як миқдор гармӣ ба вуҷуд омад, бинои нақлиётҳои “Тоҷикфилм” дар Душанбе ба ихтиёри масеҳиёни ортодоксӣ вогузор шуд ва диндорон онҷоро ба калисо табдил доданд.

Давоми чанд соли ахир ҳудуди Калисои ҷомеи Николи муқаддас дар Душанбе бо суръат тағйир ёфтааст. Дар пушти ҳавлӣ гармхона барои парвариши лиму бунёд шуда, гӯшаи  савдо ба кор оғоз кардааст.

Инчунин сохтмони маркази динӣ-маърифатӣ низ тақрибан ба анҷом расидааст, ки интизор меравад, онҷо забону адабиёти рус, маҳорати суханварӣ ва бисёр чизҳои дигар омӯзонда шавад.

Ба гуфтаи руҳонӣ Владимир — сухангӯи калисои ҷомеи Душанбе теъдоди ибодаткунандаҳои русзабонҳо торафт камтар мешаванд. Аммо бо ин ҳол сафи ҷавонон афзуда, шумори мардоне, ки барои хидмат меоянд, бештар мегардад.

Дар Душанбе инчунин Калисои тимсоли Иверии ҳазрати Марями муқаддас дар назди пойгоҳи 201-и Русия ҷойгир аст, ки ҳудуди 50 ибодаткунандаи доимӣ дорад. Утоқи калисо хеле хурд буда, имкони ҷой намудани теъдоди бештари ибодаткунандаҳо мавҷуд нест.

Калисо соли 2008 бо пули садақаи хидматчиёни ҳарбӣ бунёд гардид. Теъдоди масеҳиёни ортодоксӣ дар ҳайати неруҳои ҳарбии Русия беш аз 2000 нафар рақам зада мешавад.

Калисои дигари тимсоли Иверии ҳазрати Марями муқаддас дар шаҳри Бӯстон (Чкалови собиқ) ҷойгир аст. Он соли 1992 дар заминаи як иттиҳодияи хурди хизматрасонии “Помощь” (Ёрӣ) пайдо шуд. Баъди як сол дар китъаи замини ҷудогардида сохтмони бинои нави калисо оғоз шуда, он соли 1994 анҷом ёфт.

Ба гуфтаи кашиши калисо Владимир Слепов, он наздики 30 ибодаткунанда дорад, рӯзҳои ҷашн бошад, то 50 нафар барои хидмат меоянд.

Дар вилояти Хатлони Тоҷикистон калисои ортодоксӣ соли 1945 дар шаҳри Бохтар арзи ҳастӣ кардааст, ки ҳамчун Калисои Микоили муқаддас маъруф буд. Соли 2008 бошад, сохтмони калисои нав оғоз гардид, ки дар ҳоли анҷомёбист.

Тақрибан дар як замон бо Калисои Микоили муқаддас калисои ортодоксӣ дар шаҳри Турсунзода фаъол шуд. Бар пояи як иттилоъ он соли 1945 ва аммо бар асоси иттилои дигар соли 1944 ба фаъолият оғоз кардааст.

Соли 1961 замони муборизаҳои хрушевӣ бо калисоҳо, ин ибодатгоҳ баста ва дар ҳудуди он мағоза фаъол гардид. Соли 1990 дубора дарҳои худро боз намуд.

Соли 2004 дар шаҳри Норак ба ифтихори шоҳзода Александр Невский дар қисми низомии 52168-и Русия калисои ортодоксӣ фаъол гардид. Бо сабаби набудани руҳонӣ инҷо ибодат гоҳ-гоҳ анҷом дода мешавад.

Дар ҳудуди Тоҷикистон боз ду маъбади дигар мавҷуд аст, ки дар шаҳрҳои Хоруғ ва Истаравшан ҷойгиранд.


Ин матлаб дар чорчуби лоиҳаи IWPR “Муколамаи озод барои рушди субот дар Осиёи Марказӣ” таҳия шудааст.